ЗИЛЗИЛАИ СЕСОЛА ДАР ВАНҶ Ё чаро Ванҷ дар як шабурӯз 115 бор меҷунбаду масъулон 1 бор не

Иҷтимоъ 08.01.2010 17:20

Субҳи 2 январи тақрибан соати 7:25 дақиқа аз зодгоҳи банда, ноҳияи Ванҷ занги телефон шуд, ки падару модари азизам буданд ва дар мавриди заминларзаи шадид ба ман иттилоъ доданд. Дар воқеъ ҳаросу эҳсоси ҳарфзадани онҳо то ҷое буд, ки маро низ дар изтиробу ҳайратзада карданд. (И.С.) Дар ҳамон замон тамос гирифтам ба чандин хешу табори дигар, ки дар қишлоқи Гшхун (деҳае, ки аз ҳама бештар дар заминларза зарар дидааст) зиндагӣ мекунанд. Ҳамагии онҳо аз як заминларзаи шадид иттилоъ медоданд ва ман ҳам тасаллошон медодам, аммо дар дар худ аз Худованди ҷаббор раҳму мағфират талаб мекардам.

Ҳамагӣ чанд лаҳза пас Зоҳири Давлат, ки берун аз шаҳр қарор дошт, бо изҳор таассуф занг зада бо изтироб пурсид, ки оё хабари зилзила дар зодгоҳамон рост аст ва агар рост бошад, зуд сарчашмаҳои мӯътамади иттилоотиро дар Интернет бубинам, ки чӣ навиштаанд.

ХОБИ СОЛИНАВИИ РАСОНАҲОИ

ИТТИЛОТӢ

Пас аз таҳаммули гаронбори ин ҳодиса ба дафтари корӣ рафтам. Ба расонаҳои хабарӣ аз тариқи Интернет ворид шудам, аммо дар ҳеҷ куҷо хабаре нест. Телевизионҳои давлатӣ дар ин замон саргарми пахши консертҳои солинавӣ буданд, дар ҳоле, ки метавонистанд бо пахши як хабари телефонӣ аз ин ҳодисаи мудҳиш хабар бидиҳанд. Ба сомонаи АМИТ "Ховар" ворид мешавам хабаре нест. Торнигори Оҷонсии хабарии "Азияплюс"-ро боз мекунам, ҳеҷ дараке нест. Ба Ванҷ занг мезанам ва аз падару модар ва дигар мардуме, ки дар назди телефон ҳаастанд пурсон мешавам, ки касе омад, оё ягон навъ ёрӣ ҳаст? Ҳамагӣ мегӯянд, ки на. Мардум мегӯянд, ки мо сахт эҳсоси танҳоӣ мекунем. Зоҳир ҳам пас аз муддате расиду якҷоя иттилоот дар бораи зилзиларо пайгирӣ кардем.

ХАБАРИ РУСҲО, ХОБИ АМИТ "ХОВАР"

ВА ТАШВИШИ ГЕОЛОГҲОИ АМРИКО

Оҷонсии ИТАР-ТАСС соати 08:06 дар такя ба Хадамоти геологии ИМА (US Geological Survey) хабар дод, ки дар Тоҷикистон заминларзаи шадид бо шиддати 5,1 дараҷа рух додаст. Баъдтар шабакаи телевизионии "Россия" дар истинод бар хабари ИТАР-ТАСС иттилоъ пахш намуд ва шиддати заминҷунбиро 5,3 дараҷа арзёбӣ кард.

Ба Далери Ғуфрон, ки дар расонаҳои гурӯҳи "Азия-плюс" фаъолият мекунад, занг задем ва аз қазия огоҳаш кардем. Дар баробари ин рақами телефонҳои чанд нафар масъулони ҳукумати ноҳияи Ванҷро дар ихтиёраш гузоштем, аммо танҳо дар соати 12:00 нисфирӯз сомонаи ин ширкат як хабарро дар ин бора пахш кард ва баъдтар тамоми расонаҳои дигари кишвар ва хориҷӣ ба он такя намуда, иттилоъ доданд.

Боз сомонаи АМИТ "Ховар"-ро мекушоем. Ҳоло ҳам хабаре нест. Бо сад умед ин сомонаро боз мекунем, зеро ин расона статусашро ба таври худ чунин муайян кардааст: "АМИТ "Ховар" имрӯз агентии ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ мебошад, ки мақоми расмӣ дорад. Кормандони агентӣ хабарҳоро бевосита аз манбаъҳои асосии онҳо ба даст оварда, ба воситаи каналҳои расмӣ фавран пахш мекунанд…" ва "Агентӣ пахшкунандаи боэътимоди ахбороти таъҷилӣ ва эътимодбахш дар бораи рӯйдодҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад".

