"ПАТЕНТ"-И 1000 РУБЛӢ БАРОИ МУҲОҶИРОН ё пешомади корҷӯёни тоҷик дар Русия

Иҷтимоъ 10.03.2010 14:13

Тибқи иттилоъи расонаҳо Хадамоти кор бо муҳоҷирини Русия қонуни навро доир ба муҳоҷирин ба тасвиб расонд, ки аз ҷониби Думаи давлатии ин кишвар дастгирӣ ёфт. Мувофиқи ин қоидаи нав дар Хадамоти кор бо муҳоҷирини Русия тағйироти наве дар кор бо корҷӯёни кироя (аз қабили доя, посбон пешхизматҳо ва ғайра) ворид намуд. Аз ин ба баъд ҳар муҳоҷире, ки дар Русия ба таври инфиродӣ кору фаъолият дорад, бояд ҳар моҳ 1000 (ҳазор) рубли русӣ ба буҷаи андози ин кишвар таҳвил намояд. Бо супурдани ҳазор рубл ба шаҳрванд ҳуҷҷати иҷозаи кор дода шуда, метавонад рухсатномаи ҷойи зисти хешро то як сол тамдид намояд.

Ин ба замми иҷорапулӣ ва варақаи зисти муваққатӣ. Ё ба шакли ба ҳамагон маълум бояд ҳар моҳ "патент" гирад. Ба гуфти коршиносон шакли патент берун аз квота буда, ҳар як коргари инфиродии корҷӯ метавонад пулро тавассути бонк ё шахсан ба Хадамоти кор бо муҳоҷирини Русия супорад. Ин шакл ба қавли муовини ХКМ-и Русия К,Палтаранин барои тамоми муҳоҷирини беруна яксон буда, ба ягон кишваре гузашт нахоҳад кард.

Ин дар ҳолест,ки қариб як миллиюн муҳоҷири тоҷик дар Русия имрӯзҳо иқомат дораду танҳо тахминан сесад ҳазори он ба таври расмӣ кор мекунаду халос. Яъне 70 фисади онҳо солҳост, ки бо ҳазор ҷабру ситам ва роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ аз қабили ришваву пора ба сохторҳои қудратӣ ва корфармоён музди ночизе ба каф оварда рӯз мебурданд. Ба таври қонунӣ на ба ҳама муяссар аст, ки кору фаъолият намоянд. Зеро ин аз имконият берун аст. Дар сурате ки беш аз 12 миллион муҳоҷири ғайрирасмӣ дар ин кишвар зист доранду миқдори квотаро барои онҳо сол то сол кам намуда истодааст. Агар дар солҳои 2007-2008 квота беш аз се миллион буд, дар ин сол то 1,3 миллион кам карда шуд, ки дар тӯдаи беш аз даҳмиллионаи муҳоҷирини ғайрирасмӣ "қатрае аз баҳр" аст. Ба замми ин, аксари корфармоён ва бештар ба мардикорони бе аснод таваҷҷӯҳ доранд…Чаро?

Яке аз муҳоҷирини меҳнатӣ Амонуллоҳи Қадам, ки беш аз даҳ соли умри хешро дар Маскав ва атрофии он ба сар бурдааст, мегӯяд:

