"НАША РАША"-РО БА "УНИТАЗ" АНДОЗЕД

Иҷтимоъ 23.04.2010 14:07

Бо амри тақдир, инак, ду сол мешавад, ки ман дар шаҳри Ростови соҳили Дон, дар Русия зиндагӣ мекунам. Шаҳри сарсабзу зебоест, ҳамеша ба ёдам шаҳри азизам-Душанберо меоварад. Мардумонаш низ, мисли мардуми мо нисбати ғайри таҳҷоиҳо, меҳрубону некхоҳанд. Дар собиқ ман дар тӯли чанд соле дар шаҳри Маскав мезистам. Сокинони Ростов аз мардуми Маскав, ки бо ғайритаҳҷоиён муносибати хуб надоранд, ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар шаҳри Ростов намояндагони миллатҳои гуногун дӯстона зиндагӣ мекунанд. Хусусан, арманиҳо бисёранд, таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоӣ. Ҳамкорони ман аксаран арманиҳоянд.

Мо ба зудӣ дӯст гаштем, нисбати забон, фарҳанг ва таърихи халқҳои якдигар таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Маълум мегардад, ки дар забонҳои арманӣ ва тоҷикии форсӣ бисёр вожаҳо монанданд. Масалан, паҳлавон-ро арманиҳо низ "паҳлаван" мегӯянд. Калимаи душман дар арманӣ ҳам "душман" аст. Арманиҳо чор-ро "чорс" мегӯянду "ҳазор"-ро "ҳазар", "занг" (яъне занги телефон) ба арманӣ низ "занг" аст,ва ғайра.

Ман сурудҳои арманиро дӯст медорам, хусусан, сурудҳои мардумиро дар иҷрои Гурген Дабагян. Ба вижа, суруди ӯ бо номи "Хайреники чуре" -"Оби ватанам" бештар маро хуш меояд, онро гоҳо худам ҳам месароям. Мегӯянд, ки хубу беғалат мехонам. Рафиқи ман - Ованес бошад, суруди тоҷикии "Назираҷонам"-ро хеле хуб месарояд.

Дӯстони армании ман мегӯянд, ки забони тоҷикии форсӣ - забони хеле зебову хушоҳанг аст. Ман ба дӯстонам мегӯям, ки дар Тоҷикистон арманиҳо кам нестанд ва мо дӯстона зиндагӣ мекунем.

Замоне ки дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (Ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) мехондам, роҳбари гурӯҳи мо устоди кафедраи забону адабиёти рус - Алла Сулаймоновна Ғаниева буд. Миллаташ арманӣ, шавҳараш тоҷик. Ӯ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва арманӣ озодона сӯҳбат менамуд. Худро фарзанди ду халқ-арману тоҷик мешуморид. Ҳарду халқро баробар эҳтиром мекарду дӯст медошт.

Ман қиссаҳои ӯро доир ба таърихи ин ду халқ хеле дӯст медоштам ва то ҳанӯз дар ёд дорам. Ӯмегуфт: "Дар чаҳон шояд дигар ду халқе мавҷуд набошанд, ки мисли арману тоҷик қисмати ҳаммонанд дошта бошанд. Ҳам арманиҳо ва ҳам тоҷикон таърихи чандинҳазорсола доранд. Ҳар ду халқ, ҳанӯз дар замоне ки халқҳои дигар ба таври қабилавӣ ва пароканда зиндагӣ мекарданд, ба тамаддун расида, давлатҳои мутамаркази худро барпо карда буданд. Арманиҳо ва тоҷикон дар пешрафти тамаддуни инсонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Ҳарду халқ - мардумони сулҳдӯстанд, ки борҳо мавриди тохтутозҳои аҷнабиён гардидаанд. Дар натиҷа қаламравҳои таърихии худро аз даст дода, ин ду халқ акнун дар қаламравҳои асосан кӯҳистони зиндагӣ мекунанд.

Дар оғози қуруни милодӣ, арманиҳо ва тоҷикон ба ҳайати империяи Ирони бостонӣ дохил мешуданд. Ман ба дӯстони арманӣ дар бораи муносибатҳои наздики деринаи байни халқҳои мо ҳикоя мекунам.

