ПАЙОМАДҲОИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ВАНҶ

Иҷтимоъ 08.01.2010 15:30

02.01.2010

Соати 07:15

 

Заминларза бо шиддати 5,1 дараҷаи Рихтер ноҳияи Ванҷро такон дод. Дар натиҷаи заминҷунбӣ ду шаҳрванд захмӣ ва 17 чорво талаф шуда, даҳҳо манзили истиқоматӣ, як бинои дуошёнаи иборат аз 12 хонаи истиқоматӣ, 13 симчӯби интиқоли барқ, сохтмони дармонгоҳ ва бинои нозироти андози ноҳия харобу валангор гашт. Илова бар ин, рехтани сангу кӯҳпораҳо роҳҳои мошингарди мавзеъҳои Хехк, Ускроғ ва Даштакро банду масдуд кард.

Раиси дафтари ҳукумати ноҳияи Ванҷ Атобек Субадоров ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки мутобиқи ҳисобу китоби пешакӣ, офати табиӣ ба ноҳия ба маблағи яку ним миллион доллар хисорот ворид кардааст.

 

Ба гуфтаи Субадоров, корҳои наҷотбахшӣ ва мушаххас намудани ҳаҷми хисороти офати табиӣ идома ёфта, иттилоъ дар бораи паёмадҳои заминларза зуд-зуд тағйир меёбад. Юсуфҷон Исҳоқов - сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ванҷ дар мусоҳибаи телефонӣ бо радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки даҳ хона ба куллӣ хароб шуда, деворҳои 1400 хонавода қисман ва умдатан кафидаву хароб гаштаанд. Аз ҳама зиёдтар деҳоти Гшхун, Роғ, Рохарв, Панҷшанбеобод, Ускроғ ва деҳшӯрои Язгулом аз заминҷунбӣ хасорату зиён диданд. Манзилҳои зисти сокинони деҳоти деҳшӯрои Язгулом, аз ҷумла деҳаи Жамаг ва Будун низ вайрону валангор гаштанд. Дар Жамаг ду хонаи сукунатӣ пурра чаппа шудаву соҳибонашон ҳайрону зор монданд.

Аҳлу аёли сокини маҳаллаи Пуни Ҷӯгунӣ Назарбек Атобеков, ки манзили зисташон бар асари заминларза куллан харобу валангор шудааст, манҷааш (кати чӯбини тобистонааш)-ро бо пластики полиэтиленӣ печонда, шаби дуюм ба сеюми январро дар сармои 10-15 дараҷаи зери сифр саҳар карданд.

 

03.01.2010

24 соати шабу рӯз

 

Ларзаҳои пайдарпайи замин бо садои пур аз ваҳм мардумро хавотир мекард. Шаби 3-юм ба 4-уми январ заминларза бо шиддати камтар аз 5 дараҷаи Рихтер деҳоти наздики маркази ноҳияи зарардидаи Ванҷро аз нав ҷунбонд. Ба гуфти сокинони ноҳия, дар ин шаб чаҳор маротиба заминҷунбии пайваста рух дода, ваҳму ҳароси мардумро бештар гардонд. Бештари зиёндидагон дигар натавонистанд, ки шабро дар хонаҳои худ саҳар кунанд. Зеро деворҳо кафидаву дар дами фурӯ рафтан қарор доштанд. Мо ҳар соат бо сокинони деҳоти зарардида бо анҷом додани тамоси телефонӣ аз авзои онҳо даракдор мегаштем. Ташкилоти байналмилалии Ҳилоли Аҳмар ҳамагӣ 3 хайма барои мардуми бесарпаноҳ кӯмак кард. Ситоди вилоятии ҳолатҳои фавқулода мизони хисороти зилзиларо муайян намуд.

 

04.01.2010

Шабу рӯз

 

Ларзаи замину садои ҳавлбори дохили кӯҳҳо такрор меёбад. Бошандагони ноҳияи Ванҷ аз заминларзаҳои шадиди солҳои ахир нигарону дар изтиробанд. Бори охир моҳи марти соли гузашта дар мавзеи заминҷунбии 2-юми январ зилзилаи шадид рух дода, 160 манзили истиқоматиро вайрону валангор карда буд. Калонсолони ин минтақа мегӯянд, ки заминларзаҳо пайдарпай якуним сол инҷониб идома дорад. Вале то ба ҳанӯз ягон ниҳоди пажӯҳишӣ ба ин ҳодисаи табиӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир накардааст. Зарардидагон ба кӯмаку ёрӣ ниёзманданд, аммо то ҳанӯз ягон маводди ниёзи аввалия ба онҳо нарасидааст. Аз дигар ҷониб сардиҳои чиллаи зимистон онҳоро ташвиш медиҳад.

