ЧАШМ БА РОҲИ БОБОИ БАРФӢ ВА АРЧАИ СОЛИНАВӢ

Иҷтимоъ 31.12.2009 15:25

Замони мактабхонӣ ҳамроҳ бо ҳамдарсонам ҳар сол якчанд рӯз пеш аз шурӯъи соли нав мунтазири овардани дарахти сабзи арча ба дохили мактаб мешудем. Мунтазир мешудем, ки кай арчаро меоранду онро бо ороишоти солинавӣ рангоранг мекунанд ва Бобои барфӣ бо риши пахагинаш дар саҳна чарх мезанад. Сипас бо интизори таҷлили Соли нав масруфи бозиҳои зимистона, ё хоккей мезадем, ё лижаронӣ мекардем, ё чанасаворӣ мерафтем. Бидуни гуштигирӣ ҳеч рӯзи мо поён намеёфт.

Зеро дар болои барф гуштӣ гирифтан басо муносибу роҳат аст ва муҳити паҳлавонпарвари водии Ванҷ дар ҳама фаслҳои сол барои ин навъи варзиш шароити табиъийи хубе дорад. Табиати кӯҳистони Ванҷи пурганҷ, ки аз нимаи дуюми ноябр то даҳаи дуюми апрел ҳавояш сарду заминаш барфпӯш аст, сокинонашро бо боду ҳавои тоқатфарсо мутобиқ мегардонад. Ҳамингуна, дар диёри дурдасти кишвар ҳам дар мактаб ва ҳам дар хонаву берун ба роҳи арчаи солинавиву Бобои барфӣ чашм медӯхтем. Аз ошноҳоям, ки аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон мебошанд, дар ин бора пурсидам, мегӯянд, ки айнан Соли навро мо ҳар сол бо арчаи нав мегузарондем.

АРЧАИ СОЛИНАВӢ ВА ТАХРИБИ ТАБИАТ

ДАР АҲДИ ШӮРАВӢ

Арчаҳо арӯсони ҳамеша сарсабзи шаху шӯху нову дараву пуштаҳоянд. Дар баробари ин мардуми кӯҳистон буридани арчаро вубол, яъне гуноҳ медонистанд. Дар ёд дорам, ки ба ҷуз чанд нафар беинсоф касе дигар ҷуръати буридани дарахти арчаро надошт. Зеро он дар мулки Худо, дар ҷойҳое мерӯяд, ки заминаш киштбоб нест. Аммо барои таҷлили Соли нав беҳтарин арчаи пушта ё дараро бурида ба мактаб меоварданд. Арчаеро, ки зеби дараву дамҷогаҳи мардуми даравгар дар гармои тобистон буд. Албатта бузургсолони деҳа зидди буридани на танҳо арча, балки мухолифи буридани ҳар рустании тар буданд, вале дӯстдорони таҷлили Соли нав - сармастони ҷунуни ҷавонӣ ҳатман як арчаро мебуриданд, то барои чанд лаҳза дар гирди он рақсу бозӣ кунанд. Рақсу бозие, ки онро барои аввалин бор дар солҳои ҳукмронии Шӯравӣ аз русҳо омӯхта буданд. Ҳамагӣ чанд рӯз пас шохаву танаи дарахти сарсабзу зебо, ки онро поя задаву дар гирдаш Соли навро таҷлил мекарданд, ҳезумӣ шуда барои якчанд соат хонаеро гарм мекард. Сӯзанбаргҳои онро "носвориҳо" месӯхтанд ва хокистарашро барои таёр кардани нос мегирифтанд. Зеро нос бо хокистари сӯзанбаргҳои арча "шахтар" шуда, кайфи онро боло мебардоштааст. Ҳамин тавр дар даврони мактабхониам шоҳиди нобуд шудани арчаҳои сарсабзе шудаам, ки беш аз бист сол боз ҷойи онҳо холист ва дигар дар онҷо сабзидани ниҳол муҳол аст. Ин ҳол ҳар сол дар аксари рустоҳои кишвар такрор меёфт ва танҳо дар як ноҳия беш аз 50 дарахти сабз барои иди бегона аз фарҳанги мардумӣ буридаву нобуд мегашт. Онҳо дарахтоне буданд, ки табиати Худо рӯёнидаву боиси сарсабзии пуштаву дараҳо ва сабаби коҳиши селу тармаҳошон гардонда буд. Ин, ки гуфтам танҳо хӯшае аз гӯшае буд. Акнун қазоват кунед, ки агар дар 50 рустои кӯчак бо шумули мактабҳову бархе муассисаҳои дигар, мисли маркази колхозу деҳшӯроҳо барои таҷлили Соли нав беш аз 60 дарахти сарсабз, ки амонати табиатанд, бурида шавад, дар давоми 10-15 сол чӣ ?адар арчаҳо, ки дигар Худо медонад, боз кай мерӯянд, нобуд шудаанд. Дигар Шумо, хонандаи азиз, довар бошед, кӣ гунаҳгор буда; иди таҳмилии Соли нав, ё худи мардум?

