СИЛ Вале ин бор на дар Восеъ, балки дар Ҳамадонӣ

Иҷтимоъ 18.12.2009 14:30

Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки масъулини соҳаи тандурустӣ як нишаст баргузор гашт. Дар ин нишаст роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории сил баррасӣ шуд. Пизишкони маҳаллӣ аз афзоиши ин беморӣ, ки шумори гирифторонаш дар навоҳии минтақаи Кӯлоб ба беш аз ду ҳазор нафар расидааст, изҳори нигаронӣ намуданд, ҳарчанд, ба қавли эшон кашфи теъдоди зиёди ин гуна беморон ба фаъолияти ҷиддии онҳо дар ин самт вобастагӣ дорад.

Аммо бо вуҷуди ин, дар ин нишаст вазъи паҳншавии бемории сил дар баробари ноҳияи Восеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ ногувор хонда шуд. Чун матбуот аз вазъи беморон дар ноҳияи Восеъ зиёд навиштаанд, мо тасмим гирифтем, то аз ҳолу аҳволи беморон дар ноҳияи Ҳамадонӣ хабардор шавем.

БЕМОРХОНА ДАР ВАЙРОНА

Дар суроғи беморхонаи бемориҳои зидди сили ноҳияи Ҳамадонӣ моро ба як вайрона роҳнамоӣ намуданд. Вайрона, ба мисле, ки пас аз бомбборонкуниҳои фашистон дар мавзеъҳои ҷангзадаи шӯравии собиқ боқӣ монда бошад. Деворҳои кандашуда, шишаҳои шикаста ва фаршу шифтҳои шикофташуда, тасвири манзараи берун ва дохили бинои ин беморхона буд. Боварнокарданӣ буд, ки дар ин макон беморхона вуҷуд дошта бошад, аммо замоне, ки мо ду се бонуи хилъатсафедро инҷо мушоҳида кардем, боварамон ҳосил шуд, ки воқеан ин ҷо беморхона аст. Ҳайратовар он буд, ки болои ин ҳама дар ин макон беш аз 20 нафар гирифторони бемории сил гӯиё табобат мегиранд. Ва чӣ табобатеву дар кадом шароит.

-Ҳамагӣ дар як шабонарӯз 5 соат барқ медиҳанд, ки дигар давоми шабу рӯз ҳуҷраҳои мо сард аст, бо вуҷуде, ки барои мо печи хонагӣ додаанду кам-кам алов мекунанд. Боз чанд рӯз паи ҳам борон борид ва болои сари ман пайваста чакид,-изҳор медорад як бемори бистарии ин беморхона бо номи Ҳалима. Беморони дигар низ ба гуфтаҳои ин бону мувофиқанд. Дар ҳамин маврид аз бемори дигаре бо номи Гуландом Сафарова мепурсам, дар ҳоле ки дар ин беморхона шароити хуб барои табобат вуҷуд надорад, пас чаро ин ҷо бистарӣ шудаӣ?

-Мо маҷбурем, ака. Дар хона шароит нест. Агар дар хона табобат гирам, боз чанд нафар аз аъзои оиларо сироят мекунам. Чунин беморхонаҳо дар Кӯлобу Восеъ ҳаст, аммо мо имкон надорем, ки дар онҷоҳо рафта табобат гирем,-дар посух бо як рӯҳафтодагӣ изҳор дошт ӯ.

Беморони дигар дар посухҳои бешумори мо сукут мекунанд, вале аз нигоҳи онҳо метавон ин ҷумларо ба осонӣ хонд; аз дасти норасо ба ин беморӣ гирифтор шуда, ин ҷо бистарием, вагарна, ки мехоҳад дар чунин шароити сангин бистарӣ бошад.

Воқеан, ба қавли коршиносони соҳа, бемории сил иҷтимоист ва он аз ҳисоби камбуди ғизо метавонад дар ҷисми инсон ба роҳат инкишоф ёбад. Ва шояд ҳамин омил аст, ки 90 фисади ин беморони бистарӣ дар беморхонаҳо аз оилаҳои камбизоатанд. Аммо дар беморхонае, ки зикраш меравад, барои беморон 1,5 сомонӣ дар як рӯз ҷудо шудааст ва бо ин маблағ беморон танҳо ду маротиба давоми рӯз метавонанд ғизо истеъмол кунанд. Дар ҳоле ки ба қавли пизишкон бояд гирифторони ин беморӣ на кам аз шаш маротиба ғизо истеъмол кунанд.

ДАР ИНТИЗОРИ МАРГ

Беморхонаи сили ноҳияи Ҳамадонӣ дар солҳои 1970 асри гузашта бунёд ёфта, ба гуфтаи масъулин то ҳанӯз рӯи таъмирро надидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ноҳияи мазкур пас аз ноҳияи Восеъ дар минтақаи Кӯлоб аз лиҳози афзоиши теъдоди афроди гирифтори бемории сил дар ҷои дуввум қарор дорад. Ба нақли Бозор Ашӯров, директори маркази бемориҳои зидди сили ноҳияи Ҳамадонӣ гирифторони ин беморӣ дар ҳудуди ноҳия қариб ба чаҳорсад нафар расидааст ва таи як соли ахир 17 нафари онҳо ҳалок шудаанд. Ташвишовар он аст, ки пас аз ташхисҳои ҷиддӣ пизишкон маълум кардаанд, ки миёни беморон 19 нафар ба сили мутобиқгашта мубтало шудааст. Навъи бемории силе, ки дигар табобат надорад ва нафари ба он гирифторшуда танҳо метавонад маргро интизор шавад.