Аз ҷумла, дар бораи он, ки шоирони бузурги тоҷику форс қиссаи ишки нокоми ҷавонеро бо номи Фарҳод ба маликаи арманӣ-Ширин, дар асарҳои ҷовидонӣ худ сурудаанд. Дӯстонам нақл мекунанд, ки дар замони шоҳ Теҳрони бузург, давлати Арманистон масоҳати бузургеро "аз баҳр то баҳр" дарбар мегирифт. Яъне, аз баҳри Хазар (Каспий) то баҳри Сиёҳу Миёназамин.

Давлати тоҷикии Сомониён (асрҳои 9-10) ҳамчунин қаламрави бузургеро, ки ҳоло дар он давлатҳои имрӯзаи Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон, қисми шарқии Ирон ҷойгиранд, ишғол менамуд.

Дар симои муаллимаам Алла Сулаймоновна ман ба мардуми бостонии арманӣ эҳтиром пайдо карда, дар бораи онҳо бисёр мехондам. Ман тарҷумаи тоҷикии бисёр асарҳои адибони арманиро хондаам. Аз ҷумла, Ованес Туманян, хусусан, ҳикояи ӯ дар бораи Гикор; Силва Капутикян, Серо Хонзодян ва ғайраҳоро. Дар бораи Месроп Маштотс- тартибдиҳандаи алифбои арманӣ низ маълумот дорам.

…Боре яке аз дӯстони арманӣ аз ман пурсид, ки калимаи тоҷикии "желдерме" чӣ маъно дорад? Ман ҳайрон шуда, гуфтам, ки дар забони мо чунин калима нест. Маълум гардид, ки ӯ ин калимаро аз барномаи телевизионии "Наша Раша" шунидааст. Дӯстон, чун диданд, ки табъи ман хира гардид, маро тасалло дода, гуфтанд, ки ба ҳазлу шӯхиҳои дағалу аҳмақонаи "Наша Раша" дар бораи тоҷикон диққат додан намеарзад. Мегӯянд, ки аз рафтори ҳамиллаташон-Михаил Галустян шармашон меояд.

Бале, мегӯям ман, агар Галустян миллати худро дӯст медошт, миллатҳои дигарро низ эҳтиром мекард. Ӯ зодаи Русия аст, ба гумон аст, ки забону фарҳангу таърихи халки худро донад. Номи ҳақиқии ӯ - Ншон аст. Шояд рӯзе на танҳо аз номи арманӣ, балки аз фамилияи армании худ низ рӯ гардонад. Мисли Филипп Киркоров, ки бобояш- Киркорян арманӣ буд ва модаркалонаш-булғорӣ. Филипп худро булғорӣ мешуморад. Дӯстон мегӯянд, ки чанд соле аз ин пеш Филипп Киркоров бо сафари ҳунарӣ ба Арманистон омад. Аммо ҷавонони арманӣ дар майдони ҳавоӣ бо шиорҳои "Ту аз миллати худ рӯй гардондӣ, пас дар Арманистон ба ту роҳ нест!"- роҳи ӯро бастанд. Вай маҷбур шуд, ки Ереванро тарк кунад.

Бале, мутаассифона, телевизион, ки маҳсули пурэъҷози тамаддуни башарист, дар дасти шахсони бевиҷдон ба василаи интишори лофу газоф, туҳмату дуруғ, таҳқири одамони алоҳида ва халқҳо гардидааст. Барои ман дучанд аламовар ин аст, ки мо-тоҷиконро фарзандони мардуме, ки хеле эҳтиромаш мекунам, яъне арманиҳо - Михаил Галустян (иҷрокунандаи нақши Равшан) ва Гарик Мартиросян (ақидаи "Наша Раша" ба вай тааллуқ дорад) паст мезананд.

Ман намефаҳмам, аз рӯи кадом мантиқ маҳз тоҷикон мавриди таҳкиру хандаву масхара қарор гирифтаанд. Зеро, тавре худи Мартиросян эътироф мекунад, прототип (каҳрамони асли)-и Равшан ва Ҷумшуд ду нафар коргарон аз Арманистон мебошанд. Албатта, ҳеч аҷобате надорад, ки дар ҳар куҷо, дар байни ҳама мардум ҳар гуна одамон ҳастанд- ҳам дорои хиради пешрафта, ҳам одамони содда. Ин маълум аст, ки Мартиросян наметавонад мардикорони ноӯҳдабароро арманӣ номад, вагарна арманиҳо ӯро нахоҳанд бахшид. Аммо чаро маҳз тоҷик номид? Магар тоҷикон аз ҷиҳати донишу хирад пасттар аз дигар мардумони Осиёи Марказиянд?

