"БОМЖ" Фосила байни ҳуқуқи занони минбарнишин ва хонанишин

Иҷтимоъ 23.12.2009 14:00

ҲОДИСАҲОИ САНГИНИ БАЪДИ

ҶАНГӢ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Дар охири солҳои 1990-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа нархи манзил ба маротиб баланд шуд, акнун иддае аз муҳоҷиршудагон, ки 10 сол дур аз Ватан буданд, барои баргардонидани манзилҳои хеш бармегаштанд. Дар мақомоти марбут ба манзилу НБТИ-и шаҳрӣ баҳси манзил мавзӯъи аввал буд.

Дар баҳсҳои судӣ бошад, яке хонаи замони беҳуҷҷат харидаашро аз даст медоду дигаре ба гуфти худ манзили қонунии худро. Он вақт на дар ҳама маврид онҳое ғолиб мебаромаданд, ки ба гуфте ҳақу ҳуқуқи бештар ба манзил доштанд, балки онҳое мағлуб мешуданд, ки аз ҳуқуқҳои хеш бархурдор набуданд. Чунин як замони аҷоибе буд, ки дар маҳалаҳо идае аз масъулони ин ё он мақомот худро ҳокими мутлақ меҳисобиданд. Вагарна чи балое буд, ки оилаи серфарзандро дар зимистони қаҳратун ба кӯча мебароварданду ягон мақомоте иродаи пешгирӣ аз чунин зулму хушунатро надошт.

ЗИМИСТОНИ СОЛИ 2002

Яке аз чунин ҳодисаҳо бехонумон кардани оилаи Норматоваҳо буд, ки ҳар бинанда аз амали мақомоти марбута даст ба гиребони худ гирифта, тавба мекард. Клара як пиронсоли қӯрғонтеппагӣ, ки аз айвони манзили истиқоматиаш, ин ҳодисаҳоро тамошо мекард, бо изтироб гуфта буд. "Ман дар солҳои 1992-ум ҳам аз Қӯрғонтеппа азми ҳиҷрат кардан надоштам. Меҳру муҳаббат ба ин шаҳри башардӯст маро водор кард, ки дар интизори рӯзи хуш ҳама мушкилиҳои ҷанги шаҳрвандиро таҳаммул кунам, аммо акнун аз ҳукуматдорон тарс дорам, сахт метарсам, ки ҳодисаи оилаи ҳамшаҳри ман Саврӣ рӯзе бар сари ман ҳам меояд. Дар шаби сарди зимистон модару тифлакони камбизоатро аз хона бароварда, зери барфу борон мондан, амалест басо сангин, ки ман назирашро на дар ҳодисаҳои шаҳрвандии солҳои 1990-ум ва на дар даврони ҷанги дуюми ҷаҳон, ки он вақтро хуб дар ёд дорам, дидаам". Воқеан шоҳидони он рӯз бисёриҳо буданд…

Зимистони қаҳратуни соли 2002-юм буду ҳарорати ҳаво бори аввал дар чанд соли охир чунин паст фаромада буд. Дар ҳамон шаб, ки дар берун барф мебориду шамоли сард роҳгузаронро имкони нафас кашидан намедод, Саврӣ Норматова ҳамроҳи 6 нафар фарзандони ноболиғ аз манзили истиқоматӣ бароварда шуданд. Чуноне ки баъдан собиқ соҳибхона нақл кард: "Як шаб нафароне дар асоси ҳалномаи судӣ омада, кӯдакони маро аз хона берун карда, тамоми амволи хонаамонро ба даромадгоҳи хонаи баландошёна гузоштанду ҳуҷраро қулфи калон зада, худ ғайб заданд. Қаблан мақомотро огоҳ карда будам, ки дар сурати бори дигар ба манзили ман омаданашон худ ва кӯдаконамро дар ҳамин хона оташ мезанам, вале ман, ки шабона барои хариди нон рафта будам, аз ин фурсат истифода бурда, омада ҳамаро ба берун ҳавола кардаанду рафтаанд.

