РОҒУН ИЗЗАТИ МИЛЛИСТ Онро доғдор накунед!

Иҷтимоъ 15.03.2010 13:46

Тоҷикистон наздик ба ду даҳа аст, ки дар фазои истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ба сар мебарад. Дар ин муддати кутоҳи таърихӣ ҳаводиси зиёде барои кишвари азизи мо пеш омад, ки муҳимтаринаш эълони истиқлол, ҷанги таҳмилшудаи дохилӣ, сулҳ ва оғози сохтмонҳои бузург ба шумули неругоҳҳо, роҳҳо ва нақбҳо аст. Ҳамаи ин ҷараёнҳо ва ҳаракатҳо дар қолаби раванди талош барои барқарорӣ ва пойдории давлатдории миллӣ қобили арзёбӣ мебошад.

Маъмулан кишварҳо ва миллатҳо дар ин ҷода ногузир ба тасмимгириҳои сарнавиштсоз, тоқати сахтиҳо ва пушти сар гузоштани марҳалаҳои гуногун ва гоҳо пуртазод ҳастанд. Натиҷабахш будани ин марҳалаҳо аз бисёр ҷиҳат ба тасмимгириҳои саривақтӣ ва дурусти раҳбарон ва нухбагон (чеҳраҳои таъсиргузор) ва ҳимояти оммаи мардум ё ҳадди ақал табақаҳои огоҳи ҷомеа аз ин тасмимҳо вобаста аст. Намунаи рушани ин баҳс сулҳу созиши тоҷикон ба шумор меравад. Боиси хушнудӣ аст, ки ҳамин масъала дар мавриди сохтмони неругоҳи Роғун дар ҳоли такрор шудан аст. Дар асл метавон Роғунро як навъ такмилкунандаи ҳалқаи оғозин ё нахустин марҳалаи таҳкими Истиқлол ва эҳёи давлатдории тоҷикон пас аз ҳазор соли давлати Сомониён номид. Дар айни замон тафовути такмили сохти неругоҳи Роғун аз масъалаи истиқлол ва сулҳ, баргирифта аз иродаи худӣ будани он аст. Таври маълум дар равандҳои қаблӣ (истиқлол ва сулҳ) нақши омилҳои беруни пуррангтар аз омилҳои дарунӣ ва ҳамроҳ бо мушкилоти хоси худ буданд. Аз сӯи дигар ин ҳақиқатро низ набояд нодида гирифт, ки Истиқлол ва Сулҳ аз ин ҷиҳат азизу муқаддас ва сарнавиштсоз шумурда мешаванд, ки зимни шиносондан ва нигоҳ доштани Тоҷикистон чун як кишвари соҳибихтиёр, заминаи созандагиҳои бузурге чун сохти неругоҳи азими Роғунро фароҳам оварданд.

ОЗМУНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

Имрӯз Роғун неругоҳ нест,

Набардгоҳ аст,

Набардгоҳи Нуру Зулмат,

Набардгоҳи Ҳастиву Нестӣ,

Роғун фалсафаи худии мост!

(Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ)

Баррасии паҳлӯҳои иқтисодӣ ва зистмуҳитии неругоҳи Роғун ва ин масъала, ки чаро Роғун дар даврони шӯравӣ сохта нашуд, ба души мутахассисон ва огоҳон дар ин гуна масоил аст ва аз ӯҳдаи мо хориҷ мебошад. Мо дар ин навишта мехоҳем сохти неругоҳи Роғунро аз ҷанбаҳои маънавӣ ва ҷомеашиносӣ мавриди арзёбӣ қарор диҳем.

