ТЕРРОРИ КӮЧАРӮБОН ё чаро вақте тоҷикро оташ мезананд касе парво надорад?

Иҷтимоъ 29.04.2010 15:37

ТЕРРОРИ ТОҶИКҲО

Соати 4. 06 субҳи 18-уми апрел кӯчарӯбони тоҷик дар хобгоҳи хеш ҳадафи ҳамлаи ифротгароёни рус қарор гирифтанд. Тибқи расонаҳои хабарии Русия тоҷикон, дар кӯчаи Фабритсиюс, дар хонаи якошёнаи рақами 4, гузари 1, наздикии метрои Сходенская, ки аз тарафи ҶСК "РЭП №11" ба онҳо дода шуда буд, мезистанд. Бино ба гуфтаи шоҳидон ду нафари шахси номаълуми симои славянӣ дошта, ду бомби дастисохтро ба хобгоҳи тоҷикон ҳаво доданд.

Дар натиҷаи ин ҳамлаи террористии миллатгароён аз шаш нафар, ки дар байни онҳо занон ҳам буданд, се нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба яке аз беморхонаҳои Маскав интиқол дода шуданд. Сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Шоҳин Самадӣ ба "Миллат" хабар дод, ки захмиёни ҳадафи калакҳои рус қарорёфта инҳо мебошанд: "Юлдошев Садриддин Гамбулович с. т 1984, сокини ноҳияи Шаҳритус (вазъи саломатиаш мӯътадил аст); Пулодов Ҳамза Маҳкамович с. т. 1978 сокини ноҳияи Ғончӣ (саломатияш хуб буда аз беморхона ҷавоб шуд); Исмоилов Шарофиддин Ғафорович с. т. 1961, сокини шаҳри Душанбе. Вазъи саломатии сеюмӣ вазнин буда, то ба ҳол дар шӯъбаи эҳёгарӣ мавриди муоинаи пизишкон қарор дорад". Инчунин, расонаҳои мустақил хабар доданд, ки ҷавони 23 - солаи бегуноҳи тоҷик дар баробари ҷароҳатҳо аз чашми хеш маҳрум гаштаст.

ТЕРРОРҲОИ НАВ: АЗ КОРД БА БОМБ

Тавре дар мақолаи ҳафтаи гузашта қайд намуда будем, ҳамлаҳои калакҳо дар Русия ва хусусан, шаҳри Макскав як амали маъмулӣ гашта аст. Лату кӯби сиёҳсарон, ба вижа шаҳрвандони тоҷик қариб ҳамарӯза ба чашм мерасад. Истифода аз маводи тарканда ва силоҳи оташфишон кам дида мешуд, гарчанде ин амал маротибаи аввал нест. Одатан, ин авбошон бештар бо калтаку занҷиру мушту лагад сиёҳсаронро мавриди лату кӯб қарор медоданд. Аввалин ва бузуртарин амалиёти ҷиноии онҳо таркише буд, ки 21 августи соли 2006 дар Черкизбозор рух дод. Он амали ифротгароёнаро донишҷӯёни Донишгоҳи кимиёвӣ-техникии Русия бо номи Менделеев Олег Костров ва Донишгоҳи иҷтимоии Маскав, Иля Тихомиров ва як донишҷӯи соли аввал Валерий Жувтсев анҷом доданд. Ба ин монанд, якчанд амлиётҳои ифтротгароёнаи дигарро метавон мисол овард. Бо ин роҳ сурат гирифтани ҳамалоти калакҳо ташвишу ҳароси наверо дар байни тамоми ҷомеаи Русия эҷод менамояд. Зеро қатли додраси Русия Чувашов ва чанде дигар аз рӯзноманигорон ва мухолифини миллатгароёни русро, дар мақолаи гузашта қайд намуда будем, ба ҳамин калакҳо нисбат медиҳанд. Аз навиштани он ҳанӯз 72 соат нагузашта буд, ки боз ин даҷҷолони аср сари мардикорони мазлуми тоҷик балои наверо фуруд оварданд ва гумон меравад, ки ин охирин набуда, балки шурӯи он мебошад. Пас роҳи наҷот дар чист ва додамонро ба кӣ бигӯем? Кӣ аз муҳоҷирон бояд дифоъ намояд? Оё чӣ касе метавонад сари роҳи ин авбошони сархӯри миллатгароро, ки дарди сари тамоми муҳоҷирин ва ҷомеаи Русия гаштаанд, бигирад?

ҶАСОРАТИ КӢ ЗИЁД АСТ: АЗ ПОРЛУМОН Ё АЗ СУБҲОН ҶАЛИЛ?

