РАҲМАТ, ШЕРАЛӢ ХАЙРУЛЛОЕВ! ё марги сарбоз ва латукӯби наздикони ӯ дар Восеъ

Иҷтимоъ 12.01.2010 13:54

ИТТИЛОИ РАСМӢ

Тибқи иттилои Икром Зоиров, муовини додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб шаби 31-уми декабр, тахминан соати 21:30 дақиқа, хизматчиёни қисми ҳарбии 13 483-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Гадоев Сайдаҳмад, Рафиев Баҳодур (майор) ва сарбозони қаторӣ Тешаев Комрон ва Ҷонқобилов Нуриддин бо мошини сабукрави майор Гадоев аз хоҷагии ёрирасони ин қисм воқеъ дар деҳаи Қумтеппаи Восеъ ба сӯйи ноҳия равон шудаанд. Ҳангоми воридшавӣ ба маркази ноҳия мошини сабукрави дигаре, ки ба сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Коҳинов Муҳибулло тааллуқ доштааст, ба мошини онҳо бармехӯрад.

Санҷиш нишон медиҳад, ки ронанда Муҳибулло дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар натиҷаи ин садама мусофирони ҳарду мошин ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ оварда мешаванд. Замони расонидани ёрии тиббӣ, тахминан соате пас аз вуқӯи ҳодиса сарбози қаторӣ Тешаев Комрон дар беморхона ҳалок мегардад. Ин иттилои расмиест, ки ба чанд нуктаи он наздикон бо далелҳо бовар намекунанд.

СОЛИ НАВИ НОМУБОРАК

Шаби таҷлили Соли нави мелодӣ дар ҳалқаи хонавода шунидани хабари марги фарзанд барои наздикон даҳшатнок ва тасаввурнокарданӣ будааст. Миралӣ Тешаев, дар ҳолате ки аз зарбаи сахти ҷисмонӣ бардоштааш, бо душворӣ ҳарф мезанад, он шабро чунин ба хотир меорад:

Тахминан соати 10 ба 11-и шаб буд, ки мошине омада, пушти ҳавлӣ истод ва нафаре моро садо кард. Берун баромадам, ки командири писарам Ғаниев будааст. Аз ман хоҳиш кард, ки дар қисми низомӣ каме ахлот аст ва бояд шумо онро бо мошини худ ба берун бурда партоед. Аз ин гуфтаи командир дилам ба чизе гувоҳӣ дод ва гуфтам, ки мошинам сӯзишворӣ надорад. Вале боз ба хотири писарам розӣ шудам ва рафтем. Дар роҳ фикр кардам, ки наход дар қисми низомӣ мошин пайдо нашуда бошад, ки ба мошини боркаши ман эҳтиёҷ пайдо карда бошанд(?). Дар дохили қисми низомӣ вақте аз мошин берун шудем, нафаре ба мо наздик шуд ва гуфт, ки "ака, хай як бор таваллуд шудем ва як бор мерем". Ман фаҳмидам... Гуфт садама шудааст, биё, равем, бачаатро мешиносӣ. Гуфтам, ки наход писари ман 1 солу чор моҳ дар қисм хизмат карда бошаду шумо ӯро нашиносед. Гуфтам, ки наметвонам фарзандамро дар чунин ҳолат бубинам ва ба наздиконам занг задам. Онҳо омаданд ва мотам сар шуд. Ҳамин замон "военком" Искандар (Искандар Назаров, сардори комиссариати ҳарбии ноҳия дар назар аст-муаллиф) пайдо шуд. Ман, ки дар ҳолати бади равонӣ қарор доштам, сӯи ӯ дод задам, ки фарзанди маро ту ба хизмат бурдӣ, акнун куҷояш кардӣ?! Ҳамон замон дидам, ки Искандар аз гиребони писарам гирифта, ба сӯйе мекашад. Фармон дод, ки ӯро ба даруни қисм баред. Гуфтам, ки падари сарбоз ман ҳастам, маро баред ба даруни қисм. Аз гиребони ман низ гирифтанд ва чун дохили қисм шудам, маро бо мушт ба даҳонам заданд ва дигар ҳушам рафт ва чизе ба ёдам нест. Дар беморхона чашмамро кушодам ва даҳонамро боз кардам, ки дандонҳоям шикастаанд ва инчунин устухони манаҳам аз ду ҷой мувофиқи гуфтаи ташхисгарон шикастааст. Дар ин бора ба ҳамаи мақомот муроҷиат кардам, вале онҳо ба назари ман шубҳабарангез ин корро ба зудӣ тафтиш намекунанд.

