АРТИШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲОЛАТИ СУЛҲ БА ҶАНГ ОМОДА ҲАСТ?

Иҷтимоъ 27.03.2010 16:06

Яке аз сиёсатмадорони машҳури олмонӣ О. Бисмарк гуфта буд: "Агар мо имрӯз артиши худро бо ғизо таъмин накунем, охиру охирон артиши бегонаро таъмин хоҳем намуд". Манзур аз ғизо ҳамаҷониба таъмин намудани артиши давлат буд, ки нақши артишро барои таъмини амнияти давлатӣ, дифоъ аз душманони дохиливу хориҷӣ ва ҳамзамон ноил шудан ба заминҳои пешинаи худ медонистанд.Тоҷикистон яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ баъди ба даст овардани истиқлолият дар давраи ниҳоят ҳасос тавонист артиши миллии худро ташкил намояд.

Ҳамин тавр баъди як давраи хеле вазнин, ки ба истилоҳ муборизаҳои ҳарбӣ- сиёсӣ артиши соҳиби таҷрибаву қудрат гардид ва баъдан Гвардияи президентӣ ташкил шуд ва ҳоло Горди миллӣ ном мебаранд. Албатта, дар тӯли 19 соли истиқлолияти давлатӣ бо иштирок дар чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ дар доираи Созмони паймонаи дастиҷамъии бехатарӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дар доираи дигар созмонҳо маҳорати артиши Тоҷикистон нисбат бар мубориза зидди терроризу экстремизм, таъмини сарҳадӣ ва ғайраҳо хеле таҷрибаи калон пайдо намудааст.

Агар ба масъала аз нигоҳи фалсафӣ назар андозем, суоле матраҳ мешавад, ки сулҳ чист? Ҷавоб: ин ҳолати тайёрӣ ба ҷанг аст. Яке аз олимони аврупои дар ин боб бисёр ба мантиқ гуфта буд: "Агар сулҳро хоҳӣ ба ҷанг тайёр бош". Дар давраи мактабхониву донишҷӯи чанде фикр карда будам, ки артиши миллииамон чӣ ҳол дошта бошад, хизмат кардан чӣ тавр бошад ва ба амсоли инҳо. Бештар вақт аз онҳое, ки аз хизмат бармегаштанд аз ҳоли хизмат нақл мекардад ва он ҳам чандон қонеъ кунанда набуд, чун аксар ҳамсолонам фикр доштанд, ки онҳо чизҳои хубашро мегӯянд. Чи хеле, ки дар урфият мегӯянд шунидан кай бувад монанди дидан ва ҳамин тавр тақдир маро ба дидани вазъи воқеъии артиши Ватанамон расонид, ки он бароям бо тамоми бурду бохташ як дарси зиндаги гардид.

Дар идомаи ҳамаи гуфтаҳои боло хостам инҷо назаре ба вазъи дохилии артиш бинамоям, ки он ҳам бевосита аз таҷрибаи хеш дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон мебошад. Ин ҷо ду ҷаҳбаи таасуроти хешро ҳангоми дар хизмати ҳарбӣ бардоштаамро зикр карданӣ ҳастам, ки он ҳам барои мақомоти дахлдори ин соҳа ва ҳам барои ҷавонони Ватандӯсту худогоҳ, муфид хоҳад буд.

Ҷанбае, ки то андозае қобили қабул нест ва он роҳи ислоҳеро мехоҳад:

1.Масъалаи кадрӣ дар артиши кишварамон, махсусан дар Горди Миллӣ чун шоҳиди он ҳастам, такмилу таҷдидро мехоҳад. Як бузурге мегӯяд, ки се чиз дунёро идора мекунад ва яке аз он кадр мебошад. То замоне нақшу сифати афсарон ба сифати муаллими мактабу донишгоҳ диққат дода нашавад ва он як чизи расмӣ бошад, сарбозон масъулияти воқеъиро дарк нахоҳанд кард ва он артиш аз матлабу моҳияти худ дур боқӣ хоҳад монд. Дар қисми ҳарбии 051056 - и Гордии миллӣ хеле афсарону прапоршикони соҳибтаҷрибаву масъулият шинос буданд ва беҳтарини онҳо афсарони калони гвардияи милли Сафаров Ҳ, Холлов А, Абдураҳимов У, Раҳимқулов М. ва дигарон мебошанд, ки воқеан вазифаи хешро ба як масъулияти баланд иҷро менамуданд. Нуктаи муҳим рӯҳан дар ҳолати омодагии ҷангӣ тайёр кардани сарбозон мебошад, ки ин ҳолат бештар дар мавриди дуруст кор бурдани афсарон бо зердастони худ, яъне сарбозон ба даст меояд. Барои афсарони бо сарбозон сару кор дошта, ақалан донистани илмҳои педагогикаю психалогия ва фанҳои асосии ҳарбӣ хеле муҳим мебошад. Ҳамзамон ҳамарӯза аз воқеаҳои сиёсӣ-иҷтимоии дохилу хориҷ кишвар бохабар буданаашон талаботи замон мебошад.

