"ПАТЕНТ"-И 1000-РУБЛӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ё пешомади корҷӯёни тоҷик дар Русия

Иҷтимоъ 17.03.2010 14:00

Иддае аз коршиносон ва кормандони мақомоти болоии Русия ин амали пешниҳодшударо хуш пазироӣ нанамуданд. Ба ақидаи ишон ин раванд метавонад аз дидгоҳи иқтисодиву сиёсӣ таъсири амиқи манфие бар ин кишвар ворид созад. Аз ҳама беш сарони шаҳрҳои бузурги Русия ба хусус пойтахти он, шаҳри Маскав сару садо баланд намуданд. Ба гуфти расонаҳои иттилоъӣ ва коршиносони рус, ҳукуматдорони ин шаҳри бузург аз рӯйи кор омадани ин қоида бисёр дар ташвишанд. Ба ақи¬даи онҳо ин раванд метавонад чандин пешомади нохуберо бо худ ба бор орад.

Нахуст теъдоди зиёди муҳоҷирин боз ҳам бештар хоҳанд шуд, ки ин боиси болоравии саффи бе ин ҳам зиёди бекорони дохиливу хориҷӣ хоҳад шуд, -мегӯянд иддае аз кормандони воломақоми ин шаҳр. То кунун аз рӯйи ҳисоботи омории Маскав беш аз ду миллион муҳоҷири ғайрирасмӣ дар ин шаҳр ва атрофи он кору фаъолият доранд, ки аксар мардикорони инфиродӣ мебошанд. Ҳукумати Маскав имсол танҳо барои 250 ҳазор муҳоҷири корӣ квота ҷудо намуду халос. Ин дар ҳолест, ки аллакай то моҳи январи соли ҷорӣ аризаи беш аз 1- миллиону 300 ҳазор нафар корҷӯёни муҳоҷирро корфармоён барои гирифтани "рухсатномаи корӣ" ба хадамоти кор бо муҳоҷирини Маскав супурдаанд. Ба замми ин, сохторҳои қудратии он иддао доранд, ки бо зиёд гаштани муҳоҷирини корӣ, теъдоди қонуншиканӣ ва ҷиноят дар ин шаҳр боло хоҳад рафт. Зеро солҳои охир чандин ҳодисаҳои нохуше, ки характери нажодиву қавмӣ доштанд, ба қайд гирифта шуд. Ба гуфти онҳо ин раванд метавонад боиси афзоиши бештари чунин ҳодисоти номақбул гардад.

МУХОЛИФАТИ ИТТИФОҚҲОИ

КАСАБАИ РУСИЯ БО "ПАТЕНТ"

Тахминан тамоми иттифоқҳои касабаи Русия норозигии хешро нисбати "патент" иброз доштанд. Ишон бо рӯйи кор омадани ин қонун, зиёд гаштани нируи бекорони бе ин ҳам бисёри кишварашонро дар назар доранд.То кунун қариб ҳафт миллион нафар шаҳрванди Русия аз бекорӣ ранҷ мекашанд. Дар баробари ин, муҳоҷирини дохилии Русия баъди суқути бисёре аз корхонаҳои атроф бештар ба пойтахти хеш, барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯй овардаанд. "Аз ин сабаб иттифоқҳои касабаи ин кишвар аз давлати Русия талаб доранд, ки на танҳо патент балки квотаи кориро низ имсол якчанд мартаба кам намояд. Баъди ҷорӣ гаштани қоидаи мазкур муҳоҷирини аз кишварҳои пасошӯравӣ омада, метавонанд тавассути "патент" қонунӣ кор намоянд, ки ин боиси авҷи нави хатари бекорӣ дар кишвар хоҳад гашт", -мегӯянд иддае аз коршиносони ин соҳа ва низ омили зиёд гаштани нируҳои нави муҳоҷирин аз ҳамсоякишварҳои собиқи "баробару бародар" ба ин шаҳр боис хоҳад шуд. Раиси Федеросиюни иттифоқҳои касабаи мустақили Русия М. Шмаков дар як нишаст ин пешомадро "Ришваи расмии давлати Русия барои муҳоҷирин" маънидод кард. Инчунин сарвари "Ҷунбиши муҳоҷирини ғайрирасмии Русия" А. Белов "даричаи наве барои муҳоҷирини ғайрирасмӣ" номгузорӣ намуд ва бисёре аз коршиносон низ норозигии хешро нисбати масъалаи мазкур дар ВАО-и дохиливу хориҷӣ иброз доштанд.

МУҲОҶИРИНИ ТОҶИКРО ИМСОЛ ЧӢ

ПЕШОМАДЕ ДАР РУСИЯ ИНТИЗОР АСТ?