Роғун бидуни баҳс як иншооти бузурги энержӣ аз як тараф ва дорои аҳамияти миллӣ ва минтақаӣ аз тарафи дигар аст. Маҳз ҳамин ду мавзӯъ боис шудааст, ки сохти Роғун сару садоҳои зиёдеро ба по кунад. Шароити хоси геополитикии Тоҷикистон боис шудааст, ки моҳияти миллӣ- минтақаии Роғун беш аз ҷанбаи иқтисодӣ, ки маъмулан дар мавриди ин гуна тарҳҳо матраҳ аст, мадди назар қарор гирад. Неругоҳи Роғун аз замоне, ки давлати Тоҷикистон тасмим ба сохти он бо имконоти худӣ гирифт ва мардум ҳам ба дархости Раиси ҷумҳурӣ барои хариди сахмияҳои он посухи мусбат дод, аз доираи як нақшаи иқтисодӣ хориҷ шуд ва ба як барнома дар чаҳорчӯби ормони миллӣ ва бақои давлатдории Тоҷикистон табдил ёфт. Коршикании ширкати "Русал"-и Русия ва мухолифати Узбакистон ҳам ба доманаи аҳамияти ин мавзӯъ афзуд.

Маъракаи нав барои сохти неругоҳи Роғун дар ҳоле бо сару садоҳои зиёд оғоз шудааст, ки ин раванд дар сурати муваффақиятомез буданаш, метавонад чанд омили муҳимро барои имрӯз ва ояндаи давлатдории Тоҷикистон ва такомули миллии тоҷикон шакл диҳад ва ё такмил кунад ва медиҳад. Ин омилҳо ба тартиби зер мебошанд:

1. Ҳамбастагӣ миёни давлат ва миллат

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ ба ин умед буд, ки Русия ба ҳайси меросбари аслии Шӯравӣ неругоҳи Роғунро ба поён мерасонад ва масьулони русӣ ҳам дар фурсатҳо ва шеваҳои гуногун худро созандаи аслии он муаррифӣ мекарданд. Аммо бо вуҷуди талаф шудани вақту имконоти фаровон дар Роғун ба иборате "санге болои санг" гузошта нашуд. Идомаи ин моҷаро метавонист асл ва ояндаи сохти неругоҳи Роғун ва истиқлоли энержии Тоҷикистонро дучори хатар кунад. Дар чунин шароит Давлати Тоҷикистон аз чанд сол пеш, ки нисбат ба ҳамкории ҷиддии тарафҳои хориҷӣ, бахусус ширкати "Русал" ноумед шуд, даст ба иқдомоте зад, ки дар ниҳоят масъалаи сохти Роғун бо имконоти худиро ба миён овард. Истиқболи қобили қайди мардум аз пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон барои хариди саҳмияҳои Роғун ба вежа дар рӯзҳои нахусти ин маърака гӯшаҳое аз ҳамбастагии давлат ва миллатро ба намоиш гузошт. Мардум ба қадри тавон ва новобаста аз мушкилоти иқтисодии худ мушорикат дар сохти ин тарҳи миллиро пазируфтанд. Пуштибонии ҳамаҷонибаи ҳизбҳои сиёсии рақиби ҷиноҳи ҳоким ба вежа ҲНИТ ва шахсиятҳои шинохташуда аз масъалаи хариди саҳмияҳо, ҷушу хурӯши маъракаи ҳамбастагиро пурранг кард. (Бемаврид нест, ин ҷо ёде ҳам бикунем аз шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, ки ҳанӯз солҳо пеш дар сафаҳоти нашрияи "Миллат" масъалаи миллӣ кардани неругоҳи Роғун ва дигар корхонаҳои бузургро ба миён гузошта буд. Он замон бисёриҳо ин гуна пешниҳодҳои ӯро афсона ва ғайриамалӣ мепиндоштанд.) Бешак идомаи ҳамовозӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии миллӣ бастагӣ ба садоқат ва аз ӯҳдаи боварии мардум баромадани масъулон дорад. Табиист, ки пойбанд набудани онҳо ба ваъдаҳояшон ва ё мавридҳои ногувор ва ҷанҷолбарангезе ба мисли маҷбуркунии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба хариди саҳмияҳо ва вориди бозиҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву ҳизбӣ кардани мавзӯи Роғун аз боварии мардум ба ҳукуматдорон мекоҳад ва ба раванди ҳамбастагии миллат ва давлати Тоҷикистон зарба мезанад.

