БА МАСЪУЛИН БИРАСОНЕД; ВАҚТИ БЕЛУ КЕДМАН ОМАД!

Иҷтимоъ 12.03.2010 15:35

Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз баргузории интихобот хотири мардуми деҳоти навоҳии Бохтару Вахш Ҷ. Румӣ ва шояд сокинони дигар манотиқи Хатлон ҳам болида буд. Мардум шукронаи онро мекарданд, ки интихобот наздику масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ масъулиятшинос шуда, шабонарӯзӣ мардумро бо рӯшанӣ таъмин мекарданд. Бонувони деҳотие, ки саҳмияҳои заминашонро бойҳо гирифтаанду имрӯз беғӯзапоя монда, вақти хӯрокпазӣ омадани барқро интизорӣ мекашиданд.

Акнун ҳукуматро дуо медоданд, ки "Худоё ҳар зимистон интихобот шавад, то барқро диҳанду хӯроки шому саҳарро пухта тавонем". Аммо чун рӯзи интихобот фаро расид, бештаре аз бонувони деҳотӣ баргаҳои худро ба дасти фарзандону шавҳаронашон фиристоданд.

Чун аз бештар қитъаҳои интихоботие, ки мо дидан кардем, бештар ҷавонмардон ба раъйдиҳӣ меомаданд. Чун дар ду рӯзи баъди интихобот оид ба қонунвайронкуниҳои фаъолони ҳавзаҳо бисёр гуфтаанду мегӯянд, мо тасмим гирифтем, ки дар ин интихобот бештар ба бардоштҳои мардуми оддӣ аз интихобот ва эродҳои онҳо рӯй оварем. Ростӣ мегӯянд, сокинони деҳот маърифати поёни сиёсӣ доранд, ман тардид дорам, нахустин эроде, ки дар назди қитъаҳои овоздиҳӣ аз забони деҳотиён шунидем ин буд: Чаро дар рӯзи истироҳат ҳам Президент шиму кастюм дошт ва ҳатто галстук баста буд? Дигаре ҳозирҷавобӣ дошт, имрӯз интихобот аст, ҳукумат кор мекунад. Иддаои дигаре, ки дар якчанд ҳавзаҳои интихоботӣ ба гӯш мерасид, ин дар рӯйхати номзад ба маҷлиси маҳаллӣ (ҷамоати шаҳраку деҳот) номи як нафар номзад ва онҳо бо қалами ранга дастӣ навишта шуда буд. Аз сӯҳбати интихобкунандаи дигар бо масъулини ҳавза маълум мешуд, ки мардум танҳо ба он хотир раъй медиҳанд, ки ниёзҳояшонро вакилони оянда бароварда кунанд. Ба хусус мардум интизоранд, ки ҳукуматҳои маҳал кай даст ба ислоҳоти хоҷагии қишлоқ мезанад. Мӯйсафеди миёнақаде, ки ҳанӯз зури бардошти кедманро дошт, ба навбатдори назди қуттии раъйдиҳӣ эътироз кард. "Маҳ бачам, ина овозои ману момата бигиру… тақсимоти заминҳоро фаромӯш накунен. Ба вакиломон бирасонен, ки саҳмияҳои заминро тезтар тақсим кунанд, вақти кор омад. Белу каланд роҳи Шуморо интизорай".

НАҚШИ БОНУВОН ДАР КОРЗОРИ ИНТИХОБОТ

Мутаассифона, дар рӯйхати номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳалӣ дар ноҳияҳои ҷанубии Хатлон шумораи бонувон ангуштшумор буд. Тибқи иттилои Наимҷон Бобоҷонов, раиси комиссияи интихоботии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 86 нафар номзад ба вакили маҷлиси ноҳиявӣ ҳамагӣ 11 нафари онҳо бонувон ташкил додаасту халос. Муаззама Усмонова, собиқ муовини раиси ноҳия гуфт, ки сабаби камтар пешбарии бонувон ба ҳайси номзад дар маҷлисҳои маҳалӣ худи бонувон ҳастанд, ки иродаи ворид шудан ба саҳнаи сиёсатро надоранд, вагарна имрӯз барои фаъолияти занон дар сиёсат касе монеъ нест. Аммо Гулҷаҳон Имомова, муовини раиси ҷамоати деҳоти Тугаланги ноҳияи иброз медорад, ки аз сабаби онки барои духтарони деҳот бештар дар муассисаҳои олие имтиёз ҷудо карда мешавад, ки бонувон бештар духтуру омӯзгор мешаванд, ва ҷавондухтарон аз мактабу беморхонаҳо чигуна вориди саҳнаи сиёсат шаванд.

