ШЕРИ РОҲ КУҶО ШУД?

Иҷтимоъ 22.01.2010 15:10

Бештари мардуми пойтахт, хоҳ ронанда бошад, хоҳ пиёдагард, ӯро мешиносанд. Нозири роҳе бо мӯйлабҳои дароз ва маҳорати хуби идораи ишорачӯб, ки дар барфу борон ва гармову сармо дар роҳҳои шаҳри Душанбе адои вазифа мекард. Воқеан ҳам аз ӯҳдаи кораш ба хубӣ мебаромад. Ҳар вақт чароғакҳои роҳ аз кор мебароянд ва ё аз роҳҳои серодаму сермошин чун маҳаллаи Садбарг, Шоҳмансур, Саховату Султони Кабир мегузарам ба ёдам он нозири роҳ мерасад ва ба худ мегӯям; "кош нозири роҳе мебуд, ки ин тӯдаи мошину одамро назорат карда, ба тартиб медаровард" ва ҳатман ба ёдам он милисаи хушбурут мерасад.

Ӯ бо маҳорати баланд ва махсус мошинҳоро бо ишорачӯби нозириаш идора мекард! Шабакаҳои хориҷӣ чун ОРТ, Россия, "Мир" ва ғ. низ дар борааш гузоришҳои ҷолиб таҳия кардаанд. Ҳамеша ба худ фикр мекардам, ки ин нозири бомаҳорат куҷо шуда бошад. Чун миллисаҳои нозири роҳ имрӯз ҳамин, ки чароғаки раҳнамо хомӯш шуд, аз назди он мегурезанд. Як рӯзе иттифоқан дар ҳамин фикр будам, ки ӯро дар истгоҳе ғарқи андеша ёфтам. Ба наздаш рафтаму аз ӯ пурсидам: "Амак, бубахшед Шумо ҳамон нозири роҳ нестед…?" Дар посух бо табассум даст ба чакаи сар бурда мисли низомиён гуфт: "Бале, майори милитсия Алиевич"!

РАМЗИ РОҲ

Аз мулоқот бо ӯ хушҳол шудам, чун хеле вақт буд, ки мехостам бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам. Ин мутахассиси варзидаи милисаи роҳ Шералӣ Каримов беш аз 30 соли умри худро дар ин ҷодда сипарӣ кардааст. Шурӯъ аз соли 1974 фаъолияти худро дар Бозрасии Давлатии Автомобилӣ оғоз карда, як муддат сарнозири роҳҳои Душанбе буд. Соли 1977 барои баланд бардоштани малакаи корӣ ба техникуми Политехникии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Аммо ӯ устоди худ дар роҳ Мулло Нуров ва Карим Халиловро медонад. Вай дар ин бора гуфт: "Тамоми нозукиҳои касбамро аз шодравон, устоди арҷмандам Мулло Нуров ва Карим Халилов омӯхтаам. Фикр мекунам, ҳар устоде таълимоти ба худ хосро дорад ва ин хусусият дар таёр кардани шогирд аҳамияти муҳиме дорад. Шодам, ки аз чунин шахсони барӯманд таълим гирифтаам". Ва мисраҳои шеърии Сайидои Насафиро ба ёд овард:

Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта - рафта чарх оламгир кард.

ҲАМА ТАҲТИ НАЗОРАТ АСТ!