Ҳамбастагии миёни давлат ва миллат ё ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин омилҳои бақои ҳар миллат ва кишвараст. Ин ҳақиқати бидуни инкор болотару фаротар аз ҳар гуна гароишҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву қавмӣ қарор дорад. Дар шароите, ки истиқлоли Тоҷикистон аз ҷиҳат¬ҳои мухталиф бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст (бозиҳои пасипардагии қудратҳои ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна, ҷанги Афғонистон, Алқоида ва Толибон, терроризм ва ифротгароии динӣ, таблиғоти оинҳои бегона, маводи мухаддир) ин мавзӯъ аҳамияти сад чандон пайдо мекунад. Ба ҳамин далел ҳар сокини Тоҷикистон боистӣ нахуст дар фикру зеҳн, сипас дар рафтори худ ба ормони ваҳдати миллӣ пойбанд бошад. Ин интизор ба хусус аз ҳукуматдорон, рушанфикрон ва дар умум ҳамаи онҳое, ки дам аз ватандӯстӣ ва имондорӣ мезананд, вуҷуд дорад. Албатта набояд фаромӯш кард, ки сӯъистифода ё истифодаи ғаразнок аз арзишҳое чун ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ паёмади хатарнок дорад ва дар ниҳоят суде барои миллат ва меҳан ва ҳатто худи сӯъистифодакунандагон нахоҳад дошт. Бинобарин лозим аст дар масъалаи умумимиллие чун сохти Роғун аз ҳаргуна ғаразварзӣ, ҳангомабозӣ ва истифодаи абзорӣ ва сиёсӣ парҳез шавад.

2. Худбоварӣ

Худбоварӣ, такия ба ирода, ақл, заковат ва истеъдоди атокардаи Худованд ва дода нашудан ба ваъдаҳо ва фиребҳои бегонагон аз омилҳои муҳими пешрафту комёбии ҳар инсон, миллат ва кишвар аст. Аз сӯи дигар набуди ин омил боиси вобастагиҳо ва ақибмондагиҳо хоҳад шуд. Ҳамон тавре ки Аллома Иқбол - ин бедоргари бузурги Машриқ мегӯяд:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон!

Миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳову борҳо ба сабаби маҳрум будани раҳбарон аз сифати олии худбоварӣ ва иродаи миллӣ дучори зарбаҳо ва зарарҳо шудааст. Яке аз ин гуна иттифоқоти даврони муосир, миллӣ эълон нагаштани Артиши ба меросмонда аз Шӯравӣ ба далели худбохтагии Раиси ҷумҳурии он замон буд...

Такмили сохти Роғунро бо шевае, ки акнун дар пеш гирифта шудааст, бемуҳобо метавон намунаи рушане аз худбоварӣ ё дурусттараш борвар шудани фикр ва тасмими худбоварона номид. Ин фику тасмим дар паи интизориҳои тӯлонӣ ва беҳосил аз тарафҳои хориҷӣ ва низ сахтиҳои тӯлонӣ бар асари камбуди барқ падид омадааст ва месазад, ки ба фоли нек гирифта шавад. Умедворем, ки мақоли "дер ояду шер ояд" дар ин маврид бо воқеият ҳамроҳ шавад. Худбоварии тавъам бо мантиқу хирад ва тадбиру дироят, шукуфоии маънавиву моддӣ, худкифоии иқтисодӣ ва дар ниҳоят ғуруру ифтихори миллиро дар пай хоҳад дошт. Намунаи барҷастаи ин равандро метавон дар мисоли барномаи ҳастаии сулҳомез ва дигар пешрафтҳои илмӣ-техникии кишвари ҳамзабони Ирон ва низ эҳёи давлатдории Русия пас аз рӯи кор омадани Путин мушоҳида кард.