ЭЪТИРОЗИ БОНУИ ТОҶИКРО

НОДУРУСТ ФАҲМИДАНД

Ин яке аз он ҳаводиси баҳсҳои манзилиест, ки бар асари он оилаҳои бесарпаноҳе дар кӯча мемонданду нафарони дигар кулбаи гарми онҳоро соҳиб мешуданд. Лаҳзаҳои он шаби ба кӯча баровардани фарзандону амволи оилаи Норматоваҳоро аз шабакаи телевизиони мустақили "Қӯр¬ғон¬¬теппа" ҳам намоиш дода буданд. Гарчанде он гузоришҳо мавриди муҳокимаи бинандагон қарор гирифта буд, аммо дилҳои сангинро, ки паси ин моҷаро даст доштанд, нарм накард.

Ҳамин тавр Саврӣ Норматова рӯзона дар ба дари ҳукуматдорону мақомоти дахлдор овора мегашту шабона ба даромадгоҳи бе дару тирезаи хонае, ки 12 сол дар он истиқомат дошт, бармегашт. Онҷо амволи хонадонаш ва 6 нафар фарзандони бесарпаноҳ интизораш буданд.

Он замонҳо қариб ҳар рӯз Саврӣ Норматоваро дар кӯчаҳои шаҳр дучор шудан мумкин буд, ки гоҳо бо фиғону нола, гоҳе зери лаб шаҳрдорону мақомоти дахлдорро дуо карда аз як идора ба идораи дигар мерафту меомад. Ҳатто иддае аз бехабарон ӯро гирифтори ягон бемории рӯҳӣ ҳам мегуфтанд. Аммо оилаи камбизоате, ки барои ҳамон рӯзаш як нонро ба азоб дарёфт мекард, ҳолати рӯҳии холаи Савриро хуб дарк мекард. Охир ин бонуи камбизоат манзили зисташро аз даст дода буд.

САВРӢ ОХИРИН ШОҲИДИ

ПАРВАНДААШРО МЕҶӮЯД?

Баъдан Саврӣ Норматова аз дуюмбора соҳиби манзили хеш шуданаш, ноумед шуд. Зеро шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва баъди чанд рӯзи дигар прокурори ҷавоне, ки парвандаи манзили истиқоматии Саврӣ Норматоваро ба додгоҳ ирсол карда буд, дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шуданд. Акнун Саврӣ аз даргоҳи ду мақомот прокуратураи шаҳрӣ ва ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа паяшро канд. Ӯ акнун дуо мекард, ки Худованд судя ва раиси хонаҳо (раиси ЖУ)-ро нигоҳ дорад. Зеро аз он нафароне, ки дар баҳси судии манзили истиқоматии онҳо иштироку нақши асосӣ доштанд, ҳамин ду нафар боқӣ мондаанду халос. Мутаассифона чанде пас судя ҳам ҷавонмарг шуд. Акнун Саврӣ Норматова собиқ раиси хонаҳоро думболагир буда, бо боварӣ мегӯяд: "Як рӯз не, як рӯз дасти ман бар гиребони ӯ хоҳад расид. Алъон намедонам, дар куҷо кор мекунад, аммо кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад!"

