СЭР РИЧАРД КУК, РОҲҲОИ ПУЛАКӢ ВА МАРДУМИ КАМБАҒАЛ

Иҷтимоъ 16.04.2010 14:30

Хусусигардонии моликият тамоми соҳоти иқтисоди моро фаро гирифтааст ва имрӯз дар шароите ки ба сар мебарем олами сармоя дигар имкон намедиҳад, ки чизе дар рӯи замин бекор бихобад, агарчи моликияти умумибашарӣ бошад ҳам. Бо ин ҳама дар хусусигардонии моликияти ҷамъиятӣ ҳадду ҳудуде низ муайян гардидааст ва он ҷое, ки захираҳои умумибашарӣ мавҷуд аст ва ҳама ба таври баробар ҳуқуқи истифодаи онро доранд, ба касе иҷозат дjда намешавад, ки онро шахсони алоҳида ва ё ширкатҳои инҳисорӣ ба моликияти шахсии худ табдил диҳанд.

Ба ҷумлаи захираҳои умумибашарӣ ҳаво, обҳои ошомиданӣ, ҷангалзорҳо, обанборҳо, роҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва ҳоказо дохил мешаванд. Вазифаи давлат низ иборат аз он аст, ки ҳуқуқи баробар истифода бурдани захоири мазкурро таъмин ва онро таҳти назорати ҷиддии худ қарор диҳад.

"ИННОВЕТИВ РОУД СОЛУШЕНЗ" ВА

Ричард Кук аз куҷо пайдо шуд?

Мутаассифона, тавре мебинем, дар кишвари мо Тоҷикистони соҳибистиқлол захираҳои умумибашарӣ кайҳост моликияти инҳисории ширкатҳо ва ё шахсони алоҳидае гаштаанд. Аз ҷумла чанде пеш ба таври ногаҳонӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионҳои марказӣ ифтитоҳи роҳҳои пулакӣ эълом гардида ва барои истифодаи ҳар як километри он барои анвои мухталифи нақлиёт, ки аз ин роҳҳо убуру мурур менамоянд, маблағҳои мушаххасе муайян гардид. Дар ҳоле ки шоҳроҳи Душанбе-Ҷаноқ бо тӯли 345 километр аз ҷумлаи роҳҳои махсуси давлатӣ маҳсуб ёфта, он ба тамоми мардуми кишвар мутааллиқ мебошад. Мутаассифона, оид ба пулакӣ шудани ин роҳи басо муҳим аксари сокинони кишвар огоҳӣ надоштанд ва яку якбора мутааллиқияти роҳро ба ширкати "Инноветив роулд солушенз", ки гӯё тавассути як музоядаи байналмилалӣ ба даст оварда бошад, маҳсуб донистаанд, як гӯлзании навбатии сохторҳои болоии кишвар аст, ки чизеро бо мардуми худ аслан намехоҳанд баробар кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин роҳ дар собиқ аз ҳисоби буҷа ва маблағҳои пардохткунандагони молиёт таъмиру тармим меёфт ва то имрӯз мавриди истифодаи умум қарор дошт.

Бо пулакӣ гардидани шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ даҳҳо мушкилоте ба вуҷуд хоҳад омад, ки намояндаи ширкати "Инноветив роуд солушенз" ҷаноби Ричард Кук ва ҳамкосаҳои ӯро дар Тоҷикистон аслан ба ташвиш нахоҳад овард. Зеро, ин оқоён кандану хӯрдану бурданро медонанду бас. Онҳоро мушкилоти иқтисодии мардум ва сатҳи пасти зиндагии онҳо ба ҳеҷ ваҷҳе ба ташвиш нахоҳад овард. Фикр яктост. Хоҳанд нахоҳанд аз ин роҳ мегузаранд, ҳамин ки гузаштанд, доми мо ҳамеша фаъол аст ва сайд аз он берун ҷаста наметавонад.

