«БОМБА» ДАР ҚУБОДИЁН ё хатари маънавӣ дар ҷануби Хатлон

Иҷтимоъ 27.02.2010 15:19

ҚУБОДИЁНИ "МАХУФ"?

Ноҳияи Қубодиён ягона аз навоҳии Хатлон ба ҳисоб меравад, ки бозори марказии он дар рӯ ба рӯйи ҳукумати ноҳия воқеъ аст. Ин имкон медиҳад, ки масъулин ҷуссаҳои худро аз курсиҳо ҳам набардошта, аз тирезаи ҳуҷраҳои корӣ набзи ҷомеаро мушоҳида кунанд. Аммо бозори ноҳия орому рафтуойи мардум корвони хомӯши мӯрчаҳоро мемонад, ки ҳар нафаре аз пайи қути лоямут сарсону саргардонанд. Инҷо тӯли солҳои зиндагии ҳамҷояи тоҷикону узбакзабонҳо як маданийяти хоссае пайдо шудааст.

Агар аз роҳгузаре суроғаи ин ё он шахсро пурсӣ, ҳатто агар мусоҳибат аз аҳли пайвандони шахси даркориат ҳам бошанд, ба Шумо як ҷавоб медиҳанд. Намедонам!!! Мардуми ин ноҳия умуман

бо одами ношинос хоҳиши сӯҳбат кардан надоранд. Ҳамсафари мо, ки дар ин ноҳия замоне зиндагӣ ҳам кардааст, бо боварӣ мегӯяд; "Аз сӯҳбату мушоҳидаҳои зоҳирӣ ва аҳволи равонии мардум сирру асрори онҳоро кашф кардан имконнопазир аст. Қубодиёниҳо ягона чизе, ки дар бисот доранд, ин сирру асрори онҳост".

ЧАРО БОНУИ ҚУБОДИЁНӢ ИДОРАИ

МАОРИФРО САНГБОРОН НАКУНАД?

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Абдулмӯъмин Улфатов аз вазъи ногувори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ оромона нақл мекард: "Мудири маорифи ноҳияро аз кор озод кардем. Зеро шахсе, ки муҳити оилаи худро халалдор намуда, аҳли оила аз ӯ шикоят мекунанд, ҳуқуқи маънавии роҳбарии соҳаи маорифи ноҳияро надорад. Баъде, ки ҳамсари мудир ба мо шикоят кард, ки шавҳараш шабона дер-дер ба хона омада, рафторҳои ношоиста дорад, шахсан худам бо намояндаи мақомоти амниятӣ аз паяш шуда, шабона ӯро боздошт намудем, ки ба бадахлоқӣ машғул буд. Модоме ки сарвари соҳаи маориф чунин бошад, пас ҳоҷат аз баёни вазъи таълиму тарбият дар мактабҳо нест".

Баъди нишасти матбуотӣ як бонуи деҳотӣ аз афзоиши фоҳишахонаҳо шикоят намуда иброз дошт, ки агар фоҳишахонаҳоро бархе аз масъулин пуштибонӣ накунанд, чӣ гуна фаҳшу фуҷур дар ноҳия зиёду ошкоро шудааст? Зимни сӯҳбат маълум гардид, ки мардуми одӣ ҳам аз саргузашти мудири маориф огоҳанд. Яке гуфт: "Об аз боло лой аст, агар не, пас, чӣ гуна метавон тассаввур кард, ки чунин ашхос соҳаи маорифро идора кунанд?". Дигаре сухани ҳамсафарашро тақвият дода илова кард: "Агар ман ба ҷойи муаллима мебудам, шикоят он тараф истад, дару тирезаҳои идораи маорифи ноҳияро санг¬борон мекардам ва чунин шавҳармудирро шарманда мекардам. Ҳозир ҳам, ин зан хело пуртоқат будааст".

ФОҲИШАХОНАҲОИ ҚУБОДИЁНРО КӢ

ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД?

Барои огоҳӣ аз "дастовард"-ҳои даллаҳои ноҳия ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат кардем. Раҷабалӣ Эмомов сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Қубодиён иттилоъ дод, ки дар соли сипаригардида дар ҳудуди ноҳия 134 ҷинояткорӣ, аз ин 6 ҳолат марбут ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳомиёни ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар соли 2009-ум як ҳолати ташкили фоҳишахонаҳоро кашф намуда, ҳамзамон нисбати 4 нафар шаҳрвандон бо ҷурми бисёрникоҳӣ дар асоси моддаи 170 Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Эмомов, сардори ШКД-и ноҳияи Қубодиён овозаҳо оид ба афзоиши фоҳишахонаҳо дар ҳудуди ноҳия беасос мебошанд.

Аммо Адолат Сайфуллоева як нафар аз рӯзноманигорони мустақилли минтақа дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳанӯз як сол қабл дар расонаҳои хабарӣ оид ба мавҷудияти 21 фоҳишахона дар ноҳияи Қубодиён иттилоъ пахш шуда буд.

Рӯшанфикрони ноҳия сабаби афзоиши фоҳишахонаҳоро дар он мебинанд, ки бахшҳои мухталифи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия дар пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа фаъолияти суст доранд. Ҳамчунин, ҳиҷрати зиёди ҷавонмардон ба муҳоҷирати корӣ ва афзоиши бекорӣ дар ҳудуди ноҳия боиси содиршавии ҷиноятҳои ахлоқӣ арзёбӣ мегардад.

МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҚУБОДИЁН

Аммо чун хабарнигорон мавзӯйи пешгирӣ аз афзоиши фоҳишахонаҳоро дар нишасти матбуотӣ ёдовар шуданд, раиси ноҳия гуфт: Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия кор намекунад. Як нафар мудир буд, се моҳ мешавад ӯро аз кор озод намудаем, то ҳол аз ҳисоби бонувони ноҳия як кадр намеёбем, ки ба ин вазифа таъйин кунем. Мутаассифона, аз татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, омӯзиш ва омода намудани мутахассисон аз ҳисоби занону духтарони деҳот ду панҷсола сипарӣ гардид, аммо иҷрои ин барномаҳо дар ноҳия ба талабот ҷавобгӯй нест.

Бобати таъйини бонуи кордон ба ҳайси мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қубодиён Қурбонгул Пирхонова, масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати вилояти Хатлон иброз дошт, ки масъули бахши қубодиёнӣ бинобар вазъи нохуби саломатиаш бо хоҳиши худ аз кор рафтааст. Айни замон ба ин вазифа се нафар номзад пешниҳод шудааст. Аммо масъулини ҳукуматҳо ҳамин ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизоранд, баъди он ҳатман бахши қубодиёнӣ роҳбари худро меёбад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки тӯли ин муддат муҳимтарин сохтори марбут ба ҳифзи ҳуқуқҳои бонувон ҳаволаи тақдир буд?

Чун чанде қабл бону Адолат Сайфуллоева як нафар аз рӯзноманигорони мустақил дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, ки бидуни доштани маълумоти оиладорӣ ин вазифаро пеш мебурд, баъди нашри матолиби интиқодии мо аз вазифа рафт. Ба гуфтаи ӯ дар ин ноҳия бонувони кордонро бо усули дигар "мешикананд". Як мисоли овардааш ин буд, ки чанде пеш дар бахши танзими расму оинҳо ва маъракаҳои мардумӣ як нафар бону-агрономи пешқадамеро таъйин карданд, ки баъдан бо хоҳиши худаш аз кор рафт. Ҳол он ки ин бону бояд бо донишу маҳорати касбӣ бахши кишоварзии як ноҳияро идора кунад.

ЗАМИН ВА ҶАВОНОН

Дар самти кор бо ҷавонон бошад, тибқи иттилои рӯзноманигор Адолат Сайфуллоева, чанде пеш масъули бахши кор бо ҷавонони ноҳия низ бо як сабаби хандаовар аз кор озод карда шуд, ки ифшои онро қобили қабул намеҳисобем.

Як сабаби дигари коста гардидани ахлоқи ҷомеа ҳамин бекорӣ ҳам шуда метавонад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 50%-и заминҳои ноҳия тариқи насосҳои обкаш оббёрӣ шуда, муҳимтарин соҳа, муассисаи оби ноҳия аз истифодаи неруи барқу дигар хидматрасониҳо беш аз 2 миллион сомонӣ қарз¬дор аст. Ин аст, ки танҳо дар як минтақаи ноҳия ҳудуди 2 ҳазор га заминҳо аз беобӣ кишт намешаванд. Барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида 11 миллион сомонӣ, шояд доллар, лозим будааст.

ТАРКИШИ БУЗУРГ

Ҳамин тавр, бо сабабҳои гуногун бахшҳои мухталифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба як таҳаввулот ниёз доранд. Раиси ноҳия дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт, ки як сабаби эҷоди мушкилиҳои кадрӣ ва бахшҳои гуногуни кор бо ҷомеа ин фаъолияти сусти дастгоҳи идеологии ноҳия мебошад.

Воқеан, ба гуфтаи бонувони қубодиёнӣ, муовини раиси ноҳия Тоҷиннисо Шарифова муддати тӯлонист, ки дар курсии бонуи №1-и ноҳия нишаста, алаккай тамоми идеяҳои худро пиёда кардааст. Бояд ҷойи ӯ нафари дигаре бо барномаҳои наву неруи тоза рӯйи кор ояд. Вагарна дар як вазифа муддати тулонӣ кор кардан хосси на ҳама бошад. Бояд гуфт, ки ин андешаи як-ду нафар аз сокинони ноҳия нест, чун банда нисбати муовини раис бону Тоҷиннисо Шарифова эҳтироми хос дошта бошам ҳам, вале андешаи мардуми ноҳияро, ки аз сӯҳбатҳо бо онҳо бардошт кардаам, ин ҷо сарфи назар кардан аз рӯйи инсоф набуд.

Аммо сардори ШКД-и ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки сабаби содиршавии ҷиноятҳо ва коста гаштани ахлоқи мардум мавқеи ҷуғрофии ноҳия ҳам шуда метавонад. Чун Қубодиён бо сарҳадҳои Узбакистону Афғонистон наздикӣ дорад, рафтуомади ҳамсояҳо низ ба равони мардум бе таъсир намемонанд. Аммо агар ин сабабро мақомоти ноҳияи Шаҳритус мисол меоварданд, боз ҳам ба ҳақиқат наздиктар мешуд. Зеро Шаҳритус бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя сарҳадҳои дарозу боз ҳам дорад.

Хулоса, мақсад аз баёни ин матлаб бознигарӣ ба вазъият ва муҳити як ноҳияи диёр буда, аз масъулин хоҳиш доштем, ки дар ҳалли мушкилиҳои ин ноҳия чорае биандешанд. Ва шарт нест, ки бо нишони №622 заҳмат кашида, мисолҳои овардаи моро инкор кунанд. Зеро дар бештар аз далелҳои дар мақола овардашуда, мисолҳои зиёде маҳфузанд, ки зарурати ифшои онҳоро надонистем. Чун мақсад ислоҳи камбудиҳо аст, на интиқоди соҳаҳои як мақомоти маҳаллӣ.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97