ШИНОСНОМАИ РУСӢ ЗАРУРАТ Ё МАНФИАТ?

Иҷтимоъ 25.02.2010 11:15

ҲИҶРАТ

Ҳиҷрат танҳо аз масоили имрӯз нест. Тӯли қарнҳо мардуми олам барои беҳдошти рӯзгор аз диёре ба диёре, аз кишваре ба сарзамине дигар ҳиҷрат мекарданд. Бахусус, авохири қарни бист ин раванд аз кишварҳои "сеюм" (Шарқу Африқо) ба Аврупо авҷ гирифт. Имрӯзҳо яке аз мушкилиҳои сарбастаи аксари давлатҳои Ғарб муҳоҷирати бегонагон ба ин кишварҳост. Тоҷикон низ дар баробари шаҳрвандони кишварҳои мазкур побанди ин ранҷи то ҳанӯз "бедаво" гардидаанд. Русия бузургтарин кишварест, ки муҳоҷирини тоҷикистонӣ дар он тайи солҳои ахир мустақар гашта, расмӣ ё ғайрирасмӣ кору фаъолият доранд.

Давраи аввали муҳоҷират бо вуҷуди ҳама нобасомониҳо ва сахтиҳо, шумори басо ками тоҷикон нияти гирифтани шаҳрвандии Русияро доштанд. Солҳои навадуми асри гузашта ва аввалҳои ҳазораи нав асосан русҳо ва иддаи каме аз тоҷикон барои қабули шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ доштанду бас. Аммо солҳои баъдӣ теъдоди бешумори тоҷикистониён барои қабули шаҳрвандии русӣ моҳҳо навбат поидаву аз ҳама васоил истифода мебурданд. ЧАРО? Чӣ зарурат муҳоҷиринро ба ин водор кард? Суд дар чист?

Имрӯзҳо тибқи иттилоъоти ғайрирасмӣ аз соли 1992 то кунун садҳо ҳазор тоҷикистониён шиносномаи русиро дар даст доранд.

Иллати аслии таваҷҷуҳ ба шаҳрвандии Русия муҳоҷират гуфта мешавад. Давраҳои муҳоҷиратро метавон ба якчанд марҳила тақсим кард.

ХУРӮҶИ БЕБОЗГАШТИ МАРДУМОНИ

ҒАЙРИТОҶИК, АЛАЛХУСУС РУСЗАБОНҲО

Дар аввали соли 1992 Ҳукумати Русия нахустин қонун дар бораи қабули шаҳрвандиро ба тасвиб расонд. Тибқи ин қонун ашхосе, ки дорои шиносномаи СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ) буданд ва хоҳиши барои ҳамеша дар Русия зиндагонӣ карданро доштанд, метавонистанд бе ҳеч мумониъат шаҳрвандии ин кишварро қабул намоянд. Барои қабул танҳо доштани қайди ҷойи зист басанда буд. Муддати амали ин қонун то соли 2000 буд. Дар ин ҳангом сартосари кишварҳои пасошӯравиро бӯҳрони иқтисодӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва нооромиҳои дохилӣ фаро гирифта буд. Тоҷикистони навташкил низ истисно набуд. Миллатҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ба хусус русзабонҳои зиёде беш аз 50-60 сол дар ин диёр иқомат доштанд. Ин гурӯҳ аксар кормандони соҳибихтисос ва коргарони корхонаҳои гуногун буданд. Дар чунин шароит тоқат накарда, аксар хонаву дари хешро фурӯхта бо баҳонаи "гуреза" (беженец) доғи сиёҳи миллатгароиро дар пойи мардуми инсондӯсти ТОҶИК баста, рӯй ба ватани бобоии хеш карда, шаҳрвандии русиро қабул намуданд. Як сабаби авҷи бадбинии миллатгароёни рус нисбати ҳамсоякишварҳои "бародар" низ хурӯҷи теъдоди зиёди русзабонҳо ба ҷониби Русия буд. Дар ин қатор шумораи каме аз тоҷикон, ки алоқаи пайвандии хешутаборӣ бо ин ақвом доштанд, низ соҳиби шиносномаи шаҳрвандии Русия гаштанд. Тибқи гуфтаи коршиносон тайи ин даҳсола (1992 - 2002) тахминан беш аз сесад ҳазор тоҷикистонӣ Ватанро бебозгашт тарк намуданд. Ин хурӯҷ ягон ҷанбаи сиёсӣ надошта, балки танҳо паҳлӯҳои иқтисодӣ дошт. Бинобар ин наметавон гуфт, ки муҳоҷират иҷборӣ буд. Танҳо барои фароҳам кардани рӯзгори хубтаре ин афрод худро ҷалои ватан намуданд…