Субҳони Ҷалил - сармуҳаррири радиои "Ватан" нахустин шуда дар Тоҷикистон алайҳи ин "пасмондаҳои Ҳитлар" садо баланд кард. Агарчи ин кор ба назари баъзеҳо маъмулист, вале чунин ҷасоратро то ба ҳол мақомоти дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Порлумони он нишон надодааст. Субҳон Ҷалилов бо оҳанги эътироз пахши сурудҳои русиро дар родиё аз рӯзи якшанбе то ба ҳол мутаваққиф кард. Дар сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки: "Субҳи рӯзи Душанбе, ҳангоме ки вориди коргоҳ гаштаму барои пахши хабари нав саҳфаи интернетиро боз намудам, сархати чандин сомонаҳои интернетиро ин хабари нохуши таркиш дар хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик "зиннат" медод. Ҳангоми хондани ин хабари нохуш, дар мавҷ (эфир) гулӯгир гаштам. Аламовар ҳам буд, ки зуд-зуд хабарҳои куштори ҷавонони тоҷик интернетро пур менамоянд ва баъзеҳо аз ин дар интернет ҳангома менамоянд. Бо вуҷуди он ки боре дар муҳоҷират набудаам, вале ҳамчун як фарди ин ҷомеа хешро дар миёни онҳо эҳсос намудам ва ҳолати онҳоро ва модаронашонро пеши назар оварда, бо оҳанги эътироз дар мавҷ эълон намудам, ки аз ин ба баъд сурудҳои русиро пахш намекунам ва суруди "модар"-и Нозияи Кароматуллоро барои тасаллият ва ҳамдардии модароне, ки фарзандонашон муҳоҷир пахш намудам".

ЧАРО МОРО МЕКУШАНДУ ЭЪТИРОЗ НАМЕКУНЕМ?

Ба фикри банда ин амали ноҷавонмардонаи калакҳои русро бояд сартосари мардуми тоҷик маҳкум мекард. Яъне аз мақомоти баландпояи давлатӣ то одитарин шаҳрванди ин ҷомеа. Аммо аз чӣ бошад, ки чун пештара ҳама хомӯшем? Мисле ки дар баробари сари аз тан ҷудои Салоҳиддину садҳо ҷавонмарги дур аз ватан хомуш будем. Ёдам ҳаст барои марги як гурҷӣ ва озарие тамоми порлумони Гурҷистон ва Озарбойҷон ба по хестанд ва тобутҳои куштащудагонро то маркази шаҳри Маскав бо нишони эътироз бурданду ҳамоиш карданд. Лек дар Тоҷикистон хомӯшист, ҳатто аксари родиёву телевизион ҳам. Яъне телевизион родиёҳое, ки аз ҳисоби пули бо дарду аламу азоб фиристодаи ин муҳоҷирин фаъолият мекунанд, дар рӯзи мушкил онҳоро ҳамрайъӣ намекунанд. Чаро дар бораи борони кишваре ё сӯхторе дар бинои як кишвари барои Тоҷикистон беманфиат дар телевизионҳои мо бо такрор иттилоъ медиҳанд, аммо замоне ки ватандорони моро мекушанд, хомӯшанд. Мурдан ин амри ҳақ аст ва ҳар яки мо дер ё зуд ҳама мирандаем, аммо бо чунин ваҳшоният куштану лату кӯби муҳоҷирони корҷӯямон дар Русияро набояд оромона қабул намоем. Ё дигар миллатҳо аз мо чи бартарӣ доранд?

Субҳон Ҷалил бар ин назар аст, ки: баъзеҳо гумон менамоянд, ки ин гуна вокунишҳо натиҷае намедиҳанд ва муносибатҳои моро бо ин кишвар сард менамоянд. Ман фикр мекунам, ки агар мо дар якҷоягӣ ба ин гуна амалҳо садо баланд намоем ба натиҷаи дилхоҳе хоҳем расид. Чанд сол пеш қирғизҳо чунин садо баланд намуданд ва чи тавре мушоҳида менамоем ин амалиётҳо нисбати онҳо камтар гашт. Худи русҳо, ҳангоме як маҷаллаи Аврупои дар бораи сайёҳони рус навишта буданд, ки дар хориҷа чӣ тавр худро идора карда наметавонанд ва мисли филбачаҳо фарбеҳанд, сар то сари ВАО ва сохтору ташкилотҳои давлативу сайёҳии ин кишвар борони ғазабро ба болои ин маҷалла резониданд ва соҳиби онро ба узрпусӣ маҷбур намуданд".

