ОРГАНИЗМҲОИ АЗ ЧИҲАТИ ГЕНЕТИКӢ ТАКМИЛДОДАШУДА. ҲА Ё НЕ?

Иҷтимоъ 10.03.2010 14:10

Ассалому алайкум, мӯҳтарам кормандони рӯзномаи "Миллат".

Маводди нашрнамудаи рӯзномаи шуморо ман пайваста мутолиа менамоям ва хело баҳраманд мегардам. Барои ин ба Шумо миннатдорӣ изҳор менамоям. Дар мақолаи ҳамроҳшуда масъалаи муҳимми байналхалқӣ, ки аз ҷумла, барои Тоҷикистон бисёр муҳим, матраҳ мешавад. Албатта, бо забонҳои хориҷӣ чунин мавод хело зиёданд. Лекин барои аксарияти мардуми тоҷик ин масъала чандон маълум нест. Аз ин рӯ, ба фикри ин ҷониб ба самъи мардум расонидани ин гуна маълумот хело муҳим мебошад.

Бо эҳтиром, Бахтиёр Расулов, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

"ГМО / GMO" - ин ибораи сеҳарфа имрӯз қариб ба ҳамагон ошно аст. Ҳамчун хатари ноаён баъзеҳо аз он дар ҳаросанд ва баъзеи дигар дар бораи он ҳеҷ маълумоте надоранд. Ҳадафи навиштаи мазкур пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба ин падидаи ҷомеаи навин аст, то ин ки мардум аз он огоҳ бошанд ва маълумоте дар бораи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ё худ "ГМО" дошта бошанд.

"ГМО" ЧИСТ?

Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда, ки бо забони русӣ онҳоро "Генетически модифицированные организмы", яъне ГМО меноманд, падидаи наве мебошанд дар ҷаҳони имрӯ¬за, ки таърихи на чандон дарози пайдоиш доранд. Ин организмҳо растаниҳо ё ҳайвоноте мебошанд, ки бо ёрии усулҳои муҳандисии генӣ "генная инженерия" ба организмашон генҳои бегона дохил карда шудаанд.

Пеш аз ҳама доир ба мафҳуми ба ҳама ошнои "ген" маълумоти мухтасаре пешниҳод менамоям. Ҳамаи мавҷудоти зинда аз ҳуҷайраҳо сохта шудаанд. Дар дохили ҳуҷайра маводди ирсии он, яъне КДН мавҷуд аст, ки як қисми молекулаи онро ген меноманд. Ген ин воситаи ирсии аломату хосиятҳо мебошад. Ҳар як намуди растанӣ ё ҳайвонот, аз он ҷумла, одам дорои генҳои зиёде мебошанд. Генҳо воситаи гузаронандаи аломату хосият¬ҳои организмҳо аз авлод ба авлод мебошанд. Маҳз бо ин сабаб наслҳои оянда ба авлодҳои пешини худ монанд мешаванд. Яъне ба воситаи генҳо аломатҳои падару модар ба фарзандон ба мерос мегузаранд. Ҷамъи ҳамаи генҳои як намуди растанӣ ё ҳайвонотро генотип меноманд.

Бо воситаи муҳандисии генӣ ба растанӣ ё ҳайвонот генҳои дигар организм ворид карда мешаванд. Дар натиҷа ин генҳои бегона аломату хосиятҳои организмро тағйир медиҳанд. Ин гуна организмҳоро аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ё трансгенӣ меноманд.

Мақсади ба вуҷуд овардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда (ГМО) хайрхоҳона аст, яъне ҳосилнокии баланд ба даст овардан, устувории растаниро ба касалию ҳашароти зараррасон зиёд кардан, тамъи маҳсулоти растанигиро болаззаттар намудан, устувории растаниро ба сармо ва хушкӣ зиёд кардан ва ғайраҳо.

Масалан, помидори ба генотипи он гени камбал (як намуди моҳӣ) воридкардашуда ба ҳарорати паст устувор аст, картошкаи дорои гени бактерияе, ки заҳраш барои гамбуски колорадоӣ марговар аст, аз ин ҳашарот зарар намебинад. Олимон бо ин роҳ инчунин, моҳии намуди лососи тезкалоншаванда ва гови шираш серравғанро ба вуҷуд оварданд.