3. Оянданигарӣ

Муҳаттир Муҳаммад - меъмори пешрафту тараққии Малайзия дар китоби пурарзиши хеш "Нидои Осиё" чунин менависад: "Миллатҳое метавонанд пешрафт кунанд, ки дар гузаштаи хеш боқӣ намонанд, балки рӯ ба оянда ҳаракат кунанд". Аз ин назар тарҳи такмили сохти Роғун чун як гоми бузург ба ояндаи рушан қаламдод мешавад. Албатта дурахшандагии ин оянда худ ба худ таъмин намешавад, балки ниёз ба поймардиву аз худгузаштагиҳо ва дурандешиҳо дорад. Идомаи сохти Роғун то баҳрабардории ниҳоии бо назардошти мухолифатҳои хориҷӣ мушкилоти маъмулии иқтисодии Тоҷикистон, таъмини ниёзи зикршударо беш аз пеш зарурӣ ва ҳаётӣ ҷилвагар мекунад. Бо вуҷуди ҳамагуна масоил ва мушкилоти эҳтимолӣ, нуқтаи хурсандибахш перомуни неругоҳи Роғун ин аст, ки ин "сохтмони аср" дар якҷоягии дигар тарҳҳои бузурги миллӣ аз ҳамакнун навъе аз умедворӣ ва дилгармиро дар ҷомеа нисбат ба истиқлоли энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, ҷуброни ақибмондагиҳои иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ояндаи шукуфони Тоҷикистонро падид овардааст. Аз ҷумла ҳамин далелу ангеза аст, ки Раиси ҷумҳурӣ бо "ғояи миллӣ" номидани тарҳи неругоҳи Роғун вежагиҳои онро чунин баён кардааст: "Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонаводаи мардуми мо мебошад. Аз ин рӯ, саҳмгузорӣ ба ин иншооти аср қарзи фарзандии ҳар як инсони худогоҳ ва фарзи мусулмониву имондории ҳар шахси мӯъмин ба шумор меравад".

4. Тақвияти ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ

Мавқеият ва ҷойгоҳи кишварҳо ва давлатҳо дар муодилоти байналмилалӣ вобаста ба тавоноиҳои сиёсӣ, маънавӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва амниятии он андозагирӣ карда мешавад. Табиати зиндагии башарӣ ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ он аст, ки ба таври табиӣ ба ҷомеаҳо ва кишварҳои заифу ақибмонда баҳо дода намешавад, баракс давлатҳо ва миллатҳое соҳиби ҳарф ва ҷойгоҳ ҳастанд, ки аз тавоноиҳои ёдшуда бархурдоранд. Пайванд ба ин матлаб ошкоро метавон аз Роғун ба унвони омили муҳими тақвияти ҷойгоҳ ва эътибори минтақаӣ ва байналмилалии кишвари азизамон ном бурд. Истиқлоли энержие, ки бар асари сохти Роғун ва дигар неругоҳҳои хурду бузург таъмин мешавад, дар навбати худ таъминкунандаи энержӣ ба кулли кишвар ва содиркунандаи он ба хориҷ хоҳад шуд. Як нуктаро ҳамин ҷо ҳам бояд қайд кунем, қотеъияти давлати Тоҷикистон дар сохти Роғун ба худии худ гиреҳкушои бисёре аз масоил ва ҳамворкунадаи роҳҳои душворгузар хоҳад шуд. Дар ин замина мешавад, аз ибрози алоқаи давлатҳои Қазоқистон, Ирон, Покистон, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ва чандин ширкати Русия барои мушорикат дар сохти НБО Роғун ва дигар тарҳҳои энержии Тоҷикистон ёд кард, ки ҳамагӣ таи моҳҳои охир ва ба дунболи истодагӣ ва муқовимати Тоҷикистон дар муқобили мухолифати бедалели Узбакистон нисбати Роғун ва албатта эҷоди фазои ҳамбастагӣ миёни миллат ва давлати Тоҷикистон дар ин масъалаи бузурги миллӣ, шакли ҷиддитареро ба худ гирифт. Ҳарчи мо ба самти такмили сохти Роғун пеш биравем, ба ҳамон андоза раванди зикршуда суръат хоҳад гирифт, ки дар натиҷа ба боло рафтани ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмилалии Тоҷикистон оварда мерасонад. Роғун ба як калом озмуни бузурге барои иззату эътибори миллат ва бақои давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон аст. Баранда шудан дар ин озмун, моро ба барандаи бузург дар бисёре аз муодилоти дохилӣ ва хориҷӣ табдил хоҳад кард!