Не, балки "ҳаҷвнигорон"-и "Наша Раша" фикр мекунанд, ки тоҷикон сахт вобастаи Русияанду ҷуръат нахоҳанд дошт, ки бар зидди телеканали "ТНТ"-и Русия норизоӣ баён кунанд. Аммо, шояд амалан гапу кор тамоман дар ҷои дигар аст? Ба андешаи ман, илҳомбахш ва сарпарастони "Наша Раша" доираҳои муайяне мебошанд, ки соҳибихтиёрӣ ва некуаҳволии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд.

Чанд сол қабл аз ин, Порлумони Тоҷикистон нисбати таҳқиру масхараи тоҷикон аз тариқи барномаи "Наша Раша" эътироз баён намуд. Вале "ҳаҷвнигорон" баҳона пеш оварданд, ки "Мо маҳз точиконро дар назар надорем" ва ин ин эътирози Порлумони Тоҷикистонро ба эътибор нагирифтанд.

Чаро "ҳаҷвнигорон" худ ба худ мухолифат мекунанд? Магар беҳтар набуд, ки ғалатҳои худро эътироф кунанду аз мардуми тоҷик бахшиш бипурсанд?!

Ана, исботи он, ки "Наша Раша" маҳз точиконро масхара мекунад:

1.Дар яке аз барномаҳои "Наша Раша" аз паси кадр чунин садо ба гӯш мерасад: "Маскав"- аз забони тоҷикӣ ҳамчун "шаҳри резинӣ" тарҷума мешавад." (яъне, тоҷикон мепиндоранд, ки Маскав шаҳри беҳадду ҳудуд аст ва аз ҳамин ҷиҳат ҳама тоҷикон сӯи ин шаҳр мешитобанд).

2.Равшан (Галустян) зуд-зуд калимаи "Тоҷикистон"-ро такрор мекунад. Ин ягона калимаи тоҷикист, ки аз забони Галустян беғалат садо медиҳад. Дигар ҳама калимаҳои -"жельдерме, жугульме, бугульме" - ин калимаҳои бемаъноянд, ки забони точикии форсиро масхара мекунанд. Забонеро, ки аз қадим дар Шарқ забони шеър шуморида шудааст, тавре дар Ғарб - забони фаронсавӣ. Ин ҷаноби Галустян, пеш аз бозидани нақши як тоҷике, ақаллан натавонистааст, ки якчанд ибораи тоҷикиро аз бар намояд!

3.Номи қаҳрамонони барнома номҳои соф тоҷикии форсианд. Маънии номи "Равшан"- маълум аст, яъне равшанию равшаноӣ. "Ҷамшед" (на Джумшут! Ҳатто наметавонанд, ки номи инсонро дуруст талаффуз кунанд!) - номи шоҳи Ирони бостонӣ, ки ба мардум тамаддун овардааст. Ӯ асосгузори ҷашни Наврӯз шуморида мешавад.

4.Дар дигар барномаи "Наша Раша" Равшан ва Джумшут оши палав мепазанд. Антеннаи телевизионии моҳвора- ро ба сифати дег истифода мебаранд. Баъди ин антеннаро ба ҷояш барқарор мекунанду телевизор фақат мавҷи барномаҳои телевизионии Тоҷикистонро қабул мекунад. Баръало садои сухангӯёни садову симои тоҷик ва нутқи тоҷикӣ шунида мешавад.

5.Саҳнаи базми Равшан ва Джумшут дар ватани онҳо. Ин мардикорони "сарватмандгашта" мехӯранду менӯшанду дар атрофашон духтарон мерақсанд. Ороиши саҳна бо сӯзаниву гулдӯзиҳои тоҷикӣ - ҳама шоҳиди он аст, ки "ҳаҷвнигорон" маҳз тоҷиконро тасвир карданианд.

6.Дар филми "Тухми тақдирсоз" ("Яйца судьбы") Равшан ва Джумшуд, бо суханони : "Сардор мегуфт, ки ҳуҷҷатҳои мо бояд ҳамеша дар назди ӯ бошанд", якҷоя бо скелет паспортҳоро ҳам гӯр мекунанд. Маҳз паспортҳои тоҷикиро!

