МУШКИЛИ ХАТАРЗОИ СИЛ ДАР ХАТЛОН

Иҷтимоъ 01.04.2010 15:42

Аз 5864 нафар гирифторони бемории сил, ки соли 2009-ум дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, 2689 нафарашон дар вилояти Хатлон сукунат доранд. Агар дар миқёси кишвар 14542 нафар беморони сил таҳти назорати соҳаи тандурустӣ қарор дошта бошанд, пас аз ин теъдод 6840 нафари онҳо ё худ 47%-и онро сокинони вилояти Хатлон ташкил медиҳанд.

СИЛ + ФОЛБИН = МУБТАЛО?

Аммо Сӯҳроб Камолов, сардухтури маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон мегӯяд, ки нисбат ба соли 2008-ум гирифторони бемории сил дар вилоят 110 нафар коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки марҳилаи авали мубориза бар зидди бемории сил дар кишвар ба поён расид, аммо вазъи ин беморӣ дар Тоҷикистон ва дар тамоми ҷаҳон ташвишовар боқӣ мемонад. Аз рӯи маълумоти маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон дар марҳилаи дуввуми мубориза бар зидди сил, ки зери "Барномаи нави миллӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои соли 2010-2015" амалӣ шуда истодааст, бо дастгирии раиси вилоят барои таъмири беморхонаи бемориҳои сили Хатлон, ки дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар воқеъ аст, 287 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ба гуфтаи Суҳроб Камолов дар ҳимояи аҳолии Хатлон аз бемории сил мушкили аввал сатҳи пасти маърифати воқифгардии аҳолии маҳсуб меёбад. Фаҳмишҳо ва маърифати санитарии аҳолии вилояти Хатлон дар ҳамон сатҳе боқӣ мондааст, ки мардум бемории худ ва пайвандони хешро паноҳ дошта, ба худтабобаткунӣ машғуланд. Ҳоло онки сил аз қабили бемориҳоест, ки табобати он бо маслиҳати фолбину табибони халқӣ натанҳо имконнопазир аст, балки худи "шифодиҳанда"-ро низ метавонад сироят кунад. Ҳамин тавр бемороне, ки то аз пой афтодан эътимод ба табибони халқӣ доранд, дар маъракаҳои мардумӣ бо одамони солим дар як табақ хӯрок истеъмол намуда, аз дастмоли умумӣ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз дар навоҳии дурдасти Хатлон хатари паҳншавии сил дар ҷомеа дучанд зиёд аст.

СИЛ ВА НОТАВОНИИ ДАСТГОҲИ ИТТТИЛООТӢ

Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки мушкили аввал дар пешгирӣ аз паҳншавии бемории сил дар вилояти Хатлон ин дастраси мардум ба иттилооти марбут ба сил ва роҳҳои пешгирӣ аз он мебошад. Дар чанд соли охир ба ҷузъ дар арафаи рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди сил, ки аҳён-аҳён матлабҳо дар васоити ахбори омма чоп мешаванд, дигар мардум даричаи ошноӣ надоранд. Ваосили иттилоттии дигаре бояд коркард шаванд. Дар радиою телевизион инъикоси ин мавзӯъ нисбатан кам дида мешавад, аммо ба матбуоти даврӣ на ҳамаи мардуми рустоӣ дастрасӣ доранд. Ҳафтае ба ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 6 ҳазор рӯзномаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, ки боз ҳам 15-20% он бозпас мегарданд. Ва дар ҳамин теъдоди нисбии рӯзномаҳо, ки ба дасти хонанда меафтанд, мавзӯи сил ва пешгирӣ аз он хело кам инъикос мешаванд. Дар матбуоти ҳукуматӣ ҳам, ки хонандаи он обуначиҳо мебошанд, инъикоси ин мавзӯъ мавсимию шартист. Ҳамсӯҳбати мо, ки худро сокини ноҳияи Ҷилликӯл Ҷурахон Давлатов муаррифӣ кард, иброз медорад, ки мардуми деҳот ба рӯзномаҳои даврӣ дастрасӣ надоранд ва инъикоси мавзӯи пешгирӣ аз бемории сил тариқи ВАО ҷиҳати соҳибиттилоъ кардани ҷомеа нақши ҳалкунанда бозида наметавонад. Ба гуфтаи Ҷурахон вақти он омадааст, ки масъулин аз шаклҳои дигари воқифгардонии аҳолӣ истифода баранд. Дар маъракаҳои интихоботӣ,-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо,- аҳзоби сиёсӣ барои муаррифии ҳизбу номзадҳои худ варақаҳои иттилоотиро то дурдастарин деҳоти вилоят мерасонанд. Чаро дар пешгирӣ аз бемории сил ҳукумат бо роҳи паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии сил мардумро вокиф намегардонад? Шояд ҳамин хатари паҳншавии бемории силро худи масъулини соҳа содда дарк кардаанд, вагарана роҳҳои оддию камхарҷи воқифгардонии аҳолӣ аз бемории сил зиёданд.