СУРУДИ СОЛИНАВӢ

ДАР АТРОФИ АРЧА

Аз панҷ нафар, ки бо эшон каме ошноӣ дорам, якояк пурсон шудам, ки дар бораи Соли нав чӣ медонед, посух медоданд, ки ин шеърро:

Соли нав омад, шоду ғазалхон!

Табрик созем, онро рафиқон!

Имрӯз-рӯзи якуми январ,

Рӯзи муборак, рӯзи мунаввар!...

Аммо дар посух ба ин суол, ки дар бораи иди Наврӯз чӣ шеър медонед, танҳо ду нафарашон ду мисраӣ шеър гуфтанд. Дигар аслан ҷойи хиҷолат буд, ки дар бораи Наврӯз, ки қасидаҳо суруда шудаанду китобҳо таълиф гаштаанд, тоҷик чизеро надонад. Аммо ҳамаи онҳо гуфтанд, ки иди солинавии мо асосан ҳамин Наврӯз аст.

Дар воқеъ, дигар ҳама хурду бузурге, ки каме ҳам аз фарҳанги миллии тоҷикӣ дарак доранд, медонанд, ки Соли нави тоҷикон Наврӯз аст, баробар ба 20-21-уми марти баҳори нозанин, на аввали январи зимистони қаҳратун.