Тобистони соли 2000-ум сару садоҳое баланд шуд, ки дар назди ҳукумати шаҳр як минаи механикиро дарёфтаанд ва онро бо кӯмаки минрӯб безарар гардондаанд. Аммо нахустин нафаре, ки ин минаро пайдо кардааст, нозири роҳ Каримов Шералӣ будааст. Вай мегӯяд: "Он рӯз дар ҳукумати шаҳр бояд кадом як ҷаласаи муҳимме баргузор мешуд ва мақомоти баландпояи кишвар дар он ҷо бояд ҷамъ меомаданд. Ман ҳам дар сари роҳ истода мошинҳоро назорат мекардам. Як вақт ду писарбача ба наздам омаданду гуфтанд, ки дар зери арча як чизе "тик-тик" мекунад. Ман ба он ҷо шитофтам. Воқеан ҳам дар зери арчаи чаҳорум як бастаеро дидам, ки аз он садои "тик-тик" берун меомад. Ман аввал гумон накардам, ки ин кадом маводи тарканда аст, чун гирду атрофи ҳукумати шаҳрро доим назорат мекунанд. Аммо вақте ба диққат гӯш додам эҳсос кардам, ки садои "тик-тик"-аш ба садои минаи механикӣ монанд аст. Ман фавран нозири минтақавиро даъват кардам ва ҳамин тавр тамоми Вазорати корҳои дохила ба по хестанд. Бо кӯмаки минрӯбҳо минаро безарар гардонданд ва муайян карданд, ки он минаи зиддитонкӣ бо таркиботи соатӣ будааст. Баъд аз он воқеа ба ҳамаи шахсоне, ки дар пешгирӣ аз зарари мин саҳм доштанд, мукофот доданд. Маро ҳам ба андозаи як музди кори моҳона қадрдонӣ карданд". Аммо ин танҳо қаҳрамонии Шералӣ Каримов набуд. "Шери роҳ" дар замони фаъолияти худ соли 1992 садди роҳи як гурӯҳи муташаккили авбошон низ шудааст. Вай мегӯяд: "Як рӯз чун ҳамеша роҳро назорат мекардам, ки тариқи ратсия хабар доданд, ки як гурӯҳи муташаккили авбошон мошини Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Файзободро ба зӯрӣ гирифта, ба дарунаш гранатомёт ва дигар анвои аслиҳа бор карда ба самти Душанбе ҳаракат карданд. Ман ва Файзалӣ Нозимов ин амалиётро бар дӯши худ гирифта хиёбони Айниро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додем. Пас аз ду соат кофтукоб ва пайгирӣ дар ниҳояти кор онҳоро дар назди беморхонаи ёрии таъҷилӣ дастгир кардем". Баъд аз анҷоми ин амалиёт раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ соли 1992 ба ӯ унвони капитанро сазовор донистанд.

ПАС АЗ 35 СОЛ АДОИ ХИЗМАТ!

Дар ҳоли ҳозир майори милиса дар паҳлӯи набераҳояш айёми пирӣ меронад. Аммо ҳанӯз ҳам пур аз неруву чусту чолок аст ва ҳамоно қомати устувор ва дастони мустаҳкамаш қувваву иқтидори корро дорад. Ҳанӯз ҳам ба касбаш меҳри беандоза меварзаду аз он ифтихор мекунад. Дар бораи нозирӣ дар роҳ бо шавқу ҳавас ва меҳру самимияти зиёд сӯҳбат мекунад.

Дар зарфи 35 сол он қадар дасташ ба кору идораи ишорачӯби нозирӣ одат кардааст, ки ба мушкил ба каланди бобоӣ одат мекунад ва дар ин робита қиссаи ҷолибе низ мекунад: "Ду сол аст, ки нафақахӯрам, мехоҳам деҳқонӣ кунам, аммо ба истилоҳ дастам пеш намеравад, ҳушам ҳамоно дар роҳ ва дар мошинҳо аст. Як рӯз дар хона замин побел мекардам, ки ногаҳ ба гӯшам садои ба шиддат омадани мошин омад ва фикр кардам, ки дар дастам ишорачӯби нозириам асту як бора бо бел амалҳои нозири роҳро анҷом додам. Ва ин гуна ҳодисаҳо зуд-зуд сар мезанад. Ман ба корам, ба ҳунару истеъдодам, дигар хел дода шуда будам, корамро хеле дӯст медорам, мехоҳам то охирин лаҳзаҳои ҳаётам корамро кунам". Оҳи сард мекашаду афсӯс мехӯрад. "Ин дастони ман ба ғайр аз идораи ишорачӯби нозирӣ дигар корро анҷом дода наметавонанд. Кош маро пештар, айёми ҷавониам аз кор озод мекарданд, ки ман як кори дигареро ёд мегирифтам. Ҳатто аз ӯҳдаи хариду фурӯш ҳам намебароям, ки дар бозор ба савдогарӣ машғул шавам. Ҳоло дигар ҳеҷ коре аз дастам намеояд, ҳеҷ ҳунаре дигар надорам."- мегӯяд ӯ. Обилаҳои дасташ аз машқу тамрини зиёди ишорачӯби нозирӣ дигар сахт шудаанду меҳри нозирии роҳ дар қалбаш мустаҳкам нақш бастааст.

