"БУЗ ДАР ҒАМИ ҶОНУ ҚАССОБ ДАР ҒАМИ ЧАРБӮ"

Иҷтимоъ 26.04.2010 15:19

ё мардуме, ки қарзи сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқро

мепардозад, ҳақ дорад бидонад, ки чаро ин роҳ пулакӣ шуд?

Мардум ҳақ доранд бидонад, ки чаро шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ғайричашмдошт пулакӣ шуд ва дар ихтиёри ширкати хориҷие бо исми "Инноветив роулд солушенз" қарор гирифт. Аммо ин вазъ шояд шомили ҳоли кишваре назири Тоҷикистони озоду демокративу дунявиву башарӣ нашавад. Зеро чунин амалҳое то имрӯз бо мардум ҳисоб нашудааст ва то даме, ки як тафаккури худкомагӣ ҳукумат мекунад, сухани мардум ба ангезаи боди равонест дар биёбон, ки онро касе нахоҳад шунид.

Шунидани сухан ҳам манфиате барои низоми ҳукмрон надорад ва талоши он ки ҳақ бояд шунида шавад, ҷуз сухану амали ботил чизе нест. Чаро маҳз ширкати хориҷие худро соҳибмулки шоҳроҳи мазкур меҳисобад ва таъруфаҳоеро дар убуру мурури нақлиёт бидуни ироаи арқоме муайян намудааст? Оё ин ширкатҳо пардохти роҳро бо вазорату идораҳои зидахли кишвар мувофиқа кардаанд ё на ва агар мувофиқае ҳосил шуда бошад, чаро онҳо то имрӯз қуфли хомӯшӣ бар лаб ниҳода, барои ором намудани авзоъ дар кишвар сухане намегӯянд? Муҳим аз ҳама чаро роҳе, ки аз ҳисоби буҷа ва маблағҳои андозсупорандагон сохта шудааст ва то имрӯз мавриди баҳрабардории умум қарор дошт, яку якбора идораи он ба як ширкати хориҷӣ дода шудааст? Суоли матраҳ ин аст.

МАРДУМ ДАР ХИДМАТИ ҲУКУМАТ Ё ҲУКУМАТ ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ?

Мардум дигар аз амалҳое, ки аз тарафи ҳукумат иттихоз мегардад, ҳайрон намешавад. Он қадар худхоҳу худкомаву дурӯғгӯ шудаем, ки дигар наметавонем аз хасоили хеш дур шавем, ин тарзу шеваи зиндагии мо шудааст. Гоҳо ба ин таъбири маъруф шубҳа мекунем, ки мегӯяд хукумат дар хидмати халқ аст. Ин дарунмояи ҳикмати демократияи юнонист. Вале умдатан мо акси онро мебинем, мардумони дар хидмати ҳукуматҳоро.

Эътирози мардум касеро нигарон накардааст ва талаботи онҳоро касе нахоҳад шунид. Танҳо аз васоити ахбори умум мутолиа мекунем, ки чанд вакиле дар ин бора ибрози ақида намудаанд ва бо як эҳтиёткорие пулакӣ шудани роҳро амали саҳве хондаанд.

Мо ҳам мавқеи ин вакилонро мефаҳмем ва хуб медонем, ки агар сухани саҳве аз забони онҳо берун ояд, яқин аст, ки дар интихоботи баъдӣ ҳаргиз курсии вакилӣ насибашон нахоҳад шуд. Зеро вакил шудан дар кишвари мо ҳассосиятро тақозо мекунад ва барои ин қабл аз қабл замина бояд муҳайё намуд. Хомӯшии онҳо бар суди онҳост ва ҳамин тавр дар тӯли панҷ сол бояд худро "бачаи хуб" нишон диҳанд. Он чи интихобкунандагон мехоҳанд ва дар вақташ ваъдаҳои зиёдеро шунида бошанд ҳам, имрӯз интихобшуда фикри дигаре дар сар дорад. Ба қавли мардум "Буз дар ғами ҷон асту қассоб дар ғами чарбӯ". Чӣ интихоботҳое ва чӣ ваъдаҳое…