Банда чандин сол аст,ки дар Русия ба кори таъмири хонаҳои шахсӣ машғулам. Бештар ба корфармоёни инфиродӣ сару кор дорам. Гарчанде рухсатномаи меҳнатӣ низ доштам, аммо корфармоён ба он кам эътибор медоданд. Ин сабабҳои хешро дорост. Тибқи қонун корфармо бо гирифтани мардикор бояд ба давлат андоз супорад. Илова бар ин дар сурати расмӣ қабул намудани коргар бояд шартома баста бо меъёри стандартӣ музди кор диҳад, ки дар ҳар ду ҳолат ба зарари онҳо тамом мегардад. Ҷанбаи дигари он мавқеъи ҳуқуқии муҳоҷирини корҷӯ мебошад. Аксари корфармоён кӯшиш менамоянд, ки дидгоҳи ҳуқуқии мардикоронро ҳар чӣ бештар танг намоянд. Зеро чӣ қадаре корҷӯ аз ҳуқуқи хеш маҳрум бошад ҳамон қадар барои онҳо аз ду паҳлӯ сабуктар аст, ҳам аз дидгоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз ҳуқуқӣ. Ин гуна мардикорон дар сурати ягон нохушӣ ба ҳеч куҷо наметавонанд доди худро расонанд. Мутаассифона аксари муҳоҷирини кирояи тоҷик ҳамингуна кор менамоянд. Шояд андаки онҳо дар ин ё он соҳа расмӣ фаъолият доранду тамом. Борҳо шоҳиди воқеаҳое гаштам, ки корфармоён ҳамватанони моро моҳҳо кор фармудаву қироте надода буданд. Бо надоштани санад ягон созмон ва ё диаспораҳо наметавонистанд онҳоро ёрӣ намоянд. Аз ин рӯ мо бештар бо миёнаравон ва корфармоён, ки солҳо мешинохтемашон сару кор мекардем. Бо вуҷуди ин ҳама ошноиҳо гоҳ-гоҳ ҳатто онҳо низ, маъошамонро намедоданд. Инро бояд бигӯям, ки бис¬ёре аз ҷавонони тоҷик тавваккалӣ рафта, дар дасти корфармоёни қаллоб ва миёнравони фиребгари худӣ ё бегона афтида ғуломвор кор менамоянду ноумед бо ҷайби холӣ аз он ҷо мебароянд. Русия чанд сол пеш қонунеро низ ҷорӣ намуд, ки мувофиқи он корфармо ё корхонае, ки коргарони ғайрирасмиро ба кор қабул менамояд аз дусаду панҷоҳ то ҳаштсад ҳазор рубл ҷарима ситонида шавад. Лек чуноне борҳо дидаему медонем дар аксар ҷо ин танҳо дар рӯи коғаз асту халос. Дар бисёри ҷойҳои ин кишвар роҳҳои дигари ҳалли ин мушкили низ вуҷуд доранд, ки ҳоҷати шарҳ ҳам нест..

ШУМО ДАР БОРАИ ҚОИДАИ НАВИ КОР БО

МУҲОҶИРИНИ РУСИЯ ЧӢ АНДЕША ДОРЕД?

Ин масъала чанд дафъа аз ҷониби коршиносон ва шахсони баландмақоми рус пешниҳод шуда буд ва бо сабабҳои гунонун во пас гузошта мешуд. Имсол аз чӣ бошад, ки ба ин хулоса омаданд. Ба фикри ман дар шароити кунунии Русия бори гароне барои тамоми муҳоҷирин хоҳад буд. Бӯҳрони иқтисодии соли қаблӣ саффи бекоронро дар ин кишвар боло бурд, ки аксари корхонаҳо фаъолияти худро қатъ намуданд. Имрӯзҳо аксари муҳоҷирин дар ин кишвар бо надоштани ҷойи кор дар як ҳолати ногувор қарор доранд ва ҳар моҳ дар чунин ҳолат супурдани ҳазор рубл барои онҳо гарон хоҳад буд. Лек бояд инро низ қайд намоям, ки пеш аз ин ҳам муҳоҷирини тоҷик чунин "ҳаққ (доля)"-еро ғайрирасмӣ ба милисаву бригадиру миёнараву ғайра барои оромона кор кордан пайваста медоданд. Агар бо доштани ин аснод аз зулми ин гуна касон наҷот ёбад аҷаб хуб, вагарна боз балои навбатие хоҳад буд болои балоҳои пешин…

ИН БА НАФЪИ КИСТ? МУҲОҶИР Ё КИШВАРИ РУС?

Русия солҳост, ки дар ботлоқи мушкилоти муҳоҷирин афтодаву роҳи наҷот аз онро ҳеч не, ки дарёбад. Барои ба низом овардани ин мушкилӣ ҳукумати Русия пайваста кӯшишҳо намуда истодааст. Ин қонуни нав ба ақидаи бархе аз коршиносон метавонад вазъи кор бо коргарони ғайрирасмиро дар кишвар каме ба эътидол оварад. Бо ин роҳ хар як корҷӯ метавонад расмӣ кору фаъолият намуда, ба давлат андоз супорад. Ин ба нафъи давлати Русия мебошад. Зеро бо рӯйи кор овардани рухсатнома барои муҳоҷирини кишварҳои пасошӯравӣ, ки чанд сол пеш қабул шуда буд, ба буҷаи ин кишвар миллиард¬ҳо рублро ворид сохт. Сипас бо ворид сохтани ин қоидаи ҷадид мехоҳад ҳам буҷаи давлати хешро ғанӣ созад. Бо ин роҳ метавонад назоратро аз болои коргарони ғайрирасмӣ пурзӯртар намояд. Аммо ин як тарафи танга аст…

(Идома дорад)


Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97