Ба гуфтаи Гулрухсор Миракова, директории мактаби №2-и ноҳия, як сабаби камфаъолии бонувон дар саҳнаи сиёсат ин таъсири солҳои пешин аст, ки духтаронро аз синфҳои болоӣ аз мактаб мегирифтанд ва бо маълумоти нопурраи миёна бонувон чигуна вакил шаванд? Хушбахтона, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бонуи фаъол Дилбар Нурматова якбора соҳиби ду курсии вакилӣ дар маҷлисҳои ноҳиявию вилоятӣ гардид. Тибқи иттилои расмӣ аз 1840 нафар номзадҳо ба маҷлисҳои шаҳрию ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 242 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби 110 нафар номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқии вилояти Хатлон бошад, ҳамагӣ 22 нафари онҳо бонувон мебошанд. Хатича Ализода, мудири бахши танзими расму оинҳои шаҳри Қӯрғонтеппа як сабаби иштироки ками занон дар маъракаҳои интихоботиро камфаъолии худи бонувон меҳисобад. Аммо ба гуфтаи ӯ дар солҳои пеш масъулини бахшҳои гуногуни хизмати давлатӣ низ номзадии худро дар маҷлисҳои маҳалӣ мегузоштанд, аммо тибқи қонунҳои имрӯза, мудирони идораҳои давлатӣ пеш аз пешбарии номзадиашон бояд аз вазифа раванд, ҳамин боиси иштироки камранги бонувон ба ҳайси номзад шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз татбиқи барномаҳои давлатӣ бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ду панҷсола сипарӣ гардидааст.

ВАХШ БОЗ МАРКАЗИ МУБОРИЗАҲОИ СИЁСӢ

Дар интихоботи имсола гарм¬тарин ҳавзаи интихоботӣ, ки аз он сару садоҳои гуногун баланд шуд, ин ҳавзаи интихоботии №32-и ноҳия Вахш буд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ номзади худпешбар аз ҲХДТ Сайвалӣ Нуров нисбати масъули як участкаи интихоботӣ зӯроварӣ нишон додааст. Ин иттилоъ доғе ба маъракаи сиёсии кишвар хонда шуд. Аммо номзад Сайвалӣ Нуров дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки ин хабар мутлақо дуруғ аст: "Ман дар рӯзи интихобот танҳо дар қитъаи интихоботие, ки бояд раъйи худро медодам, ҳозир шуда будам. Баъдан аз як участкаи интихоботӣ дидан кардам. Дар он қитъа баргаҳои интихоботиро аз меъёри қонун муайяннамуда зиёдтар мепартофтанд. Дар ин бора мо бо раиси комиссия сӯҳбат доштем, ки чунин рафторҳоро такрор накунанд".

Бобати қазияи мазкур дар рӯзи 1 март масъулини комиссияи интихоботии ноҳия хомӯширо авло донистанд. Мақомотҳои қудратии ноҳия бошанд, ба хабарнигорон гуфтаанд, ки то омӯзиши далелу арқом аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Мардуми одии ноҳия бошад, аз муборизаҳои хешовандон Абдуҷалол Салимов ва домод Сайвалӣ Нуров завқ мебурданд. Мӯйсафеди нуроние, ки дар интизори дӯхтани пойафзолаш дар назди дӯкони пойафзолдузӣ менишаст, аз рафти интихобот бо шавқ нақл мекард: "Ҳамин мардаки Сайвалӣ Нуров лекин қандша бзана, барои назорати интихобот аз шаҳр ҳамиқа назоратчиҳоша оварда буд, ки… ку қандта бзан ба ҷойи зан ё падару модарут овоз бте. Ӯ худуш ғалаба накард, лекин сабаб шуд, ки интихобот зур бигзара".

