КЛУБИ НОБИҒАҲО ЧУН БОДУ ҲАВО ЗАРУР АСТ

Иҷтимоъ 08.04.2010 13:50

"Соли маориф ва фарҳанги техникӣ" эълон гаштани соли 2010 боиси қаноатмандӣ ва пазириши неки ҳар як фарди зиёии кишвар буда метавонад. Қариб 20 сол мешвад, ки Тоҷикистони мо ҳамчун кишвари соҳибистиклол дар роҳи созандагиву тарққиёт қарор дорад. Дар оғоз ва охирон ҳам аниқ дарк намудем, ки омили асосиву таконбахши пешравии ҷомеа ин ташаккул ва таҳввули соҳаи маориф мебошад. Дар назар соҳаи маориф ҳамчун як мафҳуми маҳдуд ҷилва мекунад, аммо ҳамагӣ чанд лаҳза андеша сари он собит менамояд, ки танҳо соҳаи маориф метавонад, дар пешрафти куллии таоми соҳаҳо мусоидат намояд.

Ба ҷомеаи мутамаддуни пешрафтаи ғарб менигарем ва барои мо собит мегардад, ки онҳо ба ин зинаҳои баланд тавассути соҳаи илму маориф муваффақ гаштаанд. Имрӯзҳо олимони ҷомеаи амрикоӣ барои омухтани шароити ҳаёт дар дигар сайёраҳо машғуланд. Муҳаққиқони кайҳоншиносони русӣ ва чинӣ нақшаҳои коркарди сарватҳои дар сайёраи моҳ қарордоштаро таҳрезӣ менамоянду меомӯзанд.

Илми кайҳоншиносии баъзе кишварҳои дигар монандаи замин вуҷуд доштани сайёраи ҳаммонандро ҷустуҷӯ доранд. Тавассути лабараторияҳои махсуси худкор берун аз сайёраи Замин таҳаввулот ва дигаргуниҳои он омӯхта мешавад. Акнун савол ба миён меояд, ки оё омода намудани ҳамин гуна мутахассисон амали саҳлу соддаву муқаррарӣ мебошад? Албатта не! Пеш аз ҳама ингуна ашхос аз дигарон мутафовит мебошанд. Бояд гӯем, ки нобиғаҳои ҷамъиятанд.

Ҷалб намудани ҳамагон ба илму донишомӯзӣ ин шарту зарур аст. Вале дар ҳамин раванд бояд баъзе паҳлӯҳо ва ҷиҳатҳо хеле аниқ дар мадди назар қарор дошта бошанд. Ин ҷиҳат дарёфти намояндагони махсус ва алоҳидаи насли наврасу ҷавон мебошанд, ки онҳо ё нобиғаанд ё истеъдоди фавқуллода доранд. Хато аст гӯем, ки аз миёни даҳҳо ҳазор, садҳо ҳазор ингуна афродро намеёбем. Ин гунна кӯдакону наврасоне, ки ҳаёти фавқуллода доранд, бовар дорам, ки кам нестанд.

Баъзан тавассути барномаҳои радиову телевизион ва маводи рӯзномаву маҷаллаҳо чунин иттилоъ пайдо менамоем, ки дар фалон гӯшаву канори кишвар ин ё он кӯдаки наврасе ҳаёт басар мебарад, ки бо баъзе хусусиятҳои интелектии худ аторфиёнро ба ҳайрати овардааст. Ва ин гунна фардро ҳатман "Худод" меномем. Яке аз ҳамин гунна дарёфтҳо моро ба он водор мекунад, ки нисбати онҳо бетафовут набошем. Онҳоро ҷамъ кунем, омӯзем шароити мусоидро фароҳам кунему аз онҳо олиму мутахассиси варзида тарбият кунем. Мазмун аз як ҳадисе ҳаст, ки истеъдод муҳим аст, вале муҳимтар аз он тарбияи истеъдод аст. Имрӯз дар мамолики пешрафтаи мутаррақӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Масалан, дар Чин аз рӯйи ташхиси умумӣ ҳазорон нафар наврасоне, ки қобилияти махсус доранд муайян менамоянд. Аз рӯйи тахмину ташхиси махсуси дигар (ДНК ва монанди он) аз ин миён 50-нафар соҳиби истеъдоди бештарро муайян мекунад ва бо ин фарогирӣ дар макотиби махсус нобиғаҳои ояндаро тарбият мекунад. Ин таҷриба дар мегаполиси Чунитсин дар давраҳои муайян гузаронида мешавад. Тадбиқкунандаи ин лоиҳа "қасри Кӯдакон"-и ин мегаполис мебошад.

