ХАЗИНАИ ХУРОСОНРО КУҶО МЕБАРАНД?

Иҷтимоъ 05.04.2010 14:23

АСРОРИ ЯК ШАБИ ХУРОСОН

Дар мавриди дарёфти ашёу ҷавоҳирот ва тангаю сиккаҳои тиллоӣ аз зери заминҳои Вахшонзамин нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Аммо дар 18 соли охир ду ходисаи дарёфти тилловорӣ дар водии Вахш мардумро муттақоид кард, ки заминҳои ин водӣ дар баробари ҳосилхез будан, инчунин дар қаъри худ хазинаҳои зиёди сангҳои қимматбаҳо ва дороии сарватмандону давлтадорони қарнҳои гузаштаро махфуз медоранд. Тобистони соли 1997 дар деҳаи Қизил Қалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон махзани пурасроре пайдо шуд.

Баъдан, сокинони ин деҳот дар кӯчаҳои маркази вилоят шаҳри Қурғонтеппа тангаҳои тиллоиро бо нархи нисбатан арзон мефурӯхтанд.

Чанде баъд сару садоҳое ба гӯш мерасид, ки гуё теппаи ковокшуда фурӯ рафта чанд нафар аз тиллоҷуёнро ба халокат расонидааст. Аммо бештар аз кӯҳансолони деҳот сирри асосӣ, эҳтимоли маҳфуз будани хазинаи пурасрори Хуросонро намекушоданд. Даврони ҳаводиси нобасомони солҳои 1990 дар Қизил-қалъа мусофири ношиносе пайдо шуд, ки рӯзҳову моҳҳо дар доманакӯҳҳои "Сунбула" ва кӯҳи "Сурхак" овора мегашт. Рӯзе бо Каромат ном донишҷӯйе шинос шуда, асрори сафару саёҳатҳои тӯлонишаро дар ин мавзеъ ба ӯ нақл мекунад: "Падарам Зикриё ибни Назриддинхоҷа дар гузашта афсари қатории дарбори Амир Олимхон буда, то ба Афғонистон рахти сафар бастани Амир ӯро ҳамроҳӣ мекардааст. Амиралмуъмин пеш аз реҳлат ба Афғонистон ду шабонарӯз дар Қӯрғонтеппа қарор дошта, рӯзона бо гумоштаи бонки Русу Осиё Стовба, "концессионер"-ҳои шарқ ва дигар шариконаш, ки кони Балчувону корхонаи пахтаи Ҷилликул ва садҳо ҳазор "десятина" заминҳои Вахшонзаминро маблағгузорию идора мекарданд, вохӯриҳо доштааст. Шабонгоҳон, вақте ки худи Амир дар бӯстонсарои мири Хоҷамастон истироҳат мекард, мутеъонаш дар доманакӯҳҳои Хуросони имрӯза қисме аз хазинаи Амири Бухороро пинҳон мекарданд. Ҳаёт ва тақдири минбаъдаи бештаре аз шоҳидони вақт барои Зикриё номаълум мемонад. Зеро ӯ ҳанӯз шаби кандани пинҳонгоҳ аз эҳтимоли он ки мабодо шоҳидон аз ҷониби наздикони Амир Олимхон кушта шаванд, хафв бурда, шабошаб аз ҷойи воқеа ғайб мезанад. Бо ҳамин Зикриё аз корвони Амир ҷудо шуда, баъди оворагардиҳои дурудароз дар вилояти Имом Соҳиби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сукунатро ихтиёр мекунад. Зикриё, ки табиатан инсони камгапу дарундор буд, то охири умр касе аз наздиконаш пай набурдаанд, ки замоне ӯ афсари Амири Бухоро буда, шоҳиди яке аз асрорҳои ҳангомадори асри хеш ба ҳисоб меравад. Охирҳои солҳои 1980-уми асри гузашта, Зикриё ибни Насриддинхоҷа ба бистари беморӣ меафтад ва сири дар дил нуҳуфтаашро ба фарзанди бузургаш ман - Маҳмадсиддиқ кушода буд".

ДОМОДИ МАХФӢ ВА ҲАВОДИСИ "ҚИЗИЛ-ҚАЛЪА"

Ҳамин тавр, баъди 4-5 соли вафоти Зикриё Иттиҳоди Шӯравӣ пошхӯрда назорат дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон суст мешавад. Маҳмадсиддиқ озими қаламрави Тоҷикистон шуда, аз рӯйи нақли падараш нишон чуста, ба мавзеи Қизил-қалъа мерасад. Аммо баъди беш аз 80 соли пинҳонкунии хазинаи Амир мавзеъ ва ҷойгиршавии паноҳгоҳро ёфтан амри маҳол буд. Маҳмадсиддиқ соле чанд раммаи як нафар аз сарватмандони Сунбуларо нигоҳубин карда, ахиран ба бевазани яккаву танҳо, Қарасоч хонадор мешавад.

Муҳаммадсиддиқи Зикриё бо Каромат, ки дар факултаи таърихи ДДК ба номи Носири Хусрав таҳсил мекард, дӯстӣ пайдо намуда, ӯро ба шарики даъват менамояд. Ҳарду то соли 1995 дар доманакӯҳҳои Қизил-Қалъа кофтуковҳои пинҳонӣ мебаранд. Аммо тобистони ҳамон сол Маҳмадсиддиқ ба куҷое ғайб мезанад ва Каромати ташнаи кашфиёт то дер боз роҳи ӯро интизор мешавад. Оғози сол рӯзе Қарасоч ба ҷустуҷӯйи Каромат ба донишгоҳ омада, аз бедарак шудани шавҳар шикоят намуда, хоҳиш мекунад, ки омадани ӯро ба донишгоҳ ба касе нагӯяд. Вале Каромат оид ба куҷо ғайб задани Маҳмадсиддиқ изҳорӣ бехабарӣ мекунад. Донишҷӯйи ҷавон ба суоли бонуи Қарасоч; "шавҳарии ман ба куҷо метавонад биравад?" ба фикру андеша ғӯттавар мешавад.