Бобати инъикоси мавзӯи сил дар воситахои ахбори оммаи вилояти Хатлон ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҳоле раиси вилоят барои беҳдошти сат¬ҳи хизматрасонӣ дар самти ҳимоияи аҳолӣ аз бемории сил маблағҳои калонро аз буҷа ҷудо намудааст, ҳамакнун мебояд рафти аз худкунии ин маблағҳо, инъикоси мавзӯи сил ва воқифгардонии аҳолиро бобати пешгирӣ аз бемории сил ва дигар мавзӯҳои рӯзмара, ҳар сари вақт мавриди муҳокима қарор диҳад. Зеро фаъолияти дастгоҳи иттилоотии ҳукумати Хатлон солҳои охир заиф гашта, ҳамеша ба дастуру суханҳои таҳрикдиҳандаи ҷаноби Афзалов ниёз дорад.

"КОФЕ-БРЕЙК"-ҲОИ "ООН"-Ӣ Ё ВОҚИФГАРДОНӢ АЗ СИЛ

Умуман дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳам эроди мардум оид ба сатҳи пасти воқифгардонии аҳоли аз бемории сил қобили дастгирӣ аст. Зеро дар чанд соли охир танҳо дар арафаи 24-уми март аз ҷониби соҳаи тандурустӣ дар ҳамҷоягӣ бо шариконашон маъракаи воқифгардонии аҳолиро як рӯз дар шакли умумиҷумҳуриявӣ баргузор менамоянду халос. Баъдан баъзан-баъзан дар марказҳои шаҳру навоҳи машваратҳое барпо мекунанд, ки дар он аслан нафароне иштирок мекунанд, ки онҳо бидуни насиҳатҳои "тренинг"-и ҳам фаросати риоя намудани қоидаҳои санитариро доранд. Дар ҳоле, ки барои баргузор намудани як семинар дар ин мавзӯҳо маблағҳои хуб сарф мешаванд, агар созмонҳои кӯмакрасон ҳамин маблағро барои омода ва паҳн намудани варақаҳои иттилоотӣ сарф кунанд, дар самти воқифгардонии аҳолӣ аз бемории сил нақши бештар мебозанд.

Воқеан, дар деҳоти дурдаст, ки мардум ба матбуот, китобхонаҳои сайёр ва ҳаргуна воситаҳои фарҳангӣ ниёз доранд, пайдо шудани як эълон дар девори масҷид ё дарахти сари кӯча тавваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб менамояд. Ва бешак шому рӯзҳои дигар мӯҳтавои ҳамон овеза мавриди сӯҳбатҳо дар масҷиду оилаҳо ва ҳатто мавзӯи аввали гуфтугузори бонувони лаби об қарор мегирад.

МУОВИНИ ВАЗИР МУШКИЛИ №1-РО ГУФТ

Пиромуни сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил масъулини соҳаи тандурустии кишвар андешаҳои гуногун доранд. Дар нишасти хабарие, ки бо ташабуси "Мактаби рӯзноманигории асри 21" зери унвони "Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бар зидди сил" дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов иттилоъ дод, ки соли 2006 дараҷаи соҳибиттилоии аҳолӣ нисбат ба бемории сил ҳамагӣ 23%-ро ташкил дода буд. Дар охири соли гузашта аз натиҷаи пурсиши афкори умуми аҳолӣ маълум гардид, ки сатҳи маълумотнокии сокинони кишвар оид ба бемории сил ба 49% баромадааст. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ, ҳарчанд дар як муддати кӯтоҳ ин нишондод дастовард аст, аммо дар маҷмӯъ то соҳибиттилоии куллии аҳолӣ, фарҳанги тиббӣ, маърифати тиббии мардум дар сатҳи боло қарор нагирад, мушкилиҳое, ки дар соҳаи бемории сил ҳаст, боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои Сӯҳроб Камолов, сардухтури маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон аз теъдоди гирифторони бемории сил 393 нафари онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки дар шароити номусоиди ҳиҷрат мубталои ин беморӣ гардидаанд. Хуршед (исми шарти) - як нафар аз сокинони шаҳри Кӯлоб дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Маскав аз ҳамсафараш, ки гирифтори бемории сил буд, сироят мешавад. Ба гуфтаи Хуршед, онҳо қаблан медонистанд, ки ҳамватанашон гирифтори бемории сил аст, аммо ҳамагонӣ оид ба хатари паҳншавии ин беморӣ ва оқибатҳои он маълумоти кофӣ надоштаанд. Баъди мубталои бемории сил шуданаш Хуршед ба Ватан баргашта дар Тоҷикистон ба табобати фаро гирифта мешавад. Акнун,- мегӯяд Хуршед,- дар мавзӯи бемории сил ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятшавии он маълумоти зиёд пайдо кардаам, Аммо маро бештар тақдири беш аз садҳазорнафараи ҳамватанонамон, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, ба ташвиш овардааст. Зеро қисме аз бештари ҳамдиёрони мо дар муҳоҷират дар шароитҳои ғайри санитарӣ кору зиндагӣ доранд. Ва бехабар аз онанд, ки дар шароите, ки онҳо кору зиндагӣ доранд, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ зиёд аст.

