МАРДИ ТОҶИК АРОБАКАШУ "БАЧА" ШУД. ЧАРО?! ё бадбахтии муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия

Иҷтимоъ 21.01.2010 14:35

МАШАҚҚАТИ ТОҶИК ДАР МУҲОҶИРАТ

Меҳнати сангин ва азобу машаққати тоқатфарсои теъдоди зиёди муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба гунаест, ки таҳаммули он барои дигар ақвому миллатҳо ба гумон аст. Ба иловаи ин тақрибан ҳар ҳафта дар матбуот хабари нохушу дилхароше дар бораи қисмати талхи ватандорони муҳоҷирамон мехонем. Ба монанди; тоҷикеро саркале, ё милисае, ё тоҷики дигаре кушт, тоҷикеро "кидат" карданд, тоҷике зери ароба монд, тоҷике аз ошёнаи баланди сохтмоне афтод, 35-40 тоҷикро аз Маскав депортатсия (ихроҷ) карданд…

Солҳои ахир дар бораи даромади иқтисодии муҳоҷирин низ сатрҳое рӯйи чоп меоянд. Бино бар омори расмӣ танҳо тавассути бонкҳо муҳоҷирин ҳар сол беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ ба ватан мефиристанд. Ин танҳо ҳисоби маблағҳоест, ки тавассути бонкҳо фиристода мешавад. Чунонки ба ҳама маълум аст, муҳоҷирин бештари пасандозҳои худро бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба ватан мефиристанд. Зеро шумораи зиёди муҳоҷирон дар кишвари Рус ба сабабҳои маълум ғайриқонунӣ кор мекунанд ва аз тарси он, ки дар роҳ то бонк дар дасти милисаҳо гир нашаванд ва он "ҳомиёни ҳуқуқ" ҳамаи пули бо заҳмату ҷонканиҳо бадастовардаашро кашида нагиранд, пулашонро тавассути бонкҳои "хусусӣ" ва бо фоизи ду-се баробар бештар аз фоизи бонкҳои расмӣ ба наздиконашон дар ватан интиқол медиҳанд. "Шӯъба"-ҳои чунин бонкҳои "хусусӣ" тақрибан дар ҳама шаҳрҳои Русия, ки муҳоҷирини тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, вуҷуд доранд. Аз ҳаминҷо метавон хулоса кард, ки маблағи фиристодаи онҳо низ андак нест ва ба маротиб аз маблағи тавассути бонкҳои расмӣ интиқолёбанда бештар мебошад.

Аммо бо чӣ машаққату хуни ҷигар шуданҳо ба даст овардани ин маблағҳоро танҳо он касе дарку эҳсос мекунад, ки ақаллан боре неши ғурбат ӯро халидаву заҳри талхи муҳоҷират ва дурӣ аз наздикону ёрону ватани хешро чашида бошад...

ТОҶИКИ МАРДАК ЧАРО АРОБАКАШУ "БАЧА" ШУД?

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳон падидаи наве нест. Зеро мардум барои беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори хонаводаи хеш аз кишваре ба сарзамине дигар ҳиҷрат мекунанд. Мулкеро ободу ҷойе ҳам хароб мекунанд. Дар олами имрӯз дар кишварҳои мухталиф беш аз 200 миллион муҳоҷир ба сар мебаранд. Пас аз суқути давлати Шӯроҳо харитаи Заминро номи кишварҳои ҷадид рангоранг намуданд. Тоҷикистони азизи мо низ яке аз онҳост. Бисёре аз сокинони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ба кишвари "бародари бузург"-ашон бо номи Русия рӯй оварданд.

Дар миёни муҳоҷирин аз кишварҳои дигар дар Русия тоҷик дар ногувортарин авзоъ қарор гирифт. Тоҷике, ки соҳибтамаддуну маданиятофаранда, бофарҳангу боғайрат буд, чаро ба ин ҳолат гирифтор шуд? Тоҷикеро, ки бо Бӯҳанифаву Тирмизиву Синову Сосониёну Сомониён мешинохтанд, имрӯз дар Маскав танҳо бо аробакашиву корҳои бардагӣ дар Черкизаш мешиносанд!

Ёд дорам, ҳангоми хидмати аскарӣ дар сафҳои Артиши Шӯравӣ вожаи тоҷик мояи ифтихор буд! Мояи ифтихор! Бемуболиға, тоҷик аз нодир миллатҳои пурэҳтиромтарин ва ҳамзамон боҷуръату нерумандарин буд. Муддати зиёде аз он солҳо нагузашт, аммо он миллати сарбаланд аробакашу бардаву чокари хоҷагони ғайр гашт. Чаро? Ба чӣ сабаб ва авомил?

