ПАДАР ДАР РУСИЯ, КӮДАКРО КӢ ТАРБИЯ МЕКУНАД?

Иҷтимоъ 20.04.2010 14:21

КЛИПИ "АТАЙИ МА РАСИЯДАЙ"

Гузарам ба бозори "Корвон" афтоду диққатамро мусиқии дилчаспе бо садои тифлона ба худ кашид. Ин таронаи аламовар бо навори басо ҷолиб аз рӯзгори тифлакони зиндаятим, ки падаронро дар муҳоҷират гум намудаанд, нақл менамуд. Тифли бечора тамоми рӯзгори оила бар дӯш ин суруди пураламро замзама, мекарду мегуфт:

Ина чанд сол мешава

Атаи ма Расиядай ...

Бо шунидани суруди пуралам сар то пойи вуҷудамро ларзише фаро гирифт ва беихтиёр аҳволи муҳоҷирини дарбадар ва азои хонадони чашм ба раҳи онон пеши назарам ҷилвагар гардид. Эҳсос мекардам, ки вуҷуди ҳама шунавандаву бинандагони ин клип, ки муҳоҷиратро аз сар гузарондаанд, меларзиду ба риққат меомаданд. Ин суруд шарҳи ҳолеро мегуфт, ки ҳар сатри ӯ дарде дошт. Дарде бедаво, ки дар аксар хонадони тоҷик имрӯз гирифтори онанд. Гӯё ин бозгӯйи ҳоли ҳазорон тифлаки бо чашми чор буд, чашми чор дар роҳи падар. Падароне, ки аз ночорӣ рӯй ба диёре овардаву аз пайи пайдо кардани ноне барои сер кардани фарзанд. Инчунин он падароне, ки ба диёри ғайр рафтаву фарзанду зани хешро бо умед гузошта ва онҳоро фаромӯш намудаанд… Ростӣ алами деринаи ғурбатамро боз барафрӯхт ва маро дар андешаи навиштани шарҳе аз ҳоли ин гуна атфоли рӯ ба раҳми Худо намуд.

ПАДАРОНИ МУҲОҶИР ВА НАҚШИ ПАДАРИИ МОДАРОНИ ТОҶИК

Муҳоҷирати давомдори корҷӯёни тоҷик, ки иддае беш аз чанд сол тӯл мекашад, барои тарбияи насли наврас ва ҷомеъаи шаҳрвандии кишварамон мушкилиҳои сангинеро ба бор оварда истодааст. Дар ин давоми авҷи муҳоҷирати умумӣ, ки алакай беш аз понздаҳ сол ҷомеъаи моро фаро гирифтааст, агар як тараф манфиатҳои хуби моддиеро дошта бошад, аз ҷониби дигар зарарҳои зиёди маънавиеро низ дар бор оварда. Ба ҳамагон ошкор мебошад, ки аксари муҳоҷирини кори моро мардону занони 25-40 сола ташкил менамоянд. Бештари онҳо оиладор буда, соҳиби як ё якчанд фарзанд мебошанд. Онҳо бо ҳиҷрати хеш аз хонадон тамоми бори гарони зиндагиро бар дӯши модарони бечора ва фарзандон мегузоранд. Модарони имрӯзаи тоҷик ба ҷуз як қисми андаки ишон бемаълумот ва нохондаанд, чӣ аз илми мактаби дунявӣ ва чӣ аз улуми динӣ. Бо вуҷуди он, ки аксари падарон хонадони хешро аз дидгоҳи моддӣ таъмин менамоянд, аммо дар тарбияи ахлоқии ҷигаргӯшаҳои хеш наметавонанд саҳим бошанд. Тавре зикр гардид, модароне, ки худ мӯҳтоҷи таълиманд, чӣ гуна метавонанд фарзандони солиму ғаюру бофарҳангу ватандӯстро барои ҷомеъа биоранд?

НАЗАРИ КОРШИНОСОН БА МУҲОҶИРАТИ БАРДАВОМ

Ҳамзамон хонадонҳоеро низ дидаем, ки волидайну сарпарастони онҳо рӯ ба ҳиҷрат ниҳодаву тарбияи фарзандони хешро ба гардани бибиҳо ё апаву хоҳарон мегузоранд. Ин саволест, ки худ ҷавоби он аст. Инҳо ниҳолони худрӯеанд, ки меваи талхаш ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистонро заҳрогин намуда истодааст. Оқибати ин бепарвоиҳо чӣ нохушиеро ба худ дорад?

