"ҲАВО"-И НОМУСОИДИ ХАТЛОН

Иҷтимоъ 24.04.2010 15:30

Мавсими кишти пунбадона дар вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Аммо чун ҳамасола пахтакорони хатлонӣ ба мушкилиҳои гуногун ру ба рӯ шуда, наметавонанд маъракаи кишти пунбадонаро сари вақт иҷро намоянд. Тибқи маълумоти идораи кишоварзии вилояти Хатлон имсол дар вилоят дар майдони 127 550 га кишти пунбадона гузаронида мешавд. Норасиоии маблағ, техникаи кишоварзӣ, номусоидии боду ҳаво ва дигар мушкилиҳои соҳа имсол ҳам сабабҳои қафо мондани кишти пунбадона арзёбӣ мегардад.

Файзалӣ Муҳаммадиев сардори шӯъбаи растанипарварии раёсати кишоварзии вилояти Хатлон иброз медорад, ки аз сабаби паст омадани боду ҳаво кишти пахта суст иҷро шудааст. Ба гуфтаи Файзалӣ Муҳаммадиев аз сабаби он и соли гузашта нархи пахтаи маҳиннх паст фаромада буд, хоҷагидорон кишти ин навъи пахтаро кам кардаанд. Дар соли ҷорӣ дар назар аст, ки дар вилоят дар майдони 5400 га пахтаи маҳинах кишт карда мешаваду халос. Ҳоло онки ҳукумати вилояти Хатлон интизор буд, ки хоҷагидорон дар майдони на кам аз 24 700 га пахтаи пурқиммати маҳинах кишт менамоянд. Аммо хоҷагидороне, ки тӯли солҳои охир ба парвариши пахта машғуланд хулосаҳое доранд, ки агар ҳамаи онро ба инобат гиранд, кишту парвариши пахтаи маҳинах дар вилоят аз байн меравад. Чун соли гузашта пахтаи маҳинахи онҳоро бо нархи арзон харидорӣ карданд. Бо сару садоҳое, ки гӯё арзиши пахтаи маҳинах дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст, деҳкононро мутақоид карда намешавад, то имсол ҳам бо дили гарм ба кишти пахтаи маҳинах даст бизананд.

ДЕҲҚОН ПУЛА ГИРИФТИ?

Замоне шабакаҳои сартосарии кишвар бо пахши рекламаҳои саҳнавӣ мардумро бовар мекунониданд, ки ирсоли маблағҳо тариқи ин ё он бонк кафолатнок аст. Аммо дар ду соли охир сари вақт нарасидани қарзҳои ҷудо намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишту парвариши пахта ба пахтакорони вилояти Хатлон боварии мардумро аз бонкҳо низ коҳиш додаст. Агар дар ҳамин давраи соли гузашта раиси вилояти Хатлон аз таъхири маблағҳои ҷудо намуда барои кишту парвариши пахта дар Хатлон изҳори нигаронӣ карда бошад, имсол қариб тамоми кормандони соҳа садо баланд мекунанд, ки мавсими кишти пунбадона мегузарад, аммо то ҳол ин маблағҳо наомадаанд.

Раиси ноҳияи Бохтар Абдуаллим Исмоилов зимни мусоҳиба бо хабарнигорон иброз дошт, ки нимаи аввали моҳи апрел сипарӣ шуду аммо то кунун маблағҳои қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соҳаи пахаткорӣ нигаронида шудаанд, то ба банкҳои маҳаллӣ омада нарасидаанд. Хушбахтона ислоҳоти навбатии хоҷагии кишлоқ имкон дод, ки мо хоҷагиҳои калонро ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ тақсим кунем. Дар чунин хоҷагиҳои хурд заминдорон молу амволи худро фурӯхта кишти баҳориро ба анҷом расонидаанд. Вагарна дар шакли хоҷагиҳои калон заминҳо то имрӯз кишт нокарда мемонаданд,- мегӯяд раиси Бохтар.