СӮҲРОБ ШАРИФОВ ВА РОҲИ ПУЛАКӢ

Вақте ҳаводиси Қирғизистон сар зад, С. Шарифов, мудири Макази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ки вазъи Қирғизистон умумияте ба Тоҷикистон надорад. Зеро инҷо мардум аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад. Дуо мекунем, ки ҳукумате дошта бошем, ки ҳамеша мардум аз он ҳимоят кунад. Аммо мардум аз чигуна ҳукумат ҳимоят мекунад? Аз ҳукумате, ки ба раъйи мардум арҷ бигузорад ва онро бишнаваду эҳтиром кунад. Аммо ин масъулон ҳатто раъйи шумо, стратеги шумораи аввали Тоҷикистонро дар пулакӣ кардани роҳ напурсиданд. Нодуруст Сӯҳроб? Албатта дуруст. Вагарна роҳ ба ин шеваи асримиёнагӣ пулакӣ намешуд. Яъне имкон надорад, ки мисли дигар кишварҳо кортҳо нашр кунанд ва дар ҷойҳои махсус бифурушанд? Шарт аст, ки постгоҳҳо дар роҳ эҷод бикунанд?!

Аммо пурсидаем ва боз мепурсем, ки чаро фикри ҷомеа ба назар гирифта намешавад? Мо ки як кишвари камбизоат дар саросари дунё муаррафӣ шудаем, ҳамеша кӯмакҳои башардӯстона аз кишварҳои ҷаҳон ба мо интиқол мегардад ва ба зӯр тару хушкро меёбему тановул мекунем, аз кадом марҷаъ маблағ барои роҳҳои пулакӣ пайдо намоем? Корхонаву муассисоти тавлидотӣ надорем, барои пайдо намудани кор ба кишварҳои хориҷ сафар мекунем, ранҷу азоб мебинем, ба зӯр як зиндагии ғуломонаеро аз сар мегузаронем, аммо ин ҳамаро масъулини мо нодида мегиранд ва фишорро болои сарамон боз ҳам зиёдтаро мекунанд.

Мардум мегӯяд, бигзор сарватмандони хориҷиву дохилӣ тамоми роҳҳои моро бигиранду бисозанду пулакӣ кунанд, вале ба роҳҳое, ки мардум то имрӯз истифода мекард ва моликияти мардумӣ ба ҳисоб мерафт, кордор нашаванд.

Дар паҳлӯи роҳҳои мавҷуда роҳ бисозанд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ онҳоро мутобиқ намоянд, он гоҳ ҳалолашон бод ва ҳақ ҳам доранд, ки аз ҳар километри он на 30 дирам, балки як долларӣ бигиранд. Бигзор мардум худаш интихоб кунад, ки аз кадом роҳ гузарад ва ҳеҷ як қонуне ҳуқуқи мардумро дар интихоби хостааш манъ накардааст.

"ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД"

Шиори онҳо "Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад" гашта, сарнавишти мардум ва тақдири баъдии онҳо ин хушомадгӯёнро ҳаргиз ба ташвиш наовардааст. Имрӯз мебинем, ки султаи фасод аз кӯдакистон оғоз ёфта то зинаҳои баланди давлатӣ хонашини муқимӣ гаштааст. Мардум бештар аз ноадолатии ходимони зинаҳои поёнӣ шикоят мекунанд ва онҳоро рӯйрост ғоратгару дузд мехонанд. Тасаввур кунед, ки дар сад метрии гардиши Хоҷа Оби Гарм пости навбатиеро гузоштаанд. Аксари ронандаҳо мегӯянд, ки барои убури сад метр 7 сомониву 20 дирами моро меситонанд, Ҳарчанд мефаҳмонем, ки мо ба тарафи Хоҷа Оби Гарм ҳаракат мекунем, ҷавобашон якест: Қоида чунин аст ва таъруфаҳо муайян шудааст. Аз ин амал мо набояд ҳайрон шавем. Мардуми мо одати "хуб"-е дорад, ки агар бародари мусулмони худро дар тангӣ ёфту хунашро намакид, худашро нороҳат эҳсос мекунад ва як умр дар паи шустани ин доғи нангин меуфтад. Ҳоло ки мардум ҳатман аз ин роҳҳо бояд гузаранд, маҷбуранд ба қавоиде, ки омирини роҳ муайян намудаанд, итоат кунанд, вагарна илоҷи дигаре надоранд.