Оре, "фавран ва таъҷилӣ"! Ин ҳам "Ховар"-е, ки то ҳатто дар бораи шумораи бузғолаҳои навтаваллудшудаи фермаҳои кишвар хабар медод. Аммо дар бораи ҳазорон шаҳрванди як қисмати Тоҷикистон, ки дар сармои шадид ва болои барфу яхи тоқатфарсо пас аз харобии хонаҳошон дар пайи зилзилае ба шиддати 5,1 дараҷа ба сар мебаранд, то се рӯз пас хабар намедиҳад. Оё сарнавишти наздик ба 20000 (бист ҳазор!) сокини кишвар арзише барои пахши як хабар ҳам надошт!

АМИТ "Ховар" танҳо рӯзи 5-уми январ баъди сафари нахуствазир ба минтақаи зарардида як хабарро пахш кард, ки "тарошаи аз бом афтидагӣ"-ро мемонд. Меҳвари аслии матлаби АМИТ "Ховар"-ро на ҳодисаи мазкур, балки ҷараёни сафари нахуствазир ташкил медод.

ҲАРАКАТИ СУСТИ "ТОҶНЮС"-ИҲО

ПАС АЗ ШАБИ СОЛИ НАВ

Сомонаи "Тоҷнюс"-ро боз мекунем, ки дар он низ хабаре нест. Абдуазими Абдуваҳҳобро дар онлайн пайдо кардем ва гуфтем, ки чаро ҳамтоёни шумо иттилоъ надоданд? Мегӯяд, ки дар мо рӯзи истироҳат ҳаст ва танҳо рӯзи душанбе хабар хоҳанд дод. Воқеан "Тоҷнюс" рӯзи душанбе хабар дод. 50 соат пас аз ҳодиса!

ТВТ: СЕЛ ДАР БРОЗИЛ, ОБХЕЗӢ ДАР ПЕРУ,

БАРФБОРИШ ДАР САХАЛИН ВА БЕХАБАРӢ

АЗ 115 ЛАРЗИШИ ЗАМИН ДАР ВАТАН!

Дар рӯзи аввали ҳодиса расонаҳои хабарӣ ва мақомоти давлатӣ ба ин ҳодиса бархурди ҷиддӣ накарданд. Аввалин бор мефаҳмем, ки оҷонсиҳои иттилоотӣ дар рӯзҳои истироҳат навбатдор надоранд. Расонаҳои давлатӣ тамоман ба ҳодиса бетафовут буданд. Гӯё тақдири мардуми зарардидаи Ванҷ барои онҳо аслан арзише надорад. Шабакаи "Ҷаҳоннамо" танҳо як сужаи хабарии муқаррариеро пахш намуду халос. Ҳол он, ки ин сужа ҳам аз ҷониби хабарнигоре таҳия шуда буд, ки худаш аз Ванҷ ҳасту ба тақдири хешу ақрабояш бетафовут набуд ва чанд респонденте, ки дар ин сужа аз тариқи телефон пурсида шуданд, хешу табори ин хабарнигор буданд. "Шабакаи аввал"-и Телевизиони Тоҷикистон ва телевизиони "Сафина" рӯзи 5-уми январ ҳам дар ин бора чизе нагуфтанд. Нашри муфассали барномаи "Ахбор" рӯзи 2-юми январ бо эълони он, ки шоми дигар гуфтугӯйи мустақими телевизионӣ бо иштироки масъулони фурӯши саҳмияҳои НОБ-и Роғун доир мешавад оғоз шуд ва баъди он дар мавриди як неругоҳи хурде, ки ним сол пештар дар шаҳри Кӯлоб сохта шудааст, иттилоъ дод, ки аслан матлаб моҳияти хабарӣ надошт ва баъдан рафт суроғи мардуми Бразилия (дар Рио-де-Женейро кадом як меҳмонхонаро сел бурдааст), рафт ба Перу, рафт ба Сахалини Русия, аммо мардуми ранҷбурдаву азиятдидаи Ванҷро фаромӯш кард. Телевизионҳои Русияву Қирғизистону сомонаҳои қазоқиву амрикоиву фаронсавиву украинӣ ва дигарҳо аз зилзила дар Ванҷи Тоҷикистон иттилоъ медоданду телевизиони рақами яки тоҷикӣ ғами селу обхезиву барфбориши кишварҳои дуру Шарқи дурро мехӯрд…