ТАБЛИҒИ ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВ ВА

ХУДБОХТАГИИ ТОҶИКӢ

Аммо одат шудааст, ки баробари ақвоми ғарбӣ, хусусан русҳо, Соли навро дар зимистони сард "таҷлил" мекунем. Декабр надаромада, ки дар дӯкону бозорҳо савдои ашёи ороишии солинавӣ авҷ мегирад ва радиову телевизиони миллии кишвар бо симову садои нухбагони рӯзноманигории миллӣ (Шабакаи аввал, телевизиони "Сафина" ва монанди инҳо) ба таблиғи "Соли нав" мепардозанд. Аҷаб кору аҷаб боре! Иддао аз миллатдӯстиву фарҳанги миллӣ ва таблиғи фарҳанги бегона. Лутфан таблиғгарони иди Соли нав ба осори классиконе, ки танҳо мояи ифтихори миллӣ бо?ӣ мондаанд, рӯй биоранд ва ба мардуми масруфи кишвар, ки дар пайи ободии рӯзгори хешанду ҳамагӣ чан соатаки шабҳо назди телевизион менишинанд, бигӯянд, ки ба ҷуз дар замони Шӯравӣ, аниқтар бигӯем, дар аҳди ҳукумати истибдодии русҳои кремлӣ, дар чӣ давру замоне ТОҶИК дар сардиҳои январ "Соли нав"-ро ҷашн мегирифтааст? Ё Соли нави ғарбӣ аз Наврӯзи нозанини таърихии форсиён дида, барои тоҷик муносибтар аст? Ҳаргиз не! Ба хотири бегонамаобӣ Соли навро барои тоҷик ҳамвазни Наврӯз қарор додан ҷиноят аст. Ҷинояти таърихӣ, ки ворисони ин марзу бум онро ҳаргиз намебахшанд! Агар барои тоҷик дар баробари ҳидоят ба буридани арчаи сабз фурсати ёдгирии сохтани велосипедро медоданд, қабули Соли нав дар январ ҳам ма?бул мебуд. Бар илова мардуме, ки тоҷикони имрӯзӣ Соли навро аз ҳаммилатони онҳо "мерос" гирифтаанд, тоҷикро "чиркин" мебинанд, таҳқир мекунанд, тӯҳмат мезананд, нодон мегӯянд ва дар ниҳоят тоҷикро дар матбуоташон торик нишон медиҳанд. Агар воқеъбинона бингарем, сазои миллате, ки қадри номус, худӣ, ватан, фарҳанг ва дини худро намедонад, бояд аз ин бадтар бошад. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки бо тақлид аз ақвоми ғарб замони омад-омади Соли нав арчаҳои солинавии 17 ва 21-метра дар пойтахти тоҷикон қомат меафрозанд. Арчаи 21-метраро пайкараҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Абӯадуллоҳ Рӯдакии ҷавон мебинанд. Агар зинда мебуданд, шояд мегуфтанд, ки Соли нав муборак!!! Аммо яқин аст, ки мастигарии ҳамқавмонашон барояшон писанд намеафтод. Шояд дар наздикии пайкараи Фирдавсӣ арчае дигар насб шавад. Ва ӯ ҳайрон хоҳад шуд, ки шояд шоҳони Сосонӣ низ Соли наву арчаи буланд доштаанд, вале чаро дар "Худойномак" зикраш накардаанд?!

Мутаассифона, азобу машаққате, ки тоҷик дар кишвари хирсҳо мекашад, аз дасти чоплусу пастфитрату худбохтагони худаш ҳаст ва маҳз чунинҳо боис шудаанд, ки номи тоҷикро паст бизананд. Хушбахтона, дар баробари бархе беномусон, ки ҳамватанони худро барои ширин кардани хеш дар назди пулисҳои дар асл ҷинояткор мефурӯшанд, мардони бономусу серғайрат ва бошарафу ҳувият ҳастанд, ки ҷазабаи номи тоҷикро бо тавони мардонагии хеш нигоҳ медоранд. Агарчанде теъдодашон кам аст, вале онҳо ҳамон дусадеанд, ки Фирдавсии бузургвор онҳор беҳ аз сад ҳазор гуфтааст. Хушо ба ҳоли онон!!!

ХУЛОСА ВА СУОЛ

Шояд хонандаи закӣ пай бурда бошад, ки ҳадаф аз ин гуфтаҳо чист? Албатта хуб аст, ки аз қавме ё миллате расму марсуме гирифта шавад, аммо агар он муносиб бошад. Масалан, шаҳрсозӣ, кандакорӣ ва монанди инҳо. Аммо аъмоле ба монанди шаробхорӣ, рақсу бозии бемаъно, либоспӯшии бегона аз вижагиҳои миллии як қавм бисёр бад аст, ки бар миллате дигар таҳмил ё худ бор баста шавад. Барои мисол оё шаробхориву мастӣ ва рақсу базми бемаъно дар гирди арча ва он ҳам ба хотири гиромидошти ҷашни бегона аз фарҳанги миллӣ барои тоҷик муносиб аст?

Тоҷик бояд бидонад, ки Наврӯзе бузугтар аз Соли наву ватанаш табиате беҳтар аз миллион арчаи солинавӣ ва анвои нӯшидание ба маротиб беҳтар аз Шампону Водкаву Виски дорад. Танҳо бастани камари ҳиммат мебояд, ки ононро ба по дораду та?лид аз дигарон накунад, вагарна шоми имрӯзаш бесаҳар мемонад…


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97