Барои ба вуҷуд овардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда генҳои микроорганизмҳо, вирусҳо, ҳашарот, растанию ҳайвонот, аз он ҷумла, одам низ истифода бурда мешаванд. Масалан, гени одамро, ки ба таркиби шири пистони зан ҷавобгӯ аст, ба геноми шолӣ дохил карданд. Дар натиҷа шолии таомаш хуштамъи "тиллоӣ" ба вуҷуд оварда шудааст, ки миқдори каротини таркиби донаш зиёд аст.

Ба дастаи генотипи картошка гени каждум дохил карда, картошкаи нав ба вуҷуд оварданд, ки ба он ҳашароти зараррасон таъсир карда наметаваонад. Ба помидор ё кулфинай гени камбали қутбӣ (моҳӣ) дохил карда шудааст, ки дар натиҷа ин зироатҳо ба сармо устувор гаштаанд. Себи трансгенӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст, ки ҳамаи меваҳояш андозаи якхела дошта, бӯйи хуш доранд ва дуру дароз нигоҳ дошта мешаванд. Чунин помидоре низ ба вуҷуд овардан мумкин аст, ки намуди зебо дошта, дуру дароз нигоҳ дошта мешаванд. Умуман, кор то он андозае осон шудааст, ки олимон бо як ҳаракати даст дар ду-се сол ҳосилнокии бисёр зироатҳоро чандин маротиба зиёд мекунанд, тобоварии онҳоро ба касалию ҳашароти зараррасон устувор мегардонанд ва сифати маҳсулоту давомнокии нигаҳдориашонро зиёдтар месозанд. Ҳол он ки селексионерон барои ба чунин комёбиҳо ноил гаштан даҳсолаҳо кор мекарданд. Албатта ҳадафи асосии инстифодаи генҳои бегона дар системаи генетикии растанию ҳайвонот раҳо кардани аҳолии сайёра аз гуруснагӣ аст. Лекин муддати беш аз 5 сол аст, ки мардуми аз гуруснагӣ азияткашандаи Африқо воридоти ин гуна маҳсулотро манъ карданд.

ТАЪСИРИ МАВОДДИ АЗ ҶИҲАТИ ГЕНЕТИКӢ

ТАКМИЛДОДАШУДА БА САЛОМАТИИ ИНСОН

Исботи аниқи зарар ё безарарии (фоидаи аз онҳо танҳо якто аст, яъне арзон будани нарх) маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ҳоло вуҷуд надорад. Лекин натиҷаҳои зараровари истифодаи онҳо мавҷуданд. Чунончи, охири солҳои 90-уми асри гузашта олимони Англия ба омӯзиши таъсири картошкаи трансгенӣ машғул гаштанд. Баъд аз панҷ сол чунин тадқиқотро дар лӯбиё олимони италиягӣ ва австриягӣ бо нахӯди трансгенӣ гузарониданд. Натиҷаи ҳамаи ин тадқиқот нишон дод, ки таъсири чунин растаниҳо ба организм манфӣ аст. Онҳо иммунитети организмро паст карда, сабаби пайдоиши касалиҳои гуногун мешаванд. Бештари ин олимон чунин меҳисобанд, ки солҳои охир хело зиёд шудани бемориҳои саратон, фарбеҳшавӣ, ҳассосият (аллергия)ва монанди инҳо ба истеъмоли маҳсулоти трансгенӣ ҳамчун ғизо вобаста аст.

Олими рус Ирина Ермакова таъсири соя - навъи лӯбиёи аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашударо ба насли нави мушҳо омӯх¬тааст. Дар рафти таҷриба ба мушҳо ду ҳафта пеш аз ҷуфтшавӣ орди аз лӯбиё тайёркардашударо хӯрониданд. Дар натиҷа аз нисф зиёди мушҳои нав¬таваллудшуда дар рӯзҳои аввал нобуд шуданд, мушҳои зиндамонда бошанд насл надоданд, яъне безурриёт шуданд. Дар узвҳои дохилии мушҳо низ тағйирот ба амал омад, норасогиҳо дар рӯдаю меъда, ҷигар, мағзи сар, инчунин, системаи имунӣ ба амал омаданд.

