НОБИНОЁНИ ҚУРҒОНТЕППА БА ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕА НИЁЗ ДОРАНД

Иҷтимоъ 25.03.2010 16:57

Фарзона Шокироваи 21 сола дар айёми ҷӯшу хурӯши зиндагӣ аз чашми бино маҳрум шуда бошад ҳам иродаи матин, ки дошт, ҳатто таҳсил дар факултаи кимиёи донишгоҳи Давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусравро қатъ накрд. Акнун дугоняҳояш, бо навбат ӯро баъди дарс ба маркази эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни Қурғонтеппа низ мебурданд. Фарзона дар ин марказ ҳамрозу ҳамдардҳои худро меҷуст. Аммо маркази мазкур он маркази солҳои 1980-ум нест, ки дар он садҳо нафар нобиноёни минтақа бо ҷойи кору шуғлҳои гуногун машғул бошанд.

Аз теъдоди ҳазор нафараи Ҷамъияти нобиноёни шаҳру навоҳии минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ҳамагӣ 10% онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, ки дар баробари нафақаи ниёзамандӣ инчунин дар дӯконҳои махсус кор карда, қути лойамут меҷӯянд. Боқӣ аъзои ҷамъияти нобиноён вақти худро дар кунҷи хона мегузаронанду ҳар охири моҳ нафақаи иҷтимоии хешро интизор мешаванд. Ҳоло он ки тибқи гуфтаи директори маркази эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни минтақа Умар Ёров қариб 90% нобиноёни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон азму иродаи кор дар дӯконҳои махсусро доранд, ки аз дигар кӯмакҳои иҷтимоӣ маҳруманд.

АЗ САРГУЗАШТИ ҶАМЪИЯТИ НОБИНОЁНИ ҚУРҒОНТЕППА

То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази қурғонтеппагии иҷтимоии эҳёкунии нобиноёни Тоҷикистон беш аз 100 нафар нобиноён бо ҷойҳои доимиии корӣ таъмин буданд. Баъди пастравии сатҳи истеҳсолот ва аз байн рафтани низоми идоракунӣ ва хариду фурӯши маҳсулоти хому тайёр, мушкилоти истеҳсолӣ нахустин шуда корхонаи нобиноёнро бо зону шинонид. Баъдан як муддати тулонӣ корхонаҳои махсусе, ки дар он нобиноён кору фаъолият доштанд ҳаволаи такдир буданд. Солхои 2003-2004-ум бинобар аз таваҷҷуҳи ҷомеа дур мондани ҷамъияти нобиноён мақомоти маҳаллӣ яке аз биноҳои асосии ҷамъияти нобиноёни Қурғонтеппаро гирифта дар ҷойи он бинои бисёрошёна сохта ба омӯзгорон тақдим намуданд. Умар Ёров директории маркази иҷтимоии эҳёкунии нобиноёни Тоҷикистон дар Қурғонтеппа мегӯяд: "Дар аввал ба мо гуфтанд, ки ин биноро обод намуда, ба инҷо аз кӯчаҳои шаҳр кӯдакони бесарпаноҳро ҷамъ меоваранд. Аз ин рӯ, мо садо баланд накардем. Зеро мо чашми бино надошта бошем ҳам, аммо эҳсос мекардем, ки кӯдакони бесарпаноҳ дар кӯ¬чаҳои шаҳр чӣ аҳволе доштанд. Аммо баъдтар маълум шуд, ки ин биноро аз мо ба дигар мақсад гирифтаанд. Воқеан, дигар аъзоёни ҷамъияти нобиноён низ ин амали дастандаркоронро қабул надоштанд. Аммо, кӣ сухани онҳоро гӯш мекард?

БА ШАРИФХОН САМИЕВ БИРАСОНЕД!

Баъдан аз вазъи иҷтимоии нобиноёни минтақа истифода бурда, ба номи нобиноёну ба коми дигарон бо истифода аз маблағҳои НСИФТ дар маркази вилояти Хатлон шахри Қурғонтеппа коргоҳи дузандагӣ бунёд гардид. Чанде масъулини ин бино бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа баҳси замин ҳам доштанд. Масъули маркази навбунёд дар сояи нобиноёни шаҳр бо ҳар роҳ ба мақомоти маҳаллӣ фишор меовард. Аммо дар имрӯз ин бино ба як хона ё корхонаи хусусӣ шабоҳат дорад. Такдири минбаъдаи 115 нафар нобиноёни шаҳри Қурғонтеппа боз бар дӯши мақомоти маҳаллӣ уфтод. Акнун нобиноёни Қурғонтеппа ҳамагӣ нафақаи иҷтимоӣ мегиранду шояд бештари бонувони аз чиҳати чашми бинои заиф фаромӯш карда бошанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои онҳо дар Қурғонтеппа корхонаи дузандагӣ бунёд кардааст.

