РОҲИ ҲАЛЛИ ОСОН, ҲИММАТИ ВАТАНДОРОН ВА ОБОДИИ КИШВАР

Иҷтимоъ 12.02.2010 13:04

Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони тоҷик барои ҳама сокинони кишвар зоҳиру ҳувайдо гашт, ки зодагони ин марзу бум ҳам дар баробари дигар миллатҳо метавонанд муваффақ бошанд. Ин ҳам алорағми он ки ватандорони мо аз ҷониби баъзе гурӯҳаку созмонҳо нотавону оҷиз муаррифӣ мешаванд. Акнун баъд аз мурури 15-18 сол мардуме, ки дар солҳои даҳшатбори авоили солҳои навадуми асри гузашта ҳайрону бе донистани нишонии иқомату ҷойи кор савори қатори хатарбори Душанбе - Маскав ватанро ба қасди кишвари бегона тарк мекарданд.

Бо кӯлбори пур аз молу сарват ба ватан бармегарданд. Оре, бо пулу сарват, бо сари баланду табассуму чеҳраҳои гарму самимӣ. Ин дӯстони соҳибкор, ки имрӯз дар сохтани Роғун ҳам саҳим мешаванд, аксарияти кулли ишон понздаҳ сол пеш аз ин ҳамагӣ маблағи ночизе барои сафару чанд рӯзи иқомат дар як кишвари бегонаро доштанд. Акнун маболиғи ишон ба ҳадде расида, ки мардумони бумӣ дар коргаҳу корхонаҳошон кор мекунанд. Акнун онҳо ҳамватанони хешро дар канори хеш мегиранд ва ба ҳадди тавон ёриву мусоадат мекунанд. Зеро тоҷики асил медонад, ки "хонаи дӯстон бирӯбу дари душманон макӯб!".

Хеле хуб ва ҳатто олӣ! Замоне, ки Президенти кишвар барои мардуми ин сарзамин иҷоза дод, ки ҳар кас метавонад мошину ҳар чизе дигар аз хориҷ биоварад ва кор кунад, муддате нагузашта буд, ки корвони Тангемҳои чинӣ ба хиёбону кӯчаҳои Душанбешаҳр рехтанд ва рафтуомади мардуми коргар ба ҳадде осон шуд, ки дар ҳар самт мусофир на беш аз як дақиқа мусофирбареро пайдо мекарду бо як сомонӣ дар кӯтоҳмуддат ба ҷойи зарурӣ мерафт. Мешавад гуфт, ки мушкили нақлиёт дар шаҳр ҳалли худро ёфта буд. Сипас ба иллатҳои маълум ҳаракати Тангемҳо дар роҳҳои асосии пойтахт маҳдуд гашт ва мушкили нақлиёт аз сари нав рӯ зад. Аммо ҳадафи гуфтанмон онаст, ки худи мардум метавонистаанд, ки мушкилро дастҷамъона ҳал кунанд. Вале як чиз нигаронкунанда аст ва месазад, ки дар ин мавқеъ аз он ёдоварӣ кунем.

Дуруст аст, ки мо ба мушкилоти зиёде рӯбарӯйем. Аммо умдатарин мушкили мардум дар пойтахти кишвар масъалаи манзили зист ба шумор меравад. Арзиши як хонаи якҳуҷрагӣ дар пойтахт аз 15-20000$ болост, ки дар рӯзи нашри ин мақола ба пули миллӣ беш аз 87 ҳазору 400 сомониро ташкил медод. Фаразан, дотсенти донишгоҳ агар 1000 сомонӣ маош бигирад ва аз он дар як моҳ 500 сомонӣ ба ваҷҳи ҳалол пасандоз кунад, пас ӯ бояд дастикам 15 сол бояд мунтазир шавад, ки соҳиби хонаи якҳуҷраӣ гардад. Ин ҳам дар ҳоле, ки 500 сомонӣ барои як моҳи зиндагии томиёнаҳолӣ ба ҳеч ваҷҳ кофӣ нест. Моҳонаи як муаллими устодёри Донишгоҳ дар Тоҷикистон бошад ақаллан ба марзи 500 сомонӣ намерасад. Бо ин маблағ оё устоди Донишгоҳ - ҷойгоҳи муқаддасе, ки ояндаи миллат аз онҷо тазмин мешавад, метавонад зиндагонии боиставу шоистае дошта бошад? Ҳаргиз не. Аслан имкон надорад.

Бармегардем сари масъала. Агар мо тавонистем, ки мушкили нақлиётро дар шаҳр ба таври сареъ ҳал намоем, оё наметавонем, ки масъалаи масканро ҳам дар кӯтоҳмуддате ҳал кунем?

Ҷойи об кардани мағзи сар нест. Президенти кишвар аз соҳибкорони тоҷик дар дохил ва ҳам хориҷ аз ватан тақозо намуд, ки дар бунёди Роғун саҳим бошанд ва тақозои ӯро лаббайк ҳам гуфтанд. Агар Президенти кишвар, ки ҳамватанони сарватманд ӯро аз наздик шинохтанд ва воқеияти суханони самимиаш барои ободии ватанро бовар карданд, ҳимояти соҳибкории онҳоро дар ватан кафолат бидиҳад, шояд дар давоми як муддати кӯтоҳ нархи манзили зист дар пойтахтро барои ҳама сокинони дарвоқеъ заҳматкаши кишвар хеле поин меоваранд ва дар баробари ин мардуми бекор ҷойи кори муносиб пайдо мекунанд. Ин ҳам кори накӯст ва "дар кори хайр ҳоҷати истихора нест!".

Мисоли одӣ. Агар понздаҳ соҳибкори бахши сохтмон дар чаҳор гӯшаи шаҳр биноҳои баландошёнаи замонавӣ бисозанд ва нархи манзили зист аз ҷониби ниҳодҳои махсуси давлатӣ назорат шавад, рақобати бозоргонӣ боис мегардад, ки нархҳо ба тадриҷ биёянд поин.

Агар чунин нашавад, муаллиму духтуру муҳандису дигар зиёиёни кишвар дар андешаи манзили зист монда, кори онҳо бо дилгармӣ анҷом намепазирад ва нокомии онҳо бар зарари ояндаи ин ватану ин марзу бум хоҳад буд. Акнун замони гуфтан мегузараду вақти амал фаро мерасад, зеро "дусад гуфта чу ними кирдор нест".

Бояд аз ёд набарем, ки роҳи осонтарин ҷиҳати расидан ба ободиву осудаҳолӣ аз тариқи ДОНИШ аст ва онро ба шогирдон устодони меҳандӯст меомӯзонанд. Суоли матраҳ ин аст, ки агар устод маоши кофӣ нагирад ва хонаи роҳату зиндагии хуш надошта бошад, оё метавонад бо дилгармӣ устодӣ кунад? Оё метавонад ба таври бояду шояд ба донишҷӯ дарс бигӯяд? Оё метавонад ҳамарӯза ба донишҳои хеш бияфзояд?


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97