Ҳодисаи мазкур бори дигар собит сохт, ки амнияти иттилоотии Тоҷикистонро ВАО-и давлатӣ таъмин кардан наметавонанд. Онҳо, ки аз ҳисоби киссаи мардум фаъолият мекунанд нисбати мардум беэътино ҳастанд. Шояд хӯроки якрӯзаи роҳбарони Телевизионҳои Тоҷикистон аз ҳисоби маблағе бошад, ки мардуми шарифи Ванҷ ба буҷа супоридаанд. Агар ин ҳиссаро қоил шаванд, пас суоле барнамеояд, ки хӯроки якрӯзаи онҳо ҳалол аст? Дар ҳоле, ки ин мардум дар сармои шадид ранҷ мебаранд ва ҳолати равонишон ногувор аст, ин шабакаҳо консертҳои нимбараҳнаву фаҳшзо пахш мекунанду ҳадди ақалл дар сатри равон наменависанд, ки дар Тоҷикистон чӣ хабари доғе ҳаст.

АДАМИ КАСБИЯТИ ВАО-И ДАВЛАТӢ

Ё САРХУШИИ СОЛИНАВӢ

Назарияи сиёсии журнализм талқин мекунад, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳокимияти чорум будани ВАО он замон таъмин мегардад, ки агар ВАО воқеан мардумӣ бошанд ва дар хизмати мардум қарор гиранд. Яъне ба сифти як тамос байни мардум ва ҳокимияти иҷроия баромад намоянд. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон бо гузаштани чанд рӯз аз ин ҳодисаи мудҳиш то ҳол нисбати он вокунишеро нишон надодаанд (матлаб шоми 5-ум ба 6-уми январ омода шудааст). Яъне ВАО-и давлатӣ рисолати худро дар расондани доғтарин хабари рӯз иҷро накард. Ин маънои онро дорад, ки сарнавишти қариб 20 ҳазор мардуми зарардида аз доираи таваҷҷӯҳи давлатӣ берун мондааст.

Мардум эҳсоси танҳоӣ мекунанд ё чарои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Кумитаи ҳолатҳои мӯътадил бадал мешавад?

Хисороти расида то ҳанӯз маълум нест. Дар рӯзҳои аввал масъулони ҳукумати ноҳияи Ванҷ онро 1,5 миллион доллар арзёбӣ карда буданд. Аммо ин саҳеҳ нест. Аз рӯйи он, ки мо худ зодагони ин минтақа ҳастем ва манзараи умумии офатрасида баромон маълум ҳаст, гуфтан мумкин ҳаст, ки зарар шояд бештар аз 5 миллион доллар бошад. Аммо ба болои ин бояд зарари маънавии мардумро низ изофа намуд. Гузашта аз ин дар чанд рӯзе, ки мардумро КҲФ аслан кӯмаке нарасонд чӣ қадар азият дид. Бино ба иттилои Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия Ванҷ Атобек Субадоров танҳо дар рӯзи аввали заминларза миқдори ларзишҳои замин то шомгоҳон 115 маротиба будааст. Хисороти дигар аз ҷониби комиссияи вижаи давлатӣ ҳисоб карда мешавад ва зарари расида ба мардум эълом мегардад. Аммо суолоти бепосух инҳостанд, ки чаро дар рӯзҳои аввали ҳодиса мардум танҳо буд. У Чаро намояндагони баландпояи Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи ҷумҳурӣ натвонистанд дар ду рӯзи аввали ҳодиса дар макони он ҳузур пайдо кунад? Оё ин чи гуна Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳаст, ки баъди мӯътадил шудани ҳолат меравад? Ба назари мо бояд нахуствазири кишвар дар рӯзи аввали ҳодиса ба ин сарзамин мерафт, зеро гап дар бораи сарнавишти наздик ба бист ҳазор мардуми Тоҷикистон меравад. Мо мутмаиннем, ки агар ташвишҳои сафари Президенти Эрон ба Тоҷикистон намебуд, худи Президенти кишвар ба ин минтақа сафар мекард. Аммо саранҷом мардуми шарифи як пораи Тоҷикистон дар ин рӯзҳои сангин сахт эҳсоси танҳоӣ намуд.

ИЛМ ВА МАҚОМОТ ДАР ХИЗМАТИ

МАРДУМ НЕСТАНД!!!

Мавҷудияти тамоми марказҳои илмӣ ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ ба хотири зиндагии осудаи мардум мебошад. Вале дар Тоҷикистон илм аз зиндагии мардум дуртар ташаккул ёфта истодааст.