ШЕРИ ЧОРРАҲА

Чанд рӯз пеш аз назди фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) мегузаштам, ки чароғакҳои роҳ кор намекарданду як нозири роҳ дар мобайни чорроҳа истодаасту дили хоҳам нохоҳам бо қаҳру асабоният бо ишорачӯбаш роҳро назорат мекард. Ин қадар беҳавсала буд, ки бо ҳамон ишорачӯбаш дуруст кор намекард. Ронандаҳо намефаҳмиданд, ки ҳангоми ишорааш навбати кадом тарафи роҳ аст ва кадом мошинҳо бояд ҳаракат кунанд. Навбати мошинҳоро дер - дер иваз мекард ва садои сигнали мошинҳо хеле баланд мебаромад. Худаш бошад дар мобайни чорроҳа ин сӯ он сӯ қадам мезад. Аммо дар ёд дорам, ки чи тавр қаҳрамони мо Шералӣ Каримов дар барфу борон дар миёни чорроҳа рост истода, бо қомати устувор ва ҳаракоти бомаҳорати дастонаш ба ҷои чароғак роҳу мошинҳоро назорат мекард. Ӯ мегӯяд: "Албатта, ҳангоми номусоидии ҳаво ба мобайни чорроҳа баромадани нозир иҷоза нест, аммо ман ба хотири назорати минтақае, ки ба ӯҳдаи ман вогузор кардаанд, баромада адои вазифа мекардам. Хатарнок буд, зимистон хунук мехӯрдам, тобистон гарм мешудам, аммо вазифаамро тибқи муқаррарот ва аз самими дил иҷро мекардам".

НАФАҚАИ ИҶБОРӢ!

Ҷолиб аст, имрӯзҳо бе кадом намуди огаҳӣ ва аризаву дархост кормандонро аз кор озод мекунанд ва ё ба нафақа гусел мекунанд. Чунин воқеаҳоро зиёд шунидаам, аммо фикр намекардам, ки дар муассисае, ки барои дифои ҳуқуқи одамон фаъолият мекунад, ба чунин беадолатӣ даст бизананд. "Моҳи майи соли 2007 маро бе хоҳиши худам ба нафақа гусел карданд, дар ҳоле ки бардам ва бақувват ҳастам. Ду ҳафта пеш аз он дар идора аттестатсия баргузор шуд, ки аз ӯҳдаи он ба хубӣ баромадам ва гуфтанд, ки шумо метавонед кори худро идома диҳед. Аммо баъд аз ду ҳафта, ки ба касса барои гирифтани маоши моҳона рафтам, гуфтанд ки дар ин рӯйхат номи шумо нест, шумо ба нафақа рафтаед. Дар тааҷҷуб афтодам. Баъд аз пурсуҷӯҳо фаҳмидам, ки шахсоне, ки синнашон аз 55 боло аст, онҳоро ба нафақа мебаровардаанд. Як соли дароз ман ба нафақа набаромадам. Чаҳор маротиба ба собиқ вазири корҳои дохила Солеҳов М. нома навиштам, аммо посухе нагирифтам. Чӣ кор кунам, ба куҷо равам. Дари шахсони масъулро кӯфтам, арз кардам, хоҳиш кардам ки "ҳой мардум ман ҳанӯз ҳам аз ӯҳдаи корам мебароям, он қадар нотавону корношоям нашудаам, бардаму бақувватам", аммо касе ба додам нарасид ва ночор ба нафақа рафтам. Хеле аламовар аст"- мегӯяд майори милиса Каримов Ш.

НАФАҚАХӮРОНРО БОЯД ЗИНДА БА ГӮР КАРД?