Ба андешаи банда омилҳое, ки боиси пастравии тоҷик гардиданд, ба қарори зайл мебошанд:

1.Ҷанги бемаъно ва таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳиҷрат аз ночорӣ.

Баъди рӯйи кор омадани нақшаҳои ҷанги таҳмилӣ аз ҷониби душманони аҷнабӣ, ки меҳани азизамонро ба гирдоби хун кашид, мардуми ҳайрону саргардони ҷангзада маҷбур ба тарки ватан шуданд. Акнун мардум аз ҷанг мегурехтанд, ба ҷойи амну амонӣ ва муносиб барои пайдо кардани қути лоямут мерафтанд. Гушнагиву нодорӣ сахт аст ва "гушна ба шер бар мезанад" мақолест куҳан. Муҳоҷирине, ки дигар бехонумон буданд ва дигар роҳе барои зистан пайдо намекарданд, маҷбур барои зистан даст ба ҳар коре мезаданд. Бештари муҳоҷирин вориди Русия шуданд. Он замон аз дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ низ ба сабаби суқути низоми мутамаркази Шӯравӣ ҳама дар сарзаминҳои пасошӯравӣ гирифтори варшикастагии иқтисодӣ буданд. Бар хилофи тоҷикон онҳо ватани ором доштанд ва танҳо барои ҷамъи сарват вориди кишвари русҳо мешуданд. Муҳоҷирини тоҷик вақте ба Русия рафтанд, ки он мардумон кайҳо боз тиҷорату бозору корхонаҳо доштанд. Инак, медиданд, ки тоҷик дигар ночор аст, ӯро бо маблағи ночиз ё ройгон кор мефармуданду сарват меандӯхтанд.

Ҳамин тариқ, тоҷики таърихан ва ҳатто дар айёми шӯравӣ сарбаланд аз нодорӣ ва ҷангзадагӣ маҷбур буд дар Русия ба корҳои сатҳи поин ба мисли аробакашӣ даст занад. Тоҷик аробакаш шуд ва барои милисаҳои рус дар бозорҳо номи маъмулии "бача"-ро гирифт. Акнун ҳама милисаҳо медонистанд, ки аксари тоҷикон ароба мекашанд ва теъдоди андакашон корҳои болотар аз аробакаширо анҷом медиҳанд. Вале ҳама тоҷике, ки дар чеҳрааш асари ғурбату ҳиҷрат ҳувайдо буд, милисаҳои рус ӯро "бача" мегуфтанд. Ин номро барои тоҷик бархе тоҷикони пастфитрат сохта буданд ва тоҷирони яҳудитабору афғону озариву араб онро ба таври худ "тафсир" мекарданд. Дар баробари ин тоҷики як андоза озодаро милисаҳо "мардак" гуфтан гирифтанд. Яъне тоҷик ду номи нав гирифта буд: тоҷики кӯчарӯбу аробакаш "бача" ва тоҷики каме доротар "мардак".

2.Пастфитратӣ ва чоплусии иддае аз тоҷикон.

Балои дигаре, ки дар муҳоҷират тоҷиконро фаро гирифт, чоплусӣ ва лаганбардории як идда миллатфурӯшон аст, ки онҳоро тоҷик номидан гуноҳ аст. Ин идда асолатбохтагони беномусу бандагони пулу мол хешро дар назди хоҷагони яҳудиву арманӣ, арабу ҳиндӣ ва ақвоми дигар ширин карда, азоби ба ҳар навъ сангини муҳоҷирро сахттар мекарданд. Бо ҳар баҳона аз он бечорагон, ки бо кисаҳои тиҳӣ рафта буданду роҳе ҷуз бозору аробаро намедонистанд, пул меситонданд. Дар сохтмону фирмаҳо бо баҳонаи миёнаравӣ охирин пули муҳоҷирони мусофири саргардонро гирифта, ғайб мезаданд.

РӮБИНАКОНИ САГИ

ТОҶИКИ АСОЛАТБОХТА

Аз гуфти бародаре, ки номашро намебарам, як бригадир (хидматгорони яҳуду арабро чунин меноманд -А.Ф.) ҳатто барои рӯбинони сагаш аз аробакашони бозор пул гирифт. Бисёр корҳое, ки бояд пулакӣ бошад, барои дилёбии хоҷагонашон тоҷикони бечораро бурда, бе пул кор мефармоянд. Ҳатто бо мазоқ низ мегӯянд; ҷойе, ки тоҷик бошад, ҳоҷат ба трактор нест. Бародари муҳоҷире, ки Сафар ном дошту мехост ба хона баргардад, сабаби зуд ба ватан баргаштанашро пурсидам, гуфт, ки аз ноилоҷӣ меравам. Ӯ гуфт, ки дар бозор моҳе ҳамагӣ 400 доллар пайдо менамояму аз ин 150-долларро бригадир мегирад. Боқимонда ба пули нону либосам намерасад, беҳтар он аст, ки хона рафта як бало мекунам. Ин гуна мисолҳо зиёданд.

