"РОҒУН"-РО МЕТАВОНЕМ БИСОЗЕМ, АГАР БО ҲАМ БИСОЗЕМ!

Иҷтимоъ 17.12.2009 14:00

САДҲО "СИТОРА"-И САРГАРДОН ДАР РОҒУН

Дар "Норакгэсстрой" ҳам ҷавоби рад шунидем. Чун мехостем аз паҳлӯи ошхонае, ки махсус барои кормандони ширкати "Норакибозсоз" будааст, гузарем. Дар он ҷо бонуеро вохӯрдем, ки машғули косаву табақшӯйӣ буд ва аз ӯ роҳи ба тарафи боло гузаштанро пурсидем. Роҳро ба мо нишон дод ва ба таомхӯрӣ даъват намуд. Соат аз се панҷ дақиқа гузашта буд ва мо низ хеле гурусна будем. Мо ба ошхона дохил шудем, дар он ҷо сохтмончиён машғули хӯрокхӯрӣ буданд. Онҳо мо - меҳмононро дида, аз ҷо бархоставу ба сари дастурхон даъват карданд. Барои ман шароити бисёр хуб фароҳам омада буд, "ҳам таому ҳам калом.

Дар рафти таомхӯрӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, чанд пурсише низ кардем. Яке аз ин нафарон гуфт, ки "ман дар нақб кор мекунам ва 700сомонӣ маош мегирам, баъзе ҳолатҳое мешаванд, ки маошамон ду моҳа, се моҳа мешавад, баъд медиҳанд".

Онҳо низ аз мо пурсиданд, ки шумо чӣ овораед? Гуфтем: "Корҷӯйӣ омадаем, вале дар ҳеч куҷо қабул намекунанд". Онҳо низ бо исрор гуфтанд, ки "бе "шинос"-у "тағо" ягон ҷо шуморо ба кор қабул намекунанд. Беҳтараш худатонро овора накарда, рафта ягон шинос ёфта, корҳоятонро ҳал намоед".

Як лаҳзаи аҷиби сӯҳбат бо ин сохтмончиён ин буд, ки яке аз онҳо ба мо муроҷиат карда гуфт: "Хайр, ноумед нашавед, дар ҳамин фирмаҳо гаштан гиред, яке ситораатон ба ягонтоаш маъқул мешавад".

Марди дигаре, ки дар рӯ ба рӯйи мо менишаст ва барои "шинос"-ёбӣ моро маслиҳат дода буд, дар ҷавоб ба ӯ гуфт: "Ҳой бародар, инхели ситораҳо ҳаррӯз садтоҳо омада мераванд".

Вале суоле, ки бо омаданам аз Роғун ҳанӯз ҳам маро таъқиб мекунад, ин аст, ки бе "шинос"-у "тағо"-ҳои зӯр магар дар муҳимтарин сохтмони кишвар, ки имрӯз ба як ормони миллӣ табдил шудааст, оё ғайриимкон аст?! Наход танҳо ва танҳо "тағо"- ву "шинос", воситаву "воситаҳо" лозим аст, то мо дар сохтмони ин ниругоҳ кор пайдо кунем?!

Пас аз тановули хӯрок яке аз он сохтмончиён, ки суханҳои ба қавле " ҷондор" мегуфт, моро то дарвоза ҳамроҳӣ намуда, бо эҳсосот мегуфт: "Бародаро ин ҷо ҳама чиз ба " тағо"-ю "шинос" вобаста аст. Ҳамин ҷо нафароне ҳастанд, ки ихтисос надоранд, ба корҳои гуногун машғуланд. Масалан, нафаре, ки ҳатто ақлу ҳуши садфоиза надорад, "завсклад" шуда кор карда истодааст, чунки "тағо" дорад"…

ТО "ШИНОС" НАЁБЕМ,

БА "РОҒУН" НАМЕОЕМ!

