РОҲИ АБРЕШИМ Ё РОҲИ ЧУПА-ЧУПС?

Иҷтимоъ 13.04.2010 14:20

КОҲИШИ ИСТЕҲСОЛ ВА АРЗИШИ МАҲСУЛОТ

Сокинони хатлонӣ оид ба роҳи таърихии абрешим, ки замоне аз қаламрави Хатлонзамин мегузаштааст, аз насл ба насл нақлу ривоятҳои ҷолиберо ба ёдгор мондаанд. Аммо дар замоне, ки мо зиндагӣ дорем шояд аксари аҳолии вилоят намедонанд, ки роҳи абрешими замонавӣ аз куҷо мегузарад. Ё худ бозори абрешими хушсифати хатлонӣ дар куҷост? Оё имрӯз ҳам мардуми тоҷик ба амсоли аҷдодони худ дар бозори абрешими минтақа ҳамчун содиркунандаи маҳсулоти хому таёри абрешим мавқеи хоса доранд?

Ин суолҳои мавсимӣ ҳар соле дар айёми пиллапарварӣ садо медиҳанду боз ҳам баъди мавсими ҷамъоварии пилла аз хотирҳо мераванд. Тибқи иттилои мудири шӯъба оид ба корҳои саноати вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров имсол дар вилоят нақшаи ҳазор тонна истеҳсоли пила дар назар дошта шудааст, ки дар нисбати як соли пеш 200 тонна кам мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар нисбати панҷсолаҳои қаблӣ ва солҳои 1980-уми асри гузашта парвариши пилла чандин маротиба коҳиш ёфтааст.

Сабаби асосии сол то сол коҳиш ёфтани сатҳи истеҳсоли ин маҳсулоти қимматбаҳоро пиллапарварони вилоят гуногун арзёбӣ мекунанд. Муҳаммадшариф,-пиллапарвар аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мегӯяд, ки сабабгори асосии коҳиш ёфтани истеҳсоли пилла ҳамон масъулони идораҳои болоии соҳа гардидаанд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар аз ӯҳдаи роҳбарии соҳа набаромадаанд. Мисли соҳаи пахтакорӣ ҳамкории роҳбарон бо пиллапарварон то ҷамъоварии ҳосил будаасту, баъди ба пунктҳои қабул супоридани ҳосил меҳнаткашон то дер аз паси музди меҳнати худ овора мегаштаанд. Ҳамин тавр пиллапарварони асил дар солҳои минбаъдӣ аз парваришу нигоҳубини пилла даст кашидаанд.

ОТАШАК РОҲИ АБРЕШИМРО МЕБАНАД Ё НОӮҲДАБАРОӢ?

Аммо масъулини идораи пиллаи вилояти Хатлон коҳиш ёфтани сатҳи истеҳосли пилларо дар вилоят дигаргуна шарҳ медиҳанд. Ҳамсӯҳбати нахустини мо сараграноми идораи пиллаи вилояти Хатлон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбати хоса гуфт, ки дар даҳ соли охир бемории оташак ҳосили барги тутзорҳои вилоятро коҳиш додаст. Барои парвариши 1 қуттии кирмак 1-тоннаю 200 кг барги тут лозим мешавад. Аммо аҳволи имрӯзаи тутзорҳоро бубинеду хулоса бароред, ки чи гуна метавон ба нишондодҳои солҳои пешин ноил гардид. Ба гуфтаи мавсуф бинобар сабабҳои молӣ солҳои охир хоҷагиҳо имкони дорупошии тутзору дигар боғҳоро надоранд ва ҳашароти гуногуни зараррасон сол то сол тутзорҳои вилоятро хушку беҳосил мегардонанд.

Бонуи Саидамоҳ, ки таҷрибаи беш аз 20 солаи пиллапарварӣ дорад, бо таассуф иброз медорад, ки агар 20 сол қабл навдаҳои тутзорҳо аз 2,5 то 3 метрро ташкил медод, имрӯз дарозии навдахои тут ҳамагӣ 1-1,5 метр қад кашидаанду халос. Ҳамин тавр мубориза бар зидди ҳашароти зарарасон дар он сатҳе ба роҳ монда шудааст, ки сол то сол оташак дар вилоят домани васеътар паҳн мекунаду манбаи хӯрока кирмаки пилларо коҳиш медиҳад. Кӯҳансолони хатлонӣ, ки дар бунёди тутзорҳои вилоят заҳматҳои зиёд кашидаанд, иброз медоранд, ки масъулини болоии соҳа моҳияти рушди соҳаи пиллапарвариро дарк накардаанд. Ҳоло он ки рушди соҳаи пиллапарварӣ имкон медиҳад, ки аз ҳисоби даромади истеҳсоли пилла метавон кулли харроҷоти солонаи соҳаро пӯшонид.

ЧАРО АРЗОНФУРӮШЕМ?

Аммо дар вилояти Хатлон пилла ва маҳсулоти абрешимии аз он истеҳсол мешуда дигар фоидаовар нест, ки таваҷҷуҳи масъулин ба ин соҳа кам шудааст? Вагарна чӣ ҳол аст, ки даҳ сол боз офати бо ном "Оташак" тутзорҳои вилоятро хароб мекунаду, аммо чораи ҷиддие бобати пешгирӣ аз паҳншавии ин офати табиӣ андешида намешавад.

