ДАСТРАСИИ ХАТЛОНИҲО БА ИТТИЛООТ

Иҷтимоъ 23.03.2010 14:10

Ба вилояти Хатлон, ки дорои қариб 2млн. 600 ҳазор аҳолӣ мебошад, ҳафтае 87 ҳазор нусха рӯзномаҳое дастраст мешаванд, ки мардум ба он обуна шудаанд. Ҳамчунин тариқи шахсони алоҳида ҳар ҳафтае ҳудуди 6 млн. нусха рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ ворид мешаванд, ки хонандагон онҳоро бо пули нақд харидорӣ мекунанд. Аз вазъи матбуот дар вилояти Хатлон аксар коршиносони соҳа изҳори нигаронӣ доранд. Рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода мегӯяд, ки мутаассифона дар мавриди вазъи матбуоти Хатлон намешавад бо оҳанги қаноатмандӣ сӯҳбат кард.

Чун имрӯз дар вилоят наздик ба 40 нашрия арзи вуҷуд доранд, ки ғолибан расонаҳои ҳукуматӣ мебошанд. Дар сатҳи вилоятӣ метавон ҳафтаномаҳои "Дӯстлик", "Новый Хатлон", "Хатлон" ва "Ҳамрози Халқ"-ро мисол овард, ки ба ҷузъ "Ҳамрози Халқ" боқӣ ҳафтаномаҳои вилоятӣ ҳар ҳафта нашр мешаванд. Ба мавзӯъ ва мӯҳтавои ин рӯзномаҳо баҳои мусбат дода наметавонам. Ҳарчанд рӯзномаҳое ҳастанд ки то 8-14 кормандони эҷодӣ доранд. Аммо бештар аз ин рӯзномаҳо он чизеро, ки ҳукумат мехоҳад ба нашр мерасонанд. Новобаста аз он ки ин рӯзномаҳо тариқи обуна нашр мешаванд ва табиист, ки ин рӯзномаҳо бояд аз хостаҳо интизориҳо ва аз дардҳои худи хонандааш сӯҳбат кунанд. Аммо мо мебинем, ки саҳифаҳои аввалу дуюму саввум ва гоҳо мешавад, ки тамоми рӯзнома вобастаи ҳукумат мешаванд. Саҳифаҳо банд мешаванд, вале ҳамоно саҳифаҳои аввал тағйир намеёбанд, аксҳо тағйир намеёбанд. Чун бештар аксҳои шахси аввали мақомоти маҳалӣ дар он якранг нашр мешаванд ин табиист ки хонандаи мо бо завқи калон ин рӯзномаҳоро хонда наметавонад. Рӯзномаҳои ноҳиявӣ низ ҳамин тавр ҳастанд. Ҳатто баъзе аз рӯзномаҳои ноҳиявӣ соле ҳамагӣ 5 маротиба нашр мешаванду халос.

Аммо бобати ҳафтаномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят "Ҳамрози Халқ" коршиносони соҳа андешаҳои дигар доранд. Чун ҳайати эҷодии ин ҳафтанома кӯшишҳое доранд, ки ахбори алтернативиро пешакши хонандагон намоянд. Дар солҳои охир ин ҳафтанома хонандаи худро ёфтааст. Аммо боз ҳам мушкили молӣ боиси он шудааст, ки ин ҳафтанома бо ҳайати нисбатан ками эҷодӣ моҳе ҳамагӣ ду маротиба пешкаши хонандагон мегардаду халос. Дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон бошад алъон ҳафтаномаи мустақиле бо номи "Пажвок" фаъол аст, ки аҳён-аҳён шумораҳои онро дар дасти хонандагони маркази вилоят вомехӯрем.

АЗ ТУЛӮЪИ "БОМДОД" САҲА РОҲГУМ ЗАД

Мутаассифона дар маркази вилояти Хатлон дигар рӯзномаи мустақил нест, ки мисли рӯзномаҳои даврии кишвар хабару мақолаҳои алтернативиро пешкаши хонанда гардонад. Дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа дар ду соли охир ҳафтаномаи ҷамъиятии "Бомдод" аз фаъолият бозмонд ва муассисонаш дар шарҳи қазия гуфтанд, ки бо сабаби мушкили молӣ наметавонанд рӯзномаро ба нашр расонанд. Воқеан лоиҳаи "Бомдод" аз ҷониби САҲА маблағгузорӣ шуда, баъдан бинобар пайдо шудани нобовариҳо ва гуногунандешиҳо миёни масъулини САҲА ва муассисони ҳафтанома "Бомдод" маблағгузорӣ нашуд. Масъулини САҲА мисли лоиҳаҳои пешанаашон дар Қӯрғонтеппа роҳҳои гуногуни давом додани ин лоиҳаро омӯхта, амалӣ карданӣ мешуданд, аммо боз ҳам масали "Восток тонкое дело"-ро сарфи назар мекарданд. Билохира САҲА бо мутахассисону машваратчиёни хеш, ки аз 56 кишвари аъзои он мебошанд, дар шаҳраки Қӯрғонтеппа бори дуюм роҳгум заданд.