Ҳарчанд ки мо дилхунук шуда бошем ҳам, лекин боз ба чанд ширкати сохтмонӣ муроҷиат намудем, аммо бефоида буд. Суханоне, ки ҳанӯз дар роҳи расидан ба "ормон" ҳанӯз дар роҳ шунида будам, рост баромад. Агарчӣ ман соҳибихтисос набудам, аммо ду ҳамраҳи ман соҳиби ихтисос буданд, ҳатто бо собиқаи корӣ, вале онҳо низ дар ин ҷо ба касе лозим набуд ва касе ҳам ба онҳо аҳамият надод.

Хулоса, соат ҳам, 15-30 дақиқа шуд ва мо ба хулосае омадем, ки ба хона баргардем. Азбаски ман бояд меистодам, зеро таҳқиқотам идома дошт, дар шаҳр мондам, аммо он ду нафар ноумед, яке роҳ сӯйи ноҳияи Ҳамадонӣ ва дигаре ба деҳаи Ҷойникудии ноҳияи Файзобод рахти сафар бастанд. Ноумед аз пайдо кардани кор, вале бо умеди пайдо кардани "ёру ошнои" зӯре. Қабл аз рафтан ҳам қавл доданд, ки то "шинос" наёбанд, дигар қадамашонро ба ин ҷо нахоҳанд гузошт.

ДАР ПАЙИ МАВЗӮЪ

Рӯз ба сӯйи шом наздик мешуд ва дар пайи ҷӯстуҷӯйи сарпаноҳ шудам. Пас аз чанде ҷӯстуҷӯ дараки меҳмонхонаеро дар кӯчаи "Ҷавонон"-и ш. Роғун ёфтам ва он ҷо рафтам. Ҷойи хоб пайдо кардам. Ҳамроҳам як марди тақрибан 40-45 сола низ дар он хона ҷойгир шуда буд. Ӯ низ мехостааст дар НБО- и "Роғун" кор кардан мехостааст. Ин мард дар мавриди корҷӯйиаш қисса кард: "Ту кор наёфтӣ, ҳоло нав як рӯз шуд, аммо ман 4-моҳ шуд даводав кардам, акнун аризаамро нав қабул кардаанд. Ҷавоби ариза барояд, яъне имзо кунанд, ба кор шурӯъ мекунам. Барои корёбӣ шиносу шиносбозии зиёд кардам"…

БАРГАШТ БА НБО-И РОҒУН

Субҳи рӯзи 21.11.2009 боз вориди сохтмони НБО-и "Роғун" шудам. Мӯҳлати иҷозатномаам барои ворид шудан ба сохтмон барои ду рӯз буд.

Мехостам ба як деҳае, ки дар наздикии НБО-и "Роғун" бо номи Кичироғ ҷойгир буд, биравам. Тибқи тарҳи сохтмон ин деҳа низ бояд кӯчонида бишавад. Барои то ба ин деҳа расидан зарур аст аз даруни сохтмон ва нақбҳо убур намоӣ, чунки ягона роҳе ба Кичироғ меравад, ин тавассути нақбҳо аст.

Бо ин ният хостем пиёда ба он самт ҳаракат кунем, ки як автомобили тамғаи "Камаз"-ро, ки семент мекашонд (ба қавле "сементавоз") ба сӯйи поён, яъне нақбҳо ҳаракат менамуд, дидем ва ишораи манъ кардан намудем. Мошин манъ шуд ва ба он савор шудем. Ронанда як марди тақрибан 55-60 сола буд, ӯ пас салому алейк аз мо суол кард: "Хуш, бачаҳои азиз, ба куҷо меравед?"

Гуфтем: Ба Кичироғ! Ронанда гуфт: "Хуб то "мост" (пул)- и дуюм мебараматон". Азбаски то пули дуюми ниругоҳ хеле роҳ буд, бо он мард сӯҳбатамон "гарм" шуд. Ронанда розӣ ба назар мерасид ва гуфт: " 20 сол боз дар ниругоҳҳо кор мекунам. Дар давраи Шӯравӣ низ дар НБО-и "Роғун" кор мекардам ва инчунин дар НБО-и "Сангтӯда" низ кор кардам. Ҳозир то 800-1000 сомонӣ маош мегирам, хайр, шукр ба зиндагӣ мерасад".