 

05.01.2010

Сарвазири кишвар дар ҷойи ҳодиса

 

Дар ниҳояти кор пас аз се рӯз Сарвазири кишвар Оқил Оқилов дар раъси як ҳайъати давлатӣ бо чархбол озими водии Ванҷ шуда, мавзеи зилзилазадаро мушоҳида намуд. Дар сӯҳбат бо мардуми осебдида ёдовар шуд, ки бо супориши махсуси Сарвари давлат ба ҷойи ҳодиса омадааст ва аз номи Сарвари давлат ваъда дод, ки Ҳукумати кишвар тамоми хисороти ворида бар асари зилзиларо ҷуброн хоҳад кард. Ҷаноби сарвазир ба комиссия супориш дод, ки масъалаи муҳоҷирати мардуми зарардида ба дигар манотиқро тӯли як ҳафта баррасӣ карда, ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

 

Сарвазир дар ҷойи ҳодиса

 

Рафтани сарвазири мамлакат ба ҷойи ҳодиса аз мудҳиш будани ҳодиса дарак медиҳад. Сарвазир ба масъулон дастур дод, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ хулосаи комиссия пешниҳод ва зарари мардум ҷуброн шавад ва ҳамчунин хонаҳошон бояд барқарор карда шаванд. Ҳамчунин зиёда аз 30 ташкилоти дигари ватанию хориҷӣ изҳори омодагии худро барои расонидани ёрӣ ба мардуми зарардида карданд, аммо баъд аз саҳеҳ шудани мизони хисорот. Ҳамин далели онаст, ки мардуми ин минтақаи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали фоҷиа мушкилоташонро дар алоҳидагӣ пушти сар карданд.

Сарвазир аз деҳаҳои зарардида дидан кард ва бо мардуме, ки дар мактабу масоҷид ва Интернати маркази ноҳия зиндагии муваққат доштан сӯҳбат намуд ва изҳор кард, ки бо супориши Президенти мамлакат тамоми хисорот ҷуброн карда мешаванд. Аммо алакай якчанд хонаводаи деҳаи Гшхун ва дигар минтақаҳои аз заминларза зарардида, ки аз заминларзаҳои беист ба ваҳм афтодаанд, озими Душанбе шуданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар назди мардум ваъда дод, ки 30 тонна кӯмак, ки 50 хайма низ ҳаст ба мардум мерасонанд. Ҳамчунин ӯ хисороти воридаро хеле ҷиддӣ арзёбӣ кард.

 

06.02.2010

Замин ҳамоно меларзад

 

Соати 14:10 вақте, ки мақоларо ҳусни хотима мебахшидем ва бо Ванҷ тамоси телефонӣ барқарор кардем. Ҳамсӯҳбати мо раиси деҳаи Гшхун Мардихудо Қаландаров иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир ҳам замин ба тадриҷ меҷунбад. Яъне, замони сӯҳбати телефонии мо бо ӯ замин дар ҳоли ҷунбидан буд. То ҳол кӯмакҳои амалӣ ба мардум нарасидаанд. Танҳо дирӯз барои осебдидагон маводди ғазоӣ ҳамчун ёрӣ пешкаш шудаасту халос.

Муовини раиси ноҳияи Ванҷ Азимҷон Шамсиддинов ҳангоми сӯҳбати телефонӣ дар посух ба суолҳои мо дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ноҳия ва Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои кӯмаки осебдидагон аз зилзила чунин гуфт: Зиёда аз 95-96 хоҷагӣ дар ду ҷамоат пурра хароб гаштааст. Мардумеро, ки хонаҳояшон вайрон шудааанд ва имконияти дар онҷо зиндагӣ кардан надоранд ба хонаҳои хешу таборашон, ки дар ҷойҳои бехавфтар ҳастанд, кӯчондем. Дар ҳоли ҳозир осебдидагон аз имконоте, ки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳ бо ташкилоти Салиби сурх дошт, кӯмак гирифта истодаанд. 1060 хоҷагии дигар аз 30 то 60% зарар дидаанд. Як рӯз пеш (3-юми январ) як комиссияи вилоятӣ омада буд ва имрӯз (4-уми январ) бояд то бегоҳ як коммиссия аз шаҳри Душанбе биёяд. Мо кору кӯшиш мекунем, ки зиндагии мардум хубтар шавад.

Ҷаноби Шамсиддинов, ки ҳангоми мусоҳиба дар сафари хидматӣ қарор дошт, дар посух ба ин суол, ки оё заминҷунбӣ дар ноҳия барои аввалин бор аст, гуфт:

"Асосан сеюм сол аст, ки дар инҷо пайдарпай заминларза мушоҳида мешавад. Теъдоди заминҷунбиҳои бақайдгирифтаро мо дорем. Масалан аз соати 7-у 15 дақиқаи субҳи 2-юми январ то имрӯз (мусоҳибаи мо соати 17-и 4-уми январ анҷом гирифт. ЗД), яъне дар муддати 3 рӯз зиёда аз 115 бор замин ҷунбид. Асосан маркази ин заминларза ҳамин деҳаи Гшхун, Рохарв, Убари Даргов, Роғ, Пайшанбеобод ва Ускроғ мебошанд. Аслан ин заминҷунбӣ аз дигар зилзилаҳо фарқ мекунад. Ин аввал як садои ваҳмангез аст ва сипас яку якбора биноро меларзонад. Ин бисёр даҳшат аст. Порсол моҳи март ҳамин хел заминҷунбӣ шуд. Низомов - директори Институти зилзиласанҷӣ омада буд, аз ӯ дар бораи ин садои ваҳмангез пурсон шудем ва ӯ чунин шарҳ дод, ки маркази заминҷубӣ дар ҳамин ҷост, садо дорад ва даҳшаташ вазнинтар аст".