Махсусияти ин масъала дар ҳаққикат ҷолиби тавҷҷуҳ мебошад. Аз шумораи умумии ҷамъ кардани ин гунна нобиғаҳо, ки аз миёни садҳо ҳазор танҳо 50-нафар интихоб мешаванд, боз интихоби навбатӣ сурат мегирад. Аз рӯйи 13 нишондоди тиббиву психологӣ аксҳои махсуси ренгении қафаси сина ва матлаб сари ин нобиғаҳо гирифта шуда ба маркази бузурги илмии дигар, ки дар Шанхай воқеъ аст, мефиристоданд. дар он ҷо муайян карда мешавад, ки дараҷаи интеллект, ҳиссиёт ва дигар унсурҳои ғайритабиии кӯдак дар кадом сатҳ қарор дорад.

Аллакай дар ин ҷо муайян карда мешавад, ки кудак ё наврас дар аввал ҳам, кӣ ба воя мерасад: химик, физик, мутафаккир ё варзишгар. Ба ин монанд дар шаҳри Хиросимини Ҷопон мисоли дигарро мебинем. Берун аз шаҳр дар баландии хушбоду ҳаво "Мактаби кӯҳӣ" амал менамояд. Ин мактабҳо чанд адад буда, шумораи толибилмони як мактаб аз 45-50 нафар зиёд нест. Ҳар як синфи он бошад ҳудуд 5-10 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи муаллимон аз шумораи толибилмон 2-3 маротиба зиёд аст. Онҳо аз рӯйи барномаҳои махсуси таълимӣ фаро гирифта мешаванд, сипас ҳамчун олимони наврасу ҷавон баъд аз чандин сол ба макотиби оллии дараҷаи 1-и Ҷопон шомил мешаванд. Бо назардошти қобилият ҳар кадоми онҳо ба ихтисос ҷалб мешаванд.

Ин гуна инсонҳоро зиёд меттавон овард. Дар ҷумҳурии мо низ метавон ин гуна нақшаҳоро татбиқ намуд .Дар гузаштаи таърихӣ тоҷикон фарзандони фарзонае доштанд, ҷаҳон то ба имрӯз ба илми назариявии онҳо муҳтоҷ аст. Тиби Синоро то ба имрӯз меомӯзад. Назорати илмии Муҳаммад Хоразмӣ то ҳанӯз сармашқи кору пайкори олимони соҳаи риёзӣ аст. Даҳҳо мисоли дигарро метавон пеш оварду ипфтихор намуд, ки мо гузаштаи пурғановат доштем.

Сарвари давлат дар чандин сӯҳбату мулоқотҳо ба ёд овард, ки чаро имрӯз Саъдиву Ҳофизу Бедилҳо аз миллати мо намерӯяд. Шикваҳо дуруст аст. Гомҳои ҷиддӣ дар пайгирии ин масъала бояд гузошт. Бинобар ин ҳамчун як фарди ҷонибдори ҷомеаи солиму пешрафта пешниҳод доштам, ки бо як нишасти фаррохи намояндагони вазоратҳои маорифу тандурустӣ ва дигар доироаҳои илмии ин масъала матраҳ шавад.

Дар ин замина мо дар ҳамкорӣ бо баъзе ашхоси бомаърифату ватандӯст лоиҳаро омода намудаем, ки нуқтаи назар ба андешаҳои мутахассисони алоҳида ниёз дорад. Ҳоло ки соли 2010 ҳамчун соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълом шудааст, гумон мекунем гузоштани баъзе қандамҳои устувор хеле зарур аст. Бовар дорем, ки дар ин самт шахсан Сарвари давлат низ моро дастгирӣ менамояд. Ташкили ин гуна лагер ва мактаби махсуси нобиғаҳо ояндаи дурахшони мост. Лоиҳаи мо омода аст ва интизори вокуниши мақомоти дахлдор ва андешаву афкори соҳибназарон мебошем.


Кароматулло Шокирзода, омӯзгор шаҳри Ваҳдат
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97