БОЗОРИ ФОЛБИНҲОРО, КӢ ГАРМ МЕКУНАД?

Иҷтимоъ 23.04.2010 14:04

Рӯз аз рӯз дар ҷомеа сафи фолбинҳо зиёд шуда, то рафт этиқоди мардум ба онҳо меафзояд. Сабаби ассосии рӯ овардани бисёре аз афрод ба фолбинон ин аз мушкилии зиндагӣ мебошад, Бархе аз занон бошанд ба шавҳаронашон боварӣ надошта, аз маслиҳати фолбинҳо истифода мекунанд. Баъзеи дигар барои "мушкилкушоӣ" ва инчунин духтарон барои дер издивоҷ кардан пеши фолбинҳо мераванд. Оё фолбинҳр тақдири инсонро метавонанд пешгӯӣ кунанд, дар ҳоле, ки худ рӯзгори хубе надорад. Ғайр аз Худованд касе нест, ки тақдири инсонро медониста бошавад ва ё пешгӯӣ намояд.

Аз чӣ бошад, ки баробари калонсолон муштариёни бештари фолбинҳоро ҷавонон ташкил мекунанд, ин дар ҳолест, ки онҳо омӯзиш ва азхудкунии донишҳои муосирро канор гузошта, ба суханҳои пучи дур аз илму мантиқи фолбинҳо саргарм мешаванд. Чаро ҷавонон ба фолбинҳо эътиқод пайдо мекунанд? Суоле буд, ки моро бетараф нагузошт ва ба таҳқиқи масъала водор кард.

Маликнози Ҳалим, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки "аз он сабаб ман ба фолбинҳо бовар намекунам, ки ин амал на ба ҷаъмият ва на бар дин мутобиқат мекунад. Аз нуқтаи назари дини ислом мегӯянд, ки ба фолбин бовар кардан ин ширк ба Худованд аст. Ҳамон чизе, ки Худованд худаш ба қисмати бандааш навиштааст ҳамон руй медиҳад, лекин фолбинҳое ҳастанд, ки гӯё онҳо пеши Парвардигор рафта омада бошанд ва ё бо Худованд мулоқот намуда бошанд. Аз пеши худ суханҳои бофтаро мегӯянд ва диққати мардумро ба худ ҷалб менамоянд. Фикр мекунам, фолбинӣ ин як ҷиноят аст, чунки бештари хонавайроншавӣ ва кашмакашҳои оилавӣ аз дурӯғи бофтаи фолбинҳо сар мезананд. Аввал ин ки ками мард ба назди фолбин меравад, сониян ин аз нобоварии ҳамон занҳо нисбати шавҳарашон гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ба шавҳари қонуни худ бовар накарда, ӯро фол мебинанд ва ба дурӯғи фолбинҳо шавҳарашонро бо таштобу тумор то ҳамон дараҷае мерасонанд, ки ӯ бемор мешаваду баъд хатои худро мефаҳманд".

Иллати дигари эътиқоди мардуми мо ба фолбинҳо дар бесаводии онҳост. Як қисм фолбинҳое ҳастанд, ки хати арабӣ ё форсиро қориазёд карда ба мардум чунон вонамуд, мекунанд, ки гӯё онҳо китоби муқаддаси дини ислом Қуръонро ҳифз кардаанд ва аз рӯи оятҳо ва ҳадисҳо сухан меронанд. Ин як гӯл задании мардум аст. Масъала то ҷое гиреҳ хӯрдааст, ки нархи "хизматрасонии" як қатор фолбинҳо хеле баланд ҳаст ва то ҳатто ба дараҷаи табобати беморхонаҳо мерасад. Болоравии нархи "хизматрасонии" онҳо аз фавҷ-фавҷ гаравидани мардум ба ҳарзаву ҳазёнҳои онҳо мебошад.

