"РОҒУН" РАСУЛРО БА ВАТАН ОВАРД Ё ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА?!

Иҷтимоъ 26.12.2009 20:03

Хабаре, ки дар миёни "Роғунгузоришот"-и ахири расонаҳои расмии давлат бештар ҷило дошт, ин "2000 сомонӣ кӯмаки дзюдочӣ Расул Боқиев ба Ниругоҳи барқи обии Роғун" буд. Ин ҳам пас аз он ки дар чанд моҳи ахир наворҳое аз лаҳазоти қаҳрамонии ин паҳлавон аз пардаи телевизион ва номи ӯ аз сафҳаи матбуоти давлатӣ "ғайб" зада буд. Нашри хабари ахир, суолҳоеро дар миёни ҷомеа матраҳ мекард: "Дуруст аст, ки Расул ба Ватан бармегардад!", "Оё Расул бо саҳмгузорӣ дар муҳимтарин Иншооти давр мехоҳад садоқаташро ба Ватан ба исбот бирасонад?!"…

Ба иттилои наздикони Расул Боқиев, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик тавассути паҳлавон Нурулло Лоиқов, раиси федератсиюни Дзюдои Тоҷикистон барои харидории саҳмияи "Роғун" 500 доллари ИМА фиристодааст. Ин манбаъ афзуд, ки ин ба он маъност, ки ҳарчанд Расул дар ҳоли ҳозир берун аз кишвар ба сар мебарад, аммо ба сарнавишту тақдири миллат бетараф нест.

Ба мо маълум шуд, ки дар ҳоли ҳозир миёни Кумитаи Олимпӣ, Худойназар Боқиев, падари Расул ва В. Елчанинов мураббии ӯ дар мавриди бозгашти паҳлавони тоҷик ба кишвар гуфтушунид ҷараён дорад ва дар назар аст, ки ин гуфтушунид то расидани соли нави милодӣ ба поён бирасад.

Ба гуфтаи Худойназар Боқиев, дар ҳоли ҳозир бояд баъзе қарордодҳо аз ҷониби тарафҳо ба имзо бирасад, то ки Расул дубора Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ намояндагӣ бикунад. Тамоми харҷу масраф барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалии Расулро Ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳда гирифта, барояш маош ҳам ҷудо гардидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва Шералӣ Кабиров, ноиби директори корхонаи арзизи тоҷик тамоми махориҷи Р. Боқиевро барои намояндагӣ кардан аз Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтаанд. Тасмим гирифта шудааст, ки мактаби варзишии дзюдо низ дубора фаъол гардонда шавад.

Пас аз бозгашти Расул ба сӯйи Ватан ӯ машғулиятҳои худро дар шаҳри Маскав таҳти роҳбарии мураббиаш В. Елчанинов идома хоҳад дод, аммо дар мусобиқот аз номи Тоҷикистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Хушхабари дигар барои дӯстдорони варзиши дзюдо ин аст, ки аз оғози соли 2010 Клуби гуштии ба номи Расули Худойназар ба фаъолият оғоз хоҳад кард.


Шаҳнози КОМИЛЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97