Коршиноси соҳаи муҳоҷират Моёншо Маҳмадбеков ин равандро чунин шарҳ медиҳад: "Вақте падарон ба муҳоҷират мераванд, аксар як ё ду сол ё беш аз ин дар он кишварҳо мемонанд, ки дар тарбияи фарзанд бе таъсир намемонад. Ба замми ин падароне низ ҳастанд, ки мераванду дигар бар намегарданд. Зану фарзанди онҳо маҷбуранд барои пешбурди рӯзгор дар кӯчаву бозорҳо ба мошиншӯӣ ва дигар корҳои камдаромади сангин даст зананд. Ё модарону парасторони худро эътибор надода, ба дигар корҳои нолоиқ, аз қабили дуздиву авбошӣ даст мезананд. Занҳоеро низ шавҳаронашон партофтаанд, ки аз ночорӣ даст ба амалҳои ношоям мезананд. Имрӯзҳо саффи духтарони ноболиғи хиёбониву дарбадар боло рафтааст, ки шояд таъсири ин раванд бошад. Имрӯзҳо теъдоди бешумори ноболиғон аз деҳоти дуру наздик омада, дар кӯчаву бозорҳои шаҳр ба аробакашӣ машғуланд ё бозорҳои мардикориро пур намудаанд…".

Падар сутуни хонадон асту барои оила ҳама вақт нақши асосиро иҷро менамояд. Ба хусус дар мардуми Шарқ ва мусулмон. Бе сабаб падарро мардуми мо қиблагоҳ нагуфтаанд. Дурии падар аз оила дар тарбияи фарзандон душвориҳои зиёдеро барои модарон меоварад. Дар ҷомеъаи кунунӣ пайдо шудани баъзе аз аъмоли ношоям аз тарафи наврасону ҷавонони тоҷик, ки хосси ин миллат набуда ва пештар кам ба чашм мерасид, нақши набудани сарвари хона ҳувайдост. Аз хона гурехтани ноболиғон ва даст доштани онҳо дар ҷинояткорӣ: дуздиву ғоратгарӣ, гадоӣ, рафтори номатлубу паст аз ҷониби ҷавондухтарон. Замони пештар дар деҳот, ки муаллимон ва падарони сахтгир ба тарбияи фарзандон диққат медоданд ва дар натиҷа чунин аъмоли зишт қариб ба чашм намерасид. Аммо имрӯзҳо бошад, дар шаҳрҳои кишварамон ва пойтахти он ноболиғони хонагурез хело зиёд шудаанд. Борҳо тавассути ВАО-и кишвар дар бораи авбошон ва танфурӯшони ноболиғ намоишҳо нишон додаву навишта буданд. Зеро модар ба ҳеҷ сурат наметавонад ҷойи падарро бигирад, гарчи модарони бофазлу донишу боиффат дар ҷомеъаи мо кам нестанд.

Дурии падар аз хонадон аз дидгоҳи рӯҳӣ низ барои тарбияи насли наврас сахт муассир мебошад. Дар ин бора мудири кафедраи равоншиносии ДМТ Сайфиддин Расулов чунин андеша дорад:

"Муҳоҷирати меҳнатӣ аз масоилест, ки паҳлӯҳои гуногун дорад ва аз ҷиҳатҳои гуногун баррасӣ мегардад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми он дар баробари ҷанбаи иқтисодию сиёсӣ ҷанбаи психологӣ мебошад. Пӯшида нест, ки оилаи комил аз волидайн ва фарзандон иборат аст ва ҳар як аъзои он вазифаи муайяни худро иҷро карда, мавқеи хоси худро касб намудааст. Аз ин лиҳоз, оила организми зиндаро мемонад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дорад ва иҷро накардани вазифааш аз тарафи як узв ба рушду фаъолияти дигар узвҳо бетаъсир намемонад. Чун одат дар оилаи тоҷик сарварии оиларо мардҳо ба дӯш доранд ва асосан мардҳо муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намудаанд. Аз як тараф мард ҳамчун сарвари оила вазифаи аввалиндараҷаи худро дар таъминоти моддии оила мебинад ва ин вазифаашонро тавассути рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ иҷро мекунад, ки метавонад дар ӯ ҳисси қаноатмандии ботиниеро ба вуҷуд оварад. Аз тарафи дигар мард дар нақши иҷтимоии "падар" ва "шавҳар" вазифаҳои дигареро ба дӯш дорад, ки дар ин ҳолат иҷро нашуда мемонад.

