"ШАҲНОЗА" ВА ВОҚЕИЯТИ ҶАНГИ ШӮРАВӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Иҷтимоъ 22.02.2010 13:40

15-уми феврал санаи муҳим дар таърихи ҳаёти мардуми собиқ Шӯравӣ, хусусан, тоҷикони он ва Афғонистони ҳамсоя мебошад. Дар ин рӯз соли 1989 охирин неруҳои шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк намуданд. Дар миёни ин неруҳо тоҷикон кам набуданд. Ин тоҷикон, ки бо амри ҳукумати вақти Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат ба Афғонистон рафта буданд, дар қиболи Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони тоҷики ин кишвар, боризтарин намунаи муқовимат алайҳи ишғолгарон ва ватанпарасте, ки баъди Худо Ватанро мепарастид, қарор гирифтанд.

Дар бораи ин ҷанги нобаробар зиёд гуфтаву навишта шудаааст. Ба муносабати ин рӯзи таърихӣ хостам аз хондаҳову шунидаҳоям чизе барои рӯзномае бинависам. Дар миёни шунидаву хондаҳоям китоби "Шаҳноза", ки ҳамагӣ на беш аз як моҳ дастрасам шуда буд, ба ёдам омад ва бори дигар онро варақ задам. Муаллифи ин қиссаи ҷолибу дар навъи худ беҳамто устоди фарҳехта, адабиётшинос ва адиби шинохта, ҳамзамон декани факултаи Шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод Умар Сафар мебошад, ки барои муддате дар Афғонистон ифои рисолати ватандорӣ кардааст. Бояд гуфт, ки профессор Умар Сафар дар баробари ба унвони як адабиётшиноси варзида дар самти таҳқиқи адабиёти муосири Ирон шинохта шуданаш, ба сифати як адиби нозукбаён ва чирадаст низ шӯҳрат ёфтааст. Харчанд ки дар адабиёти форсӣ шумораи адабиётшиносони адиб ва адибони адабиётшинос кам нестанд ва дар адабиёти муосири Афғонистону Ирон имрӯз низ ин таҷриба пайгирӣ мешавад, вале дар адабиёти тоҷик чунин таҷрибаро ба нудрат дучор меоем. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саргаҳи ин адабиёт устод Айнӣ бо ҳамин шаҳомат қарор гирифтааст.

Шаҳноза, қаҳрамони ин китоб духтари Фаромурз, як ҷавонмарди тоҷик ва Мария, бонуи зебои русист, ки дар Афғонистон хидмати низомӣ анҷом додаанд. Фаромурз пас аз адои амри Ватан дар Афғонистон ба Тоҷикистон бармегардад ва Мария ба Русия меравад. Ба муддати беш аз чаҳоряки садсола Фаромурз, вобаста ба авзои маълуми пас аз суқути Шӯравӣ, аз аҳволи Мария бедарак мемонад ва намедонад, ки Мария барояш духтаре таваллуд карда ва номашро Шаҳноза ниҳодааст.

Дар ниҳоят, Шаҳнозаи қаҳрамони қисса сунҳори як хонаводаи тоҷик аз деҳаи ҳамсоя бо рустои Фаромурз дар кӯҳистони Тоҷикистон мешавад. Он ҳам бо ирсоли номае аз Мария ба Фаромурз, ки солҳои дароз ҳамдигарро надида буданд. Аз ҳаводисе, ки дар ҷараёни зиндагии Фаромурзу Мария ва Шаҳнозаи қаҳрамон мегузарад, метавон садҳо дарси зиндагӣ гирифт.

Сабки волои қиссанависии муаллиф, ки аз маҳорати нависандагӣ ва дорои иттилооти комил будани ӯ дар бораи ҷанги Афғонистон дарак медиҳаду бандубасти сужаҳои асарро багунаи бесобиқа дар адабиёти тоҷикӣ дар қиссаи "Шаҳноза" ба кор бурдааст, дар ҳақиқат ҷолибу хонданист. Муҳимтар аз ин дар қисса калимоту вожаҳои асили тоҷикие оварда шудаанд, ки онро метавон намунаи боризи эҳёи забони асили тоҷикӣ муаррифӣ кард. Овардани вожаи "сунҳор" ба ҷойи келин ва ибораҳои рехтае чун сарфаро нарафтан, сари калобаро гум кардан ва монанд ба инҳо, ки дар забони гуфтугӯии мардуми кӯҳистони кишвар роиҷу маъмулиянд, вале дар забони адабӣ ба навъе аз он ҳазар мекунанд, ҳусни баёни муаллифро дар навиштани қисса боз ҳам зеботару гуворо сохтаанд… Дар ин бора гуфтаниҳо зиёданд, вале мебояд рӯйи мавзӯи рӯз: ҷанги Афғонистон ва тасвири ҳолоти он дар "Шаҳноза" тамаркуз бидиҳем.