2. Барномаи дарсие, ки ба таври мавсимӣ тартиб дода мешавад, аз нуқтаи назари амалиявӣ ва мантиқӣ хеле заиф мебошад. Зеро то замоне, ки ба сарбозон дарси дурусти назариявӣ ва татбиқи он дар вақти дарсҳои амалиявӣ омода нашавад, ҳеҷ умеде аз сарбози обутобёфтаву баркамол нахоҳад монд. Бештар будани дарсҳои амалиявӣ хоси артиш ва аз омода будани сарбозон мебошад. Ва мантиқан чунин аст, ки объекти асосии ҳаракати сарбози ин ҳам майдони мубориза мебошад. Масалан ман ҳамчун химик-кошифӣ взводи МРКБ, ки бояд аксаран дар майдоне бештар кореро иҷро намуданам, маротибае дар майдон баҳри санҷиш ё барои супоридани санҷиш нарафтаам, ило дар тирпаронии мавсимӣ.

3. Муносибатҳои ҳуқуқӣ байни сарбозон то он дараҷае рӯ ба беҳбудӣ овардааст, ки Худо накарда нафаре аз беэҳтиётии худ ба ҷисмаш зарар пайдо кунад, ҳатман мақомоти дахлдор аз он бохабар гардида, дар пайи дарёфти гунаҳкор мешаванд. Дар ҳоле, ки ба он сарбоз касе даст накардааст. Ва ин тарз то он дараҷае ба сарбоз имтиёз медиҳад, ки таълиму тарбияи афсарону сарбозони соҳибтаҷрибаро қабул накунад ва минбад сабаби паст фаромадани омодабошии ҷангии артиш мегардад. Аммо муносибати ғайриинсонӣ чӣ дар сатҳи афсарон ва чӣ дар сатҳи мақомоти дахлдор ҳаллу фасл бояд шавад. Масъалаи дигар эътииқоди сарбозон аст, ки сабаби риоя накардани тартиботи рӯз мегардад, яъне хондани намоз ки аз ҷумлаи марбут ба он. Чун ба таври воқеӣ аз рӯи оиннома хондани намоз дар давоми хизмат иҷоза дода нашудааст, дар амалия ба таври махфӣ аз тарафи сарбозон ба мушоҳида мерасад ва баъзан сабаби пайдо шудани муносибати ғайри оинномавӣ байни афсару сарбоз ва байни сарбозон гаштааст. Ҳар масъала агар сари вақт дар дохил ҳал нашавад он натиҷаи хуб нахоҳад дод ва бояд ба ягон хулосае омад. Аслан ин масъала дар баъзе кишварҳо ҳалли худро ёфтааст ва ин омилро баҳри қавӣ намудан ва баланд бардоштани омодабошӣ истифода намудан муфидтар хоҳад буд.

4. Мӯҳлати хизмати сарбозони даъватшуда сабаби хароҷоти зиёд давлат ва бекор сарф кардани вақт аз ҷониби сарбозон гаштааст. Масъалаи мазкур чунин аст, ки барномаи таълимии навдаъватшудагон шаш моҳро дар бар мегирад, ки он ҳам назариявӣ ва ҳам амалиявӣ мебошад. Нимсолаи дуюми боз машғулияти ӯ аз рӯи барномаи пешина буда такрор меёбад ва ягон чизи нав дида намешавад, танҳо дар ҳоли командир отделения шудани вай, сарбозони нав омадаро меомӯзонад. Соли дуюм ин чизҳо пурра барои сарбоз дилбазан мешавад ва ба таври воқеӣ онҳо ба вақтшумориву корҳои ғайри муқаррарӣ машғул мешаванд. Хулоса ё барномаро тағйир дод, ки тӯли ду сол сарбоз ба чизҳои муфид машғул бошад ё мӯҳлати хизмати ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор додан лозим мебошад.

Воқеъан ҳар кору машғулияте, ки сабаби тарбияву комилшавии инсон гардад, агар чи он мушкил ҳам бошад, инсони боақлу бофарост фардо ҳатман аз он ба некӣ ёд мекунад. Масалан, дар вақти мактабу донишгоҳ он муаллиме, ки сахтгиру серталаб ба назар мерасид, баъди солҳои чанд бо арзи сипос ёди он устод мекунем. Зеро ӯ бо сахтгирии худ талабаро ба омӯзиш водор мекунад ва сабаби кӯшиш пайдо кардани ӯ нисбати дарси он муаллим мегардад. Ин ҷо ба таври мушаххас мехоҳам аз он мушкиливу сахтие, ки дар оғози хизмат вонамуд мешуд ва ниҳоятан шахсан барои ман ва барои аксари сарбозон муфид аст, аз муваффақияти артиши имрӯза Тоҷикистон ҳам мешуморам, қайд менамоям:

1. Ҳар нафаре, ки агарчи аз сабаби танбаливу сустиродагии хеш ва аз бетарафии муҳит дар замони мактабхонӣ ҳадди ақал хондану навиштанро наомӯхтааст, аммо артиш баъди ин ҳама вақтҳои дароз аз ҳама муҳим на дертар аз як моҳ ба ӯ хондану навиштан ва барои онҳое, ки он чизро доштанд, боз чизҳои наверо тавонист омӯзонад. Ҳамзамон онҳое, ки тамоман забони тоҷикиро намедонистанд, чун мисли узбакон аз ин мактаб забони тоҷикиро низ меомӯзанд. Сарбозони тоҷики боирода забони русиву узбакиро аз худ мекунанд, ки амалан ҷудоии минтақаву миллиятро аз байн мебаранд.