ТӮЙ ДАР КӮЧА

Инак соли 7-ум аст, ки ин бонуи муштипар дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа умр ба сар мебарад. Тӯли ин муддати беҷойи муайяни истиқоматӣ ҳамаи фарзандонаш аз таҳсил дар канор монданд. Зеро дар ду-се соли аввал волидайн рӯзи худро паси идораҳои давлатӣ шаб мекарданду шабона ба истгоҳи муваққатии хеш назди фарзандонашон меомаданд. Чун замоне дарк карданд, ки шояд боқӣ умри хешро дар кӯча хоҳанд гузаронид, дар паи ба ягон мактаб мондани фарзандон шуданд, аммо дигар дер шуда буд. Соле чанд оилаи Норматоваҳо шабро дар чордевории як ташхисҳои дорусозӣ буд ё дорухонае, ки аз он пайваста бӯйи бади доруҳои намгирифта меомад, мегузарониданду рӯзона ба дарёфти қути лойамут ба кӯча мебаромаданд. Ҳамин тавр ҳам мешудааст, ин бонуи ҳуқуқу манзилгумкарда 2 нафар духтарони қадраси худро аз кӯча ба шавҳар дод. Вақте духтари калониашро ба шавҳар медод, ба мо дарди дил кард, ки: "Хайр чи илоҷ, домодшавандаро намешиносам, аммо ноилоҷам, то кай духтарони ба балоғатрасидаро дар кӯча нигоҳ дорам. Лоақал як нафари мо ҳам аз кӯча даруни хона мешаванд, хуб аст. Худо насиб донад, агар ҳамаи 5 духтарамро ба шавҳар диҳам, ману шавҳар бо 1 писар мемонем, ки баъд барои ба Русия сафар кардан ҳам осон мешавад".

Баъдан Саврӣ Норматова духтари дуюми худро ҳам ба шавҳар дод, аммо баъди ду-се соли оиладорӣ духтари калонӣ бо се фарзанд ва дуввумӣ бо як тифли маъсум ба "манзил"-и волидайни худ - роҳрави рӯ ба рӯи ҳукумати вилояти Хатлон баргаштанд. Акнун дар истгоҳи роҳи марказӣ ҷойи 6 нафар 12 нафар шабро бо дард рӯз мекарданд. Онҳое, ки шояд замони ҳодисаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандӣ ё шабҳои ҳиҷрат дар ғурбат шаби худро дар истгоҳи шамолрас рӯз кардаанд, маънии ин дардро хуб дарк мекунанд.

КӢ БО "ПИРОЖНИЙ" ҚАНОАТ МЕКУНАД?

Саврӣ Норматова соли ҳафтум аст, ки бе ҷойи зисти муайян зимистонро дар истгоҳу таҳхона, анбору вайронаҳо аз сар мегузаронад. Ин зимистон дар назди як ошхонаи харобгардида, ки ҷойи он бинои нав месозанд, марди раҳмдиле ду кулбачаи кӯҳнаро вайрон накарда, барои сарпаноҳии ин оилаи дар кӯча монда, вогузор кард то аз сардии зимистон ҳалок нашаванд. Аммо баҳорон Саврӣ бо 12 нафар аъзои оилааш, ки 7 нафари онҳо ноболиғанд ба куҷо мераванд, Худо медонад.

Қиссаи Саврӣ Норматова танҳо як мисоле аз мавридҳои сатҳи пасти ҳуқуқшиносии шаҳрвандони мо, ба хусус бонувону кӯдакон мебошад, ки аз бечорагии онҳо истифода бурда, нафароне дигар баҳра мебаранд, баҳра.

Масъулини мақомоти кор бо занону оила, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону ҷавонон, ки рӯзе чанд маротиба аз назди ин оилаи бехонумон мегузаранд, оё аз рӯзгори ин як оилаи ранҷур огоҳ бошанд? Агар на, боре ба наздиктарин дӯкончаи "пирожки"-фурӯшии роҳи мошингарди назди ҳукумати вилояти Хатлон барои хӯрдани як пиёла чой бо "пирожки" биёянд. Апаи Саврӣ "пирожки"-и гарм дорад…

Агар иштиҳои "пирожки" надошта бошеду мушкилоти ин бонуи ранҷурро ҳал карда натавонед ҳам, лоақал сари сахти тифлакони дар кӯча обутоб ёфтаашро сила мекунед, ку. Савоб мегиред!

Ин матлаб бо дастгирии бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" нашр шудааст.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97