Дар тарбияи фарзанд ҳам модар ва ҳам падар мавқеи хоси худро доранд. Ба таври дигар гӯем, яке аз онҳо дар тарбияи фарзанд вазифаи дигарашро иҷро карда наметавонад. Тарбия пеш аз ҳама тавассути таъсири хиссиётию эмотсионалӣ сурат мегирад, ки барои расонидани чунин таъсирот алоқаи бевосита зарур аст. Дар ҳолате, ки падар муддатҳои тулонӣ дур аз фарзандон қарор дораду ин таъсиррасонӣ сурат намегирад, он гоҳ модар "ташнагии эмотсионалӣ"-и фарзандро пурра шикаста наметавонад. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки кӯдаки бо чунин ташнагӣ ба воя расида, минбаъд ҳамчун падар ё модар қобилияти пурраи шикастани "ташнагии эмотсионалӣ"-и фарзандашро дар худ ташаккул дода наметавонад, зеро заминаҳои он бояд дар давраи кӯдакӣ беихтиёр гузошта мешуданд.

ДУРИИ ҚИБЛАГОҲИ ХОНАВОДА ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

Тарафи дигари масъала дар он аст, ки ҳангоми аз оила дур будани мард ё худ сарвари оила дигар аъзоёни оила кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои барои пойдорӣ ва рушди оила муҳимбудаи онро иҷро намоянд. Аз ин лиҳоз нақшаҳои фарзандон дар чунин оилаҳо то андозае тағйир меёбад. Масалан, пешбурди муносибатҳои берунии оила аз қабили иштирок дар чорабиниҳои маҳал, маъракаҳои гуногуни ҳамсояву хешу табор ва ғайра бештар ба зиммаи мард гузошта шудаанд ва дар сурати аз оила дур будани ӯ ё зан-модар ё писари калонӣ кӯшиш менамоянд, ки ин вазифаро иҷро намуда, холигиро пур кунанд. Ин падида ба инкишофи психикии писар бетаъсир намемонад ва дар ӯ зуҳури барвақти ҳисси калонсолӣ мушоҳида мешавад, ки ба муносибати ӯ бо ҳамсолон бетаъсир намемонад…".

Дар тарбияи фарзандон падарони беғайрату бепарвое низ ҳастанд, ки гуноҳи набахшиданӣ доранд. Онҳо солҳо берун рафтаву аз тақдири ояндаи хонаводаи хеш бепарвоянд. Занону фарзандони онҳо ё аз ночорӣ рӯ ба бозор меоранд ва ё пул қарз намуда, ба кофтукови шавҳарони фориғболи хеш бароянд. Агар боз он шавҳар инҳоро қабул намояд хуб, вагарна…

"САҒЕРАҲОТОНА БИГИРЕД"

Моҳи майи соли пешин шоҳиди чунин як воқеъа гаштам. Аз овардани номи волидайн барои он ки мардуми як ноҳия онҳоро мешиносанд, худдорӣ менамоям. Аммо беш аз дусад нафар аробакашу коргарони тоҷики бозори "АСТ-и кӯҳна"-и Черкизбозор шоҳиди ин воқеъа буданд ва метавонанд исбот намоянд. Субҳидам дохили бозор гашта дар ошхонаи "тоҷикӣ"-и назди хобгоҳи коргарон ду тифлаки зебоеро дидам, ки гиря мекарданд. Ба ман гуфтанд, ки инҳоро модарашон партофтаву гуфт, ки "бигире ин сағерои ҳамшаҳриҳотона нигоҳ кунед, ман рафтам". Ба ман маълум гашт, ки шавҳараш баъди чанде зиндагонӣ бо ин зан ҳиҷрат намуда, дар Русия зани дигаре гирифтаву аз ҳоли фарзандони хеш бепарво гаштааст. Ин зан ки дигар роҳи даромаде надошт маҷбур хеста ба назди шавҳари хеш меравад. Шавҳараш бошад ҳатто ҷойи зисти хешро ба занаш намегӯяд. Бо чанд азоб тавонистанд то бародари ӯро пайдо намуда, ин масъаларо ҳал намоянд. Аммо қурбонии ҷанги падари бераҳму модари ночор он ду тифлаки бечора гашта буданд, ки то ба ҳалли ин мушкил дар вагонҳои чиркину ифлоси бозор ва шароити нохуби он зиндагонӣ кунанд.

