КӮЛОБ: БЕМОРИ СИЛ БОЯД БИМИРАД?

Иҷтимоъ 13.03.2010 18:00

ПАҲНКУНАНДАИ СИЛ КИСТ?

Рухшона ном зан пас аз се моҳи бистарӣ дар беморхонаи маркази бемориҳои зидди сили минтақаи Кӯлоб дар ҳолати вазнин ҷавоб дода шуд. Ба қавли Сӯҳроб- шавҳари ин зан,се моҳ қабл ҳамсараш бо пои худ ба ин беморхона омада буд. Ҳолаш хуб буд ва танҳо месулфид, вале пас аз моҳе ба истилоҳ "табобат" дар ин беморхона вазъи саломатиаш нигаронкунанда шуд. Дар чунин ҳолат пизишкон ӯро аз беморхона ҷавоб доданд. Бидуни андешаи оне, ки ин бемор имкон дорад, дар хона нафарони солими дигарро сироят кунад.

Раҳматулло Ҷумъаев, директори беморхонаи бемориҳои зидди сили минтақаи Кӯлоб сабаби ҷавоб додани беморро дар пайдо накардани дарди ӯ баста медонад. Аммо ба иқрори ӯ чунин ҳолат давоми соли ҷорӣ барои аввалин бор набудааст. Соли гузашта беш аз сад нафар табобат наёфта аз беморхона дар ҳолати вазнин ҷавоб дода шудаанд.

-Зеро аксари онҳо дер ба беморхона муроҷиат карда буданд ва бемориашон куҳна гардида буд. Баъзеи дигарашонро мо бемориашонро пайдо карда натавонистем, -изҳор медорад Ҷумъаев.

Дар идома директори марказ рад намекунад, ки ин афрод то лаҳзаи аз дунё гузаштан берун аз беморхона паҳнкунандаи бемории сил барои атрофиён боқӣ мемонанд. Пас дар ин ҳолат мантиқи табобату пешгирии бемории сил ва вазифаи беморхона дар чист, суолест посухаш муаммо.

ШЕХОВ ДУРӮҒ МЕГӮЯД Ё ҶУМЪАЕВ

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ дар рӯи катҳои табобатии беморхона 15 нафар бемор (!) давоми як сол шифо наёфта ҳалок шудааст. Шумораи афроде, ки берун аз беморхона фавтидааст, номаълум аст. Ҷои шубҳа нест, онҳое, ки шифо наёфта аз беморхона ҷавоб мешаванд, пас аз сирояти наздикон, ахиран ба марг рӯ ба рӯ мешаванд. Дар як вокуниш ба мақолаи банда дар ҳафтавори "Миллат" А. Шехов, директори маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди бемории сил ҷой доштани шумораи беморони мутобиқгаштаи силро дар ноҳияи Ҳамадонӣ рад мекунад. Аммо Раҳматулло Ҷумъаев ин ҳарфҳои директорро беасос медонад ва тибқи гуфтаи ӯ на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар тамоми ҷумҳурӣ чунин бемороне, ки аксарашон дар интизори марганд, вуҷуд дорад.

-Зиёда аз 60 фисади беморони бори дувум ба сил гирифтор шуда ба шакли мутобиқгашта гирифтор шудаанд ва зиёда аз 23 фисади беморони бори аввал ба қайдгирифта низ дар ҷумҳурӣ ба ин беморӣ гирифторанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои чунин беморон шӯъбаи махсус кушода шудааст. Табобати ин гуна беморон низ дар минтақаи Кӯлоб бояд ба наздикӣ ба роҳ монда шавад,-қайд мекунад Ҷумъаев.

БЕМОРОНИ "ГУРУСНА"

Беморхонаи маркази бемориҳои зидди сили минтақаи Кӯлоб 50 сол дар канори шаҳр бунёд ёфтааст, ки бо гузашти солҳо ва афзоиши аҳолӣ ҳоло дар маркази шаҳр қарор гирифтааст. Чанд сол аст, ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, то бинои ин беморхонаро аз маркази шаҳр берун барад, аммо бо сабаби камбуди маблағ ин кор дар ҳоли ҳозир имконнопазир гаштааст. Дар ҳоле, ки чунин тасмим аст, мо сари фарсудагии бино ҳарф намезанем, вале ҳолати таъмини беморон бо хӯроки гарм хеле ҳайратовар аст. Беш аз 20 нафар бемори бистарӣ дар ин беморхона, ки овардани номашонро зарур намедонам, ҳангоми сӯҳбат изҳор доштанд, ки тамоман аз хӯроки беморхона истифода намебаранд. Чуноне мо мушоҳида кардем ва худи беморон инро тасдиқ карданд, хӯроки беморхона ғайри қобили истеъмол аст ва ба онҳо фақат аз хонаҳояшон хӯрок оварда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони беморхона дар як рӯз барои як бемор зиёда аз 3 сомонӣ пул барои хӯрока ҷудо шудааст, вале ин пул ба куҷо сарф мешавад, номаълум аст. Кӯмакҳое, ки аз ҷониби созмонҳои башардӯстона ба беморони сил расонида мешавад, дастраси беморон намегардад. Ба гуфтаи худи беморон шояд созмонҳои кӯмакрасон кӯмакро ба дасти беморон бирасонанд, на ин ки ба масъулон онро барои тақсим бовар бикунанд.