Муъовини Федеросиюни кор бо муҳоҷирини Русия Палтаранин дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки айни ҳол беш аз 900 000 муҳоҷири тоҷик дар кишвари Русия кору фаъолият доранд. Имсол низ саффи қариб як миллионнафараи муҳоҷирини тоҷикро корҷӯёни ватанӣ аз нав пур хоҳанд намуд. Яке аз нишонаҳои асосии оғози мавсими муҳоҷират ин боло рафтани нархи чиптаҳои қатораву тайёра ва навбатпоийи бешумори мусофирон дар вокзалу нуқоти чиптафурӯшӣ мебошад. Ҳамасола хангоми мавсими сафари корҷӯён одатан қимати чиптаҳои қатору тайёра аз нархи доимӣ боло меравад, ки хушбахтона имсол чунин тағйирот то ба ҳол чашмрас нест. Лек маънои онро надорад, ки имсол муҳоҷирин нияти сафар надоранд. Мисли солҳои қаблӣ бисёре аз ватандоронамон боз дар талаби қути лоямут ва наҷоти хонадони хеш аз тангиву гуруснагӣ, ба Русия рӯ хоҳанд овард. Муҳоҷирати имсола мисли солҳои пеш шояд пурҷӯш нахоҳад шуд. Сабаби он авомили зер маҳсуб мешаванд: Аввалан бӯҳрони иқтисодии оламгир, ки сартосари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифт, ва Русия аз он барканор намонд. Дар асари ин бӯҳрон корхонаву коргоҳҳои зиёди давлатӣ ва ғайри он рӯ ба инқироз ниҳодаанд. Ин корхонаҳои муфлисгашта аз нотавонӣ натавонистанд дастмузди муздуронашонро бипардозанд. Чунин мавридҳое низ буданд, ки иддае аз корфармоён бӯҳронро баҳона намуда, моҳонаи коргаронро намедоданд ё ба қавли машҳур миёни мардум "кидат" мекарданд. Дар ин падидаи нохуш беш аз ҳама "гастарбайтер"-ҳо ва корҷӯёни ғайрирасмӣ зарар диданд. Бештари муҳоҷирини тоҷик, одатан, ғайрирасмӣ кору фаъолият доранд ва аксаран гирифтори ин офат гаштанд. Ин ҳолат дар аксари корхонаҳои ғайрирасмӣ яксон буд. Аз ин рӯ бархе аз ҷавонони корҷӯ бо ҷайбҳои тиҳӣ ба ватан баргаштанд ва ҳоло дар як ҳолати навмедӣ қарор доранду дигар фикри ғурбатро ба сар намеоранд.

ПОНЗДАҲНАФАРӢ ДАР

ҲАР КАППАИ ТОРИК

Туроб ном муҳоҷири собиқадори тоҷик дар Русия, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе машғули мусофиркашӣ мебошад, чунин гуфт: -Солҳои зиёд дар Маскав боркашӣ (грузчик) мекардам. Порсол бисёре аз анборҳои (склад) умдавӣ баста шуданд. Ягона "бӯйи умед"-и мо мардуми тоҷик, ба хусус кӯҳистониён, бозори Черкиз буд, ки низ баста шуд. Имсол то ҳол куҷо рафтанамро намедонам. Бо маблағи каму беш доштаам ва ёрии бародаронам як "Тангем" харида, каме бошад бе миннати "хоҷагон"-и бегонаву миёнравони худӣ рӯзамро бурда истодам. То ба ҳол тасмими дурусте барои рафтан нагирифтаам. Агар бинам, ки корам омад кунад, ҳаргиз дигар ёди ғурбатро нахоҳам кард. Чандин ҷавонони дигареро во хӯрдам, ки дар соҳаҳои гуногун имрӯзҳо фаъолият намуда, дигар фикри ғурбатро дар сар надоранд.

Сабаби дигари кам гаштани муҳоҷирини имсола бар нагаштани теъдоди зиёди муҳоҷирини тоҷик аз Русия мебошад. Солҳои аввал тоҷикон асосан муваққатӣ барои кор сафар менамуданд. Шумораи асосии онҳоро теъдоди муҳоҷирини мавсимӣ ташкил медод. Чи тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, солиёни баъд бештари муҳоҷирин барои якчанд сол ё доимӣ ба таври оилавӣ сафар намуда истодаанд. Ҳоло дар аксари шаҳрҳои Русия оилаҳои бешумори тоҷик маскан гузидаанд. Инчунин омили дигари кам будани нируи имсолаи муҳоҷиринро ба Русия барнагаштани қисми зиёди онҳо бо надоштани маблағи кифоя барои бозгашт ба диёр метавон ба қалам дод. Ҳангоми дар Маскав буданам бо ҷавононе рӯ ба рӯ шудам, ки моҳҳо бекор дар каппаҳои тахтагини атрофии ин шаҳри овозадор иқомат доштанд. Дар "Шитниково" ва "Абрамтсево" ном мавзеъи назди Маскав ба як гурӯҳ тоҷиконе рӯ ба рӯ гаштам, ки даҳ понздаҳкасӣ дар чунин каппаҳои валангор мезистанд. Шояд бовари кас наояд, лек бо чашмони хеш дидам, ки онҳо аз тамоми шароитҳои зисти инсонӣ маҳрум буда, дар ҳамин кишвари сар то сар чароғон, ҳатто рӯшноии барқ ҳам надоштанд. Ҳама доди бепулӣ ва бекорӣ мезаданд. Ягона манбаи рӯзгузаронии онҳо поккории "дача"- ҳо ва баъзе майдакориҳои дохили онҳо буду бас. Ҳангоме аз онҳо дар бобати бозгашт ба Ватан пурсон мешудам, ҳама муфлисиву тангдастиро баҳона пеш меоварданд. Аз чанд тани онҳо хоҳиш намудам, ки аз чунин рӯзгори тоқатфарсои миёшикан кардан, беҳтараш пеши зану фарзанди хеш баргарданд, аммо набудани шароити кори хуб дар Ватанро баҳона намуда, "дунё ба умед"-гӯён дар интизори "сезон"-и навин бо чунин аҳвол рӯз "кӯр" намуда истодаанд…