АЗ НАҚЛИ ШОҲИДОН

Тешаев Сайдалӣ, амаки сарбози ҳалокшуда ин ҳолатро чунин баён кард: Замоне, ки дар ошёнаи болои беморхона бо муфаттишу эксперт сӯҳбат доштам, аз берун доду ҳайёҳӯй баланд шуд. Баромадам, ки зани акаам бо бачаи калониаш будаанд. Ман янгаамро бо дастонам доштам ва тасаллиаш додам, ки қисмат чунин будааст. Акаам ҷои ҳодиса рафта будаанд, ки ҳамин замон расиданд. Вақте, ки мурдаро бор карда бурданӣ будем, ки дидем, ду нафар Искандар (И. Назаров, комиссари ҳарбӣ) ва Раҳмоналӣ (ба гуфтаи шоҳидон дӯсти комиссари ҳарбӣ) писари акаамро кашида, дохили қисми ҳарбӣ мекунанд. (Қисми ҳарбӣ ва беморхонаро танҳо як роҳи мошингард ҷудо мекунад). Каме пас дидем, ки падарашро низ кашида мебаранд. Ман рафтам ва пурсидам, ки чӣ хабар аст?! Аз дасти ман Сафаралӣ, акаи Раҳмоналӣ, дӯсти комиссари ҳарбӣ кашид ва гуфт, ки маро шинохтӣ?! Гаштам, ки бо мушт ба рӯям зад. Ба замин афтидам ва то нимҳуш шудан маро латукӯб кардаанд. Мо мурдаро ба хона бурдем ва бо сару рӯи хуншор шӯъбаи корҳои дохила рафтем ва роҳхат гирифтем.

Бародари сарбози ҳалокшуда Комил Тешаев, ҳодисаро чунин шарҳ дод: Замоне, ки модарам дод зада аз комиссар (И. Назаров) мепурсид, ки фарзанди солими ман куҷост, ӯ дар ҷавоб ба модарам ҳақорати сахт мекунад. Чун модарамро ҳақо¬рат кард, ман сӯйи комиссар давидам, ки чаро модари аламзадаи маро ҳақорат мекунед, ки маро кашида ба даруни қисм дароварданд ва падарамро, ки аз пушти ман меомад, заданд. Дар латукӯби мо Искандари комиссар, Раҳмоналӣ, Сафаралӣ ва чанд низомипӯши дигар, ки намешинохтамашон иштирок дош¬танд. Латукӯби мо дар даруни қисми низомӣ ҷараён дошт.

ШУБҲА

Наздикони сарбози ҳалокшуда мегӯянд, онҳо дар аввал ин ҳолатро як садамаи муқарарӣ дониста, омода буданд, ки аз баҳри ҳама чиз бигузаранд. Аммо суолҳои зиёди бепосух дар садама ҳалок шудани писарашонро зери шубҳа қарор медиҳад. Нахуст, ин ки писари онҳо ҳамроҳи ду нафари дигар дар нишастгоҳи қафо нишаста будааст (мақомот низ инро тасдиқ мекунанд). Чӣ гуна шудааст, ки ҳангоми рӯ ба рӯ задани ду мошин нафарони дигари дар пеш нишаста кам ҷароҳат бардошта, маҳз фарзанди ӯ сахт ҷароҳат бардошта, ҳалок шудааст?! Ё чаро дар муддати тахминан ду соати зинда будани сарбоз наздиконро аз ин қазия касе огаҳ накардааст? Ва суоли дигар, ки фарзанди онҳо бо либосҳои ?айринизомӣ ва дар шаби Соли нав дар берун аз қисми низомӣ чӣ меҷуст?

Болои марги фарзанд латукӯб шуданашон барояшон муаммост. Чаро болои сӯхта намакоб рехтанд?! Зарбҳои хӯрдаи писар дар сару бадан, ки наздикон онро аксбардорӣ кардаанд, шубҳаи онҳоро низ дар мавриди ҳалокати фарзанд зиёд мекунад.

ДОДСИТОНИ ВОСЕЪ: "КАМИССАР ЗАНТАЛОҚ

ХӮРД, КИ ГУНОҲ НАДОРАД"

Талоши мо барои сӯҳбат бо афроде, ки ба қавли наздикон дар латукӯби онҳо даст доранд, натиҷа надод. Дар комиссариати ҳарбӣ дар соати корӣ низ Искандар Назаров комиссари ҳарбиро, ки ба қавли шоҳидон дар ин қазия дасти ӯ хеле дароз будааст, пайдо накардем. Ҷонишини ӯ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ҳоло ба комиссар телефон мекунанд, вале пас аз ним соати интизорӣ дар пушти дари комиссари ҳарбӣ ӯ изҳор дошт, ки комиссар бо касе хоҳиши сӯҳбат кардан надорад. Ин марди низомипӯш дар дохили комиссариати ҳарбии ноҳия, ки ба қавли худаш бо комиссар сӯҳбат мекунад, ба суоли мо, ки оё комиссар далеле барои худсафедкуниаш дорад, ки мо дар навиштаамон сабт кунем, ҷавоби "не" дод.