Одилҷон Маҳмадов, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Вахш иброз дошт, ки гарчанде дар баъзе мавридҳо комиссияи интихоботӣ мавқеи яктарафаро ишғол мекард, аммо дар умум интихобот дар рӯҳияи демократӣ доир гардид. Воқеан дар ҳавзаи якмандатаи №32 барои ишғоли курсии МН 4 номзад пешбарӣ шуда буд, ки ҳама аъзои ҲХДТ ба ҳисоб мерафтанд. Бобати пешбарии номзадҳо аз як ҳизб Одилҷон Маҳмадов иброз дошт, ки аслан интихобот ин як имтиҳон аст, азҷумла имтиҳони аъзои ҳизб ҳам. Ба хусус вақте ки ҳизб тариқи конфронси ҳизб номзадро пешбарӣ мекунад, вакилони конфрос якдилона аз номзади пешбаришуда ҷонибдорӣ мекунанд, ман фикр дорам, ки аз нуқтаи назари мавқеи сиёсӣ доштани аъзои ҳизб бояд нафарони дигари ҳизб номзадии худро пешбарӣ намекарданд. Вагарна пешбарии дигар аъзои ҳизб ин садоқат ба ҳизбу ғояҳои ҳизбро аз ҷониби ин нафарон зери шубҳа қарор медиҳад.

Аммо номзад Сайвалӣ Нуров, ки маҳз бо иштироки ӯ интихоботи вакили МН дар ноҳияи Вахш пурҷӯшу дар рӯҳияи демократӣ доир гардид, мегӯяд, ки ин рафтори худ ва гурӯҳи ташаббускорро, ки даст¬гириаш кардаанд, ҳамчун гуногунандешиҳои дохили ҳизбӣ арзёбӣ карда, муборизаҳои дохилиҳизбиро ҳамчун омили пешрафти ҳизб ва эҳсосоти масъулиятшиносии вакилони оянда дар назди интихобкунандагонашон медонад.

ХАР АЗ ЛОЙ ГУЗАШТ?

Ҳамин тавр 28 феврал раъйи мардум дар қуттиҳо ҷамъ шуд. Мутаассифона, рӯзи дигар вазъият тағйир ёфт. Бубинед 1-уми март соати пахши барномаҳои иттилоотии шабакаҳои сартосарии кишвар вақте мардум интизори натиҷаҳои интихоботанд, аммо гузоришҳои аввалу дуввум бобати вохӯриҳои Шувашову дигар меҳмонони Кремлин пахш мешаванд ва мардуми меҳмонхонаи маҳалла бетоқатӣ карда, андешаҳои парешони худро баён мекунанд:

-Охир мавзӯи аввал бояд интихобот бошад… Ҳамин омаду рафти русҳоро намешавад дар охири ахбор пахш кунанд. Ба фикрам ягон мавзӯи муҳим нест.

-А бача, интихоботайе.

-Хайр барои ӯ мардакҳо кадом хабаре муҳимтар бошад, ҳамура аввал пахш мекунанд. Наход аку роҳбаройи ТВТ чени мову ту надонанд, ҳамнишасташро ором мекунад дигаре. Ҳамин тавр мардум натиҷаҳои интихоботро аз баромади Болтуев шуниданд. Аммо Абдураҳмон Абдуманонов, ҷонишини комиссияи интихоботии КМИР суханашро ба охир нарасонида, барқ хомӯш шуду мардум ба дашноми масъулини барқ сар карданд.

Акнун дар торикӣ касе дар дилаш ҳар сухане дошт, гуфт: "Хайр, кори ҳукуматҳои маҳалӣ буд шуд. Овозакомона дар қутӣ ҷамъ карданд, ростӣ мо дигар чи лозимем барои онҳо".

-Бачаҳо дар гузари боло ғалабаро шӯста истодаанд, овозашро қасдан дигар хел бароварда луқма мепартояд, ҷавоне.

-Мардум ҳама хона ба хона шавен, ҷамоатҳоро харшон аз лой гузашт, бурен хоб кунен. То интихоботи 2015! Чойхоначӣ қулфаки дарвозаро маҳкам карду зери лаб зам-зама карда сӯйи хонааш раҳсипор шуд:

Мо кабконем ҳелчаи мо дар камарай….


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97