Вақте бори нахуст овозаи дарёфти тангаву тилло дар шаҳраки Қизилкалъаи ноҳияи имрӯзаи Хуросон паҳн шуд, касе гумон ҳам карда наметавонист, ки ин хазинаи тиллоро, ки дарёфт кардааст. Ва мардуми Ғозималик ҳам, ки баъди ҳаводиси "қумандонқаппи"-ҳо ба зиндагии осоишта гузашта буданд, дигар аз куҷо ёд аз Маҳаммадсиддиқи "подабон" мекарданд. Баъдан сару садоҳое оид ба фурӯ рафтани теппа ва ҳалокати одамон ба қиссаҳои сенсатсионии Хуросон нуқта гузошт. Аммо мегӯянд, ки ин бозёфтҳо ба хазинаи Амир Олимхон ҳеҷ рабте надоштааст. Чун Қизил-Қалъа аз зумраи ёдгориҳои таърихие ҳисоб меёфтааст, ки дар қаъри заминҳои ин сарзамин эҳтимоли маҳфуз будани сарватҳои бар хокрафтаи шаҳрдорони қадим зиёд аст. Баъдан дарёфти сиккаҳои кадимӣ, ки як тарафи он ба свастика ё нишони ориёихо шабоҳат дошт, мардумро ба ҳайрат оварда буд. Зеро насли нави мардум аз тамошои филмҳое мисли "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" чунин нишонаҳоро дар сару либоси немисҳо дида буданд. Аммо Каромат ин тангаю сиккаҳоро мансуб ба даврони шоҳигарии Кушониён дониста, аз арзиши баланд доштани ин бозёфтҳо ҳарф мезад. Замоне фурӯравии теппаи хазинадор ҷони якчанд нафарро рабуд, масъулоне пайдо шуда, кофтани мавзеи бозёфтҳои таърихиро мамнӯъ эълон карданд. Бо ҳамин сару садоҳо аз нав хомӯш шуданду мардум боз рӯ ба кетману кори саҳро оварданд.

ПАНҶШАНБЕИ КОРВОНГУЗАР

Як сол пас Маҳмадсиддиқи "подабон" пайдо шуд. Тайи як ҳафтаи аввал дар Сунбула пайдо шудани ҳамсоя вирди забонҳо буд.

- Хайр мардак рафт, як "гулай" кард омад- да.

-Дар Русия ку набудай, рангу рӯяш ҳам хела тоза шидай, куҷо худашро дафъ карда буд?

Аммо Маҳмадсиддиқ гуиё ҳамагӣ ду се рӯз ғайб зада бошад, бепарво намуда, ба суолҳои ҳамсояҳо шухиомез ҷавоб медод:

- Ҳаму Елтсин енди ҳамхизматмай-ку, даъват карда буд, як рафта Кремлда сайру гашт карда омадем, - гуфта, мастона хи-хи-хи-хи мекард. Ва мардум ҳам аз шӯхиҳои Маҳмадсиддиқ завқ бурда механдиданд.

Аз ин пас Маҳмадсиддиқ зиндагии дигаргуна дошт. Рӯзона гови харобаашро ба чарогоҳ бурда мечаронду шомгоҳон дар сари кӯча бо бачаҳои "бекорхӯҷа" нардбозӣ мекард. Соле чанд ӯ ба хариду фурӯши моли майда машғул шуда, оҳиста-оҳиста саршумори чорвои хонаашро зиёд мекард. Як замон дар раммаи Маҳмадсиддиқ саршумори харҳои туқумдор зиёд шудан гирифт. Ҳамсояҳо нақл мекунанд, ки ҳамсояи аҷибашон тӯли се чаҳор соли охир ба тиҷорати равған даст зада, гоҳ-гоҳ "флаг"-ҳои пур аз равғанро ба харҳо бор карда, тариқи пайраҳаҳои кӯҳӣ ҷониби Эсанбой раҳсипор мешудааст.

Инак баҳори соли 2010 кулли мардуми "Ғозималик" дар мавзеи Сунбулаи ноҳияи Хуросон Наврӯзро ҷашн мегиранду Маҳмадсиддиқи "улфатӣ" дар байни онҳо нест. Ҳамсараш Қарасоч гуфт, ки шавҳараш тараддуди сафар дорад, бояд шоми панҷшанбеи пешомад 20 "флаг"-и равғанро ба кӯҳистониҳои Эсанбой бубарад. Аммо Муҳаммадсиддиқ шомгоҳӣ сари кӯча пайдо шуда, сабаби дар Наврӯз иштирок накарданашро бо ҳазлу шухиҳои навбатӣ рӯйпӯш кард;

- Хайр мо одамони коргар, шабу рӯзҳои иду чорабиниҳо ташвишҳо зиёдтар мешавад. Шаб, штаб рӯз штаб, ҳа гуфтагӣ барин, ин "храп"-ро дар янгаатон ҳам гузаронидем. Ҳи-ҳи-ҳи!

Аммо шоми панҷшанбе корвони харҳои "равғанкашӣ"-и Маҳмадсиддиқ ба роҳ набаромаданд. Қарасоч дар як сӯҳбат ба бонуи ҳамсояаш гуфтааст, ки панҷшанбеи оянда, ҳамроҳи шавҳараш писараш Намоз ҳам ба сафар мебарояд.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97