Як фолбин, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард ва худ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт зиндагӣ мекунад, зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки асосан он одамоне, ки назди мо меоянд ва ба мо боварӣ доранд, мо барои онҳо пешгӯиҳои дуруст мекунем. Ӯ бар ин назар аст, ки: "Бархе аз шахсон барои санҷидан низ меоянд. Ҳар як кас фолбин шуда наметавонад, асосан истеъдоди фолбинӣ ин худодод аст ва пеш аз шурӯи фолбинӣ, мо китоби Қуръонро ҳифз менамоем ва ба гуфтаҳои пайғамбарон амал менамоем. Вақте муштариён ба назди ман меоянд, ман ҳамавакт гапҳое, ки ба ман мерасонанд, ҳамонро мегӯям ва давомашро ба худи онҳо ҳавола мекунам. Бигзор онҳо худ қазоават кунанд ва бифаҳманд, ки ман росташон гуфтам ё дурӯғ.

Ин фолбин ба гуфтаҳои худ чунон эътимод дорад, ки гӯё боре ҳам гапи дурӯғ нагуфта бошад. Вай зикр кард, ки "тӯлии 5-сол мешавад, ки бо ин кор машғулам ва то ҳол касе ба ман нагуфтааст, ки ту дурӯғ мегӯӣ. Ман ҳар чиро кӣ мешунавам ҳамонро мегӯям. Баъзе мардум фолбинро бо ҷодугар баробар мекунанд, ки ин кори онҳо нодуруст аст. фарқи фолбин аз ҷодугар аз замин то осмон аст".

Фолбини ҳамсӯҳбати мо аз аз додани иттилои бештар худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки асрори сарнавишти мардуми ба пешаш омадаро пирҳояш ба ӯ аз ғайб меоранд. Ин сухани онҳо то куҷо асоси воқеӣ дорад. Самандар Сафаров нафаре, ки ба фолбинҳо боварӣ карданро ҷоҳилият меушуморад мегӯяд:

Аслан фолбинҳо ҷоҳил ҳастанд. Ҳадиси пайғамбар аст, ки ҳар он кас, ки фолбиниро пеша мекунад умедашро аз охирад биканад. Яқин бидонад, ки ӯ дар охират аз раҳмати Худованд бенасиб аст. Ҳар шахсе, ки ҳангоми фол дидани фолбин агар гӯяд, ки рост гуфтӣ, ин хам ҷоҳил мешавад ва охирати чунин шахсон низ хуб нест.

Аз дидгоҳи равоншиносӣ гӯё эътиқодоте вуҷӯд доранд, ки инсонҳоро ба фолбинҳо мӯҳтоҷ мекунанд. Профессор Нафиса Юнусова, мудири кафедраи равоншиносии ДМТ, комилан назари дигар дорад:

Яке аз сабабҳои ба фолбинҳо муроҷиат кардан кам будани равоншиносон мебошад. Имрӯз равоншиносони таҷрибанок дар ҷомеа ангуштшуморанд. Вақте мушкилот пайдо шуд шахс аз ӯҳдаи ҳалли он баромада наметавонад ва ба шахсе ниёз дорад, ки ӯро кӯмак кунад, дастгирӣ намояд, роҳи рост нишон диҳад. Вақте чунин шахс пайдо нашуд ӯ рӯ ба фолбин меорад. Мутаасифона, сафи одамоне, ки ба фолбинӣ машғуланд зиёд шудаанд. Онҳо барои пайдо намудани маблағ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии хеш роҳи пулкоркунии хеле хубро ёфтаанд. Шахсоне, ки хусусияти артистӣ доранд ва каму беш психологияи одамро медонанд, бештар ба чунин кор даст мезананд. Одатан, фолбинҳо ба таври умумӣ гап мезананд, онҳо мушаххас гап зада наметаваонад. Умуман, вақте ки дар ҷомеа фазо холӣ мемонад (ман дар назар дорам набудани психологҳоро) ҳамон фазо бояд пур карда шавад. Имрӯзҳо мо дар ҳафтаномаҳо мехонем, ки фолбинҳо худро реклама намуда мегӯянд: "Ман фол мебинам ва зараре, ки ба шумо расидааст бартараф мекунам". Мутаасифона, дар ҳафтаномаҳо чунин рекламаҳо хеле зиёд ба чашм мерасад. Яъне ҳафтаномаҳои мо мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Барои ба гапҳои дурӯғи фолбинҳо бовар кардани мардум мусоидат мекунанд. Як филмро диди будам. Дар филм лаҳзае ҳаст, ки як фолбин дугонаашро ёд медиҳад, ки одамонро фол бинад. Ӯ мегӯяд, ман чизеро намедонам, чи гуна ин корро кунам? Ӯ мегӯяд: "Шарт нест, ки ту ягон чизеро донӣ, ту ба худат бовар кун вай одам худаш гапро гуфтан мегирад".