Лекин мувофиқи нишондоди мутахассисон барои фаҳмиш ва маълумоти аниқ пайдо кардан оид ба хатари маҳсулоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда муддати зиёд ва паси сар шудани якчанд насли одамият, ки ин гуна маҳсулотро истифода мебаранд, лозим аст.

Аммо олимони амрикоӣ даъво доранд, ки муҳандисии биологӣ низ як намуди селексия аст ва натиҷаҳои он хатарнок нестанд. Он ширкатҳое, ки маҳсулоти ғизоии дорои маводди аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашударо истеҳсол мекунанд, танҳо арзонии нархи маҳсулоти хешро ташвиқот мекунанд, ки назари харидорро пеш аз ҳама ба худ ҷалб месозад. Лекин онҳо бехатарии ин гуна маҳсулотро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намесозанд.

Биёед, каме ба ин масъала рӯшанӣ андозем. Бо роҳи селексия танҳо дурагаи растаниҳои як намудро гирифтан мумкин аст, масалан, ду навъи картошкаро бо ҳам ҷуфт карда, навъи нави беҳтар ба вуҷуд овардан мумкин аст. Лекин дурагаи картошка ва моҳӣ ғайриимкон аст. Дар табиат ҷуфтшавии байни намудҳои бегона ба амал намеояд, вале агар ба амал ояд ҳам, насли безурриёт ба вуҷуд меояд. Аксарияти организмҳои трансгенӣ низ безурриётанд, чунки ворид кардани гени бегона қобилияти мувозинати генетикии онҳоро барои афзоиши ҷинсӣ вайрон мекунад. Табиат низ ба ҷуфтшавии намудҳои бегона муқобилат нишон медиҳад, чунончи, насли аз паланг ва шер, тетерев ва глухар, асп ва хар бавуҷудомада гарчанде қобилияти ҳаётӣ дорад, лекин безурриёт аст.

Мутаассифона, ба таври ошкоро касе гуфта наметавонад, ки организмҳои аз ҷиҳати генетики такмилдодашуда хатарноканд. Бештар аз ҳама мафҳуми "қудрати хатарнокӣ доранд" истифода бурда мешавад. Чунки барои зарари организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашударо собит сохтан тадқиқоти дуру дароз ва ҳаматарафа гузаронидан лозим аст. Лекин ин гуна тадқиқотро то ҳол касе намегузаронад. Ҳоло олимон фақат баъзе назарияҳоро оид ба зарари организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда пешниҳод намудаанду халос.

Маҳсулоти трансгенӣ дар натиҷаи истеъмол кардан ба одам ягон зарари ҳисшаванда намерасонад, ба генотипи одам низ ҳамроҳ шуда наметавонад. Вай метавонад ба организми инсон паҳн шуда, ба синтези сафеда таъсир расонад. Аммо сафедаҳое, ки бо иштироки ин гуна мавод ҳосил мешаванд, ба организми одам хос нестанд, яъне ба табиати инсон мувофиқат намекунанд. Аммо чунин тартиби синтези сафеда чӣ гуна оқибатҳо дорад ва ин гуна сафедаҳо ба организми инсон чӣ хел зарар мерасонанд, номаълум аст.