ПОЯМОНРО БА ҚАДИ КӮРПАИ РУСИЯ ДАРОЗ НАКУНЕМ, КИ НАШИКАНАД

Мо дар тамоми кори худ ба дигар кишварҳо тақлид мекунем ва он чиро, ки ин мамолик қабул мекунанд, зуд қабул мекунем. Ба қавли мардум "Поямонро ба қади кӯрпаи дигарон дароз мекунем". Барои мисол ва муқоиса мо танҳо Русияро интихоб мекунем. Дуруст аст, ки дар Русияи "камбизоат" чанд сол аст пулакӣ шудани роҳҳо қабул шудааст. Тавре аз расонаҳо мутолиа намудем, як матлаб барои мо рӯшан гардид, ки дар ин кишвар танҳо роҳҳое пулакӣ шудаанд, ки ба ҷумлаи роҳҳои федеролӣ (умумихалқӣ) шомил намешаванд. Роҳҳое, ки аз ҳисоби буҷа ва андозсупорандагон сохта шудааст, тибқи қонун ҳаргиз дар ихтиёри ширкатҳои шахсӣ қарор дода намешаванд. Ширкатҳо аксаран роҳҳоеро, ки ба фароғатгоҳҳо наздик аст ва ё бо онҳо пайваст мешаванд, тибқи меъёрҳои дунявӣ сохта, таъруфаҳоро дар асоси нишондодҳои хадамоти зиддимонополӣ муайян менамоянд ва дар ин замина комиссиюни босалоҳияте фаъолияти ширкатҳоро таҳти назорат қарор медиҳад. Дар баъзе қисматҳо дар паҳлӯи роҳҳои федеролӣ роҳҳои худро месозанд ва аз ҳар ду тарафи роҳ ҳисорбандӣ мешавад. Ронандаҳо бо суръати баланд ҳаракат мекунанд ва хадамоти сервисӣ ва техникии ин роҳҳо дар сурати пайдо намудани аворизи техникии нақлиёт, тамоми намуди хидматрасонии техникиро аз ҳисоби ҳамин роҳҳо анҷом медиҳанд. Муҳим аз ҳама даромади ин роҳҳо аз тарафи давлат назорат мешавад ва соле аз ҳамин ҳисоб ба буҷаи кишвар 145 миллиард доллари амрикоӣ ворид мегардад. Думаи давлатии Русия бошад қабл аз пулакӣ шудани роҳҳо ин масъаларо чандин маротиба мавриди баррасӣ қарор додааст, то аз пулакӣ шудани роҳҳо мардум хисорот набинад. Яъне Думаи давлатӣ манофеи мардумро дар мадди аввал гузоштааст, ки дар ин бора хоҳишмандон метавонанд аз сайтҳои интернетӣ маълумоти бештаре ба даст биоранд.

Аз ин рӯ, ҳанӯз ки дер нашудааст, ҳукумат ва махсусан вакилони мардумӣ ҷиҳати ба эътидол даровардни вазъ ва ҳимояи мардум аз паи тадбир шаванд. Воқеан, мардуми мо камбизоат аст ва набояд қарорҳо яктарафа бошанду бар зарари мардум. Метарсам рӯзе ин мардум дар ҳаққи ворисонаш, ки ҳамеша чашми умед ба онҳо доштааст, дуои баде накунад. Дуои мискин мустаҷоб мегардад ва ин падидаро касе наметавонад инкор намояд. Ҳанӯз фурсат аст…


Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97