Бештар одамони зудбовар ба фолбинҳо бовар намуда, худро аз даст медиҳанд ва ҳама гуфтаҳои онҳоро бовар мекунанд, лекин баъзан аз мушкилоташон муваққатан мебароянд. Дар ҷомеаи имрӯз кам будани психологҳо барало эҳсос карда мешавад. Будани психологҳо муҳим аст, яъне имрӯз вақти он расидааст, ки илм ҷойи ҳарзаву дурӯғро бигирад.

Донишмандони дин фаъолияти фолбиниро комилан эътироф намекунанд. Кароматтулоҳи Бадриддин коршиноси масоили диннӣ мегӯяд, ки "Ислом, ки худ дини тавҳид, рушдкарда ва пешрафта аст, доимо дар муқобили хурофоту бисёрхудоӣ ва сеҳру ҷодуву фолбинӣ қарор мегирад. Донистани илми ғайбро ба ҷуз Худованд каси дигар, ҳатто пайғамбарон низ қудрат надоранд. Худованд дар Қуръони хеш фармуда: Ва ғайбро ғайри Худованд касе намедонад...

Расули Худо, ки бузургтарин муаллими башарӣ ва фиристодаи Худованд буд, нисбати фолбинон ва соҳирон ва ба ин монанд мардум муборизаи шадид мебурд, Зеро тақдирро ба ҷуз Худованд касе наметавонад тағйиир диҳад ва ё пешгӯӣ намояд. Аз ин рӯ Паёмбар (с) рафтанд ба пеши коҳинону ба шиддат маън менамуд. Дар чандин аҳодиси пайғамбар ин нукта бо сароҳат таъкид шудааст. Масалан ин ҳадис вуҷуд дорад: "Касе ки ба назди фолбин ё соҳир равад ва гуфтаи ӯро тасдиқ намояд, ба он чи ба Муҳаммад (с) нозил шудааст, кофир мегардад".

Имрӯз дар ҷомеаи мо як идда мардум аз ноогоҳии омма нисбат ба ислом истифода намуда, бо фиреб ва найранг, гӯё аз Қуръону ҳадис ба онҳо пешгӯӣ менамоянд, ки ин сар то по дурӯғ аст ва инсони мусулмон на бояд ба ин суханони онҳо бовар намояд. Пайғамбар (с) таъкид намудааст, ки мардум хешро тавасути табибон муолиҷа намоянд.

Дар ҳоле ки бештари мардуми соҳибназар фаъолияти фолбинҳоро дурӯғ, хурофот ва бепоя медонанд, аммо тӯда-тӯда мардум худро ба хонаҳои онҳо мезанад. Аҷибаш дар он аст, ки муштариёни ин фолбинҳо занони мансабдор низ ҳастанд ва ё ҳамсарони мансабдорон низ мебошанд. Як қатор маъшуқаҳои мансабдорон аксҳои онҳоро оварда ба фолбинҳо барои муроқибати бештар медиҳанд. Ҳамин маъшуқаҳои фолбинҳо гӯё нархи "хизматрасонии" онҳоро баланд карда бошад. Аҷиб буд, вақте як фолбин иқрор шуд, ки дар пешорӯи интихоботи моҳи феврал муштариёнаш аз ҳисоби занони депутатшаванда ва ё ҳамсарони мардҳои номзад ба вакилӣ хеле зиёд гаштаанд. Ӯ бо ифтихор мегуфт, ки ба мо мансабдорон низ боварӣ доранд. Вале ҷойи афсӯсу надомат ҳам ҳаст, ки мансабдорони, ки даъвои кори худро аз фолбинҳо ҷӯё мешаванд, чӣ гуна ба сарнавишти минбаъдаи мо масъулият эҳсос мекунад. Ва саволи дигаре ҳам пайдо мешавад, ки даромади муфти фолбинҳоро, ки назорат мекунад?


Фархундаи ФУРҚАТДӮХТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97