ТАРАКА ВА "РАЗБОР"

Дар ҳоле, ки замони кӯчонидани беморхона дақиқ нест, аллакай ба истилоҳ "тарака"-и беморхона шурӯъ шудааст. Тамоми ашёҳое, ки замони Шӯравӣ барои гармидиҳии беморхона истифоа мешуд, барканда шудааст ва ба гуфтаи директори марказ онҳо ҳуҷҷат шудаанд. Инчунин қисме аз дарахтони сояафкани бузургсол аз ҳудуди ин беморхона барканда шуда, ба ҷои он дарахти зардолу шинонида шудааст. Дар дохили беморхона, ки ба гуфтаи пизишкон то миён микроб дорад, шинонидани дарахти мевадиҳанда низ аҷиб аст.

Дар ҳамин ҳол маркази бемориҳои зидди сили шаҳри Кӯлоб аз дохили беморхонаи вилоятӣ ҷудо шуда, дар бинои колеҷи тиббӣ ҷой гирифтааст. Ба гуфтаи Аҳмадхон Олимов, сардори ин марказ ба онҳо замони ҷудо шудан Ҷумъаев ягон таҷҳизот надодааст. Раҳматулло Ҷумъаев дар навбати худ мегӯяд, ӯ ҳақи додани таҷҳизот ба ин марказро надорад. Ҳарчанд Аҳмадхон Олимов изҳор медорад, ки онҳо бо фармони Вазорати тандурустӣ ба ин ҷо кӯчидаанд, аммо Ҷумъаев мегӯяд, аз ӯ дар ин самт касе иҷоза напурсидааст, ки ин хилофи қонун мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини колеҷи тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷой кардани маркази мубориза зидди силро дар миёни се таълимгоҳ шадидан маҳкум менамоянд. Қумриниссо Маҳмудова, раиси иттифоқи касабаи колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар атрофи ин марказ зиёда аз 13 ҳазор ҷавон таҳсил мекунад ва ҷой кардани ташхисгоҳу дигар асбобҳои барои табобат ва кашфи бемории сил барои онҳо хатарнок аст.

-Ҷой кардани ин марказро мо шадидан маҳкум мекунем ва талаб дорем, ки он аз ин ҷо кӯчонида шавад, -изҳор медорад ӯ.

Масъулини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва маркази фарҳангии ҷавонон низ зидди ҷойгир кардани марказ дар ин мавзеъ мебошанд. Онҳо изҳор медоранд, ки чӣ ҳоҷат буд, ки ин марказ аз бинои собиқаш кӯчонида мешавад.

Масъулини беморхона мегӯянд, барои кашфи зиёдтари бемории сил бояд ин марказ дар миёни аҳолӣ ҷойгир бошад. Аммо замоне, ки як ташхисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 15 нафар донишҷӯёни бемории силро кашф мекунад, ба фаъолияти ҷиддии марказҳои мазкур ман шубҳа пайдо мекунам. Шояд аз Каримҷон Қодиров, ректори ДДК сипосгузор бошем, ки бо кашфи донишҷёни бемории сил ва ба табобат равон кардани онҳо чандин донишҷӯи дигарро аз сироят раҳо кардааст.

Замоне, ки дар худи беморхона беморони сил шифо наёфта ҳалок мешаванд ва боқӣ дигар беморонро як ташхисгоҳи Донишгоҳ кашф мекунад, ҳайёҳӯи "ба табобат фаро гирифтани беморони сил" ва маблағҳои ҳангуфти ҷудо шудаи ҳукумат ва созмонҳои байналмиллалӣ дар самти пешгирии бемории сил ба назар ба сифр баробар менамояд.


Абдулмӯъмин ШЕРХОНД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97