Дар баробари офати табиӣ ҳамин пиллаи бо азоб парвариш намудаи мардумро бо нархи ночиз мехаранд. Масъулини соҳа иброз медоранд, ки дар солҳои охир пиллаи дар вилояти Хатлон истеҳсолшуда дар бозори минтақа харидори худро надорад. Соли гузашта бинобар пайдо нашудани харидорони алтернативӣ яккатози майдон ширкати "Дустӣ"-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҳсулоти хоми пилла ва коркарди аввалияи он риштаи абрешимро бо нархи ночиз харидорӣ карда бурд. Ба куҷо? Содиркунандагон медонанду Худо.

ПИЛЛАПАРВАР Ё ҲЕЗУМКАШ

Кормандони идораи пиллаи Хатлон иброз медоранд, ки то замоне дар баробари ширкати "Дӯстӣ" дигар харидорони пилла ё риштаи абрешимӣ пайдо нашаванд, пиллапарварон маҳсулоти худро бо нархи дилхоҳ фурӯхта наметавонанд. Зеро харидор, ки нест арзиши маҳсулот нисбатан паст фаромадааст. Бештари пиллапарварони хатлонӣ парвариши кирмаки пилларо ба хотири ҷамъ кардани ҳезум ба ӯҳда мегиранд. Чун дар як мавсими парваришу нигоҳубини кирмаки пилла халқ метавонад ҳезуми эҳтиёҷоти яксолаашро захира кунад.

Муҳаммадшариф ҳамсӯҳбати мо иброз медорад, ки дар замони Шӯравӣ барои истеҳсоли 1 кг пиллаи тоза 6 рубли пардохт мекарданд, ки ин ба 25 кг орд ё 8литр равгани истеъмолӣ баробар буд. Аммо дар 17-18 соли охир барои 1 кг пилла музде медиҳанд баробари 6 кг орд ё 1,6 литр равған ва ин музди кор кирои ин қадар заҳмат кашидан нест.

Масъалаи дигаре, ки дар вилоят онро нодида мегиранд, ин сол то сол кам шудани шумораи дарахатони тут мебошад. Аз рӯйи маълумоти идораи пиллаи Хатлон дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 8-8,2 млн бех тут боқӣ мондаасту халос. Дар даврони Шӯравӣ барои буридани як навдаи тут ё агар чорпое беназорат монда ба ниҳоли тут даҳон мезад, албатта гунаҳгор ва соҳиби чорпо муҷозот мешуд. Аммо тӯли 18 соли охир зимистон иддае аз мардум ба буридани дарахтони тут машғуланд. Норасоии сӯзишворӣ гуфта, мардум дарахтонеро нобуд месозанд, ки заҳмати даҳсолаи падарони мо мебошад. Аз рӯйи гуфтаи пиллапарварони вилояти Хатлон баъди таҷдиди хоҷагиҳо назорати тутзорҳо суст ба роҳ монда шуда буд, ки охири тирамоҳ мардум навдаҳои тутзорҳоро барои дарзабандии ғузапоя истифода мекунанду зимистонӣ бошад дарахтони онро решакаш мекунанд. Замоне аз баромадгоҳи маркази вилоят то Панҷи поён ду тарафи роҳро тутқатор пур мекард, имрӯз бошад холигии атрофи роҳ дар бисёр мавзеҳои ин роҳ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки сол то сол соҳаи пиллапарварӣ ба нестӣ рафта истодааст.

РОҲИ АБРЕШИМ Ё ПАЙРОҲАИ ЧУППА-ЧУПС

Ҳамин тавр мушкилиҳои молӣ ва дигар сабабҳои объективӣ боиси коҳиш ёфтани яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ пиллапарварӣ шуда истодааст. Имрӯз ба истиснои шаҳрҳои Нораку Қӯрғонтеппа дигар дар 23 шаҳру навоҳии Хатлон пиллапарварӣ ба роҳ монда шудааст, аммо ҳамагӣ ду корхонаи коркарди пилла дорем, ки онҳо ҳам ба коркарди аввалияи пилла машғул мебошанд. Мавҷуд набудани корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти таёри абрешимӣ, пайдо накардани харидори маҳсулоти хоми пилла боиси он мешавад, ки ҳосили ҷамъовардаи пиллапарварон муддатҳои дароз дар анборҳо хоб рафта охиран ба нархи ночиз ба фурӯш бароварда мешаванд.

Хатлон дар гузашта бо абрешими гаронбаҳои худ дар минтақа мавқеи хоса дошта, роҳҳоии хокии назди сарҳадии онро бо ифтихор роҳи абрешим ном мебурданд. Мутаассифона, аз замонҳои қадим то имрӯз ҷойи он ки истеҳсоли матои абрешимӣ дар кишвар рушду инкишоф ёбад баръакс, халқи тоҷик дар истеҳсоли чунин намуд матои қимматбаҳо натанҳо пешравӣ надорад, балки мавқеи қадимаи худро дар бозор аз даст дода истодааст. Замонҳои пеш ҳам хуб буд, ки ниёкони мо бо истифода аз асбобҳои қадимаи дастӣ риштаи абрешимӣ ресида аз он матоҳои бозоргузар мебофтанд. Ва роҳҳои пастобаланди хокии дашту биёбонҳоро бо ифтихор роҳи абрешим ном мебурданд. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар соҳиби роҳҳои васеи аҳамияти байнулмилалӣ шудаем, аммо абрешиму матои хушсифат надорем то интизориҳои марказ аз бунёди ин роҳҳо бароварда шавад. Вале чӣ бояд кард? То роҳҳои байналхалқии моро роҳи абрешим ном бубаранд на роҳи табака воридкунию пайраҳаи чуппа- чупс?!!!


Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97