-Аз сабаби оне, ки шароит вуҷуд надорад, аксари беморон дар хонаҳояшон табобат мегиранд, ҳарчанд ки ин барои атрофиён хатарнок буда, барои паҳншавии беморӣ мусоидат мекунад. Шояд ҳамин омил аст, ки гирифторони ин беморӣ дар ноҳия афзоиш меёбад,-мегӯяд Ашӯров.

ҚАРАҒОЧ ДЕҲАИ МАРГ

Чанд сол қабл дар ноҳияи Ҳамадонӣ ин беморӣ танҳо дар деҳаи Қарағоч ба қайд гирифта шудааст. Пизишкон дар соли 1998-99 дарёфтанд, ки аз 450 хонаводаи деҳаи Қарағочи ин ноҳия аксарашон ба бемории сил гирифторанд ва то ба ҳол кӯшиши мақомот барои коҳиш додани шумори гирифторони беморӣ дар ин деҳа натиҷаи чашмрасе надодааст. Ҳарчанд, пизишкони ноҳия бо ҳама мушкилоти мавҷуда барои бартараф кардани ин беморӣ талош мекунанд, вале боз ҳам метавон гирифторони ин бемориро дар дигар деҳоти атроф низ мушоҳида кард.

Кор то ба ҳаде расидааст, ки ахиран мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҳамадонӣ тасмим гирифтаанд, то сокинони Қарағочро оҳиста-оҳиста ба дигар мавзеъ бикӯчонанд. Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ин ноҳия зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки иқдоми онҳо барои аз байн бурдани бемории сил, ки дар хоку оби ин мавзеъ манзил кардааст, пеш гирифта шудааст. Барои ҳар як оилае, ки аз ин мавзеъ кӯчонида мешавад, ҳукумати маҳаллӣ барои бунёди манзил кӯмак хоҳад намуд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло Асрор Юсуфов, сардухтури ноҳия вазъи деҳаи Қарағочро чунин тасвир кард:

- Агар ба Қарағоч сафар карда бошед, дар ин ҷо одамон аз ҷиҳати оби нӯшокӣ сахт танқисӣ мекашанд. Ба ҳар як хонадон 30-40 литр об мерасад, ки ин дар як шабонарӯз ночиз аст. Илова бар ин дар ин деҳ қариб ягон намуди растанӣ нест. Хулоса, дар Қарағоч ҳолати зиндагӣ вазнин аст. Хонаҳо болои ҳам ҷойгир шудаанд. Мардум қариб, ки сабзавот истеъмол намекунанд. Ин мардум ғизоҳои дуруст низ истеъмол намекунанд. Ба андеаши мо пизишкон маҳз ҳамин омилҳоянд, ки боиси коҳиш наёфтани беморӣ дар ин деҳа гардидааст.

РОҲИ НАҶОТ КУҶОСТ?

Аммо пизишкони соҳибтаҷриба бар ин назаранд, ки кӯчонидани сокинони ин деҳа ба дигар мавзеъ роҳи ҳал нест. Ба қавли эшон барои бартараф ва пешгирӣ намудани сил бояд ҳар як гирифтори ин беморӣ то шифо ёфтан бистарӣ шавад, дар сурати дигар як нафар бемори сил давоми сол имкони то 15 нафарро сироят кардан дорад. Дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби дорӯворӣ низ мушкилӣ нест. Созмонҳои мададрасон гирифторони ин бемориро бо тамоми навъи дорӯҳои зиддисил таъмин намудааст. Вале Бозор Ашӯров, директори маркази бемориҳои зидди сили ин ноҳия мегӯяд, нахуст онҳое, ки ба сил гирифтор шудаанд, камбизоатанд ва дар сурате, ки онҳо ғизои дуруст истеъмол намекунанд, дорӯҳои пешниҳоднамудаи созмонҳои мададрасон камтаъсир мегарданд. Дуввум ин ки аксари ин беморон дар хонаҳо табобат мегиранд, ба табобат риоя намекунанд ва дорӯҳои тавсияшударо сари вақту мунтаззам истеъмол наменамоянд.

ДИЛИ КӢ БОЯД БИСӮЗАД?!

Чанд сол қабл дар ноҳияи Восеъ низ густаришу паҳншавии беморӣ мисли ин ноҳия буд. Бо бунёди беморхонаи ҷадид дар ҳудуди ноҳия то ҷое мушкилоти беморони сил дар Восеъ ҳали худро пайдо намуд. Аммо дар ноҳияи Ҳамадонӣ чӣ? Ҳатто беморхонаи вижае, ки барои чунин беморон пешбинӣ шудааст, ба ҷои таъмиру азнавсозӣ рӯ ба вайронӣ ва теъдоди афроди силкасал рӯ ба афзоиш аст.

Аз ин макон берун шудем ва шаби ҳамон рӯзи дидор аз беморхона борон борид. Ҳамин замон ёди банда дубора сӯи бемороне, ки имдодталабона аз чакидани боми болои сарашон шикоят доштанд, банд шуд. Дилам сахт ба ҳолашон сӯхт. Оё дили масъулин низ ба ин беморон месӯхта бошад? Ё онҳо чӣ гуна чакидани бомро ба ҳангоми боришот тасаввур карда ҳам наметавонанд?!


Мӯъмин ШЕРХОНД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97