Дар шаҳрҳои гуногуни Русия оилаҳои тоҷике низ ҳастанд, ки кору фаъолият намуда, бо атфоли хеш умр ба сар бурда истодаанд. Ин гуна афрод аллакай дохили маҷрои зиндагонии маъмулии Русия гашта фарзандони хешро дар мактабҳои онҷо ба таҳсил супурдаанд. Аммо ин на ба ҳамаи он хонаводаҳои тоҷики бурунмарзи муяссар аст. Чуноне, ки коршиноси соҳа М. Маҳмадбеков қайд намуд: "Зиндагонӣ дар кишвари ғайр хоҳ-нохоҳ таъсири мусбат ва манфии хешро ба муҳоҷир мерасонад. Зеро як нишонаи муҳоҷират таъсири фарҳангии мардуми кишварҳои кордиҳанда ба муҳоҷирин мебошад ва ё баръакс. Онҳое ки шароити хуби корӣ дошта фарзандони худро сахт зери назорат гирифтаанд, амалашон боиси таҳсин аст. Аммо дар шароити Русия ин на ба ҳамаи муҳоҷирин муяссар мебошад. Онҳое, ки таваккулӣ мераванду ҳадафашон танҳо пайдо намудани кор аст, якум аз надоштани шароити хуби зист ва аз тарафи дигар ҷойи кори муносиб наметавонанд фарзандони худро ба мактаб диҳанд. Аз ин гуна оилаҳои муҳоҷир насли шоистаеро интизор будан ба гумон аст". Танҳо инро қайд намудан бамаврид аст, ки дар кишвари Русия нархи гарони иҷорапулӣ барои оилаҳои серфарзанд мушкилии наверо эҷод менамояд. Аз ин рӯ, бештари корҷӯёни инфиродӣ ночор дар "дачаҳо" ва хонаҳои дур аз маркази шаҳрҳо барои худ паноҳгоҳ меёбанд, ки дар он ҷо шароити хуби зисту тарбияи фарзанди солим имкон надорад.

Ҳоло оилаҳоеро низ дидан мумкин аст, ки падару модар фарзандони хешро партофта, назди бобову бибиашон гузошта, худ дар диёри бегона машғули коранд. Ҳоло оилаеро метавон мисол овард, ки дар он шавҳар солҳо гум шудаву ба ҷуз арақнӯшиву дуздӣ коре надошт ва занаш низ рафтаву духтарашро назди модари шавҳар ва писарашро дар хонадони падараш гузошта буд. Он шавҳари айёш дар Русия бо зане дигар хонадор шуда, боз ду фарзанди дигар аз он зан дошт. Ҳоло бошад ӯ бо ҷурми дуздӣ дар маҳбаси Русия қарор дорад ва тақдири фарзандони дар ба дару тифлони дар ғарибӣ будаи ӯ чӣ мешуда бошад фақат Худо медонаду тамом.

Ин гуна мисолҳо ва аз он ҳам аламовару дардноктар дар бораи муҳоҷирин ва фарзандони он зиёданд ва на ҳамаи масъалаҳои онро метавон дар як мақола қайд намуд. Танҳо инро метавон қайд намуд, ки рафтору ахлоқи пасту суханони норавои ҷавонони имрӯзаро дида кас эҳсос менамояд, ки ҷавонону наврасони моро ислоҳ мебояд. Аз забони онҳо имрӯз суханонеро мешунавем, ки ба гуфтани он забони кас намегардад. Ин рафтор оҳиста-оҳиста ба тамоми насли навин таъсири худро расонида истодааст. Дар ин маврид бояд андеша намуд, андешаи амиқ. Чӣ бояд кард то тифлони мо аз тарбияи волидайн бенасиб намонанд? Агар имрӯз сари он фикр нанамоем, дар оянда дер хоҳад буд. Вагарна, бо чунин давом ёфтани рӯзгор ба куҷо хоҳем рафт? Роҳи гирифтаи мо сӯйи Каъбаи озодиву ободист ё ки рӯ ба торикситони ҷаҳлу зулмат?!!

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Он чӣ ки гуфтем дарвоқеъ аламбор буд. Бештар ҷиҳатҳои манфиро гуфтем ва албатта он дорои ҷанбаҳои мусбат ҳам ҳаст. Барои мисол. Таъмини модии хонавода. Муҳоҷире, ки муваффақ мешавад, метавонад хонаводаи хеш ва наздиконашро бо кӯмаки молии худ таъмин намояду раҳи зиндагии ояндаи онҳоро суфтаву ҳамвор кунад. Муҳоҷири муваффақ метавонад бо пулу моли хеш фарзандонашро барои таҳсил дар мадориси пешрафта бимонад ва ояндаи ободашро тазмин намояд. Ва дигару дигар…

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чанд дарсади муҳоҷирони дарбадар муваффақ хоҳад шуд?


Аъзамшоҳи ҚУҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97