СОЗАНДАГИҲО НИЁЗМАНДИ ОРОМИШ ВА СУБОТ АСТ

Ҳарчанд ки мо нисбат ба сохти неругоҳи азими Роғун хушбин ҳам бошем, ки ҳастем, вале набояд ин воқеиятро аз ёд бубарем, ки ин барномаи бузург ва сарнавиштсоз ниёзманди фазои ором ва муносиб аз ҳама паҳлӯҳо иборат аз сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар аст. Фазои муносиб замоне метавонад ҳукмфармо бошад, ки ҳамагон ё ҳадди ақал бештари шаҳрвандони Тоҷикистон зарурати ин масъалаи муҳимро дарк кунанд. Бархе ҷанҷолҳо ва кашмакашҳои ҳуқуқӣ - иҷтимоии давомдор ва камарзиш, ки ҳар гоҳе дар сатҳи ҷомеа буруз мекунад, монеъ аз таҳкими оромиши хотири аҳли ҷамъият гардида, боиси ба миён омадани ҳаргуна шубҳаву нобовариҳо ва ба ҳадар рафтани вақту фурсат ва манбаъҳои молӣ мешаванд. Қазияи маъруфи додгоҳии нашрияҳо кашмакашҳои ҷиноҳ¬ҳои ҳизби демократ, моҷарои ҳиҷоб дар мактабҳо ва донишгоҳҳо аз намунаҳои раванди зикршуда аст. Албатта рушди ҷомеа бидуни ихтилофи назар ва таззоду рақобат имконпазир нест, вале бояд эътироф кард, ки бисёре аз ихтилофот ва сарусадо эҷодкуниҳо дар ҷумҳурӣ сунъӣ ва ба муроди бегонагон аст то ба нафьи давлату миллат! Ба ақидаи бештари соҳибназарон ва дилсӯзони ватан лозим аст, аз ин пас ба хотири таъмини оромиши бештар ва равона кардани диққатҳо ба самти корҳои арзишманд, зарурӣ ва созанда амсоли сохти НБО Роғун пеши роҳи ин гуна баҳсу ҷадалҳои бефоида ва низоъофарин гирифта шавад. Дар ин замина масулияти ҳукуматдорон беш аз дигар қишрҳои ҷомеа аст. Ҳукуматдорон бояд ин ҳақиқатро бипазиранд, ки наслҳои оянда аз онҳо на ба хотири қасрҳову дороиҳо, қудратнамоиву фармонравоӣ ва курсиҳои банднамудаашон, балки ба хотири корҳои нек ва созанда ба некӣ ном хоҳанд бурд. Мақому мансаб ва ҳарчи вобаста ба ин дунёст гузарост, ин танҳо номи нек аст, ки мемонад. Ишораи Ҳаким Фирдавсии покзод ба ҳамин арзиш аст, ки аз забони Рустами Дастон мегӯяд:

Ба номи накӯ гар бимирам равост,

Маро ном бояд, ки тан маргрост!

