НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ ШАҲРӢ НАШУД, ЧАРО?

Иҷтимоъ 01.02.2010 13:53

АСРОРИ ИН РОҲРО НА ТУ ДОНИВУ НА МАН…

Дирӯз ва ҳам имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон нақлиёт яке аз проблемаҳои муҳим барои мардум ба ҳисоб меравад. Дар замони Шӯравӣ нақлиёт, ба хусус нақлиёти шаҳрӣ бо як танзими вижа ба ҷойҳои муайяншуда ҳаракат мекард. Вале мутаассифона бо шикасти Шӯравӣ анъанаҳои неки он ҳам бар шикаст мувоҷеҳ шуданд ва аз байн рафтанд. Бенизомӣ дар бахши нақлиёти шаҳрӣ ҳеч низом наёфт. Агарчӣ шаҳрдорӣ дар таъмини суботи шаҳри ҷангзада даст ёфт, аммо аз чи сабаб аст, ки талошҳояш бар дасти пурзӯри нақлиёт коргар нашуд.

Микроавтобусҳои бо ном "Газел" ва ҳам "Тангем"-чаҳои чақон, ки як рақами муайян надоранд, аз "Cирк" то бозори Корвон ва аз ин бозор то "Cирк" ва аз бозори "Саховат" то сарраёсати "БДА" ҳаракат мекунанд. Дар ҳоле ки бояд ин хатсайр аз бозори "Cаховат" то маҳаллаи Зарафшон, таҳти рақами муайяни 28 фаъолият кунанд. Мардуми бечора маҷбур мешаванд, ки дар ин хатсайр ба ду нақлиёт савор шуда, то ҷойи лозимӣ рафта расанд. Ронандагони ин нақлиёт ҳам ба чашми мақомот ва ҳам ба чашми мардум хокпошӣ мекунанд, яъне гӯё нархи роҳ аз 60 дирам то 1 сомонӣ аст, аммо онҳо то нимароҳ ба мусофирон хидмат мерасонанд, ба қавле "гӯр сӯзаду дег ҷӯшад".

Аксаран рӯзҳои якшанбе, бозори ин тоифа, ки дар Шӯравӣ "спекулянт" унвон мешуданд "гарм" мешавад, зеро мардум бештар дар ин рӯз барои харид ба бозорҳои "Корвон"-у "Саховат" меоянд, вале барои бозгашт нақлиёти муайяне намеёбанд, ки то манзил онҳоро бирасонад. Мусофирони зиёде ҷамъ мешаванд ва дар ин ҳол ронандагони аксарияти нақлиёт мардуми бисёрро дида, дар пешонаи мошинҳои худ навиштаҷоти "Сирк", "БДА", "Султони Кабир" гузошта, ҳаракат мекунанд. Аз сабаби он ки тамомоми автобусҳои мусофирбар аз одам пуранд, мардум маҷбур мешаванд, ки аз бозори "Корвон" то бозори "Султони кабир" ё то сарраёсати "БДА" бо як нақлиёт ва аз он ҷо бо нақлиёти дигар ба ҷойи даркориашон рафта расанд.

Агар "Тангем"-ҳои рақами 19-ро бигирем, онҳо низ аз рӯйи танзим бояд то боғи Ғалаба раҳсипор шаванд, аммо танҳо то Қарияи Боло ҳаракат мекунанд. Инчунин хатсайри микроавтобусҳои рақами 19, ки аз Гипрозем то боғи Ғалаба бояд ҳаракат кунанд, дар бисёр маврид танҳо то фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) ҳаракат мекунанд. Мардум маҷбур ҳастанд ба ду нақлиёт савор шаванд. Махсусан, дар фасли сармо ёфтани нақлиёт хеле душвор аст. Нақлиёти мусофирбарии мо гӯё аз ҳамсоякишвари мо Узбакистон "ранг" мегирад, ки бо фарорасии фасли сармо "нозу нуз"-и зиёдеро бар мушкили мардумон меафзоянд.

Ба хусус барои қишри ниёзманд, аз ҷумлаи донишҷӯён басо мушкил аст, вақте онҳо барои расидан ба ҷойи дарс ба ду нақлиёт савор мешаванд. Ҳангоме ки бархе аз донишҷӯён пас аз анҷоми дарс, ки бо микроавтобуси рақами 19 ба хона бармегарданд, вориди нақлиёт шудан мехоҳанд, аксари ронандагони нақлиёти рақами 19 эълом медоранд, ки ба "Гипрозем" не, "то Дӯстӣ" ё то "маҳаллаи ЗЗ" мераванд. Ин бенизомӣ идома дорад ва торафт хатсайри ин нақлиёт худсарона кӯтаҳтар ва бар манфиати кисаҳои бетаги соҳибони ин навъи нақлиёт пеш меравад.