Фарзияҳои олимон доир ба оқибатҳои истифодаи маводди аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда чунинанд:

-Истифодаи маҳсулоти дорои организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда метавонад сабаби пайдоиши аллергия гардад. Чунончи, дар ИМА, ки маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда васеъ истеъмол карда мешавад, беш аз 70% аҳолӣ аз аллергия азоб мекашанд, дар Шветсия, ки чунин маҳсулот манъ карда шудааст, танҳо 7% аҳолӣ аллергия доранд;

-Истифодаи маводди трансгенӣ сабаби вайрон шудани сохтори ғадуди луобӣ ва устувории микрофлораи меъдаю рӯда ба антибиотикҳо мегардад;

-Иммунитети организм паст мегардад (70% иммунитети инсон дар узвҳои ҳозима аст), мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад;

-Маводи дорои организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда метавонад боиси афзоиши касалии саратон гардад. Трансгенҳо хосияти ба аппарати генетикии мироорганизмҳои дохили меъда ҳамроҳшавӣ доранд, ки ин сабаби мутатсия мегардад. Маҳз мутатсияи ҳуҷайраҳо ба инкишофи ҳуҷайраҳои саратонӣ мегардад.

Албатта гуфта наметавон, ки дар натиҷаи истифодаи маводи дорои хосияти трансгенӣ одам ҳатман ба ин гуна оқибатҳо дучор мешавад. Чунки танҳо хатари ташаккули чунин бемориҳо вуҷуд доранд, ки исботи онҳо 40-50 солро тақозо менамояд. Моро зарур аст, ки дар интихоби маводди ғизоӣ ва дигар маҳсулоти дорои хатари организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда эҳтиёткор бошем.

ЭМИН МОНДАН АЗ ЗАРАРИ ОРГАНИЗМҲОИ

АЗ ҶИҲАТИ ГЕНЕТИКӢ ТАКМИЛДОДАШУДА

Ҳоло роҳи пурра эмин мондан аз истифодаи организмҳои аз чихати генетики такмилдодашу да кариб ки намондааст. Чунки ин душмани дӯстнамо аллакай дар хама ҷо паҳн гаштааст. Ҳатто деҳқонон тухмиҳои картошкаи дорои чунин хосиятро парвариш намуда, ҳосили истеҳсолнамудаи худро ҳамчун картошкаи ватанӣ ба бозорҳо ворид менамоянд. Растаниҳои трансгени хосияти серҳосилӣ, тезпазакӣ ва устувориро ба касалию ҳашароти зараррасон доранд. Дар муқоиса бо навъҳои муқаррарии онҳо хело фарқияти калони мусбӣ доранд, ки ин барои деҳқонон хело муҳим ва сердаромадтар аст. Лекин аз ҷиҳати дигар ин гуна растаниҳо аз хок маводди ғизоиро зиёдтар истифода бурда, дар баробари ин метавонанд миқдори зиёди нурии минералӣ, инчунин баъзе маводди зарарнокро, аз қабили металҳои вазнин ва ғайраҳо аз хок гиранд. Ин ҳолат аз як тараф сабаби вайрон шудани сохтори хок гашта, аз тарафи дигар сабаби хатарнок шудани маҳсули растаниҳои трансгенӣ мегардад.

Роҳи ягонаи даст кашидан аз маҳсулоти дорои хосияти аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда истифодаи маводди табиӣ ва коркарднашуда, аз он ҷумла ҳасибҳои гуногун, меваю сабзавоти аз хориҷ воридшуда, ки нархи арзон, вале намуду тамъи хуб доранд, мебошад.

Вазоратхои тандурустӣ ва кишоварзӣ, корхонаҳои хӯроки умумӣ, Кумитаи гумрук, пажӯҳишгоҳҳои генетикию селексионии кишварро зарур аст, ки барои муайян кардани маҳсулоти дорои хосияти трансгенӣ ва фарқ кардани он аз маводди безарари озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои ба мавзӯи мазкур дахлдор чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар мағозаҳо пеш аз харидории ягон маҳсулоти хӯрока сараввал навиштаҷоти борҷомаро бо диққат хондан лозим аст. Аз харидории маҳсулоти аз соя тайёркардашуда, масалан орди соя, равған ва панири соя, леситин (Е322), орд, крахмал ва равғани ҷуворимакка худдорӣ намудан авлотар аст. Маҳсулоти аз хориҷ воридшавандаи дорои хосияти трансгенӣ, аз он ҷумла помидор, меваю сабзавот бо тару тозагӣ ва муддати дароз вайрон нашуданашон фарқ мекунанд.