Дар дохили сохтмони ниругоҳ раҳораҳ корҳои сохтмонӣ бо тадриҷ ҷараён дошт ва дар дохили нақбҳо низ ҳама саргарми кор буданд. Ба нақли шоҳидон, ин тарзи кор дар ду баст, яъне шабу рӯз идома меёфтааст. Сохтмончиён дар ин ҷо 15 рӯз кор карда, 15 рӯзи дигар истироҳат мекунанд, музди меҳнат аз 500 то 2000 сомонӣ буда, вобаста ба кори анҷомшуда пардохт мешавад.

ТАҲҚИҚ ДАР ЛИБОСИ АСЛ

Ҳамроҳи ронандаи сементбар вориди нақб шудам. Сохтмончиён саргарми кор буданд. Худро хабарнигор муаррифӣ кардам, (зеро даромадани шахси ғайр ба ин ҷо номумкин аст) ва ба онҳо ҳамсӯҳбат шудам. Аввал албатта ҳуҷҷатамро ба раиси минтақа нишон дода, иҷозаи сӯҳбат бо сохтмончиёнро гирифтам.

Ду нафар марде, ки синнашон дар назар 35-40 сола менамуд ба мо ҳамсӯҳбат шуда, аз зикри номашон худдорӣ карданд. Онҳо мегуфтанд: "Хайр худатон дида истодаед, ки дар кадом шароит кор мекунем. Боду ҳаво ифлос аст, барои саломатӣ зарар дорад. Камбудӣ ин аст, ки барои мо ҳавотозакунак ва инчунин маҳсулотҳои ширӣ намерасад. Маошамон хуб аст аз 1200 то 1500 сомонӣ мегирем. Фақат мушкил аз ифлосӣ нафас гирифтан аст".

Дарвоқеъ ҳавои нақб вазнин ва дамгир буда, дуди мошинҳо ва он техникае, ки дар он ҷо истифода мешавад, ҳаворо боз ҳам олудатар мекунанд. Хуб аст, ки дар навбати аввал ин ҷо бо дастгоҳи ҳавотозакунӣ ва маҳсулоти ширӣ таъмин карда шаванд, зеро саломатӣ аз ҳама қиммат ва бебаҳост ва барқарор кардани он даҳчанд мушкилтар аст. "Саломатии миллат, боигарии давлат" аст, яке аз шиорҳоест, ки дар Тоҷикистон пештоқи биноҳои тандурустӣ ва роҳравҳоро зеб медиҳад.

Аз ин рӯ масъулини сохтмони НБО-и "Роғун"-ро зарур аст, ки қабл аз ҳама ба масоили беҳдоштии кормандон таваҷҷуҳ кунанд, зеро суръати кори сохтмон танҳо бо кормандони солиму тандуруст метавонад пеш биравад.

Мо бо сохтмончиён хайру хуш карда, бо ҳамин мошини сементбар аз дохили нақб берун шуда, ба сӯйи мақсуд, деҳаи Кичироғ раҳсипор шудем. Пас аз пойин шудан аз мошин ду соата роҳро қадамзанон тай карда, ба ин деҳа расидем.

ДЕҲАЕ, КИ АЗ УМРАШ ҲАМАГӢ

ЧАНД РӮЗ БОҚӢ МОНДААСТ

Деҳаи Кичироғ беш аз 50 хонавода ё ба қавле буна дорад, дар таги камари кӯҳ ҷойгир аст. Дар ин деҳа мактаб то синфи 4 буда ва пас аз хатми он хоҳишмандон ба шаҳри Роғун рафта таҳсилашонро идома медодаанд. Аммо ҳаррӯз аз Кичироғ ба шаҳр рафтан кори осон нест, аз ин ҷо то ба маркази шаҳр роҳи дароз ва душворгузарро убур кардан лозим аст, ки ин амал дар фасли зимистон ҳатто аз имкон берун аст. Дар ин деҳа ҳеч як бунгоҳи тиббӣ ё ҳади ақал дорухонае вуҷуд надорад.