Сабабҳои сари вақт таъмин нашудани хоҷагиҳои пахтакор бо қарзҳои бонкӣ муаммои сарбастаест. То соати 16:55 дақиқаи рӯзи 13 апрел ҳеҷ кадоме аз бонкҳои маркази влояти Хатлон оид ба маблағҳои барои соҳаи пахтакорӣ ҷудо шуда, маълумоти саҳеҳ дода натавонистанд. Муттаассифона, дар қабулгоҳҳои баъзе аз бонкҳои маркази вилоят дафтари бақайдгирии муроҷиаткунандагон вуҷуд надорад, то масъулини ин бонкҳо бидонанд, ки рӯзе киҳо чанд маротиба бо масъалаҳои гуногун ба дарбори онҳо омада, ноумед бармегарданд. Чаро то имрӯз нафаре аз масъулини ҳукумати марказӣ аз музофотиҳо намепурсанд, ки деҳқон пулро гирифтӣ? Ё чӣ хел нагирифтӣ? Ин суолест, ки ба он бояд масъулин посух бигӯянд.

ВАЪДАҲОЕ КАРДА БУДАНД…

Бо мурури замон дар вилояти Хатлон хоҷагиҳои калони "арбобкамол"-ҳо барҳам дода мешавад. Зеро онҳо муддате меҳнаткашонро фиреб дода, бо музди ночиз кор фармуда бошанд ҳам аммо заминро фиреб дода натавонистанд. Инак замин ҳоли ноӯҳдабароёнро табоҳ кард. Ҳукумат низ марҳала ба марҳала саҳмияҳои замини мардумро ба дасти соҳибони асилааш бармегардонад. Аммо боз ҳам деҳқоне, ки саҳмияи худро соҳиб шуда, дар он пахта кишт мекунад, бо мушкилиҳои дигар рӯ ба рӯ мешавад. Ҳанӯз се сол қабл замони таҷдиди нахустин хоҷагиҳои коллективӣ дар ноҳияи Ҷилликӯл собиқ раиси он Эшбурӣ Эсанқулов ба деҳқонон ваъда дода буд, ки фурӯши озоди пахтаро дар минтақа таъмин месозанд. Аммо то кунун монеаҳои гуногун садди кори пахтакорон дар фурӯши озоди пахта мешавад.

Абдураҳим Норматов раиси ҷамоати деҳоти "Пахтаобод"-и ноҳияи Шаҳритус чунин боварӣ дорад, ки агар фурӯши пахта дар кишвар озод ба роҳ монда шавад, сокинони деҳот дар заминҳои наздиҳавлигии хеш ҳам пахта кишт хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ дар дигар кишварҳо, масалан, Қазоқистон пахта мисли дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо озодона фурӯхта мешаванд. Албатта агар деҳқон дар фурӯши ҳосили бадастовардааш озод бошад, бо ҳар роҳе набошад маблағ дастрас намуда, заминро бекор намемонад. Аммо агар соле музди меҳнаташро надиҳанду соли дигар дар интизори корхонаҳои коркарди пахта мунтазири маблағи ҳосили фурухтааш вақтро аз даст диҳад, дигар аз кори саҳро даст кашида роҳи Русияро пеш мегирад.

Ба гуфтаи Абдураҳим таъмини шароитҳо барои фаъолияти хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Шаҳритӯс меҳнаткашонро рӯҳбаланд кард ва то имрӯз танҳо дар ҳудуди як ҷамоати деҳоти ноҳия "Пахатобод" беш аз 720 адад хоҷагиҳои хурди деҳконӣ таъсис дода шудааст.

Умуман пахтакорони ҷануби Хатлон дар интизори он ҳастанд, ки ҳарчӣ тезтар соҳибкорони минтақа ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пахтагин даст бизананд. То ин ки маҳсулоти хоми пахта дар дохили кишвар низ харидорони алтернативиро пайдо кунад.

Маҳмадқул Гулмирзоев хоҷагидор аз ноҳияи Шаҳритӯс мегӯяд, ки агар ҳамин насосҳои обкаш дар мавсими кишту парвариши пахта кор кунанд, мо на кам аз 35-45 сентнерӣ пахта мерӯёнем. Маҳмадқул, ки дар саҳмияи заминҳои худ мустақилона ба парвариши пахта машғул аст, ниёз ба қарзҳои бонкӣ надорад. Аммо бештар аз хоҷагиҳои пахтакори вилоят бидуни қарзҳои бонкӣ кишту парвариши пахтаро ба роҳ монда наметавонанд.