Истеъмоли хӯроки дар хона тайёркардашуда, аз ҷумла маҳсулоти ордию торт, харидории равғанҳои маскаи табиӣ ба ҷойи маграринҳои арзони хориҷӣ, даст кашидан аз истеъмоли шоколадҳои дорои маҳсулоти соя, инчунин равғани растанӣ ва дигар изофагиҳо аз ҷумлаи роҳҳои эмин мондан аз маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда мебошанд.

Зироатҳои аз ҳама бештар аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда соя, ҷуворимакка, гандум, лаблабу, тамоку, пахта, рапс, картошка, кулфинай ва сабзавот мебошанд.

МУНОСИБАТИ ДАВЛАТХОИ ДУНЁ БО МАҲСУЛОТИ ОРГАНИЗМҲОИ

АЗ ҶИҲАТИ ГЕНЕТИКӢ ТАКМИЛДОДАШУДА

Дар Аврупо кайҳо боз қонун оид ба маводди аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда дар маҳсулоти озуқаворӣ амал мекунад, ки мувофиқи он меъёри аз 0,9% зиёд иҷозат дода намешавад. Дар Чопон ин меъёр 5%, ИМА 10% муқаррар шудааст.

Аз оғози соли 2009 дар Украина низ тартиби бақайдгирии маҳсулоти дорои организмхои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ҷорӣ карда шудааст. Ҳамаи маҳсулоти воридшаванда бевосита дар сарҳад аз ташхис гузаронида мешавад ва дар ҳолати дар таркиби маҳсулоти воридшаванда аз меъёри 0,9% зиёд будани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ба воридкунии он иҷозат дода намешавад.

Дар Русия бошад қонун оид ба нишонагузории ҳатмии маҳсулоти дорои организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ба миқдори на зиёда аз 0,9% амал мекунад. Дар акси ин ҳолат ҷарима ва чазо то ҳадди қатъ кардани фаъолияти корхона бо қарори суд муқаррар шудааст.

Дар Аврупо низ нишонагузории ҳатмӣ чорӣ карда шудааст ва харидор худаш ё маҳсулоти арзони "ГМО"-ро харидорӣ мекунад ё маҳсулоти тозаро бо нархи гаронтар интихоб менамояд. Мутаассифона, дар баъзе давлатҳо, аз он ҷумла Русия нархи ҳардуи ин маҳсулот як хел аст.

Дар давлатҳои Аврупо инчунин маҳсулоти "органикӣ" истеҳсол ва фурӯхта мешаванд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, дар ҳамаи зинаҳои истеҳсолот таҳти назорати қатъӣ гирифта мешаванд.

Дар Русия парвариши растаниҳои трансгенӣ барои истеҳсолот манъ карда шудааст, лекин 14 намуди маҳсулоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда (ҷуворимакка, картошка, шолӣ ва лаблабуи қанд) барои фурӯш ва коркарди саноатӣ иҷозат дода шудааст. Лекин барои ин давлат сояи аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда, ки ба миқдори зиёд воридот мешавад, бештар хатарнок аст. Истифодаи сояи такмилдодашуда метавонад хосияти занмиҷоз шуданро дар бачаҳо ба вуҷуд орад ва сабаби тезтар инкишоф ёфтани духтарон гардад, инчунин дар мардон сабаби суст шудани талаботи ҷинсӣ гардад. Сабаби ин дар мавҷудияти фитогормони махсус дар чунин намуди соя аст, ки ба системаи гормоналии одам таъсир мерасонад. Инчунин вай метавонад устувории организмро ба антибиотикхо зиёд намояд, ки дар натиҷа табобати бисёр бемориҳо ғайриимкон мегардад.

Ҳукумати Русия барои ворид нашудани маҳсулоти дорои чунин хосият чораҳо меандешад. Чунончи қарори сардухтури санитарӣ дар ин бора содир шудааст, ки тибқи он агар маводди озуқаворӣ беш аз 0,9% организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда дошта бошад, дар тамғакоғази он бояд ин маълумот дарҷ карда шавад.


Бахтиёр РАСУЛОВ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97