Муаллиф аз номи Мария, ки ба дарки ҳақиқати ҷанг дар Афғонистон расида буд ва бо Фаромурз, афсари гурӯҳи тафтишотӣ рози дил мегуфт, менависад: "Гӯш кун Фаромурз, ту имрӯз афсари артиш ҳастӣ. Хидмати ту дар артиш доимӣ нест. Вале як нуқта ҳаст, ки маро ором намегузорад. Шояд он зеҳни туро ҳам ба худ ҷалб карда бошад. Роҳбарияти кишвар тибқи қароре, ки ба тасвиб расондаанд, имтиёзоти ширкаткунандагони ҳаводиси Афғонистонро бо имтиёзоти ширкаткунандагони Ҷанги бузурги ватанӣ баробар донистааст. Магар ин аз рӯйи адолат аст? Оё мешавад ҷанги Афғонистонро бо ҶБВ муқоиса намуд? Сарбоз дар ҶБВ ҳадафу мароми муайян дошт. Медонист, ки ба хотири озодиву истиқлоли Ватан меразмад. Дар ин роҳ ҳозир буд ҷони худро фидо кунад. Вай ба умқи ин ҳақиқат расида буд, ки тан супурдан дар ин роҳи ростин қаҳрамонист. Сарбозони Шӯравӣ бачаҳои тоза ба ҳаждаҳсолагиву бистсолагӣ расида намедонанд, ки барои чӣ меразманд ва барои кӣ меҷанганд. Оё муҷоҳид, ки зодаи ин сарзамин аст ва ҳузури бегонагонро дар зодбумаш таҳаммул намекунад, гунаҳкор аст? Оҳ, аз кадом дардаш бигӯям?

Ҳазорон тифлону мардумони бегуноҳ бе он ки дониста бошанд, барои кадом гуноҳе бар асари бамбафканиҳо, тӯпзаниҳо, инфиҷор дар минаҳо кушта мешаванд. Масъулияти ин ваҳшониятро, ки ба дӯш мегирад? Кӣ? Кӣ?"

Аз сӯйи дигар, Фаромурз ҳам аз ин ҷанги бемаъно, аз ишғолгариву қудратталабии Шӯравӣ безор аст. Фаромурз навобаста ба ин ки афсари гурӯҳи иктишофист, ба Мария дарди дил мегӯяд: "Вуруди низомиёни мо ба Афғонистон бузургтарин иштибоҳи сиёсатмадорони мост, ки ба шикасти шармандавори мо анҷом хоҳад ёфт…Сарбози бечора дар биёбону даштҳои сӯзон адои хидмат мекунад, генералаш бошад бо ҳамсари ҳарису чашмгуруснааш дӯкон ба дӯкон пушти молу матоъи дастидувум мегардад… Миёни сарбозон шумори мӯътодон, хариду фурӯши маводи мухаддир ба авҷи аъло расидааст… Кор то ба ҷойе расида, ки тиру тӯп, норинҷакҳои дастӣ, муҳиммотро ба муҷоҳидин мефурӯшанд, то рӯзи дигар ба ҳамон маводи фурӯхта ба сӯйи худи онҳо ҳамла кунанд".

Қиссаи "Шаҳноза" фаротар аз як қиссаи воқеънигорона будан, ифшои ҳақиқати як ҷанги нобаробар ва беадолатии қудратталабон дар ростои мардуми мазлуми кишваре бо номи Афғонистон ҳаст, ки то имрӯз ватандорон пайомади ҷавру ҷафои онро мекашанд.

Дар баробари маҳорати баланди нависандагӣ ва тасвири воқеияти рӯзгору табиат дар қиссаи "Шаҳноза" муаллиф тавонистааст барои хонандаи закӣ ҳақоиқи адами тавозуни ҳаққи миллатҳои шӯравиро дар баробари миллати генералҳои артиши Шӯравии он вақт абарқудрат нишон бидиҳад.

Мария, ки ба Фаромурз меҳр баста буд, гуфтаҳои афсари як қисми низомӣ Иван Фёдоровичро, ки мехост Фаромурзро ба хиёнате ё ҷинояти бофтае гунаҳкор намояд ва нишону медалҳо бигирад, нақл мекунад. Ин афсар номи зебои Фаромурзро Федик гуфта мехоҳад ба Мария машварат диҳад: "- Медонӣ чӣ, ин Федики ту дар гурӯҳи иктишофӣ хидмат мекунад. Гурӯҳе, ки бо муҷоҳидин сару кор дорад… Ӯ мусулмон аст ва бо ин афғонҳо наздик аст. Ман метарсам, ки инҳо аз мусулмон будани худ истифода накунанд ва балоеро бар сари мо биёранд. Бо ин мусулмонҳои осиёӣ ҳеч вақт набояд эътиқод намуд… Аслан, занони мо дар сиёсатҳои бузурги миёни кишварҳо нақшҳои калидӣ бозидаанд. Ту аз онҳо чӣ камӣ дорӣ, Мария?".

Посухи Мария ба афсари разил бозаковату ҳушёрона буда, мегӯяд, ки: "… сиёсати хостаи ӯ кайҳо ба шикаст мувоҷеҳ шуда, садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро ба хуну хок кашида, садҳо ҳазори дигарро бехонумон сохта. Ин ки дар сиёсатбозиҳо занҳоро сипар кардаанд, аз заъфу нотавонӣ ва бехирадии мисли ӯ номардон аст. Магар камоли разолат нест, ки зану хоҳари худро дар бозиҳои сиёсӣ вориду пешкаши бегонагон кунӣ ва худ суд биҷӯӣ".Ин ҳама танҳо хӯшае аз гӯшаи бардошти як хонанда аз қиссаи бемуҳобо волову хондании "Шаҳноза" аст. Бошад, ки дарахти воқеънигорӣ дар марзи адабиёти муосири тоҷикӣ ба гунаи "Шаҳноза" бори арзишманд бигирад ва ба боғистони адабиёти ҷаҳонӣ навдае аз онро барои пайванд бубаранд.


З. ДАВЛАТОВ, устоди забони
арабӣ дар ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97