ТОҶИКОНРО ЧӢ ИНТИЗОР…

ё "патент" ва хубу бади он

Бояд зикр намуд, ки баъди рӯйи кор омадани ин қонуни нав шояд барои корҷӯёни тоҷик шароите беҳтар фароҳам ояд. Зеро ба қавли ҷонишини сарвазири Русия Александр Жуков "Лоиҳаи қонун ин на танҳо қонунӣ кардани онҳо дар Русия ҳаст, балки метавонад муҳоҷиринро аз ришвадиҳӣ ва худсарии рутбадорон наҷот диҳад". Яъне бо дарёфти "патент" муҳоҷирин ҳамчун як инсони комилҳуқуқи андозсупор аз тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дифоъ хоҳанд шуд. Ҳамзамон муддати истиқомати хешро корҷӯён бо доштани ин аснод метавонанд, то ду сол тамдид намоянд, ки тибқи қонуни фаъоли ҳозираи кишвар муҳоҷирин танҳо иҷозаи то 90 рӯз истоданро доранду тамом. "Патент" тавре дар матлаби пешин ёд шуда буд, бидуни квота буда барои корҷӯёни инфиродӣ дода мешавад, ки бисёре аз ҳамватанони мо метавонанд аз ин ба баъд дар куҷое набошанд, ба таври расмӣ кору бор намоянд. Аммо дар куҷо?

Вазъ ва дарёфти кор ба фикри коршиносон, чун солҳои пеш дар ин кишвар хуб нахоҳад буд. Агар аз як тараф муфлисшавии коргоҳҳо сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар вуруди муҳоҷирини бешумори давлатҳои пасошӯравӣ дарёфти корро сангинтар менамояд. Илова бар ин ҷаноби Владимир Путин дар вохӯрии хеш бо Федеросиюни кор бо муҳоҷирини Русия таъкид намуд, ки дар мадди аввал бояд бештар ба корҷӯёни дохилӣ диққат диҳанд. Пеш аз ҳама имтиёз бояд ба корҷӯёни "худӣ" дода шавад, ки ин низ як садди наве барои муҳоҷирини беруна хоҳад буд. Дарёфти хобгоҳ ва қайди муваққатии зист ҳам маблағи муайянеро зарур аст, ки дар ин шароит на ҳамаи муҳоҷирини тоҷик метавонанд онро дастрас намоянд. Харидани ҳармоҳаи "патент" низ то ба ҳол маълум нест, ки бо кадом роҳҳо сурат мегирад. Зеро дар пайи таҷрибаҳои чандинсолаи дар ин кишвар доштаам медонам, ки ин раванд бештар тавассути миёнравон ва қаллобон сурат хоҳад гирифт, ки боиси роҳи нави ришвахории рутбадорон ва балои наве барои корҷӯён хоҳад гашт.

АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ

Бояд ҳушдор дод, ки масъалаи сафари муҳоҷиратро дар якҷоягӣ бо кормандони давлатӣ ва ғайридавлатии ин соҳа бояд андешид. Метавон қайд намуд, ки солҳои охир аз ҷониби давлат ва созмонҳои гуногуни дигар кӯшишҳои назаррасеро анҷом додаанд. Онҳоро мебояд аз ин баъд дастаҷамъӣ стратегияи муайянеро оиди муҳоҷирини тоҷик тартиб диҳанд то битавонанд ин "сели пурталотумро"-ро ба низом оваранд. Агар Худо нокардаву корҷӯёни тоҷик чун ҳамасола, таваккалии "рафтем як бало мекунем" савори қатор гарданд, пешомади нохушеро хоҳанд дарёфт. "Аз мост, ки бар мост" ва агар чӣ тавре мегӯянд боз "тоҷикӣ карда" рӯй ба диёри дур намоянд, дигар ҳоҷати гап нест..

Хушбахтона бино ба гуфти муҳоҷирини дар Маскав буда, то ба ҳол ягон тағйироте дар дар бораи қонуни нави қабули кор дар ин шаҳр набаромада аст. Тибқи иттилоъи расонаҳои Русия ин қонун аз 1-уми июли соли ҷорӣ ба пуррагӣ амалӣ хоҳад шуд.

Бо умеди рӯзгори хубу ояндаи рӯшану сарбаландии ҳамватанони дар ғурбату муҳоҷират...


Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97