Аммо ба гуфтаи рӯзноманигорони минтақа дар таъсису рушди матбуоти мустақил вобастаи бурсдиҳандаю грантдиҳандаҳо шудан хуб нест. Расонаҳои мустақил бояд талаботи тамошобин ва хонандаи худро омӯзанд, муайян кунанд, ки аз кадом роҳ метавон ба дили хонанда роҳ ёфт. То хонандаи имрӯз 1,5 сомонии худро барои харидории ин рӯзнома дареғ надорад. Мутаасифона расонаҳои маҳаллӣ ҳам ҳамин гуна таҳқиқотҳои сотсиологӣ доир карда наметавонанд ва намекунанд ва назари хонандаи худро намеомӯзанд. Ин яке аз нуқтахои заъфи масъулини расонаҳо дар минтақа мебошад.

Мушкили дигар дар соҳаи матбуоти вилоят ин бархӯрди ҳукуматдорон ба матлабҳои таҳлилию иттилоотӣ мебошад. Ба гуфтаи Носирҷон Маъмурзода чанде аз расонаҳои марказӣ, ки дар вилоят намояндагони худро доранд, андак-андак бо таври номукаммал ҳафтае як маротиба мавзӯеро аз таҳавулоти водии Вахш пешкаши хонандагон мегардонанд. Аммо ҳамоно баъзе аз масъулини ҳукуматҳои маҳал матлабҳои интиқодӣ ё матлабҳои таҳлилиро, ки воқеиятро инъикос мекунанд, чандон хуш қабул намекунад. Мутаассифона то имрӯз мансабдороне дорем, ки таҳаммули шунидани ҳарфи воқеиятро надоранд. Ва он чи ки аз воқеият гуфта мешавад ва танқид аз ҳукуматҳои алоҳида ё амалдорони алоҳида мешавад, онҳо бо дард қабул мекунанд. Мо рӯзноманигорон,- мегӯяд Носирҷон Маъмурзода боз ҳам бо таассуф иқрор мекунем, ки бо вуҷуди он ки давлати демократӣ месозем ва мехоҳем, ки як давлати иҷтимоӣ дошта бошему мардум аз ҳама лиҳоз огоҳ бошанд ва фаъолияти ҳукуматҳоямон низ шаффоф.

ТЕЛЕВИЗИОН

Тибқи маълумотҳои ба дастомада дар вилояти Хатлон пахши мавҷҳои телевизионҳои "Шабакаи-1", "Баҳористон", "Сафина", "Ҷаҳоннамо" ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа Ширкати Телевизион ва радиои мустақили "Кӯрғонтеппа", дар ноҳияи Восеъ "Мавҷи Озод", дар шаҳри Кӯлоб ТВ "Кӯлоб" ва дар сатҳи вилоят телевизиони вилоятии"Хатлон" фаъолият мекунад. Мавҷҳои ин телевизионҳо то ба баъзе аз навоҳии сарҳадии вилоят намерасанд. Чанд сол боз сокинони навоҳии Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён изҳори ташвиш менамуданд, ки дар нисбати мавҷҳои телевизионҳои кишвар шабакаҳои кишварҳои ҳамсоя фаъолтаранд.

Аммо ба гуфтаи директории телевизиони вилоятии "Хатлон" Ҳамро Салимов дар солҳои охир Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикист он баҳри фарогирии фазои иттилоотии минтақаҳои сарҳадии кишвар корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст. Имруз телевизиони вилоятии "Хатлон" ҳамагӣ 62% фазои иттилоотии вилоятро фарогир аст. Зеро то солҳои гузашта барномаҳои ин шабака дар вақтҳои муайян аз канали "Шабакаи-1"-ми кишвар пахш мешуд. Ҳоло ки ТВ-"Хатлон" соҳиби канали мустақил шудааст, норасоии паҳнкунандаҳои мавҷӣ боиси он шудааст, ки мавҷи ин телевизион то ба ҳамаи навоҳии вилоят намерасад. Ба гуфти Ҳамро Салимов бо қарори раиси вилоят Ғайбулло Авзалов дар ояндаи наздик барномаҳои ТВ-"Хатлон" бояд тариқи моҳвора паҳн шаванд, агар ин тасмимро раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастгирӣ намоянд, телевизиони "Хатлон"-ро натанҳо дар ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ, баски дар дигар кишварҳои дунё низ тамошо карда мешавад.