МУШКИЛОТИ ДЕМОГРАФӢ ДАР РУСИЯ

Моҳи январи соли 2001 Ҳукумати Русия қонуни наверо дар бораи қабули шаҳрвандӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ қабул намуд. Мутобиқи қонуни мазкур муҳоҷирин танҳо иҷозаи то навад рӯз иқомаро доштанду халос. Доштани рухсатнома барои кор ҳатмӣ карда шуд. Инчунин санади ба даст овардани ҷои истиқомат басо душвор гардид. Барои корҷӯёни муҳоҷир квота ташкил шуд, ки мувофиқи он танҳо ду миллион муҳоҷир ҳақ доштанд, ки иҷозатнома барои кор бигиранд. Баъди рӯйи кор омадани ин қонун, балои наве бо номи "депортатсия" ё худ ихроҷи ҳатмӣ, ба сари тамоми муҳоҷирини Русия фурӯ рехт, ки тоҷикон дар яке аз сафҳои аввал қарор доштанд. Ихроҷи беш аз чиҳил ҳазор коргарони ғайрирасмии тоҷик тӯли ин солҳо баёнгари ин гуфтаҳост, ки инҷо ҳоҷати шарҳи он нест. Борҳо ВАО-и дохиливу хориҷӣ ин нуктаро қайд карда буданд. Бори гарони ин қонун тоҷиконро маҷбур месохт, талабгори шаҳрвандии русӣ гарданд. Бо роҳҳои мухталиф; квота, никоҳҳои сохта (фиктивный брак), харидани каппаҳои беарзиш дар гӯшаҳои дурдасти Русия ва ғайра. Иддаи доротари тоҷикон тавонистанд шиносномаи русиро ба даст оранд. Қабули шаҳрвандӣ мушкилоти зиёде дар бар дошт. Пешниҳоди беш аз ҳабдаҳ ҳуҷҷати шахсӣ, доштани маблағи муайян дар яке аз бонкҳо барои зист на ба ҳамаи тоҷикон созгор буд. Ин раванд дар солҳои 2007-2009 ба авҷи аъло расид. Соли 2007 қонун дар бораи содатар кардани қабули шаҳрвандӣ ва кам кардани рӯйхати асноди қабул барои муҳоҷирини пасошӯравӣ муносибтар гардид. Дар ин овон шумораи бисёри муҳоҷирини тоҷик дар қатори корҷӯёни ҳамҷавори мо, узбаку қирғиз, шаҳрвандии Русияро қабул намуданд. Албатта ин гузашт аз ҷониби Ҳукумати Русия бе асос набуд. Пӯшида нест, ки аҳолии ин кишвари бузург сол то сол дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Ба назари бисёри коршиносони рус, соле беш аз 800 ҳазор мардумони бумӣ талаф ёфта истодаанд. Ба замми ин фавҷи бешумори муҳоҷирини олам Русияро фаро гирифта аст. Ин раванд дар ин кишвар то ҳанӯз комилан ҳалли худро наёфтааст. Яке аз роҳҳои боло бурдани теъдоди аҳолӣ ва ба эътидол овардани низоми коргарии дохилиро баъзе аз коршиносони рус дар ҷалби коргарони пасошӯравӣ медонанд.

Донистани забони русӣ ва доштани "фарҳанги муштараки шӯравӣ"-и беш аз ҳафтодсолаи ин кишварҳои "бародар" барои Русия аз муҳоҷирини кишварҳои дигар карда мувофиқтар аст. Ба замми ин, метавон роҳи қонуншиканиҳои корҷӯён ва корфармоёнро баст, ки ба иқтисодиёт ва низоми кишвари рус халал ворид мекунад. Муҳоҷирини тоҷик аксаран ғайрирасмӣ кору фаъолият доштанд. Коҳиш додани квотаи рухсатномаи корӣ ва тарси ихроҷи ҳатмӣ бисёре аз тоҷиконро маҷбур сохт, ки ночор ҷиҳати қабули шаҳрвандӣ талош намоянд. Тайи ин ду сол бисёре аз муҳоҷирини тоҷик шаҳрвандии Русияро қабул намуданд. Тибқи нишонаҳои оморӣ дар ин давра даҳҳо ҳазор соҳиби шиносномаи русӣ гаштанд. Ба назари соҳиби ин сатрҳо шароити сахти рӯзгор ва дарёфти дастмузди шоистатар тоҷиконро водор сохт, ки барои ба даст овардани шиносномаи русӣ талош намоянд. Пас ин равандро метавон амри зарурӣ ба қалам дод. Якуми июли соли 2009 Ҳукумати Русия амали ин қонунро барои як муддат мутаваққиф сохт.