БО ИРОДА ВА МАНТИҚ ДАР

МУҚОБИЛИ ФИШОРҲОИ УЗБАКИСТОН

Мавзӯъи дигаре, ки дар ин бахш аз мақола лозим ба зикри он аст, муносиботи ғайридӯстонаи давлати Узбакистон бо ҷараёни таҳаввулоти Тоҷикистон ба таври умум ва неругоҳи Роғун ба таври хос мебошад. Бархе назарҳо матраҳ мешаванд, ки гӯё тан додан ба хости давлати ҳамсоя дар масъалаи Роғун боис хоҳад шуд, ки Тошканд аз "аспи қаҳр пиёда" ва муносибати ду тараф дӯстона мешавад. Аммо пешинаи бархурди ҷумҳурии ҳамсоя бо қазияҳои ҷумҳурии мо (дахолат дар ҷанги дохилӣ, ширкат накардан дар раванди сулҳ бар хилофи дигар кишварҳои минтақа, мингузориҳои фоҷеабори мар¬зӣ, озору азиятҳои ҳамешагии муҳоҷирони раҳгузар ва мусофирони тоҷик, боз доштани ҳаракати қаторҳои борбар, қатъи мураттаби газ ва барқ ва муҳимтар аз ҳама созмондиҳии таҷовузи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд ва сипас паноҳ додан ба ӯ ва думравонаш, ва даҳҳо мавриди дигар) намоёнгари он аст, ки ингуна бархурдҳо ва сиёсатҳо бунёдин (систематӣ) аст ва интизор доштани ин ки, ба осонӣ тағйир мекунад соддалавҳие беш нест. Давлати Тоҷикистон барои муқобила бо фишорҳо ва дахолатҳои давлати ҳамсоя 3 роҳ дар пеши рӯ дорад.

1) Содиқона рӯ овардан ба миллат ва бардоштани гомҳои ҷиддӣ дар роҳи таҳкими ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ. Таҷрубаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки давлатҳои такия карда ба миллати хеш тавонистаанд дар баробари фишори берунӣ муқовимат кунанд ва пирӯз шаванд.

2) Музокира барои рафъи нигарониҳо ва ё дурустараш бардоштҳои нодурусти мақомоти Тошканд аз қазияи Роғун ва дигар неругоҳҳо. Маҳалли баргузории ин музокирот, ҳамон тавре ки дар ҷавоби сарвазири Тоҷикистон ба номаи охири ҳамтои узбакаш низ зикр гардида, ба таври ҳатмӣ бояд Душанбе бошад. Зимнан, посухи Душанбе ба иқдоми охири Тошканд яке аз иқдомоти сазовори ситоиш дар ростои ҳимоят аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон буд...

3) Ба муҳокимаи ҷомеаи ҷаҳонӣ кашондани мавзӯи фишорҳо ва ҳуқуқпоймолкуниҳои Узбакистон дар баробари тоҷикон ва Тоҷикистон, бахусус дар моҷарои Роғун. Дар ин замина истифода аз "дипломатияи кубанда" шояд яке аз воситаҳои коромад бошад. Ба баёни дигар, тавре ки Муҳиддини Кабирӣ-Раиси ҲНИТ гуфтааст: "Атрофи масъалаи "Роғун" бояд аз мавқеъи худдифоӣ гузашт кард. Мутаассифона, мо дар мавқеи дифоъ қарор дорем ва танҳо ҷавоб мегӯем ба ҳамлаҳои дигарон. Мо бояд ибтикорро ба даст бигирем, чун Роғун барои мо лозим аст. Агар аз нигоҳи дигарон Роғун эҳтимоли баъзе хатарҳоро барои онҳо дошта бошад, насохтани он ин эҳтимол нест, ин хатари воқеӣ барои кишвар ва миллати мо аст."

МАРДУМ ГУНОҲ НАДОРАД

Лозим ба зикр аст, ки сиёсатҳои маълуми ҷумҳурии ҳамсоя дар баробари Тоҷикистон дар долонҳои ҳукуматии Тошканд барномарезӣ мешавад ва наметавон онро бо муносиботи мардуми оддии ин кишвар нисбати ҳамсоягони хеш як донист. Мардуми тоҷику узбак садсолаҳост, ки ба таври мусолиматомез дар канори ҳам зиндагӣ кардаанд ва ҳеч шубҳае нест, ки ҳамчунон ин ҷараён идома хоҳад дошт. Бо назардошти ин асл умед аст, раҳбарияти Узбакистон даст аз мушкилофариниҳо нисбати Тоҷикистон хоҳанд бардошт. Истифода аз равишҳои ғайридӯстона ва ғайримантиқӣ дар муносиботи байниякдигарӣ роҳи ҳали масоил ва нофаҳмиҳо нест. Таърих собит кардааст, миллатҳо ва давлатҳое, ки аз ҷониби тарафҳои хориҷӣ бо фишор рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҷиҳати масоил ва мушкилоти пеши рӯ қотеътар ва пухтатар мешаванд. Ҳамин сарнавишт акнун барои тоҷикон ва Тоҷикистон пеш омадааст. Аз ин нигоҳ давлатдорони ҳамсоя ба яқин бояд ин амрро бипазиранд, ки давлати Тоҷикистон ногузир ба гирифтани тасмимҳои қатъӣ барои ободонии кишвар ва сохту созҳои бузург аст.