Ғайр аз ин, "Наша Раша" эътиқоди динии тоҷиконро ҳам таҳқир мекунанд (саҳнаи дасту рӯ шустани Равшан ва Джумшуд дар унитаз, ҳамчунин хӯрок пухтани онҳо дар унитаз). Барои муслулмонон мафҳумҳои "ҳаром" ва "ҳалол" муқаддасанд. Риояи талаботи шариат барои ҳар як мусулмон шарту зарур аст. Мусулмон ҳеч гоҳ дар ҷои нопок ва аз зарфи нопок хӯрок намехӯрад.

Ҳамчунин, тоҷикон дар симои Равшан насли Чингизхон шуморида мешаванд (филми "Тухми тақдирсоз"). Ин таҳқирест нобахшиданӣ дар ҳақи мардуми тоҷик. "Ҳаҷвнигорон"-и "Наша Раша", агар таърихи тоҷиконро медонистанд, чунин ҳарзагӯиро дар ҳаққи мо раво намедиданд. Зеро ба ҳама маълум аст: тоҷикон ягона мардуми таҳҷоии Осиёи Миёнаанд, ки хуни муғулӣ надоранд.

"Ҳаҷвнигорон" ончунон саргарми хаёлбофии таҳқиромези худ гаштаанд, ки дигар ба воқеияти далелҳои таърихӣ диққат ҳам намедиҳанд. Умуман, дар атрофи филми "Тухми тақдирсоз", ба қавли тоҷикон, "Пеш аз пода чанги зиёд хезонданд". Он чандон сазовори таърифу тавсифи зиёд набудааст. Муҳокимаи он дар байни мардуми Русия аз даҳан мондааст. Он чи аз ин филми "таърифӣ" мардум интизор доштанд, амалӣ нашуд.

Дар поёни филм, каҳрамони барнома, ки бо телевизор "гуфтугӯ карданро" дӯст медорад, титрҳоро бо фамилияҳои продюсерҳои арманӣ хонда, мегӯяд: "Дар куҷое, ки пул ҳаст-он ҷо арманӣ ҳаст. Арманиҳо мисли магасонеанд, ки сӯи мураббо мешитобанд."

Аҷабам меояд. Ин суханон магар ба иззати нафси Галустян ва Мартиросян намерасад? Магар ин дуруст аст, ки аз тариқи телевизион арманиҳоро пулпарасту тоҷиконро мардикорони бефаҳму ноӯҳдабаро тасвир мекунанд? Чаро аксари мардум ба ин иғвогариву тӯҳмат оромона менигаранд?

Ман ақидаи роҳбарияти созмони "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик"-ро дар ин бобат дастгирӣ мекунам: созандагони барномаи "Наша Раша" барои таҳқири халқи тоҷик бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд! Ин воқеан "қатли оми зеҳнии тоҳикон" ("моральный геноцид") аст. Шахсоне ҳастанд, ки ба ин ақида розӣ нестанд: "Қатли ом-ин ҷисман нобуд кардани халқе ё гурӯҳест". Ба андешаи ман, "Наша Раша" моро рӯҳафтодаву сарпасту беобрӯ мекунад. Ин магар қатли оми зеҳнӣ нест?

Ба касофати "ҳаҷвнигорон"-и "Наша Раша", акнун дар Русия ҳар як тоҷикро "Равшан ва Джумшут" гуфта, мавриди масхара ва таъқибу азоб қарор медиҳанд.

Ман тамоми тоҷикони ҷаҳонро, сарфи назар аз он, ки дар кадом кишвар зода шудаанду дар куҷо зиндагӣ мекунанд, новобаста аз ақидаю мақоми ҷамъиятӣ, даъват мекунам, ки муттаҳид гарданд ва бар зидди миллатгароёни "Наша Раша" садо баланд кунанд.

Ман ба тантанаи адолат дар Русия бовар дорам. Бовар дорам, ки сохторҳои салоҳиятдори Русия ба фаъолияти барномаи "Наша Раша", ки қонунҳои амалкунандаи Русияро вайрон мекунанд (моддаи 21, к.1 ва моддаи 29, к.2 Қонуни асосии Федератсияи Русия; моддаҳои 129, 130, 280, 282 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия), баҳои одилона медиҳанд.

Ман умедворам, ки адолат пирӯз хоҳад гашт, "ҳаҷвнигорон"-и иғвогар ба ҷазои худ мерасанд ва барномаи "Наша Раша" ба "унитаз" партофта мешавад.

Умар Юнусов, муҳоҷири тоҷик,

хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон


Умар Юнусов
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97