СЕЛ ВОСЕЪРО БУРД, АММО МАСЪУЛОН ДАР ХОБ БУДАНД

Иҷтимоъ 21.04.2010 13:11

ОМАД БА САРАМ...

Аксари мусоҳибони мо изҳор доштанд, ки мақомоти марбута замоне ба маҳалли ҳодиса расиданд, ки соат 8-и субҳ буд ва кайҳо сел "корашро карда" буд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки соли гузашта ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб аз насби таҷҳизоте хабар доданд, ки гӯиё дар зудтарин фурсат аз хатар онҳоро огаҳ мекунад. Аммо намедонам, субҳи 11-уми апрел чаро таҷҳизот ин мардумро аз хатар огаҳ накард, то молу амволашонро наҷот диҳанд?

 

ГУРУСНАВУ БЕХОНАЕМ..

 

Замоне, ки мо вориди ин деҳ шудем мардум гурӯҳ-гурӯҳ лаби рӯди пуртуғёни Ёхсӯ деҳаи зериобмондаро тамошо мекарданд. Аҳмад Шарипов, сокини кӯҳансоли ин деҳ изҳор дошт, ки таи ду рӯз боз касе аз ҳолашон намепурсад.

-Ин роҳбарон интизоранд, ки кай "помош" (кӯмаки башардӯстона) мерасаду... Охир, мардум ҳозир гурусна ҳаст, дилашон намешавад, ки аз ин ҷо дур шаванд, зеро чизеашонро берун накардаанд. Ҳозир ба ин мардум хӯрокаву ҷои хоб лозим аст,-гуфт ӯ.

Инчунин ин мард ба ҷое ишора кард, ки об ба он ҷо бархурда дубора сӯи деҳ меравад. Ба гуфтаи ӯ, агар масъулин бо ягон техника ин ҷоро мешикофтанд, ин қадар деҳ зарар намедид.

Қудратулло Раҳматов, сокини дигари ин деҳ афзуд, "бубинед, ки ба ҷои наҷотдиҳӣ фақат ҳезум мебароранд, охир мардумро баровардан даркор. Аз саҳар то ҳол ба ҳезумбарорӣ машғуланд, дигар на хонаи обод мондаасту на чизу чораи обод".

"Саҳар об кам буд тез берун баромадем. Соате пас баргаштем, ки об зиёд шудааст ва дигар ба деҳа даромада намешавад. Молу говамон дар оғил монд. Ҳозир гуфтанд, ки оғилҳоятон чаппа шуд",-шиква кард сокини ин деҳа Юлдошой Эргашева.

Ба гуфтаи Барфимоҳ Маъруфова, сокини дигари деҳа агар ба мардум ҷойи хоб муваққатӣ дода нашавад, онҳо азоб хоҳанд кашид.

"Ҳозир тамоми аҳли оилаи мо дар ҳамон хонаи пури об монданд. Ягон чизамонро гирифта ҳам натавонистем",- гуфт ин зан.

 

"БОРОНИ ҒАЙРИИНТИЗОР МОРО ДАР ҒАФЛАТ ГУЗОШТ"

 

Масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ сабаби дер огаҳ шуданашон аз ин офати табииро ба борон ва сели ғайриинтизор баста медонанд. Ба гуфтаи Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб бо ин вуҷуд, онҳо бо қаиқҳои хӯрд ва мошинҳое, ки аз ҳисоби ноҳия омада буданд, мардумро ба ҷои бехавфтар кӯчониданд ва касе аз сокинон то кунун зарари ҷиддии ҷисмонӣ набардоштааст, ҳарчанд аз 170 манзили истиқоматии ин деҳ 110-тои он комилан бо молу амволаш тахриб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯдхонаи Ёхсӯ ҳангоми баркандани сад метр соҳил аз ду тараф ба деҳа ворид шуда, чунин харобиҳо кардааст.

"Дар ҳақиқат захираи хӯрокаи мардум талаф ёфтааст. Дуруст аст, ки мо ҳоло мардумро на бо хӯрока ва на бо ҷои зисти муваққатӣ таъмин кардаем, зеро ҳоло ҳисобу китоб карда истодаем",- иброз дошт Неъматов.