Заминларзаи Ванҷ аз соли 2007 ин ҷониб идома дорад. Шояд дар ин муддат зиёда аз 3000 бор замини ин сарзамин ларзида бошад. Аммо то сар задании ин зилзилаи мудҳиш Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ва Саридораи геологии кишвар ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода натавонистанд муайян кунанд, ки чаро замини Ванҷ се сол боз меҷунбад?! Дуруст мебошад, ки қудрати илмӣ то он дараҷае нест, ки заминларза пешгӯӣ шавад, аммо марказе, ки 3 сол боз меҷунбад наход ба тадқиқи геологӣ ё сейсмикӣ ниёз пайдо накунад. Ҳами ин як хулосаи дигарро ба пиндори мо меоварад, ки Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон миёни Институтҳои зилзилашиносии дунё маъруфияти зиёд дошт, аммо ин ҳодиса чунин маъруфиятро зери суол гузошт. Агар иқтидори илмӣ ва техникии марказҳои илмӣ ва пажӯҳишии кишвар барои муайян намудани ин заминларза намерасид, бояд олимонро аз кишварҳои дигар даъват мекарданд, яъне киро мекарданд. Ин ҷойи айб нест, зеро мо барои сохтмони иншоот ва дигар мушкиламон ҳар замон аз хориҷ мутахассис даъват мекунем-ку. Агар ин даъват кардан арзиши баланд медошт ҳам шояд баробари даҳяки зараре намешуд, ки бар асари заминларза ба кишвар ва мардум расидааст. Шояд то имрӯз бар асари тадқиқот маълум мешуд, ки дар ин минтақа имкони зиндагӣ ҳаст ё нест? Мардум ба таври осоишта мушкилашонро бароварда мекарданд на ба таври фоҷиавӣ.

Ҳамчунин бепарвоии масъулин то ҳаддест, ки фармони 622-и Президенти кишварро сарфи назар мекунанд. Баъди заминларзаи моҳи марти соли гузашта, ки бар асари он 160 хонавода зарари ҷиддӣ дида буданд, дар шумораи 13 (187) аз 2-юми апрели соли 2009-и нашрияи "Миллат" мақолаи рӯзноманигор Неъматуллои Нурулло бо унвони "SOS: Замин меҷунбаду мо намеҷунбем!" ба табъ расида буд. Аммо ба масъалагузориҳои ин матлаб мақомоти масъулро ба қавле "пашоре набурд".

Овозаҳо ҳаст, ки дар зери замини ин мавзеъ захираҳои газ, нафт ё аносири дигари кимиёвӣ мавҷуданд ва боиси ларзаҳои пайдарпай ва таконҳои замин шудаанд. Мақомоти зирабт мунтазири онанд, ки ин захоир бадар мешаванду сипас "тадқиқ мебаранд".

ЧАНД НУКТА БА ҶОЙИ ХОТИМА

Дар ҳоле, ки матлаб омода мешуд мо бо хешу табори дар ноҳиябуда тамос гирифтем ва иттилои онҳо дар мавриди расидагкардани мақомот ба мушкилоти мардуми зарардида, танҳо маълумотест, ки шабакаи "Ҷаҳоннамо" аз ҷараёни сафари сарвазир ба ин мавзеъ пахш намудааст ва дар ин гузориш гуфта мешавад, ки мошинҳое, ки маводи ёриро ба минтақа бояд бибаранд озими Ванҷ шудаанд. Вале ин ёрмандиҳо то ҳанӯз ба мардум нарасидаанд. Аммо сокинони минтақа иброз медоранд, ки намояндагони гунонгуни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷи дар ду рӯзи охир дар мавзеъҳои харобгардида гашту гузор доранд ва ваъдаҳои зиёдеро дар мавриди расонидани ёрӣ ба онҳо додаанд. Мардум то ҳанӯз аз ларзиши замин дар ҳарос буданд. То ҳол тасмими ҷиддие аз ҷониби мақомоти масъул дар мавриди сарнавишти минбаъдаи мардуми зарардида гирифта нашудааст. Мардум ба хотири амният аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба мактаб ва масҷидҳо то ҳанӯз кӯчонда мешавад, зеро то ҳанӯз заминларза идома дорад. Ба иттилои мардум миқдори ларзиши замин дар як рӯз на камтар аз 50 мартаба ҳаст.

Хулосаи матлаб ин ҳаст, ки мақомот натавонистанд дар лаҳзаҳои ибтидоии фоҷиа дар паҳлӯйи мардум бошанд. Оё ин тарзи муносибат баҳогузорӣ мешавад ё не???


Зоҳири Давлат,
Иршод Сулаймонӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97