ТОҶИКФУРӮШИИ

МИЛИСАҲОИ РУС

Як иддаи дигар бо миллисаҳо ҳамкорӣ карда, аз муҳоҷири нодор рубли охиринашро меситонанд. Нархи тоҷик дар шӯъба¬ҳои 51-65 -и милисаи Маскав то 15000 рубл боло рафта буд, дар сурате ки расман маблағи ҷарима 2000 рубл аст. Ҳафтаҳо онҳоро боздошт менамуданд, то касе ёфт мешуду бо қарзу ҳавола онҳоро раҳо мекард. Бо ҷурми маводди мухаддир низ як идда ҷавононро "подставит" (бо роҳи дар ҷайбашон андохтани миқдоре маводди мухаддир) мекарданд. Дар моҳҳои март ва апрели соли гузашта банда шоҳиди чандин ҳодисаҳои "подставит" шудам. Касе, ки пул дошт, раҳо ёфт, вале чанде дигар, ки аслан бӯйе аз тиҷорати маводди мухаддир надоштанд ва ҳеруинро аслан аввалин бор дар шӯъбаҳои милисаи рус медиданд, бегуноҳ равонаи зиндон мешуданд.

3.Ноиттифоқӣ ва маҳалгароӣ.

Гарчанде солҳои ахир дарди маҳалгароӣ ва ноиттифоқӣ дар кишварамон давои худро ёфта бошад ҳам, вале берун аз кишвар то ҳанӯз боқист. Бо вуҷуди он ки муҳоҷирони тоҷик аз ҷиҳати нуфуз яке аз ҷойҳои аввалро дар Русия мегиранд, вале то ҳанӯз дар як ниҳод ё иттиҳод мутамарказ нестанд. Ҳар қавму қабилае тоҷики алоҳида аст. Ҳатто дар Русия низ маҳаллаи худро доранд. Ғармиҳо, ванҷиҳо, помириҳо ва ғ. Пештар бозори Черкиз, ки буд, ҳар бозорашро тоҷикон бо таври худ ном ниҳода буданд. Як ҳисса чортутиҳо, ленинскийҳо (ноҳияи Рӯдакӣ), файзободиҳо, ванҷиҳо, ёвониҳо ва ғ. Баъди аз байн рафтани бозори Черкиз ва кушода шудани дигар бозорҳо низ чунин корҳо идома доранд. Бозори Балашиха, Садовод, Эмирал, Люблино, Лужники ва ғ. Дар бозорҳои мазкур аробакашҳоро мувофиқи ҷуғрофияашон ба кор мегиранд. Дар бозори Балаших шоҳиди воқеае шудам. Се-чор нафар тоҷик бояд дӯконҳои як чанд дӯкондорро таъмир менамуданд. Ногоҳ якчанд тоҷики каллағафс пайдо шуданду онҳоро кор кардан намонданд. Маҷбур шудам ба ин кор дахл намоям. Чаро инҳоро кор кардан намемонӣ?- пурсидам ман. Ба тоҷикои худамона кор нест, ака! -ҷавоб дод он бригадир, ки Сӯҳроб ном дошт. Инҳо немисанд чӣ?- гуфтам ман. "Ҳисоб кун, ки ами хел, ака", - ҷавоб дод бригадир -оқо Сӯҳроб.

Баъди пурсупос маълум шуд, ки онҳо нурободӣ ва устоҳои сари кор аз минтақаи дигари Тоҷикистонанд. Задухӯрди бозори Эмирал, ки боиси марги 4 тоҷик шуду тамоми расонаҳои олам хабар доданд, маълуму маъруф аст. Сабаб ва иллати аслиаш ҳамин маҳалгароӣ буд. Ин гуна аҳвол дар тамоми ширкатҳои сохтмонӣ ва бозорҳои дигар шаҳрҳо низ вуҷуд дорад.

4.Бесаводӣ ва надонистани ҳуқуқҳои шаҳрвандии хеш.