МУШКИЛИ АНДОЗ

Мушкили дигар дар кори деҳқон ҳамин усули маҳаллии андозситонӣ мебошад, ки аҳволи хоҷагиҳои бе ин ҳам касодро вазнинтар менамояд. Раиси ноҳия Вахш Шодӣ Мусоев бо таассауф иброз дошт, ки бинобар афзоиши қарзҳо аз андози давлатӣ хоҷагиҳо иҷборан техникаи боқимондаю анбору хирманҳои пахтатозакуниро бо нархи ночиз фурӯхтаанд. Дар баъзе аз дигар навоҳии вилоят зимни таҷдиди хоҷагиҳои қарздор техникаю саршумори чорвои хоҷагиро низ ба фурӯш гузоштаанд, то қарзҳои хоҷагиро пардохт намоянд. Воқеан тасмими ҳукумат барои ба хоҷагиҳои хурд ҷудо кардани хоҷагиҳои калон дар ғанигардонии буҷа нақши муҳим мебозад. Аммо боз ҳам фаъолияти ғайриқонунии баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ мушкили андозситониро дар ноҳияҳо дучанд зиёд мекунад. Чун то имрӯз қисми зиёди хоҷагиҳо дар доираи қонунҳои мавҷуда фаъолият надоранд. Аз 17 ҳазору 500 адад хоҷагиҳои деҳқонии вилоят, танҳо теъдоди ангуштшумори онҳо суратҳисоби бонкӣ дошта, коргарони худро мутобиқи кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат медиҳанд. Бесабаб набуд, ки ҳанӯз дар соли гузашта масъули яке аз бонкҳои вилояти Хатлон фаъолияти хоҷагиҳои навтаъсисро ғайриқонунӣ ҳисобида, маблағгузории чунин хоҷагиҳоро бесамар хонда буд.

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти хочагиҳои деҳқони бидуни суратҳисоби бонкӣ ва надоштани дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ тартибу низоми хоҷагидорӣ фаъолияти хоҷагии худро дуруст ба низом дароварда наметавонанд. Дар бисёр мавридҳо дар хоҷагиҳои пахтакоре, ки коргаронашро бидуни "ведомост" музди мехнат медиҳанд, ё чойи музди кор равғану дигар маҳсулоти хӯрока таъмин мекунанд, кодекси меҳнат риоя намешавад. Ҳамин бидуни ҳуччатгузориҳои расмӣ фаъолият кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ ба он оварда расонидааст, ки моҳҳо коргари саҳро музди меҳнаташро гирифта наметавонад, ва як сабаби иҷро нагардидани фонди ҳифзи иҷтимоӣ низ дар навоҳии вилоят нагирифтани маош дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

ОФАТИ ТАБИӢ

Омили дигаре, ки қариб хамасола ба рафти кишту кор ва ҳосилнокии заминҳо таъсири манфӣ мерасонад ин боду ҳавои баҳорӣ мебошад. Боришоти рӯзҳои охир ба соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон ба хусус соҳаи пахтакорӣ хисороти калон расонид. Раиси шаҳри Сарбанд Ҳикматулло Раҷабов гуфт, ки гарчанде бо маблағгузории Ширкати "Рушди Хатлон" кишти пахта дар Сарбанд ба анҷом расида буд, аммо боронҳои сел ба 200 га заминҳо зарар оварданд, ки тибқи хулосаҳои пешакӣ дар ин заминҳо мебояд кишти такрорӣ гузаронид. Дар ноҳияҳои Бохтару Вахш бошад боронҳои сел ва боридани ҷола ба 1, 300 то 1,500 гектар заминҳои пахта зарар расонидааст. Дар ин ноҳияҳо хоҷагидорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ кишти пахтаро гузаронида буданд.

Ҳамин тавр имсол ҳам мушкилиҳои гуногуни хоҷагидорӣ монеи фаъолияти пурсамари пахтакорони вилояти Хатлон шуда.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97