МУОВИНИ ВАЗИР: ВОСЕЪ ВОДИ МАРГ НЕСТ!

Дар мавриди пешгирии бемории сил ва паҳншавии он коршиноси соҳа, мудири дармонгоҳи сили вилояти Хатлон Файз Назаров андешаи дигар дорад. Ба гуфтаи ӯ мебояд мардумро муттақоид кард, ки бемории сил табобатшаванда ҳаст. Вақте мо дар марҳалаи аввали сироятшавӣ беморонро ба табобат фаро мегирем, хатари паҳншавии бемориро аз ҷониби сироятшуда пурра пешгирӣ карда метавонем. Зеро ҳуҷайраҳои ҳалқашакли сил дар ду моҳи аввали беморӣ аз тариқи ҳаво тез паҳн мешаванд. Бояд тамоми сокинони кишвар аз нишонаҳои аввали бемории сил; давом ёфтани сулфа бисёртар аз ду ҳафта, таби баланд, дарди қафаси сина, бемадорӣ, камқуввати, иштиҳои паст, харобшавӣ бохабар бошанд. Чун вақте ингуна аломатҳо дар одамон пайдо мешавад, бояд ҳатман ба духтурони наздик муроҷиат намоянд,-мегӯяд Файз Назаров.

Омили дигаре, ки боиси ташвиши масъулини соҳаи тандурустии кишвар гардидааст, ин инъикоси нодурусти мавзӯи сил дар матуботи кишвар мебошад,- мегӯяд муовини вазири тандурустӣ - Соҳибназар Раҳмонов. Муттаассифона, то имрӯз хамин хел мақолаҳое дар матбуоти даврии мо нашр мешавад, ки муаллифон манфиатҳои миллии моро сарфи назар мекунанд. Ба гуфтаи муовини вазир як сухани ноҷо метавонад монеаҳои дигаре барои кулли мардуми кишварамон ба вуҷуд биёрад.

Аз гуфтори мавсуф бармеояд, ки шакли пешниҳоди масъалагузории баъзе аз рӯзноманигорони тоҷик гӯё ба ҳамкориҳои минбаъдаи созмонҳои байналмиллалии шарик дар ҳамдастӣ барои ҳимоияи аҳолӣ аз сил таъсири манфӣ ҳам мерасонидааст. Соҳибназар Раҳмонов зимни суханронии хеш ҳамчунин иброз дошт, ки "Ман соли гузашта дар баромадам кайд намуда будам, ки Восеъ води марг нест! Дар мавриди вазъи бемории сил дар ин ноҳия, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст, имрӯз вазъият муътадил аст. Танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи гузаронидани ташхиси флюрографӣ ва бактериоскопии аҳолии беш аз 5 ҳазорнафараи деҳкадаҳои аз вазъи эпидемиологии сил ташвишовар, танҳо 77 гумонбар ба сил дарёфт гардид, ки аз байни онҳо танҳо аз 19 нафари онҳо нишонаҳои бемории сил дарёфт шудаасту халос".

Хулоса, дар ҳоле, ки мушкили аввал дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории сил ноогоҳии мардум арзёбӣ мегардад, масъулинро мебояд, ки дар марҳилаи навбатӣ дар доираи "Барномаи ҳимоияи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015" аз шаклҳои дигари воқифгардонии аҳолӣ аз бемории сил кор гиранд. Алъон, ки сил дар кишвари кӯчаки мо домани васеъ паҳн накардааст, биёед вақтро ба манфиат истифода барем. Варақа паҳн мекунем?

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУЛОҲИЗА:

Аз 3/1 қисми аҳолии дунё (2млрд одам) ба микробактерияи сил сироят шудаанд.

Ҳар сол дар ҷаҳон шумораи беморони сили бори аввал ба қайд гирифташуда 8,9 млн нафарро ташкил медиҳад.

Дар як соат дар курраи замин 50 нафар ба бемории сил гирифтор мешавад.

80%-и гирифторони бемории силро одамони сини аз 15 то 50 сола ташкил медиҳад.

Ҳар сол аз бемории сил 2 млн нафар одамон (720 ҳазор зан, зиёда аз 100 ҳазор кӯдакон) ба ҳалокат мерасанд. (4400 нафар дар як рӯз) ё 8 бемор дар як соат.

Бемории сил бо шакли фузуни мутобиқгаштаи сил ва бемории сил бо шакли васеи мутобиқат ба доруҳои зидди силӣ меафзояд.

Фавти беморони Сил/Вируси масунияти одам сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97