АЗ ШИНОСНОМАИ РУСӢ ТОҶИК

ЧӢ ФОИДА МЕБИНАД?

Доштани шаҳрвандии русӣ як қатор ҷанбаҳои мусбатро барои ҳамватанони мо дорост. Касоне, ки ин шаҳодатномаро соҳиб гаштаанд, аз ихроҷи ҳатмӣ (депортатсия) ва озору шиканҷаҳои кормандони милиса ва Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар раҳо ёфтанд. Ононе, ки қаблан дар шароити душвори сохтмонҳои нотамом ва бозорҳо ва басо риққатовар мезистанд, пас аз ахзи санад тавонистанд шароити беҳтареро ба даст оваранд. Корҷӯёни ғайрирасмӣ аз тамоми ҳуқуқҳои инсонӣ бе насиб буданд. Ин беҳуқуқӣ то ҳадде боло буд, ки ҷумлагиро корфармоён чӣ соне дилашон мехост, кор фармудаву даҳчанд муздикам медоданд. Дар ҷомиъаи Русия бо исми "неруи арзони коргарӣ" (дешевая рабочая сила) машҳур гашта аз тамоми ҷанбаҳои ҳифзи ҳуқуқиву моддиву маишӣ маҳрум буданд. Минбаъд метавонанд дар коргоҳҳои мухталифи давлативу ғайридавлатӣ роҳ ёфта, музди мувофиқи корро ба даст оранд. Ташхиси беморӣ, ки барои муҳоҷирин басо гарон буд, барои дорандагони санади шаҳрвандӣ ройгон гардид. Ҷанбаи дигари манфиатноки ин омил кӯмаки моливу пулии муҳоҷирин ба наздиконашон аст. Эҳтиром ва дастгирии наздикон, яке аз хусусиятҳои тоҷикона мебошад. Пас ӯ намегузорад, ки хонадону хешонаш ҳаволаи тақдир бошанд. Ба истиснои бархе, ки ҷуз "сару соя"-и хеш парвои фалакро надоранд.

Тоҷикон аз қадимулайём мардуми тамаддунсоз ва миҳанпарастони содиқанд. Шароити кунунии зист ва тангдастӣ онҳоро маҷбур сохта аст, то ночор рӯ ба кишварҳои мухталиф оранд. Аз ин рӯ ин равандро наметавон миллатгурезӣ ба қалам дод. Тоҷик ҳама ҷо ТОҶИК аст. Таъсири фарҳанги волои мардуми тоҷик дар тамоми атрофи Русия худ баёнгари он аст. Бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуда, сол ба сол иду маросимҳои миллии хешро дар байни ин мардум зинда намуда истодаанд. Тайи чор панҷ соли охир ҷашни Наврӯзи ниёиро дар тамоми атрофи ин кишвар таҷлил менамоянд. Дар ин баргузориҳо дигар ақвоми осиёиву қафқозӣ низ ширкат меварзанд, лек созмондиҳандаи ин ҷашни бобоӣ дар ҳама ҷо тоҷиконанд. Нишастҳои илмӣ ва ташкили маросиму ҷашнҳои гуногуни расмӣ ва ғайри он, имрӯзҳо сартосари ин ҷомиъаро фаро гирифтааст. Ба таври намуна чанде аз онҳоро метавон қайд намуд: Баргузории ҷашни илмӣ фарҳангӣ ба 1150-солагии маликушшуаро устод Рӯдакӣ бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Нишастҳои илмӣ нисбат ба 1310- солагии пешвои мазҳаби ҳанафӣ - имоми Аъзам дар соири шаҳрҳои Русия. Дар шаҳри Твер бо дастгирии диаспораи Иттиҳоди тоҷикистониён ва иддае аз ҷавонони ватанхоҳ ду соли пайопай аст, ки мусобиқаи гӯштии миллии тоҷикӣ дар рӯзи Наврӯз ба таври васеъ баргузор мегардад. Дар ин қувваозмоӣ қариб тамоми халқиятҳои мавҷудаи Русия ширкат меварзанд...