Маҳмадсаид Насимов, додситони ноҳияи Восеъ зимни сӯҳбати сабтӣ бо мо аз нақли шоҳидон изҳор медорад, ки лату кӯби наздикон дар дохили қисми низомӣ сурат гирифтааст ва бояд ин қазияро додситони ҳарбӣ бисанҷад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо танҳо ҳолати ба вуқӯъ пайвастани садамаро месанҷанд. Вале додситон мегӯяд, агар дар ин кор ?айринизомиён иштирок дошта бошанд, додситони ҳарбӣ ба онҳо мавод пешниҳод мекунад, сипас онҳо санҷиш мегузаронанд. Ҷаноби Насимов дар мавриди даст доштан ё надоштани комисари ҳарбӣ дар ин латукӯб гуфт, ки "ман комиссарро қабул кардам. Дар ҳақиқат дар шаби ин ҳодиса комиссари ҳарбӣ дар қисми низомӣ навбатдор будааст. Лекин ӯ гуфт, ки мо умуман наздикони сарбозро назадаем. Ӯ гуфт, ки мо танҳо ҷангро халос кардем. Комиссар "занталоқ" қасам хӯрд, ки ӯ гуноҳ надорад".

Ҳарфи додситонӣ, ки гӯиё сардори комиссариати ҳарбӣ бо қасам хӯрдан бегуноҳии худро собит сохтааст, боиси мулоҳиза аст.

ЛАТУКӮБРО КӢ ТАҲҚИҚ МЕКУНАД?

Ба гуфтаи додситони ноҳия ин қазияро аслан бояд додситони ҳарбӣ таҳқиқ кунад, вале муовини додситони ҳарбӣ Икром Зоиров, ки дар мавриди садама бо мо сӯҳбат кард, гуфт, ки ин корро бояд аввал Шӯъбаи корҳои дохила ва додситонии ноҳия таҳқиқ кунад ва сипас онҳо ба ин парванда шинос шуда, корро шурӯъ мекунанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия изҳор доштанд, ки воқеан онҳо дар ин маврид бархе мавод омода намуда, ба додситонии ҳарбии минтақа ирсол кардаанд, вале бо сабаби нокомил буданаш тасмим доранд, он маводро бозпас бигиранд ва пас аз таҳқиқи дубора онро ирсол доранд.

РАҲМАТ БА ШЕРАЛӢ ХАЙРУЛЛОЕВ!

Оё вазир ба доди модар мерасад?!

Сайрамбӣ Олимова, модари ин сарбози ҳалокшуда мегӯяд, комиссариати ҳарбӣ ба ҷои таъзия баён кардан, шавҳару писар ва бародари шавҳарашро латукӯб кардааст. Ҳатто ҳангоми сафари вазир ба ноҳияи Восеъ намояндагони комиссариати ҳарбӣ монеъи вохӯрии модар бо волидайн мегарданд, вале замоне, ки вазир шахсан хоҳиши вохӯрӣ бо ин волидайни мотамзада мекунад, дигар касе чизе гуфта наметавонад. Модар аз Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи кишвар, ки шахсан ба онҳо таъзия баён карда, инчунин 12, 5 ҳазор сомонӣ ба ин оилаи камбизоат кӯмак кардааст, изҳори минатдорӣ менамояд. Ба гуфтаи модар вазир ҳарфи дилашро гӯш карда, ваъда додааст, ки ба додаш мерасад.

Ба гуфтаи ин модар ба таври муаммобарангез ҳалок шудани фарзандаш ва зарбу лат дидани наздикон бархе модаронро дар ноҳия нигарон кардааст ва агар мақомот дар ин маврид чораи қатъӣ надида, дубора рӯҳияи мардумро боло набардоранд, дигар кам касон пайдо мешавад, ки фарзандонашонро бо хоҳиши худ ба артиш бифиристанд.

Аммо Султон Валиев, раиси ноҳия мегӯяд, ин ҳодиса ба рӯҳияи ҷавонон оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ таъсире намерасонад, зеро ҳамаи шаҳрвандон медонанд, ки ин як садмаи тасодуфии нақлиётист.

Шояд раис ҳақ бар ҷониб аст, ки марги сарбоз як ҳодисаи табиӣ аст, аммо дандонҳои шикаста ва рӯҳияи шикастаи наздикони сарбоз барои мардуме, ки барои таъзия меоянд, дар намоиш аст ва ҳеч тавзеҳе надорад... Ҷуз барқарории АДОЛАТ. Не?!


Абдулмӯъмини ШЕРХОН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97