Бо шунидани ин қисмати саргузашти Каримов ба ёдам ривояти мардумӣ расид. "Шоҳе фармон медиҳад, ки тамоми мардуми солхӯрдаро ба об ғарқ кунанд. Ҷавоне падари пир доштааст ва ба ин иқдом даст зада натавонисту падарашро дар сандуқ пинҳон мекунад. Он ҷавон сарбози шоҳ будааст ва ҳарҷо ки мерафт, падарашро ҳамроҳи худаш дар он сандуқ мебурд. Рӯзе шоҳ ва сарбозонаш бо киштӣ ба назди дарахте мерасанд, ки зери он дарахт, рӯйи об ҷавоҳиротро мебинанд ва шоҳ фармон медиҳад, ки он ҷавоҳиротро барояш биоранд. Чанд нафар ба об медароянд, ки ғарқ мешаванд. Сару садоҳо баланд мешавад. Пирамард аз сандуқ сар берун меорад ва аз писараш асли воқеаро мепурсад. Бо шунидани воқеа ба писараш мегӯяд: "Ба болои дарахт нигар ҳатман он ҷо кадом парандае лона кардаасту рӯйи лонааш зару зевар гузоштааст ва он дар об инъикос ёфтааст". Ҷавон ба гуфтаи падараш амал мекунад ва он ҷавоҳиротро аз болои дарахт гирифта, ба шоҳ медиҳад. Шоҳ хушҳол мешаваду аз сарбози ҷавонаш мепурсад: "Ин қадар ҷавонони боҳушу донои ман ҷавоби ин муамморо наёфтанду ту чӣ тавр роҳи ҳалли ин муамморо ёфтӣ?". Ҷавон дар посух гуфт: "Барои дарёфти ин муаммо ба дониши зиёд ниёз нест. Таҷрибаи рӯзгор ҳам мактабест. Падари пирамаде дорам, ки натавонистам даст ба куштораш бизанам ва дар ин сандуқ ӯро пинҳон кардам ва муаммои ин ҷавоҳиротро ӯ ҳал кард". Пас аз ин воқеа шоҳ фармони худро тағйир доду гуфт: "Аз ин ба баъд пирони рӯзгордида ва таҷрибадорро пос дореду аз таҷрибаи рӯзгорашон фаровон истифода баред".

Ман шерам ҳеҷ гох паланг намешавам,

Гар ғарқи дарё гардам наҳанг намешавам,

МАН ҲАМОН ШЕРАМ!

Ҷаноби Каримов чанд маротиба ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ дархост навиштааст, то ки ӯро ба ҳайси омӯзгор дар яке аз марказҳои таълимии Вазорат ба кор қабул кунанд, аммо Раёсати корҳои дохилии ҶТ ин хоҳиши майори милисаро рад кардааст. Дар ҳоле ки Тоҷикистон имрӯз ба мутахассисони варзида ниёз дорад, барои пири кордида ва дорои таҷрибаи беш аз 30 сола ҷойи кор ёфт намешавад. Қобили тазаккур аст, ки Шералӣ Каримов соли 1998, тӯли як моҳ ба шогирдони Вазорати дифои ҶТ дарс гуфтааст ва 17 нафари онҳо дар мусобиқоти Кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок карда, ҷойи аввалро соҳиб гаштаанд.

Дар натиҷаи арзу шикоятҳои пай дар пай тобистони соли 2009 аз ВКД ба ӯ занг зада гуфтанд, ки аз БДА-и шаҳр ва ё аз БДА-и ҷумҳурӣ тавсиянома биёред ва мо кӯшиш мекунем ба шумо дар вазорат ҷойи кор пайдо кунем. Майори милиса ба думболи тавсиянома дар ба дари раёсати БДА-и шаҳр ва БДА-и ҷумҳуриявӣ гаштааст, аммо барояш ин тавсияномаро надодаанд.

Пас аз чунин рафтори мақомоти баландпояи Тоҷикистон бармеояд, ки шахсонеро, ки синнашон ба нафақа мерасад, бояд дар гӯшаи хотирот партоему аз таҷрибаи рӯзгору малакаи андӯхтаашон чизе наомӯзем. Не?!


Шаҳнози КОМИЛЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97