ОЁ ТОҶИКОН АЗ ШАҲРВАНДИИ

РУСИЯ ЗИЁНЕ МЕБИНАНД?

Дар баробари манофеъи зикршуда, паҳлӯҳои манфӣ низ дар ин иқдом мавҷуд ҳаст. Нахуст зиёни ахлоқӣ- фарҳангӣ. Касоне, ки солҳои тӯлонӣ дур аз ҳамзабонон ба танҳоӣ умр ба сар мебаранд, хоҳ--нохоҳ махлути фарҳанги бегона хоҳанд шуд. Таҳсил дар мактабҳои ғайритоҷикӣ ва камиттилоъӣ аз забони модарӣ ба фарзандони онон таъсири худро хоҳад расонд. Ба замми ин бархе аз тоҷикони бехабар аз фарҳанги худ, бо фарзандонашон бо забони русӣ ҳарф мезананд, ки ин басо дардовар аст. Ҳамчунин ин насл аз фасоди ахлоқии ҷомиъаи ғарбӣ, ки бо одоби мо созгор нест, бе таъсир нахоҳад монд. То ба ҳол мавҷуд набудани марокизи фарҳангӣ-таълимии тоҷикӣ дар ин кишвар ба пойдории фарҳанги миллии шаҳрвандони тоҷиктабор бехалал намемонад. То ҷое иттилоъ дорам ҷониби Тоҷикистон барои кушодани маркази фарҳангии тоҷикӣ дар шаҳри Маскав муддатҳост талош дорад. Мутаассифона аз ҷониби муқобил то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст. Умед аст, ки ба зудӣ чунин марказ дари худро боз намояду дар роҳи эҳёи фарҳанги тоҷикӣ дар миёни тоҷиктаборон саҳмгузор бошад.

Ҳиҷрати бе шумори муҳоҷирини корталабро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Гарчи одатан мавсимиянду соле як бору ду бор ба ватан меоянд, касоне низ ҳастанд, ки солҳо кишвари Русро "Ватан" кардаанд. Гирифтори ягон "моҳпайкари кишвари русӣ"- гаштаву хонаву дари худро аз ёд бурдаанд. Талоқҳои SMS-иву телефонӣ, ки вақтҳои охир чандин хонаводаи тоҷикро хонавайрон кард, далели ин гуфтаҳост. Ин раванд дар соҳаи иҷтимоӣ бе таъсир нахоҳад буд. Сол то сол саффи ҷавондухтарони бе шавҳар ё аз шавҳармонда зиёд шуда истода аст, ки бархе ҷурми инро аз ҳиҷрати муҳоҷирини тоҷик медонанд.

Аз дигар ҷониб ҷанбаҳои сиёсии қабули шаҳрвандӣ ҳам ба куллӣ безиён нестанд. Зеро:

Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлӯш рақибест,

Дар дори ҷаҳон як гули бе хор набошад.

Метавон ин нуктаро низ қайд намуд, ки дар ин миён мардуме низ ҳастанд, ки мехоҳанд бо қабули шаҳрвандии дигар кишварҳо мақсадҳои ғаризонаи хешро рӯйи кор оранд. Бовар аст, ки хушбахтона ин гуна афроди нолоиқу миллатгурез дар байни мардуми мо андаканд. Илова бар ин ҷониби Тоҷикистон бояд ин нуктаро зери назар бигирад.

Бояд инро низ қайд намуд, ки Тоҷикистон ягона кишварест бо Русия санади душаҳрвандӣ дорад. Вобаста ба ин иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Русия таҳти № 152 аз 15 декабри соли 1996 қонун доир "Ба тасвибрасонии паймон байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба танзим расонидани масъалаи душаҳрвандӣ"-ро қабул намуд. Ба андешаи инҷониб ин иқдоми кишварамон саривақтӣ буд. Зеро беш аз навад фисади тоҷикон танҳо ба хотири сабуктар гаштани корашон, раҳоӣ аз қайди банди милисаҳо ва корфармоёни ситампеша шаҳрвандии русиро қабул доранд.


Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97