САНГИНОВ: ВОКУНИШҲО БОЯД СОБИТ БОШАНД

Вакили Маҷлиси Намоядагони Ҷумаъбой Сангинов дар робита ба ин масъала чунин назар дорад: Сабаб ҳамин аст, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мебошанд. Ба думболи он тағирёбии арзишҳои инсонӣ, дар ин радиф ва нокифоягии нафаси озодандешии мардуми пасошуравӣ, ки ба нуқтаи қаноатмандӣ нарасидааст, баъзе нигарониҳоро ба бор меорад. Аз ин рӯ, баъзе ҳаракатҳои ҷиноӣ ва номатлуб аз ҷониби шаҳрвандони Русия ба чашм мерасад. Ҳарчанд аз ҷониби Русия низ эътироз алайҳи ин миллатгароён ба назар мерасад ва аз нигоҳи мо ин дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ, ки бо кишвари мо низ дорад, мебошад, Вобаста ба он воқеае, ки дар он хобгоҳ руй дод, фикр мекунам, дар мавриде ки мо бо Русия алоқаҳои хеле мураккаби сиёсиву иқтисодӣ доштем ва дар оянда низ хоҳем дошт, аз нигоҳи сиёсӣ хеле бо мулоҳиза ва бо дарки амиқи ҳодиса бояд вокуниш нишон дод. Шояд мақомоти Тоҷикистон низ як нав вокунише карда бошанд. Ман ҳамчун вакили собиқадор медонам, ки солҳои ахир вокунишҳо хеле ҷиддӣ ба назар мерасанд. Ва дар сатҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати ВКД ё дигар мақомот шояд чунин як чораандешие шуда бошад. Ин вокунишҳо бояд хело собит ва ҷиддӣ бошанд, то нисбати ин гуна гурӯҳҳои ҷиноӣ чораҳо андешида шаванд. Ман фикр намекунам, ки ягон мақомоти номбурда вокуниш нишон надода бошад.

РУМИЯНСЕВ: ТОҶИККУШӢ БЕНАТИҶА АСТ

Ин гуна амалҳои нолоиқи калакҳо ва пастзании муҳоҷирони тоҷикро оромона қабул намудан, боиси пастравӣ ва беқадрии миллати фарзонаи тоҷик дар байни дигар миллатҳо мегардад. Ҳатто куштани тоҷикро собиқ сарвари Ҷамъияти миллию сотсиалистии Русия- Димирий Румиянсев як амали бенатиҷа барои миллатгароёни рус хонд. Бояд гуфт, ки тарафдорони ӯ бо ҷурми сиёҳсаркушӣ дар маҳбасхонаҳои Русия ба ҳабси абадӣ маҳкум гаштаанд. Ӯ дар барномаи ҷамъбастии шабакаи РТР - "Вести недели" ба ин мазмун гуфт, ки: "Бале бачаҳо (ин кори дигар!). Мана ин меъёри нави амалиёт мебошад. Куштани тоҷикон кофист. Зеро ин (тоҷикккушӣ) натиҷае намебахшад. Дар воқеъ, натиҷабахш нест. Мана, мо инак ба ин равиш мегузарем….." (Яъне мо бояд ҳомиёни сиёҳсарҳоро нобуд кунем, то шӯҳратёр щавем). Ин ташкилотро тавонист ВКД тавасссути Суди олии ФР бандад. Бо кадом роҳ гузаштанашонро оянда хоҳем донист.

МОРО ТО КАЙ МЕКУШАНД?

Барои пешгирии ин амалҳои авбошони миллатгаро аз ҷониби Русия низ кӯшишҳое ба назар мерасад. Дар тӯли чанд соли ахир чандин ташкилоту ҳаракатҳои миллатгароиро бастанд ва чандин нафарони онҳоро зиндонӣ намуданд. Аммо авҷ гирифтани амалҳои террористӣ ва таркишҳову кушторҳои баъдина, кӯшишҳои ҳукумати ин кишваро зери суол гузоштааст. Умед аст ки ин ҷинояткорон аз ҷониби мақомоти қудратии Русия ба даст хоҳанд афтод, ё бо ягон ҷурми сабук бандӣ гашта, баъди чанде дар озодӣ авбошии хешро давом хоҳанд дод. Садҳо қотилони сиёҳсарҳо дар озодӣ гаштаву касе онҳоро дастгирӣ нанамуда аст ва агар тоҷикони бозори Черкиз намебуданду он калакҳои тарконандаи бозоро даст баста, ба милисаҳои рус намедоданд, Худо медонад, ки тақдири онҳо чӣ мешуд ва то ба ҳол чӣ корҳое намекарданд.

Ба назари мо хомӯшии расмии Тоҷикистон дар мавриди сар задани чунин ҳодисаҳо пайомадҳои хуб надорад. Ба хусус барои кишвари Русия. Зеро Тоҷикистон ба унвони кишвари комилҳуқуқ бояд аз ғайриинсони кушта шудани шаҳрвандонаш дифоъ кунад, то Русия ҳам бидонад, ки ин шаҳрвандон соҳиб доранд. Дар сурати диққати ҷиддӣ надодани Русия ва Тоҷикистон ба оқибатҳои амалиётҳои калакҳо эҳтимоли сар задани гурӯҳҳои нави ғайриқонуниву ҷиноии сепаратистӣ аз ҷониби муҳоҷирон имконпазир аст, ки ин ба амнияти Русия таҳдид мекунад.


Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97