БАРХӮРД

Иҷтимоъ 10.02.2010 13:31

Собиқадорони лашкари Шӯравӣ дар Афғонистон дар ҳузури "Миллат"

Давоми ҳафтаи гузашта се рӯзи пайдарпай гурӯҳҳои ҷудогонаи интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон, ки дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта дар Афғонистон хидмати аскарӣ анҷом додаанд, ба дафтари нашрияи "Миллат" омаданд. Онҳо аз нашри як назарпурсии "Миллат" дар бораи амалиёти низомии неруҳои Шӯравӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки нашри он боиси ранҷиши хотири мо гардидааст. Онҳо як навиштаро ҳам имзо гузошта ба сардабири "Миллат" супурданд, ки он бояд ба чоп бирасад. Аз хондани навиштаи ин собиқадорон ҳувайдост, ки матлабашон дар ҳолати нороҳатӣ ва ранҷиши хотир қаламдод шудааст.

Бо дар мадди назар доштани ин, ки дар матлаби гурӯҳи собиқадорон ибораҳое аз қабили "Эй кош ба ҷойи ин 350 нафар Шумо 3 нафар кушта мешудед…" ва интиқоди шахсони алоҳида ҷой доштанд, идораи "Миллат" тасмим гирифт, ки танҳо бархе аз қисматҳои онро ба нашр бирасонад. Ин ҳам ба хотири риояи озодии баён ва ҳифзи шарафи шаҳрвандон мебошад.

Дар навиштаи гурӯҳи интернатсионалистон ба нашрияи "Миллат" омадааст: "Мо интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон бо амри Ватан барои хизмат дар Афғонистон сафарбар шуда будем. Ба мисли баъзе ашхос аз хизмати модар-ватан саркашӣ накардаем ва мардонавор ба қисматамон тан додаем. Аз он ифтихор дорем, ки сарбаландона супориши Ҳукумати вақтро ба ҷо оварда, зиндаву саломат ба Ватан баргаштем.

Имрӯзҳо ақидаи ҷамъият нисбати ҷанговарони башардӯст яксон нест. Як идда дар амали сарбозони шӯравӣ танҳо ҷиҳатҳои манфиро дидан мехоҳанд. Чунин мафкураи яктарафа дидани масъала ва ақидаи ғаразнок доштан нисбати ҷанговарони интернатсионалист, ки то охир супориши ҳукуматиро ба ҷо овардаанд, қалбҳояшонро сард мегардонад ва ноумед месозад".

Идомаи матлаб интиқод аз як шахсе, ки назари ӯ дар назарпурсии "Миллат" ҷой дошт, оварда шудааст. Дар идомаи мақолаи интернатсионалистҳо гуфта мешавад: "Дар рӯзномаи "Миллат" аз 30 декабри соли 2009 шумораи 52 бо номи "30 сол аз таҷовузи СССР ба Афғонистон гузашт" мақола ба табъ расидааст. Дар он собиқадорон Аҳмадшоҳи Комил, Ибодуллоҳи Оқилпур ва Мирзои Тилло изҳор намудаанд, ки аз иштирок дар ҷангҳои Афғонистон эҳсоси хиҷолат мекунанд. Ташкилотҳои ҷамъиятии интернатсионалистии собиқадори Тоҷикистон ин мақола ва ақидаи ин се нафарро қотеона маҳкум менамоянд. Як чиз касро ба ҳайрат меорад, ки чӣ тавр ин ашхос дар давлати Шӯравӣ тарбия ёфта, соҳиби маълумот ва касби дилхостаашон гардида, ҳамчун як фарди ҷамъият ба камол расида ва пас аз ҳамин қадар меҳрубониҳои Ҳукумат ба намакдон туф кардани онҳо, магар аз рӯйи адолат, инсоф ва одаму одамгарӣ аст?".