Мо ҳамаи заминларзаҳоро бо мутасаддиён ба қайд гирифтаем ва зарари заминҷунбиҳо дар кадом вақту соат ҳамаро ҳисобу китоб кардаем. Мо ҳамаи зарарҳо аз заминҷунбиҳои пештараро ҳисоб карда, ҳам ба мақомоти вилоятӣ, ҳам ба ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ҳам ба Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаем. Дар масъалаи пешгӯии заминларзаҳо мо мутахассисонро пурсидем ва ба мо гуфтанд, ки чунин заминларзаҳо ва садоҳои ваҳмангез дар дигар давлатҳо ҳам мешаванду оҳиста-оҳиста гум мешаванд. Аммо се сол боз ин ларзаву садоҳо гум намешаванд ва бояд мутахассисон вориди ноҳия шуда хулоса бароранду пешниҳод кунанд, ки минбаъд мардум чӣ кор кунанд. Барои он ки дар минтақаи заминларза ҳеч хонае нест, ки осебу зарар надида бошад. Агар монанд ба заминларзаи субҳи 2-юми январ замин биҷунбад, мумкин аст, ки хеле фалокатҳо, хело зарарҳои калон шавад. Акнун мо хулосаи ҳамон ҳайъати кориеро, ки аз Ҳукумати ҷумҳурӣ меоянд, мегирему баъд ягон чораҷӯйӣ мекунем.

Ҳақиқатан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти вилоят, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамингуна пешниҳодҳо ҳастанд, ки бояд мардуме, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд бояд онҳоро бикӯчонем ба ҷойҳои дигар хонаҳои истиқоматӣ бунёд кунанд. То ин лаҳза мо ҳеч касро нафиристодаем, аммо худи имрӯз сокинони қишлоқи Гшхун ва Убари Даргов муроҷиат карданд, ки агар барои мо дар дигар ноҳияҳо ҷойу сохтмон ҷудо гардад, мо ба онҷо мекӯчему дигар дар онҷо сохтмону зиндагӣ мекунем, зеро мардум дар ваҳманд, дар биманд ва имкони ҳар гунна фалокат шудан вуҷуд дорад.

Зодаи рустои Гшхун Муродмаҳмади Амрихудозод - муовини хатиби ноҳияи Ванҷ ва хатиби масҷиди деҳаи Гшхун дар бораи заминҷунбӣ мегӯяд: Мо ҳамроҳи бародарони намозхон пас аз адои бомдод аз масҷид берун меомадем, ки замин ҷунбид. Ростӣ, ки ин басо воқеаи даҳшатангез буд. Ба гумони мо ин расид, ки ҳамин ноҳияи Ванҷ фурӯ рафт. Он чӣ, ки мо бо чашм дидем, ростӣ ки ғайриимкон аст барои нақл кардан. Мисли ин, ки тамоми кӯҳҳо бар сари мардум бирезад. Мо худро гум накардем (худро аз даст надодем) ва ҳамроҳ бо бародарони намозхон ҳамзамон бо таваққуфи заминҷунбӣ ба кӯмаки мардум шитофтем. Тақрибан 60%-и иморату сохтмонҳо дар деҳаи мо вайрону валангор шуданд. Дигар дар онҳо зиндагӣ кардан намешавад. Аз ҳама бадтар ин аст, ки чунин зилзилаҳо беш аз ду сол боз дар ноҳия такрор мешаванд.Ояндаи мо ҷавонон ва фарзандони мо ҳастанд ва ин зилзилаҳо асаби онҳоро хароб мекунад. Муддатҳо боз мардум бо либосҳошон хоб мераванд, ки дар сурати такрор ёфтани заминҷунбӣ зуд аз дохили хонаҳо берун шаванд.

Мардихудо Қаландаров - раиси ташкилоти худфаолиятии Гишхун мегӯяд, ки заминларза муддати 5 дақиқа идома ёфт ва дар бораи талафоти якчанд сар чорво ва парандагони хонагӣ иттилоъ дод. Ҳамзамон Қаландароов ёдовар шуд, ки ҳаво сарду дар берун барфи зиёд аст ва интизор меравад, ки мардуми зарардида бо хаймаҳои зимистона таъмин шаванд, аммо дар се рӯзи ахир ин амал анҷом нагирифтааст. Мардуми бехонамонда дар масҷид ва мактаб ҷой карда шудаанд ва аз ҳезумҳои барои зимистон захиракардаашон масҷиду мактабро гарм мекунанд.

Саъди Юсуфи


  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97