Агарчанде дар қатори муҳоҷирон тоҷикони таҳсилдида ва мутахассисони хуб ҳам ҳастанд, сафи асосии онҳоро ҷавонони 18 - 25 сола ва пиронсолон ташкил медиҳанд. Надонистани забони русӣ ва ноогоҳӣ аз қонунҳои кишвари русҳо низ бори гаронест бар дӯши тоҷики муҳоҷир. Дигар миллатҳо ва милисаҳои рус тоҷикро дар симои ҳамингунаҳо мешиносанд, зеро онҳо аксариятро ташкил медиҳанд. "Наша Раша"- и Галустяни арманиро асос ҳамин аст. Ҳангоми боздошти милиса агар тоҷике аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад, бо масхарагӣ милиса мегӯяд: "Умный таджик нашёлся" (тоҷики боақл рӯ зад).

5.Надоштани ифтихори тоҷикӣ.

Тоҷик будан ифтихор аст, аммо рафтори як идда тоҷикро дида, аз тоҷик будану тоҷик гуфтан нанги кас меояд. Аъмоли сифлаву пасте ба амсоли дуздӣ, фиребгарӣ, фурӯши маводди мухаддира низ ба болоравии сатҳи тоҷик халал мерасонанд. Нишонаи аввали тоҷик ҷӯгӣ буду аробакаш. Солҳои баъд тоҷири маводди мухаддира ва дуздиву ғоратгарӣ ба нишонаву аломатҳои тоҷик афзуда шуданд. Ҳатто дар эълоноти хонаву ҳуҷраҳои иҷора "кроме таджик" менависанд, ки басо хиҷолатовар аст.

6.Набудани иртиботи хуб байни диаспора ва созмонҳои миллӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ.

Умдатарин омиле, ки метавонад тоҷиконро дар Русия ба ҳам оварда, сатҳи қадру манзалаташро боло бардорад, созмонҳои расмии воқеан миллӣ ва сафорату намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари Русия аст. Мутаассифона, дар 10 соли ахир ягон ташкилоти миллии тоҷикиеро надидаам, ки дар Маскав бо муҳоҷирини ранҷбар мулоқот анҷом дода бошад. Танҳо Раиси ҷумҳур Э. Раҳмон якчанд дафъа дар Маскаву дигар шаҳрҳо бо муҳоҷирин мулоқот намуд. Дигар масъулини давлат бо муҳоҷирин тақрибан иртиботе надоранд. Дар чанд соли охир созмону ташкилоти нав таъсису фаъол мешаванд, ки ин боиси таҳсин аст.

Аз намояндагони Маҷлиси Миллӣ танҳо Муҳиддин Кабирӣ ду дафъа бо муҳоҷирин мулоқот намуду тамом. Теъдоди зиёди муҳоҷирин мехостанд дар мулоқот бо Кабирӣ бошанд, аммо боз ҳамон мушкилаи надоштани рухсатномаи кориву қайди ҷойи муваққатии зист ва тарси уфтодан дар чанги милисаҳои Маскав садди роҳашон мешуд.

Ҳангоми навиштани ин ғамномаи миллат гуфтаи гавҳарбору гаронмояи Иқболи Лоҳурӣ ба ёдам меомад, ки барои мардуми ҳиндии аҳди худаш гуфта буду феълан барои тоҷик рост меояд:

Шаби ҳиндӣ ғуломонро саҳар нест,

Дар ин кӯ офтоберо гузар нест.

Ба мо кун гӯшаи чашме, ки дар Шарқ,

Мусулмоне зи мо бечоратар нест.

Оре, бечоратар нест. Барои миллате, ки бузургоне беҳамторо парварду ба ҷаҳон дод, дар чунин ҳолати сангину нангин қарор доштан, боиси хиҷолату шармандагист. Ҳазорҳо сол аҷдоди мо бо бузургонаш фахру ифтихор доштанд ва хоҳем дошт, аммо бо тоҷикони индавра кӣ мефахрад? Тоҷики авоили асри ХХ1 барои наслҳои оянда чӣ мегузорад? Ному лақабҳои нав барои миллати наҷиб???

Боз ду байти дигар аз Иқболи Лоҳурӣ ба зеҳн меояд, ки:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Лаҳзае, ки ба поёни ин навишта мерасидам, хабари шуми қатли боз як ҷавонмарди тоҷик ва овардани ҷасади ғарқи хунаш ба меҳани азиятдидаамро шунидам. Ҳамагӣ чанд рӯзаке пештар шаби аввали соли нав низ ду тан тоҷик дар Маскав кушта шуданд. Боз чанд хонаводаи тоҷик мотам гирифт… .

Аъзамшоҳи ФАҚИР

муҳоҷири саргардони тоҷик,

фориғуттаҳсили факултаи Шарқшиносии ДМТ


Аъзамшоҳи ФАҚИР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97