Дар зери матлаб интернатсионалистони собиқадор имзо гузоштаанд:

1.Мирзоев Ш. З., раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон (ИИС ҶТ)

2.Шаъбонов Н. Н., ҷонишини раиси ИИС ҶТ

3.Шарипов И. Ш., раиси Шӯрои интернатсионалистони ноҳияи Сино, аъзои Шӯрои ИИСТ

4.Ҳалимов М., аъзои Шӯрои ИИС ҶТ

5.Қосимов И., раиси Шӯрои интернатсионалистони ноҳияи Шоҳмансур

6.Ғафуров М., раиси Шӯрои интернатсионалистони ноҳияи И. Сомонӣ

7.Убайдуллоев Р., ҷонишини раиси ИИС ҶТ

8.Шокиров Ш., раиси Иттиҳодияи собиқадорони амалиётҳои ҳарбӣ (ОКСВА)

Дарвоқеъ, "Миллат", ки ҳаргиз нисбат ба рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии марбут ба ҳаёти дирӯзу имрӯзи тоҷикон бетафовут набудааст, ба муносабати паси сар шудани 30 сол аз вуруди неруҳои Шӯравӣ ба Афғонистон як назарпурсӣ анҷом дода, онро таҳти унвони "30 сол аз таҷовузи СССР ба Афғонистон гузашт" ба нашр расонд. Дар он назарпурсӣ чаҳор нафар аз собиқадорони кору хидмати низомӣ дар Афғонистон андешаи худро нисбат ба амалиёти ин неруҳо баён доштанд. Се нафар аз онҳо аз иштироки хеш дар ҷангҳои Афғонистон эҳсоси хиҷолат кардаанд.

Мутаассифона, назари он се тан аз собиқадорони кору корзор дар Афғонистон ба ин гурӯҳи интернатсионалистони дигар писанд науфтода, изҳори нигаронӣ ҳам карданд, ки мо ба гуфтаи собиқадорони дар "Миллат" нашршуда ба ҳеч ваҷҳ розӣ шудан наметавонем. Бешубҳа ин назари гурӯҳи собиқадоронест, ки ному насаби 8 тан аз ишон зикр гардид.

Дар назарпурсии "Миллат" бошад, назари дигар касони собиқадор ҳаст. Нашрия ҳаргиз андешаи касеро бар дигаре таҳмил карданӣ нест ва ҳар кас дар ибрози ақида озод мебошад. Дар ростои ин ва эҳтироми хонандагони нашрия, мо ин матлабро ба нашр мерасонем.

Пешниҳоди мо ин аст, ки навобаста ба қаҳрамон шумурдан ё эҳсоси хиҷолат кардани собиқадорон аз ҷанги Афғонистон, ин шаҳрвандон бояд аз ҷониби давлате, ки меросбари Иттиҳоди Шӯравист, кӯмак карда шаванд ва аз имтиёзоти боиста баҳравар бошанд. Ин ашхос амри давлати вақт ва кишвари худро иҷро кардаанд ва наметавонистанд онро иҷро накунанд. Инҳо қурбонии сиёсати давлати вақт ҳастанд. Ҳамаи ҷавонписарони интернатсионалист бо як фармон ба Афғонистон рафтанд, чаро шуморе аз онҳо аз имтиёз бархурдор бошанду ҷамъи дигар не. Кишвари абарқудрати Русия, ки меросбари қонунии Иттиҳоди шӯравӣ аст, бояд посухи пайомади сиёсатҳои иштибоҳи онро низ бидиҳад ва ба иштирокчиёни ҷанги Афғонистон имтиёз ва ҳаққи бознишастагӣ таъйин кунад.

"Қаҳрамонӣ" ё "эҳсоси хиҷолат"-и собиқадорони набарди лашкари Шӯравӣ дар Афғонистон ба ақидаи собиқадорони алоҳида бастагӣ дорад. Воқеияти ҷанги лашкари Шӯравӣ дар Афғонистон, ки он таҷовузи як лашкар ба кишваре дигар буд ё кӯмаки башардӯстона, қазияест, ки ҳанӯз дар айёми ҷанг барои рӯшанфикрон маълум буд. Масалан, гуфта мешавад, ки нооромии ҳамсоякишвари мо Афғонистон реша дар вуруди нобаҳангоми лашкари Шӯравӣ дар авохири солҳои 70-уми асри гузашта дорад. Ин ҳам назари гурӯҳе аз донишмандону пажӯҳишгарони масоили Афғонистон аст. Ҳар кас, ки иддаои қаҳрамонӣ дар ҷанги Афғонистон алайҳи ҳамзабонону ҳамкешони худро дорад, бигзор исбот кунад ва хонандаи закиро қонеъ намояд.

Бо умеди рӯзгори хуши ҳама тоҷикони миллатдӯст, Зоҳири ДАВЛАТ


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97