"ИШТИҲО ЗЕРИ ДАНДОН АСТ"

Дар ихтиёри олами сармоя қарор додани роҳҳои муҳими давлатӣ дар шароити кунунӣ бори сангинест бар души мардум. Аз як тараф истисмори аз андоза беруни мардум, ки бе ин ҳам дар сатҳи пасти зиндагӣ қарор дорад ва маоши миёнаи заҳматкашон аз 70-80 сомонӣ беш нест, зиёд гардида, киссаҳои пучи онҳо боз ҳам пучтар мегардад. Аз ҷониби дигар иштиҳои сармоядорон рӯз ба рӯз кушода мегардад ва рӯзе фаро мерасад, ки аз пиёдаравҳо ва гулгашту хиёбонҳо ҳам маблағи муайяне хоҳанд ситонид. Зеро, мегӯянд, ки "Иштиҳо зери дандон аст".

Масъалаи ташвишовар ин аст, пулакӣ шудани роҳҳо барои ронандаҳо чандон таъсир намерасонад, зеро онҳо маблағро на аз кисаи худ, балки аз ҳисоби муштариён пардохт хоҳанд кард. Дар натиҷа нархи роҳкиро ва колоҳҳои интиқол мешуда боло рафта, маҳсулот дар бозорҳои кишвар гарон мегардад ва бори ин ҳама мушкилот болои шонаҳои мардуми оддӣ сарозер мегардад.

"САДҲОИ ИСКАНДАРИ"-РО БАРДОРЕД!

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар убуру мурури мардум аз тариқи роҳҳои умумибашарӣ "садҳои маснуии искандарӣ" эҷод мегардад, ин дар оянда боиси ба вуҷуд овардани ихтилофи назар дар ҷомеъа ва пайдо шудани рӯҳияи ҷудоихоҳӣ, тахриб гардидани шохисҳои муҳими иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим пош додани рӯҳияи якпорчагӣ ва муттаҳидии миллат, ки бисёр ба мушкилӣ ба даст оварда шудааст, мегардад ва ин барои солим нигоҳ доштани ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад.

Бадтар аз ҳама ин аст, ки сармоядорон аллакай дар фикри ҳар чи бештар ба даст овардани сармояи бедарди миён гашта, манофеи шахсиашонро болотар аз манофеи миллӣ ва давлатӣ қарор додаанд. Ба ақидаи мо чунин як муносибат метавонад дар оянда ҳуқуқҳои аксари шаҳрвандонро поймол намояд ва боиси норозигии ақшори мухталифи ҷомеа гардад. Махсусан шаҳрвандоне, ки дар гирду атрофи роҳҳои пулакӣ сукунат доранд, ҳар замон наметавонанд дар убури роҳҳо пул пардохт намоянд. Зеро онҳо ҳамарӯза аз як деҳа ба деҳаи дигар рафту омад менамоянд ва ё барои иҷрои вазифаҳои маъмурии худ ба ин маҳалҳо сафарбар мешаванд. Дар оянда сармоядорон кӯшиш хоҳанд кард то барои ба даст овардани фавоид даст ба моликияти шаҳрвандони фаромарзии ин роҳҳо бизананд. Онҳо дар масири ин роҳҳо нуктаҳои фароғативу тафриҳотӣ эъмор намуда, барои ҷалби муштариён он ҷойҳоро бо муҷаҳҳазтарин таҷҳизот таъмин хоҳанд кард. Бошандагони акнофи роҳ аз амалҳои ғайрибашарии сармоядорон ҳамеша таҳти азобу шиканҷа қарор хоҳанд гирифт ва азоби рӯҳӣ мудом ҳамроҳи онҳо хоҳад буд.

РОҲИ ПУЛАКӢ. ТАКЯ БАР КАДОМ ОМИЛ?