ОППОЗИТСИЯ БОЯД

РОҒУНРО ҲИМОЯТ КУНАД!

Бояд гуфт муқобила бо дахолатҳои ҳукумати ҳамҷавор танҳо кори давлат ва расонаҳо нест. Ҳамон тавре ҳукумати Узбакистонро дар ҳамла ба масалаи неругоҳҳои Тоҷикистон сомонаҳои интернетии вобаста ва ҳатто ҳизбҳои мухолиф Бирлик ва Ерк ва ҷунбиши ифротгарои Ҳизбут-таҳрир кумак мекунад, лозим аст, ки аҳзоби сиёсӣ, ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ, намояндагони илму фарҳанг, ҳунар ва рӯҳонияти Тоҷикистон низ барои дифоъ аз Роғун - чун рамзи ободонии кишвар даст ба кор шаванд. Рушод бояд мақсади аслии сиёсатмадорони Тошканд ва думравонашон дар моҷароҷӯиҳои охир Роғун нест, балки мамониат аз ободонӣ ва сарбуландии Тоҷикистон ва дар ҳолати заъфу сустӣ нигоҳ доштани он аст. Албатта онон ин гуна бархурдро бо дигар ҳамсоягонашон ҳатто ба рағми ҳамзабонӣ ҳам доштаанд. Узбакистон мехоҳад ба қудрати яккатоз дар Осиёи Миёна табдил шавад ва хусумат ва рақобат бо ҳамсоягонаш низ бар ҳамин асос сурат мегирад. Дар чунин вазьият ҳаққи табии Тоҷикистон аст, ки барои дифоъ аз манофеъи миллӣ талош кунад ва табиист, ки ҳамагуна дахолати хориҷӣ ҳам наметавонад монеъи таъмини ин ҳақ шавад.

Идомаи дахолат дар умури дохилии Тоҷикистон ва мухолифат бо барномаҳои ободонии ин ҷумҳурӣ ба манфиати дарозмуддати худи Узбакистон ҳам нест. Мақомдорони узбак дер ё зуд ин воқеиятро дарк хоҳанд кард, ҳамон тавре ки Рафиқ Нишонов - раҳбари Узбакистон дар солҳои охири шӯравӣ ба бархе иштибоҳоти пешгузаштагонаш дар қудрати Тошканд нисбати тоҷикон эътироф карда буд.

РОҒУН - ОҒОЗИ ҲАЛҚАИ НУРОНӢ

Насли имрӯзи ҷомеаи тоҷик дар марҳалаи ҳассосе аз рушди давлатдории миллӣ қарор дорад, ки муҳимтарин нишонаи он таҳкими амният ва созандагиҳои бузург ба шумули неругоҳҳои барқи обӣ ва роҳҳову тунелҳо аст. Солҳои бузургдошти Имоми Аъзам ва маорифу фарҳанги фановарӣ аз дигар осори арзишманд ва хотирмони ин марҳала аст. Дар чунин вазъият миллӣ шудани сохтмони Роғун ба қавле "нур болои нур аст". Ҳаминро ҳам дар охири матлаб арз карданием, ки сохти Роғун ҳадафи ниҳоӣ нест, балки умедворем, ин тарҳ ва равиши сохти он поягузори даҳҳо ва ҳатто садҳо тарҳу барномаи созанда ва коромад барои ифтихори миллӣ ва пояндагии истиқлолу давлатдории Тоҷикистон хоҳад буд.


Ҳошими Холзодаи НЕКВАРЗ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97