Вале чаро масъулоне пайдо намешаванд, ки аз болои чунин нафарон назорат бубаранд? Ё "саворро чӣ парвои пиёда" аст ва ҳеч масъули пиёдагард надорем, ки аз ин аҳвол бохабар шавад? Ба ин боварам нест, ҳадди ақал ин масъулон як хеши донишҷӯйи камбағал доранд, ки лоақал ба шахси онҳо ҳам набошад, ба хонаводаи онҳо ҳасрати роҳро карда бошад. Пас чӣ асроре нуҳуфтааст, ки ҷилави ин бенизомӣ гирифта намешавад?!

НАҚЛИЁТРО КӢ БОЯД БА ТАНЗИМ ДАРОРАД,

"ТАНГЕМ"-ЧӢ Ё МӮЙСАФЕДИ ТАВИЛДАРАГӢ?!

Ба хотири пардабардорӣ аз рӯйи ин асрор бо чанд нафар аз ронандагон хостам сӯҳбат бикунам.

Рӯзи якшанбе дар бозори "Корвон" будам. Ҳоли он ҷоро дида, аз дидани мардуми бисёру нақлиёти зиёди беназм дилам ба танг омад. Ба хулосае омадам, ки ҳам бо ронандагон ва ҳам бо мусофирон сӯҳбат бикунам. Ногаҳон чашмам ба пирамарде афтид, ки ӯ дар истгоҳи бозор нишаста буд. Ба наздаш рафтам ва ба ӯ салом додам. Гуфтам, ки бобо аз куҷо омадаед? Гуфт, ки аз ноҳияи Тавилдара. Сипас аз ӯ аҳволи нақлиётро пурсидам, ки гуфт: Азбаски ман нафақахӯрам, мехоҳам бо автобус равам, вале аз сабаби он ки аз мардуми бисёр дар дохили автобусҳо ҷой намешавад, маҷбур мешавам, ки ба мошинҳои "Тангем" савор шавам. Барои ман бисёр мушкил аст, вақте бо чанд нақлиёт ба ҷойи даркориам меравам, он ҳам дар ҳоле ки шаҳрро хуб намедонам.

Аз як ронандаи микроавтобуси "Тангем" пурсидам, ки тибқи иҷозатнома хатсайри нақлиёти шумо аз куҷо то куҷост ва шумо оё як рақами мушаххас доред? Ронандаи ҷавон дар посух гуфт: "Аслан, ман литсензия надорам, аммо рақами муайян дорам. Аз рӯйи рақами 13, аз бозори "Балх" (маҳаллаи 33) то "Нагорний" ҳаракат мекунам. Ронандагоне, ки бо хатсайри нақлиёти рақами 13 ҳаракат мекунанд, аз "Нагорний" то бозори "Балх" намеоянд. Дар роҳ мусофиронро мефароранд ва мегӯянд, ки мо давомашро намеравем… Баъд БДА аз рӯйи рафтори баъзе ронандагон моро дастгир мекунанду мегӯянд, ки шумо тартибу низомро вайрон мекунед. Имрӯз бо хатсайри рақами 28 ҳаракат карда истодаам. Дар баъзан мавридҳо аз рӯйи хатсайри рақами 1 низ дар ҳаракат ҳастам".

То ҷое маълум аст, бояд хатсайри маршрути рақами 28 аз бозори "Корвон" то маҳаллаи "Зарафшон" бошад. Ронандагоне ҳастанд, ки ин танзимро риоя намекунанд ва то сарраёсати БДА ҳаракат мекунанд. Ва худи шумо низ - мепурсам аз ин ронанда, - боре шудааст, ки ин низомро риоя накарда, то сарраёсати БДА ҳаракат карда бошед? "Бале, рӯзҳое мешаванд, ки мо низ то сарраёсати БДА ҳаракат мекунем" - мегӯяд ронанда.

Сабаби то сарраёсати БДА ҳаракат кардани бисёре аз ин мошинҳои ТАНГЕМ-ро аз ин ронанда пурсон шудем. Ӯ мегӯяд: "Сабаби то сарраёсати БДА рафтани нақлиёт дар он аст, ки баъзе ронандаҳо ба хотири маблағи зиёд ба даст овардан ин корро мекунанд. Охир, қисме аз ронандагон нақлиётро иҷора гирифтаанд, пули иҷора, пули андоз, пули истгоҳи мошин (стоянка) месупоранд, фоидаи кам ба даст мегиранд. Нафароне ҳастанд, ки то ҷойи муайяншуда бензин кам доранд, аз ҳамин сабаб фикри то сарраёсати БДА ҳаракат карданро мекунанд".

