ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ САРАТОНИ МАҒЗИ САР МЕКУНАД

Иҷтимоъ 19.04.2010 13:32

ИФТИХОР, АММО...

Тараққии бо суръати телефонҳои мобилӣ агар гӯем, қариб ягона ифтихоротест, ки имрӯз дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон аз он мо метавонем бовикор сӯҳбат кунем, иштибоҳ намекунем. Истифодабарнадагони алоқаи мобилӣ сол то сол дар кишвар меафзоянд, хурду бузург қариб ҳама ба телефонҳои мобилӣ дастарсӣ доранд ва ба таври васеъ аз он истифода мекунанд. Ҳар як хонаводаи тоҷик аз 5-10 нафар иборат мебошад, ки қариб аксарияти онҳо телефон доранд.

Ин аз як тараф хуб аст, барои ҳар лаҳза огоҳ шудан аз аҳволи якдигар, лекин аз суйи дигар истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобил ба саломатии инсон зарари манфӣ мерасонад.

ДАР ЯК РӮЗ ДУ БОР ИСТИФОДА КУНЕД!

Олимони соҳаи тиб исбот кардаанд, ки истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ боиси сар задани бемории саратон дар мағзи сар мегардад. Онҳо ба қароре омаданд, ки инсон бояд дар як рӯз танҳо ду маротиба аз телефонҳои мазкур истифода кунад. Бо телефонҳои мобилӣ андармон шудан, шояд роҳи баъзе корҳои зишти ҷавононро бигирад. Кенҷи Хояши духтури ҷопонӣ дар робита ба ин тадқиқоте гузаронда исбот кардааст, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ дар баробари зарар доштан фоида ҳам доранд. Ба гуфтаи ӯ бо паҳн шудани алоқаи мобилӣ авлоди ҷавони самурайҳо аз кашидани сигор даст кашидаанд, яъне он маблағе, ки онҳо доштанд барои телефони худ сарф мекардаанду ба харидани сигор намерасидааст. Лекин назар ба фоидааш зарараш зиёдтар аст. Аз ҳамин лиҳоз дар баъзе кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Бритониё сохтани стансияҳои операторҳои мобилӣ дар назди мактабу боғчаҳои бачагон манъ шудааст.

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ БОИСИ САДАМА МЕШАВАД

Ба эътиқоди табибон инчунин аз ҳад зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ сабаби бехобӣ ва фаромӯшхотирии одамон мегардад. Чун телефонҳои мобилиро дар ҳама ҷо мавриди истифода қарор медиҳанд, аз ҷумла дар дохили нақлиёт боиси ба садама дучор шудан низ мегардад. Садҳо садамаҳои нақлиётиро метавон мисол овард, ки сабабаш ҳангоми рондани мошин телефонро истифода бурдан аст. Ба эътиқоди равоншиносон бояд истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби шахсони хуқуқӣ ҳангоми рондани мошин манъ карда шавад, чунки дар сари чамбари мошин бо телефон сӯҳбат кардан ронандагон ба одамони маст монанданд.

ИФТИХОРИ ТОҶИКОН

Инчунин мавриди тазаккур аст, ки аз руйи нишондодҳои омории Шӯрои байналмилалии мухобираи электронӣ дар Тоҷикистон истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ агар дар соли 1999 600 нафарро ташкил медод, ин теъдод дар соли 2004 ба 125 ҳазор кас расид. Дар соли 2005 бошад ин шумора 265 ҳазор ва дар байни соли 2006 ин миқдор 600 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 90% онҳо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе буданд. Дар ҳоли ҳозир шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 3-3,5 миллион тахмин зада мешаванд. Ҳамзамон таввасути телефонҳои мобилӣ аз Интернет низ ба таври васеъ истифода мебаранд.

МУСИҚӢ ТАВАССУТИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ

Дар баробари истифодаи телефонҳои мобилӣ мардум, хусусан, ҷавонон аз Мр3 ва аудиоплеерҳо истифода мебаранд. Имрӯз ҳангоме ки дар кӯча қадам мезанем ва вориди нақлиёт мегардем, ҷавононе ба назар мерасанд, ки дар гӯш гӯшиҳои телефон ё Мр3 машғули гӯш кардани мусиқӣ мебошанд. Онҳо рӯзи дароз ҳамон гӯшиҳо дар гӯш ҳатто пайхас намекунанд, ки чӣ тавр ин техника ба саломатии онҳо зиён меоварад. Ба гуфтаи табибон гӯш намудани мусиқӣ аз техникаи ҳозиразамон боиси тасхир намудани ҳамаи садоҳои ғайр мегардад, ки ин шунавоии инсонро коста мегардонад. Ба эътиқоди онҳо садоҳое, ки аз 80 десибел зиёданд ба қисми дохилии шунавоии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Зимни гузаронидани тадқиқот маълум гардид, ки аксарияти мардуме, ки шунавоии худро гум кардаанд, сабабш аз андоза зиёд гӯш кардани мусикӣ мебошад, ки садои он ба 120 десибал мерасад. Гуфта мешавад, ки садои он мусиқие, ки ҷавонон тариқи гӯшӣ мешунаванд, набояд аз 80 десибел зиёд бошад, лекин ҷавонони мо аз ҳади ин меъёр гузаронидаанд. Чизи дигаре ки ташвишовар аст, дар баробари гӯш намудан, инчунин дар дохили нақлиёт садои мусиқиро баланд мондан аст, ки ин рафтори ҷавонон одамони калонсолро писанд нест. Мадина як ҷавони сокини Душанбе мегӯяд, ки ман шоҳиди бисёре аз чунин ҷавонон шудам, ки дар гӯш гӯшӣ монда, бо сари хам дар кӯчаву паскӯчаҳо беҳудагардӣ мекунанд. Хуб мешуд, агар ин ҷавонон зиёд не, тақрибан 1 соат вақти худро дар китобхонаҳо мегузаронданд.

Албатта, ҳангоми гӯшиҳо дар гӯш онҳо чизеро пай намебаранд ва ба фалокатҳои нохуш гирифтор шудан низ эҳтимол дорад.

Ба ақидаи равоншиносон, агар гӯш намудани мусиқӣ ба воситаи гӯшӣ ба ҳолати физиологии инсон таъсир расонад, он гоҳ худи мусиқӣ ба ҳолати равонии инсон таъсир мерасонад.

Гуфта мешавад, ки олимони амрикоӣ доир ба зиён доштани телефон ё Мр3-плеерҳо таҳқиқот гузаронда, маълум кардаанд, ки гӯш намудани мусиқӣ бо гӯшӣ аз ин наъви техника ба шунавоии инсон зиён меоварад. Аз руйи нишондодҳои оморӣ мардуме, ки шунавоии худро аз даст додаанд, қариб 10 миллионро ташкил медиҳанд, ки ин ҳам меҳри зиёд доштан нисбат ба мусиқӣ ва ба воситаи гӯшӣ гӯш намудани он мебошад. Дар ин бора шумо ҷавонон низ худ қазоват кунед.


Ниҳонӣ ҚАДАМОВА, донишҷӯй
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97