Дар Кичироғи Кӯҳӣ маҳсулоти зироатӣ, аз қабили гандум, зағир ва ғайраҳо кишт карда намешавад, зеро дар замини санглох кишти зироат номумкин аст. Дар ин деҳа маҳсулоти полезиро низ мехаранд. Аз мушоҳидаҳо ба назар мерасид, ки гӯё мардуми он ҷо дар хонаҳои 12 ошёнаи пойтахт зиндагӣ дошта бошанд, зеро тамоми маҳсулотро харидорӣ менамоянд. Мардуми деҳа дар баробари як ду сар гову моле, ки доранд, дар дари ҳавлиҳояшон дарахтони мевадиҳанда аз қабили чормағз, тут, себ ва ғайра дар он ҷо қомат афрохтаанд, ки манбаъи даромади зиндагиашон асосан аз ҳамин ҳисоб ҳаст.

Дар болои деҳа кӯҳеро канда, сангу шағали онро барои соҳилмустаҳкамкунӣ мекашонанд. Тибқи баъзе маълумотҳое, ки аз сокинони деҳа дастрас кардем, дар он ҷо ( яъне дар "Карел", ҷое ки мардуми ин деҳаро ба ташвиш овардааст) ҳаррӯзу шаб таркиш мекунанд ва қаблан мардумро огоҳ месозанд то аз хонаҳояшон берун шаванд, ки ягон сангпора ба хонаи онҳо барнахӯрад. Ин ҳолат ҳам рӯзона ва ҳам шабҳангом мардумро саргардон мекунад.

Деҳаи Кичроғро ҳар лаҳза хатар таҳдид мекунад. Дар ин деҳа занону кӯдакон ва шояд ҳатто шахсони бемор зиндагӣ доранд ва шабу нимашаб аз хона берун баромаданашон гумон аст. Зеро ҳоло ҳаво ҳам сард аст ва Кичироғ, ки дар назди соҳили "Сурхоб" ҷойгир аст, имкони сардтар шудани ҳаво бештар аст.

РАИСИ НОҲИЯ, ЗУД ТАДБИР БИҶӮЙ!

Аз ин рӯ роҳбарияти шаҳри Роғун ва НБО-и "Роғун" бояд ҳарчи зудтар барои кӯч додани ин деҳа иқдом кунанд. Қабл аз ҳама раиси муҳтарами ноҳияи Роғунро зарур аст, мардумонашро ҳам аз таҳдиди хатар ва ҳам аз деҳае бидуни ҳеч гуна шароити маишӣ, ки дар боло номбар кардем, раҳо кунад.

Бобои Ҷавшан, як нафар сокини маъюби нобинои деҳа дар вақти мулоқот бо мо зикр кард: " Ман аз соли 80-ум дар НБО-и "Роғун" фаъолият намудаам. Дар корхонаи "Геология" ба ҳайси "рабочий ревизист" (типограф) кор мекардам. То маъюб шуданам, фаъолият доштам. Дар ин деҳа аз вақте худамро мешиносам, зиндагӣ мекунам. Албатта, зодгоҳи падариро дӯст медорам ва аз он ҷудо шудан мушкил аст. Акнун мо бояд НБО-и "Роғун"-ро бисозем, маҷбур ҳастем, аз ин ҷо бихезем. Дар бораи ба куҷо кӯчондани мо ҳозир ҷойи дақиқеро нагуфтаанд, кӯчонидани деҳаҳои дигарро, ки дар лоиҳа буданд, ба ноҳияи Турсунзода муайян кардаанд. Аммо ба куҷо рафтани мо маълум нест, лекин кӯчонидани ин деҳа маълум аст. Дар масъалаи хона додан ё пулашро додан бошад, мехоҳам, ки барои мо хонаи тайёр бидиҳанд хубтар аст, чунки пулашро бидиҳанд барои сохтмон душворӣ мекашем ва шояд барои сохтмон маблағ кифоят накунад".