Хандаовар, вақте масъулини ширкатҳо таъруфаҳои мухталиферо барои убури нақлиёт муайян намуданд, бештар ба кадом омилҳо такя зада бошанд? Оё онҳо даромади ба даст оварда ва маоши миёнаи мардумро медониста бошанд? Наход ҳукуматдорон дарк накарда бошанд, ки мардум воқеан дар фақру тангдастӣ ба сар мебаранд ва зиндагиро як навъе бо тару хушк пушти сар менамоянд. Тибқи иттилооте, ки аз расонаҳои интернетӣ ба даст омадааст, дар Русияе, ки маоши миёнаи кормандон на кам аз 600 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барои убури ҳар як километри роҳҳои пулакии байни Маскаву Санкт-Петербург, роҳҳои тафриҳгоҳҳои Русия, ки нақлиёт дар ин самтҳо зиёд равуо дорад, 1 рублу 14 копейк муайян гардидааст, ки нисбат ба таъруфаҳои мо даҳ баробар камтар аст ва дар баробари ин хидматрасониҳои техникро масъулини роҳҳо дар тамоми масири ҳаракат пурра ба душ мегиранд. Дар кишварҳои скандинавӣ, Урупои шарқӣ, махсусан Австрия дар баробари роҳҳои пулакӣ роҳҳои алтернативӣ вуҷуд дорад, ки ронандаҳо ба таври озод аз кадом роҳе, ки хоҳанд, ҳаракат мекунанд. Шароит дар роҳҳои пулакӣ пурра муҳайё карда шудааст ва аз ду тарафи роҳ ҳисорҳое вуҷуд дорад, ки ронандаҳо бо суръати ниҳоят баланд ҳаракат карда, дар тамоми масофа ба ягон мушкилот ва ё мавонее рӯ ба рӯ намегарданд. Ин роҳҳо махсус сохта шудаанд ва ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои сохтмонии байналмилалӣ мебошанд.

Пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ маълум шуд, вале нуктаи дигаре, ки таҳқиқро тақозо дорад, норавшан боқӣ мондааст. Ба таври мисол дар ҳамон Русияи абарқудрат чандин роҳҳои азими федеролӣ ҳам пулакӣ шудаанд ва тибқи муҳосибаҳои коршиносони ин кишвар даромади соф аз истифодаи ин роҳҳо солона 145 миллиард долларро ташкил хоҳад дод, ки ин маблағҳо барои таъмири дубораи роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи сервисию техникӣ ва дигар мақсадҳои иҷтимоӣ ихтисос мегарданд. Мутаассифона, дар мо танҳо эълон мекунанд, ки фалон роҳ пулакӣ шуд ва ронандаҳо тибқи ҷадвали аслбандишуда вазифадоранд, ки аз ҳар километр фалон маблағро супоранд, дар акси сурат иҷозаи убур аз ин роҳро нахоҳанд дошт. Ҳатто дар ин маврид вазири нақ¬лиёт ва коммуникатсия ҷаноби Олим Бобоев ҳарфе ҳам назада ва маълумотеро барои мардум тавзеҳ надодааст.

КӢ ТАРАФДОР?! ҲАМА

Гиламанд аз онем, ки вакилони мардумии мо, ки бо ҳазор таку давҳо соҳиби мандати вакилӣ мегарданд ва мардумро бо ваъдаҳои осмонии худ фирефта мекунанд, чаро дар ин масъала то ҳол сухане нагуфта ва мӯҳри хамӯшӣ бар лаб задаанд? Магар вакил шудан танҳо ба хотири фирефтану дар ранҷу азоб қарор додани интихобкунандагон аст? Фаромӯш накунед, ки аз қарорҳои иттихоз намудаи Шумо тақдири давлату сиёсати он дар тамоми арсаҳо маълум мегардад ва кӯшиш кунед, ки ба сарнавишти мардум ва тақдири он бозӣ накунед. Зеро маҳз Шумо ҷаноби вакилон иҷозат медиҳед, ки ширкатҳои хориҷӣ бо сарварии Ричард Куку садҳо Ҷемс Бондҳои дигар соҳиби моликиятҳои умумибашарии мардуми мо гарданд ва дар ошёни мо муқимони абадӣ шаванд, ки ин муқимият билохира ошёни моро хароб хоҳад кард.

Лоҳутии бузург фармудааст:

Аё сайёд раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,

Бикан болу парам аммо, масӯзон ошёнамро.


Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97