АЗ САРГУЗАШТҲОИ ДИГАРИ САҲА

ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Дар боби расонаҳои мустақили телевизионӣ дар маркази вилояти Хатлон мо як Ширкати телевизион ва радиои мустақили "Қӯрғонтеппа" дорем, ки аз нуқтаи назари ҳамагон барномаҳои ин телевизион хеле касифанд. Ва чунин ба назар мерсад ки ин телевизион вобаста аз фурӯши реклому эълонҳои хурд фаъолият дорад. Инки чаро дар гузашта ин телевизион байни мардум маҳбубият дошту, баъдан тамошобини худро гум кард, саргузашти дуру дароз аст. Аммо Хуршед Сафаров, яке аз собиқ директорони телевизиони мазкур мегӯяд, ки ин ширкат тибқи як лоиҳа аз ҷониби САҲА таъсис ёфта баъдан, бо "ташаббуси" ҳамин созмони бонуфуз хароб гардид. Маҳз,- мегӯяд Хуршед Сафаров бо иштибоҳу мавқеъгириҳои нодурусти масъулини САҲА дар Кӯрғонтеппа як телевизиони машҳур дар минтақа ба ҳоли барҳам хурдан афтод.

РАДИО

Ҳамин тавр дар ҳоле, ки масъулин нақшаҳои пешбиннамудаи худро бобати фарогирии фазои иттилоотии вилояти Хатлон бо шабакаҳои радиоию телевизионӣ комилан амалӣ накардаанд, дар навоҳии сарҳадии вилоят маънавиёти мардумро идеологияи бегона пур мекунад. Хуршед Сафаров як тан аз муттахассиони соҳаи радио ва телевизион, ки чанд сол боз дар пайи гирифтани литсензия барои пахши Радиои "Насими Вахш" овора ҳаст мегӯяд, ки вақти он омадааст, то масъулин барои таъсиси шабакаҳои радио ва телевизионҳои маҳаллӣ дар навоҳии дурдаст монеаҳоро бартараф созанд. Зеро мавчҳои шабакаҳои сартосарии кишвар дар ноҳияҳои сарҳадӣ фаъол нестанд ва маънавиёти мардуми сарҳадро бештар барномаҳои радио ва телевизионҳои кишварҳои ҳамсояро пур мекунанд, ки ин оқибатҳои нохуб дорад. Гарчанде ки шахсони алоҳида метавонанд ширкатҳои радио-телевизионҳои хусусиро таъсис диҳанд, аммо дар Тоҷикистон гирифтани "литсензия" имконнопазир шудааст.

Ба гуфтаи Носирҷон Маъмурзода мавҷи расонаҳои электронии кишвар то ба навоҳии дурдаст намерасанд ё шабакаҳои мо хостаҳои мардуми маҳалро бароварда намесозанд. Яъне ногоҳии худи мардум аз воқеоту рӯйдоду таҳаввулоти Тоҷикистон ва вилояти Хатлон бештар ба он вобаста аст, ки мо расонаҳои Хатлон худ наметавонем, ки фазои иттилоотиро худамон пур кунем.

Ва ҳамаи мардуми 2,5 миллионнафараи вилояти Хатлон бештар он хабареро вобаста ба таҳаввулоти вилоят мешунаванд, ки ҳукумат мехоҳад ва аз тариқи ТВ радио ва рӯзномаҳои худаш ба нашр мерасонад. Мардум ба манбаҳои дигари ахбор дастрасӣ надоранд. Ба сурати умум имрӯз на танҳо коршиносон, балки мардум ҳам аз он хабару мақолаҳое, ки дар ВАО нашр мешавад қаноатманд нест.

Бояд гуфт, ки дар қаламрави вилояти Хатлон чандин ширкатҳои тиҷорӣ арзи вуҷуд доранд, ки имкони молӣ барои таъсиси ширкатҳои радио ва телевизиониро доранд, аммо боз ҳам мушкили ҷуръати ворид шудан ба бозиҳои калони сиёсию тиҷоратӣ ва дарки моҳияти расонаҳои мустақил дар минтақа, масъалаҳое мебошанд, ки монеи таъсиси расонаҳои мустақил дар вилояти Хатлон шудааст.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97