2. Муносибати бевоситаи сарбозон бо ҳунаромӯзи пайдо мешавад. Ҳар сарбоз бо камтарин кӯшиши худ соҳиби якчанд касбу ҳунар шуданаш аз эҳтимол дур нест. Он бевосита ибтидо аз истифодабарии яроқ, техникаҳои гуногуни ҳарбӣ, ҳунари ронандагӣ, электрикӣ, ки аз зумраи инҳо мебошад, меомӯзанд. Масалан, ман якчанд нафарро медонам, ки дар давраи хизмат соҳиби касби ронандагӣ, устои техника ва ҳунари рангубори хонаро аз худ намуданд ва шахсан ман кор бо асбобҳои махсуси моддаҳои кимиёви истифода мешударо аз бар намудам. Ин ҳама замина ва роҳе барои зиндагии шахсии сарбоз баъди баъди адои хизматӣ мегардад.

3. Аз баски аксаран, сарбозон аз марказҳои шаҳр дур, аз оилаҳои камбизоат ҳастанд ва бештари онҳо бо масъалаи муносибат бо машғулиятҳои арзишӣ, гигиенаи шахсӣ ва тозагӣ нисабти ҷойи зист фаъол нестанд, муносибат нисбат ба ин масъалаҳо ранги дигар мегирад. Чун аз рӯзи аввал ҳар нафари вориди макони хизмат мешавад, муносибат бо тозагии зист ва гигиенаи шахсӣ бо тартиботи муқаррари оинномавӣ ҷорӣ мешавад. Ҳар нафаре дар вақти ҳаёти шаҳрвандӣ дандон намешуст, ба тозагӣ диққат намедод, ҷои хобу зистро чун худаш тоза намекард, либос намешуст ва аз ҷумлаи онҳо ба таври автоматӣ сарбоз аз худ менамояд. Агар гиребонат тоза нест, пойафзол тоза нест ва либосат чиркин бошад, ҳатман он рӯз сабаби ба вай таъин кардани наряди ғайринавбатӣ, пастшавии кардани шаъни ӯ дар байни сарбозон ё эълон кардани танбеҳ мешавад. Ин муносибати муҳит ба сарбоз писанд намеояд ва ҳатман дунболи тозагиву эътибор додан ба худ мегардад. Дар таҷриба низ чунин буд ва чанд дӯстон арз дошта буданд, ки ман боре дар зиндагӣ ба дандон тоза кардан, либоси шустан ва ба хонарӯбӣ машғул шуда набудаам, аммо имрӯз маҷбур шудам, ин корҳоро худ иҷро намоям. Чунин рафтор ба сарбозон ҳамчун одат қабул шуда, баъди хизмат низ боқӣ мемонад ва ниҳоятан ба оилаи ӯ таъсир хоҳад кард.

4. Дар урфият мегӯянд, ки то мусофир нашавӣ мусулмон намешавӣ, яъне то аз хонаат берун наравӣ ба қадри нону ба қадри падару модарат намерасӣ. Воқеъан, вақте инсон аз он муҳити навозишу парастиши оила ва аз хӯроки тайёру либоси тозаи омода кардаи модараш дур гашта ва ҳамаи ин корҳо ба сараш бор мешавад, он гоҳ ақли аксар ҷавонон ба кор медарояд. Гарчанде ҳар рӯз се маҳал хӯрок истеъмол мекунӣ, аммо чун мисли хонаат ғайри нақшавӣ ба истеъмол даст задан, ба хоҳиши нафс хӯроки гуногун хӯрдан ба сарбоз дастрас нест ва ҳатман ёди хона, ёди он лаҳзае, ки модар хӯрданиҳои болаззат медод, вақте туро фарёд мекард ту рад мекардӣ, ба назарат омада, ба чашмат ашк мерезад. Масалан барои ман дар рӯзҳои аввал ва барои аксари ҳамхизматонам қатраи об аз тиллову нуқра қиммат буд ва омода будем ба ҳар арзише як зарф обро харидорӣ кунем. Агар нафаре бароям чизе, хӯрдание медод, ҳеҷ гоҳ аз назарам дур набуд ва сипоси миннатдориам боз якчанд маротиба бештар мегашт, ки чунин хислат дар аксар сарбозон дида мешуд. Ин як чизе аст, ки қадрдониву қадршиносии инсонро нисбат ба неъмат ва нисбат ба падару модар зиёд менамуд ва аз ҳамин сабаб бисёри сарбозон дар васфи модару ватан дар васфи ишқу самимият шеър эҷод мекарданд.


Шӯҳрат САИДОВ,
собиқ сержанти қисми ҳарбии 05 10 56-и ГМ ҶТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97