Маълум аст, ки ронанда дар фикри зиндагии худ аст, аммо фикри мусофирро кӣ бояд бикунад ва ҳуқуқҳои ӯро кӣ бояд ҳимоят бикунад?! Аз гуфтаҳои ронандаи мусоҳиби мо бармеояд, ки мусофиронро онҳо пеш аз ҳаракат карданашон огоҳ мекунанд, ки то сарраёсати БДА ҳаракат мекунанд. Мусофироне ҳастанд, ки то сарраёсати БДА мераванд. Ҳастанд ронандагоне, ки то сарраёсати БДА мегӯянду аммо дар роҳ бо ким кадом баҳонаҳо мусофиронро мефаронанд ва мегӯянд, ки газ ё бензин надоранд…

"САДБАРГ"-ҲОИ

РОҲРО БАРЧИНЕД!

Баъд аз сӯҳбат бо ин ронанда ба назди ронандаи дигар, ки маршрути бо навиштаҷоти "САДБАРГ" дошт ва мусофир мегирифт, рафтам. Аз кондуктор пурсон шудам, ки нархаш то "Садбарг" чанд пул аст? Гуфт: 1 сомонӣ. Сипас, ба даруни нақлиёт даромадам ва аз ронанда пурсон шудам, ки оё литсензия дорад ё на. Ронанда як қоғази дигарро ба ман нишон медиҳаду мегӯяд, ки ин рухсатнома аст. Ба ӯ гуфтам, ки "ин рухсатнома нест охир, чаро дурӯғ мегӯед? Лоақал бигӯед, ки рухсатнома надоред". Ронанда маро аз дохили нақлиёташ бо қаҳр берун кард. Аз ронандагони дигар пурсон мешавам, ки оё онҳо мутобиқи рухсатнома аз куҷо то куҷо бояд ҳаракат кунанд, аммо ягон нафар аз ронандаҳо маро гӯш кардан намехоҳанд. Як нафари онҳо гуфт, ки баъд аз соли нав бояд рухсатнома (литсензия) гиранд. Ғайр аз нақлиётҳои ТАНГЕМ боз таксиҳои бисёре бо номҳои САДБАРГ, СИРК, ҚАРИЯИ БОЛО ва дигар ҷойҳо бо нархи 2 сомонӣ мардумро бо овози баланд барои бурдан фарёд мекунанд… Аз ин бенизомӣ бисёр хаста шудам ва хостам ба хона равам. Ба атроф нигоҳ кардам, дар ҳақиқат шаҳр бедарвоза шудааст… Ҳама музофотӣ… Сипас, автобуси рақами 2, ки аз бозори Корвон то ДОК бояд ҳаракат кунад, холӣ омаду "Биёед, то Сирк" гуфт. Ҳайрон шудам, ки наход автобусҳои давлатӣ ҳам низому танзимро риоя намекарда бошанд. Ба он савор шудам ва пурсон шудам, ки чаро то ба охир намеравад. Ронанда мегӯяд, ки автобус вайрон аст, онро бояд таъмир барем. Ба дил гуфтам, модоме ки ронандаҳои автобусҳои давлатӣ, ки ин гуна рафтор кунанд, аз ронандагони нақлиётҳои хусусии бо ном ТАНГЕМ чӣ гила…

Аз автобус фаромадам, аз донишҷӯйе, ки дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекардааст, савол кардам, ки оё гашти нақлиётҳо шуморо қонеъ карда метавонанд? Аз сӯҳбат бо ӯ фаҳмидам, ки ӯ аз ноҳияи дурдаст будааст. Ҳар рӯз бояд бо нақлиёти рақами 19 ба донишгоҳ равад. Мегӯяд, ки маршрутҳои рақами 19 аз одам пуранд. Ман маҷбур мешавам, ки бо нақлиёти ТАНГЕМ равам. Аммо ТАНГЕМҳо то Қарияи боло мераванд. Ман то Қарияи боло меравам ва аз он ҷо ба таксиҳои "Ҷазира ", ки нархаш 1 сомонӣ аст, ба донишгоҳ меравам. Бисёр хуб мешуд, агар хатсайри ТАНГЕМҳоро ақаллан то донишгоҳ мемонданд. Охир, барои мо донишҷӯён бисёр мушкил мешавад. Аз куҷо мо маблағе меёбем, ки ба рафтуойи нақлиёт сарф кунем? Ба ҷойи 2 сомонӣ сарф кардан дар як рӯз мо 4 сомонӣ сарф мекунем. Ғайр аз пули нақлиёт ба мо донишҷӯён барои дигар лавозимоти донишҷӯӣ низ пул даркор аст…

Ба чеҳраи ин ҷавони деҳотии донишҷӯ менигараму ба худ меандешам, аз музофот омадааст, он ҳам аз дурии дур, аммо аз либоспӯшиаш шаҳриёнро ба қавле ба як нӯл задаст, аммо чаро бо гузашти қариб 20 сол аз соҳибистиқлолӣ нақлиёти пойтахти мо ҳеч шаҳрӣ намешавад?!


Зарини МУХТОРЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97