ҶОПОН ДАР КИШВАРИ МО РОҲ МЕСОЗАД

Иҷтимоъ 04.03.2010 19:45

Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба азнавсозии роҳҳо иқдом кардааст. Тибқи як лоиҳаи Оҷонсии Ҷопон оид ба Ҳамкории Байналхалқӣ (JICA) дар вилояти Хатлони кишвар бо маблағи бештар аз 50 миллион доллари амрикоии кумаки бе бозгашти Ҷопон, азнавсозии роҳҳо дар ду давра сурат мегирад. Дар давраи нахуст, ки мохи майи соли гузашта оғоз гардидааст, азнавсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа - Дустӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷодаи Қурғонтеппа – Дустӣ 42 км. арз дошта, тибқи нақша бо буҷаи 37,9 миллион доллар бояд то моҳи марти соли 2012 ба итмом бирасад.

Бо ҳадафи ошноӣ аз раванди корҳои сохтмонии ҷодаи мазкур 26-уми феврал JICA як ҳайати рӯзноманигорони кишварро ба маҳалли сохтмон сафарбар намуд. Дар ҷараёни ошноӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи азнавсозии ҷодаи мошингарди Қурғонтеппа – Дустӣ аз ҷониби Оҷонсии «Инҷеросек Корпорейшон»-и Ҷопон таҳия гардида, онро ширкатҳои сохтмонии ҷопонии «Дай Ниппон» ва «Ниппо Ҷойнт Венча» амалӣ месозанд. Тибқи иттилои ширкатҳои мазкур лоиҳа бо технологияи навтарини замонавӣ сохта шуда, кафолати 50 соларо дорад. Ҳамчунин, дар арзи ҷодаи мазкур, ки 7 пул болои каналу заҳбурҳо ҷойгир шудааст, бо усули барои Тоҷикистон ҷадидтарин азнавсозӣ карда мешавад.

Дар даври дуввум азнавсозии ҷодаи мошингарди Дустӣ – Панҷи Поён ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони ин ҷода низ аз моҳи майи соли гузашта оғоз гардида, дар моҳи декабри соли ҷорӣ бояд ба итмом расад. Лоиҳаи дуввум нисбатан арзонтар буда, бо масрафоти 14,6 миллион доллар амалӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Оҷонсии Ҷопон оид ба Ҳамкории Байналмилалӣ ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи азнавсозии ҷодаҳо ташкили интиқоли самараноки молу мусофирон ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Зимнан, JICA бар ин назар аст, ки кулли ҷодаҳои автомобилгарди Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ бунёд гардидааст ва ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ қисме аз онҳо, махсусан дар вилояти Хатлон, хароб карда шудаанд. Гузашта аз ин, аз сабаби норасоии маблағгузорӣ барои нигаҳдошти роҳҳо ва сар задани ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ҳолати ҷодаҳои Тоҷикистонро ба харобӣ овардааст. Ҳолати кунунии ҷодаҳо монеи тараққии интиқоли байналмилалии молу мусофирон гардида, ба рушди иқтисоди кишвар зиёни ҷиддӣ расонидааст.


«Миллат»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97