РӮЪЁ

Иҷтимоъ 11.03.2010 15:57

Издиҳоми пур аз мардум дар як канори шаҳри Душанбе. Дар майдони кушод садҳо нафар ба ҳам наздик истода, сари худро боло бардоштаанд ва ба минбар менигаранд. Пиру ҷа¬вон, марду зан, ва аксаран ҳам бо либосҳои оддиву хоксорона, ки далолат ба қишрашон мекунад. Гӯшу ҳуши мардумро суханронии оташини ҷавоне дар минбар рабудааст. Даҳони баъзеҳо ҳам аз шунидаҳояшон кушода шудааст. Ҷавон бо дас¬тафшониҳо ва бо садои баланд фарёд мезанад:

"Онҳо парвои шуморо надоранд. Онҳо аз ҳоли шумо хабар надоранд. Онҳо шуморо ҳеҷ медонанд. Онҳо дар бораи шумо ҳатто сухан гуфтанро барои шаъни худ ноҷоиз мешуморанд...

Ман ин ҷо омадаам, то бо шумо сухан бигӯям... ва чун он ҷо меравам, ҳатман ҳам ин суханҳоямро такрор хоҳам кард.

Ман он ҷо меравам, то аз дарди шумо бигӯям. Он ҷо меравам, то онҳоро водор кунам, ки дар бораи шумо суханҳои маро гӯш кунанд. Ман он ҷо меравам, то дар ҳақиқат намояндаи шумо бошам, то Шумо, Шумо, мардуми азизи ман, дар он ҷо ҳозир бошед.

Ман он ҷо меравам, то шуморо ба он ҷо бибарам"!

Ин ҷавон вакил шудан мехоҳад ва бо издиҳоми садҳо нафар мардуми чанд деҳе дар канори Душанбе мулоқот дорад. Ин ҷавон мехоҳад, мардумро мутақоид бикунад, ки ба ӯ раъй бидиҳанд ва раъйяшон барҳадар нахоҳад рафт. Ин ҷавон ман ҳастам! Ин ҷавон манам, ки мехоҳам, мардум чашмҳояшонро аз нав бимоланд ва ба интихобот ва ба вакилон бо нигоҳе тоза бингаранд. Ин ҷавон ман ҳастам, ки ваъда медиҳам ва мегӯям, ваъдаам ваъдаи мард аст ва ба он хиёнат нахоҳам кард:

"Шумо зиндагии беҳтар аз инро сазоворед. Шумо муносибати беҳтар аз инро сазоворед. Ҳар касе вакили шумост, пас ӯ хидматгузори шумост ва шумо кордиҳандаи ӯ ҳастед. Шумо бояд ҳаққи худро бишносед ва аз ҳаққи худ дифоъ бикунед. Ман ҳастам ҳамин ҳаққи шумо ва ман ҳастам ҳамин василае барои дифоъ аз ҳаққи шумо. Ман ҳастам хидматгор ва хидматгузори шумо!..."

Ва садои доду фарёди издиҳом баланд мешавад, ки бо нидоҳои хушҳолӣ касе даст мефишорад ва касе сарпӯшашро ба боло мепартояд…

Ин садои доду фарёдро азони салоти субҳ ҳамроҳ бо занги соати ман пахш мекунад ва маро ҳам аз хоб бедор мекунад. Ин ҳама шӯру мағал дар хоби ман рух медиҳад, ин муборизаи озод барои курсии вакилӣ, ин ҷамъомадҳои бе тарсу ҳарос ва ин умедвориҳо ба дуруст будани раъйи мардум ҳама дар хоби ман аст.

Дар бедорӣ ҳатто дар бораи вакил будан фикр ҳам намекунам, зеро дили бедорам на ба он андоза пур аз умед аст, ки дили дар хоб дидаам дошт. Дар бедорӣ дилам ба Раҳматулло Зойиров месӯзад, ки бидуни мижа ба ҳам задан ӯ ва ҳизбашро ҳеҷ карданд. На ба он сабаб, ки тарафдораш бошам, балки ба он сабаб, ки адолат риоя нашудааст. Ба ҷои ӯ шояд аз раҳбарии ҳизб канор мерафтам, аз сиёсат берун мерафтам ва ҳамин Тоҷикистонро ҳам тарк мекардам.

Дар бедорӣ дилам ба ҲНИТ месӯзад, ки он ҳама талошҳои замонавии тарғиботаш ба ҳеҷ баробар шуд. На ба он хотир, ки ҳаводораш ҳастам, ба он хотир, ки шаффофият зери по шуд.

Дар бедорӣ ҳеҷ фазоеро барои як интихоботи бидуни дасткорӣ намебинам. Дар бедорӣ ба кори ин ҳама масъулони қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳайрон мешавам, ки шумори зиёдеашон омӯзгорони оддӣ ҳастанд, ки маошашон бо мушкил сӯзишвории аробаи зиндагияшон мешавад. Вале боз ҳам тағйире дар зиндагияшон намехоҳанд, барои ояндаи фарзандонашон намеандешанд.

Дар бедорӣ ҳеҷ вакилеро намебинам, ки рисолати худро дар ду даст пеши бар назди мардум будан бубинад ва вазифаву масъулияти худро дар хидмат ба мардум бубинад. Дар бедорӣ ҳеҷ мардумеро ҳам намебинам, ки дар чеҳраи вазиру вакилу дигар хидматгузореро бубинад, ки маошдиҳандааш маҳз ӯ - пизишки оддӣ, омӯзгори оддӣ, деҳқон, ронандаи "Тангем", бозоршин ва ё ҳар як корманди дигари оддист.

Дар бедорӣ дар кунҷи дигари ин нақби "Зиндагӣ" ҳеҷ равшание намебинам.

Исми ман муҳим нест.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97