 

ЗАРАРИ ҶУБРОННОПАЗИР

 

Дар паи ин обхезӣ беш аз 40 гектор замини кишт ва беш аз сад гектор замини ниҳоли хоҷагии ниҳолпарварии Восеъи ноҳияи Восеъ низ зиён дидааст. Ғаффор Аҳмадов, раиси ин хоҷагӣ мегӯяд, зарари расида ба замини ниҳолҳои парваришӣ ҷуброннопазир аст. Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, "агар соҳилро як моҳ пеш мебастанд, 100 ҳазор сомонӣ сарф мешуд, зарари ҳозир расида, шояд аз миллионҳо сомонӣ зиёд бошад. 124 гектар замини хоҷагӣ ва зиёда аз 500 ҳазор ниҳол зери обу лой мондааст. Танҳо хоҷагии мо 1 миллион сомонӣ зарар дидааст".

Зарари сокинони оддии ин деҳ бошад, то ҳанӯз ҳисоб нашудааст.

Ҳошим Хоҷаев, раиси ҷамоати пахтакори ноҳияи Восеъ, ки деҳаи Кӯчабоғ шомили он аст гуфт, "борҳо аз хатари ин соҳил ба мақомот муроҷиат кардаанд, вале касе баҳри ҳали ин мушкил талош накардааст."

 

ЧАРО ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ ЁФТА НАШУД?

 

Ҳафтае пеш дар як ҷаласа дар ноҳияи Восеъ, ки бо иштироки Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ва Муродалӣ Алимардонов, ҷонишини сарвазири ҳукумати кишвар баргузор гашта буд, Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ аз хатари чунин офати табиӣ бонги изтироб зада буд. Султон Валиев гуфта буд, ки вазъи соҳилбандӣ дар ҳудуди ноҳия ба мушкили рақами як табдил ёфтааст. Ӯ аз раиси вилояти Хатлон ва муовини сарвазир хоҳиш кард, то дар ҳали ин мушкил барояш кӯмак кунанд, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ қаблан президенти кишвар барои соҳилбандӣ ба ин ноҳия 2 миллион сомонӣ ҷудо карда буд.

Нурулло Мирзоев, ҷонишини раиси ноҳияи Восеъ гуфт, ин маблағи ҷудо кардаи президенти кишвар ба соҳилбандии рӯдхонаи Сурхоб, ки он ҳам ба аҳолӣ хеле хатар дорад, равона шудааст. Нурулло Мирзоев гуфт, "вазъи соҳилбандӣ дар ноҳия хеле бад аст, зеро барои садбандии як метри мураббаъ 8 ҳазор сомонӣ лозим аст ва ҳоло ноҳия ин қадар маблағро дар ихтиёр надорад".

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, аз 97 километр сади соҳили ноҳия 7 километри он пурра хароб гаштааст. Дар ҳамин маврид ба қавли коршиносон бо нисфи маблағе, ки ҳоло зарар ворид шудааст, имкони пурраи соҳилбандӣ вуҷуд дошт.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Раҳмат Каримов, як сокини дигари деҳи Кӯчабоғ маблағҳои кӯчаке, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ равона шудааст, агар пурра сарф мешуд, ҳоло соҳилҳо пурра баста буданд.

 

КӮЧАБОҒ ТАНҲО ЗАРАР НАДИД

 

Тибқи иттилои расмӣ дар ноҳияи Восеъ ба ҷуз деҳаи Кӯчабоғ, инчунин 35 хонаводаи деҳаи Ғофилобод низ дар паи чунин обхезӣ осеб дидааст. Ба гуфтаи масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ чанд деҳаи ноҳияи Мӯъминобод низ давоми ду рӯзи охир қисман хароб гардидааст. Ҳанӯз хисороти расида, аз офати табиӣ дақиқ нашудааст ва мардуми зарардида низ бо макони зисти муваққатӣ таъмин нагаштааст……


Абдумӯъмини ШЕРХОН, Саъди Юсуфи, аз ҷои ҳодиса, махсус барои "Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97