Ҳамин тавр имрӯз дар маркази иҷтимоии эҳёкунии нобиноёни Тоҷикистон дар Қурғонтеппа аз он коргоҳҳои истеҳсолӣ, ба ҷуз сехи симтурбофӣ дигар дӯконе боқӣ намондааст. Имрӯз дар ду дӯкони сехи симтурбофӣ 6 нафар нобиноён бо навбат кор мекунанд. Ҳоло он ки агар ҷамъияти нобиноён аз мадди назари масъулин дур намемонд, имрӯз дар ин марказ ҷойи 13 нафар коргар шояд садҳо нафар нобиноён бо чойҳои кору шуғли доимӣ таъмин мешуданд. Имрӯзҳо Тоҷиддини нобино ва фарзанди ӯро қариб тамоми сокинони Қурғонтеппа мешиносанд, ки бо чӣ мушкилиҳое дар кӯчаҳои шаҳр овора мегарданд, то "симкорт" ё телефонии мобилие фурӯхта, аз он ҳисоб нони ҳамонрӯзаашро ёбад. Аммо дигар аз нобиноёни шаҳри Қурғонтеппа, ки теъдоди онҳо ба 115 нафар мерасад, ба ҷузъ нафақаи иҷтимоӣ аз куҷо даромад доранд, худ медонанду Худо. Ба хусус дар ҳамин шабу рӯз, ки қисме аз аъзоёни ҷамъияти мазкур бонувони ниёзманд аз мавҷуд набудани истеҳсолот кунҷи хонаро ихтиёр кардаанд.

СОКИНОНИ ҚУРҒОНТЕППАРО

ТАРБИЯТ МЕБОЯД

Мушкили дигаре, ки ҷамъияти нобиноёни Қурғонтеппаро ба ташвиш овардаст, ин муносибати носолими сокинони атрофии марказ мебошад. Воқеан маркази эҳёкунии нобиноёни Қурғонтеппа дар байни манзилҳои баландошёна воқеъ аст. Сокинони атрофи марказ ҳамарӯза мебинанд, ки ин гурӯҳи ниёзаманди ҷомеа чӣ рӯзгоре ба сар доранд. Аммо мутаассифона ҷойи кӯмаку дастгирӣ ба ин ҷамъият иддае аз сокинони шаҳрнишини Қурғонтепа пар¬тов¬ҳои манзилҳои худро ба ҳудуди маркази нобиноён мепартоянд. Холмат Давлатов сардори сехи симтурбофии коргоҳи нобиноён, ки бинобар беманзилӣ бо 6 нафар аҳли оилааш дар яке аз анборҳои ҳамин корхона зиндагӣ дорад, шикоят кард, ки сокинони атрофи марказ партовҳои худро аз сари девори маркази мо ба дарун мепартоянд. Бо вуҷуди чандин маротиба ба масъулини маҳалла ин шикоятамонро расонидем аммо, касе моро гӯш намекунад. Холмат бо таассуф мегӯяд, ки ҷамъият каме дигаргун шудааст. Ҳануз 20 сол қабл мардум расонидани кӯмаку дастгириҳоро ба ниёзмандоне мисли мо барои худ як масъулияти шаҳрвандӣ меҳисобиданд. Аммо имрӯз агар дасти имкон надоранд, ҳади аққал зарари онҳо ба мо нарасад намешавад. Ё онҳо моро бе чашми бино дида одам ҳисоб намекунанд. Ростӣ чунин муносибати бадеро, ки атрофиён бо мо доранд, дар тамоми ҷомеаҳ ё мусулмонӣ бошад ё дунявӣ маҳкум мекунанд. Аммо аз вазъи зиндагии мо шояд дар боло огоҳ нестанд? Як мазлуми дигар, ки аз сӯҳбати мо худро дар канор мегирифт аз гуфтори ҳаммаслакаш ба дард омада, иловатан илтиҷо дошт: Ба ҳукуматдорон бирасонед, ки мардумро насиҳат кунанд!

НОБИНОЁН ҲАМ БА

МАНЗИЛИ ЗИСТ НИЁЗ ДОРАНД

Тибқи иттилои Умар Ёров директори Маркази эҳёкунии нобиноёни Тоҷикистон дар Қурғонтеппа, ҳудуди марказ 61 сотих заминро дар бар гирифта, бинобар мушкили молӣ нобиноён наметавонанд, қитъаҳои бекорхобидаи марказро самаранок истифода баранд. Чанд соле қабл сафорати Ҷопон як лоиҳаи нобиноёнро ваъдаи дастгирӣ намуда будаст ва ба гуфтаи Умар Ёров агар ин лоиҳаи онҳо дастгирӣ ёбад, қомати ҷамъияти нобиноён каме рост мешавад. Зеро ваъда ҳаст, ки баъди дастгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур дар ҳудуди марказ барои нобиноёни беҷойи зист бинои серошёна сохта, тамоми нобиноёни ниёзманди манзили зистро бо хона таъмин хоҳанд намуд. Воқеан соли 2007 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари хеш ба Қурғонтеппа ба сарвари ҷамъияти нобиноёни минтақаи Қурғонтепа Умар Ёров калиди манзили истиқоматиро тақдим карда, як оилаеро, ки воқеан ҳам ба манзили зист ниёз дошт, бо хона таъмин намуд. Аммо бинобар мушкилоти иқтисодию молӣ аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ тамоми нобиноёни ниёзманди кишварро ба манзили зист таъмин кардан имконнопазир аст. Тибқи гуфтаи сарвари нобиноёни минтақа Умар Ёров айни замон 24 нафар аъзоёни ҷамъияти нобиноёни минтақа аз норасоии манзили истиқоматӣ мушкилӣ доранд. Бештар аз нобиноёне, ки ҷойи зисти доимӣ надоранд, дар хонаи хешу пайвандон ба сар мебаранд. Мушкили норасоии манзил боиси он шудааст, ки аъзоёни ҷавони ҷамъияти нобиноён оила барпо карда наметавонанд.

Бародарон Файзуллои 24 сола ва Сайфуллои 22-сола ки дар сехи симтурбофӣ кору фаъолият доранд. Ин бародарон аз хурди ба санъати мусиқӣ шавқу рағбат дошта имрӯзҳо баъзан бо суруду таронаҳои ҷаззоби худ дар тӯю маъракаҳои мардумӣ низ иштирок мекунанд. Сайфулло чанде дар дастаи мусиқии ҳофизаи ҷавон Матлуба Раҳимова ҳу¬нар¬намоӣ ҳам карда буд. Аммо ба гуфти худи ӯ зиндагӣ маҷбураш намудааст, ки дар ягон корхонаи махсуси нобиноён кору меҳнат намуда, рӯзгори оилаашонро бо ғизо таъмин намояд. Имрӯз 5 нафар аҳли оилаи онҳо, ки ҳамаашон аъзои ҷамъияти нобиноён мебошанд, дар манзили дуошёна истиқомат доранд. Бародарон ҳар ду ҳам нақшаи ташкили ҳаёти мустақилона доранд, аммо мушкили манзил монеи орзӯҳои онҳо шудааст. Ба гуфтаи Файзулло агар мо 15-20 соли дигар нафақаи иҷтимоӣ ва музди меҳнатамонро ҷамъ кунем ҳам, манзили истиқоматӣ харида наметавонем. Аз ин рӯ, ба кӯмаку дастгирии ҳукуматҳои маҳаллӣ ва созмонҳои хайриявӣ умед мебандем. Ман, мегӯяд Сайфулло ҳамсафари зиндагии худро интихоб кардам, аммо аз сабаби мушкили манзил мо оила барпо карда наметавонем. Гарчанде, ки ману дӯстдоштаам ягон имкони дастрасӣ ба манзили зистро надорем, аммо ба ҳар ҳол ноумед нестем. Шояд рӯзе мерасад, ки марди саховатманде дасти хайр суйи мо ҳам дароз мекунад. Фарзона Шокирова бошад баъди сӯҳбатҳои самимӣ ва рӯҳбаландии нобиноёни марказ бо дугонаи роҳбаладаш Фотима роҳ сӯйи театр мегирад. Ба гуфти ӯ баъди хатми Донишгоҳ хамчун омузгори фанни кимиё шуда кор карда наметавонад. Дар ҷамъияти нобиноён ҳам барои ӯ кор ёфт намешавад. Ягона умедаш ба устод Раҳматулло Саид- мутриби театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа мондааст, ки ӯро ба ҷодаи санъат роҳнамоӣ карда истодаст.


Юсуфи СОБИТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97