Аз нақли бобои Ҷавшан бароямон маълум шуд, ки ӯ як умр дар сохтмони ниругоҳҳо фаъолият кардааст ва тӯли чанд сол аст, ки маъюб асту нафақахӯр. Нафақааш 240 сомонӣ буда, аммо то имрӯз аз ҷониби ҳукумати шаҳри Роғун ва ҷумҳурӣ ба ӯ ягон хел кӯмаки иловагӣ расонида нашудааст. Агарчӣ ӯ дар синни 50 солагӣ бо сабаби баланд шудани фишори хун, беҳтарин узваш, биноияшро аз даст додааст.

Дар мавриди ба куҷо кӯчонидани аҳолии ин деҳа ва чӣ гуна шароитҳоро бояд ба назар бигиранд, як сокини дигари ин деҳа Сайёд, ки синнаш 40-45 сола менамуд, чунин андешаронӣ кард: "Ҷойи дақиқ барои кӯчонидани мо маълум нашудааст, вале агар ҷоямон биидиҳанд дар шаҳри Ваҳдат ё ноҳияи Файзобод ё умуман ягон ҷойи ободтар, хуб мешавад. Лекин агар бихоҳанд ҷой бикунанд дар ҳамин атрофи шаҳри Роғун ҷой пур аст, аммо ҳанӯз ҳеч чиз маълум нест. Дар масъалаи хона ё маблағашро додан, ҳаминро мегӯям, моро аз ҷойи обод мехезонанд боз ҳамин хел хонаи тайёр бидиҳанд, бояд ҷиҳатҳоеро ба назар бигиранд, ки ба як хонаи қоқ ҳам зиндагӣ карда намешавад. Ба ошхона, оғил ва дигар чизҳои зарурӣ лозим ҳам дорем. Деҳаҳои ҳамсояро ба ноҳияи Турсунзода мекӯчонанд, онҳо аллакай дар он ҷо пойдевор рехта истодаанд. Моро хуб мешавад, агар дар ҳамин атрофи Роғун ҷой бидиҳанд. Тӯли 20 сол дар ҳамин ГЭС кор кардем ва акнун, ки онро месозанд, моро бурда дар Регар ҷой кунанд, чӣ мешавад?!"

Сайёд, ин сокини деҳа дар масъалаи ҳар чӣ зудтар аз ин деҳаи дурдасти кӯҳӣ халос шудан афзуд: "Аз ин ҷо ҳар чӣ зудтар моро хезонанд хубтар аст, чунки ҳар лаҳза мардуми ин деҳаро хатар таҳдид мекунад. Аз боло таркиш мекунанд ва мардумро аз хонаҳоятон берун шавед, мегӯянд. Вақте, ки ниругоҳ сохта мешавад, мушкили мо зиёд мешавад, чунки роҳи мошингарди деҳаи мо ба воситаи нақбҳо мебошад. Бар замми ин боз мушкилии дигар ин дидбонгоҳҳои НБО-и "Роғун" мебошанд, ки барои ба берун аз минтақаи сохтмон баромадан моро боздошт карда, вақти пурқимматамонро мегиранд. Охир мардум ниёзи ба шаҳр рафтанро ҳар лаҳза доранд ва ба ғайри нақбҳо ва дохили сохтмон дигар роҳи ба шаҳр рафтан нест. То ба шаҳр расидан се-чор дидбонгоҳ ҷойгир аст, ки ҳар яки он агар 10 дақиқагӣ боздошт кунанд, чӣ қадар вақт мешавад? Боз ҷиҳати дигари хубии тезтар аз ин ҷо кӯчонидани ин деҳа дар он аст, ки дар ин ҷо мактаб нест ва барои дуруст таълиму тарбия ёфтани фарзандони мардум, албатта ягон ҷойи обод лозим аст".

САБТИ ДУ РӮЗИ КОРӢ ДАР ДАФТАРЧАИ

МЕҲНАТИИ ХУШБАХТ

Дар тӯли ду рӯзе, ки дар НБО-и "Роғун" қарор доштам, мутаассифона, натавонистам аз ӯҳдаи иҷрои супориш бароям ва симати коргар ин ҷо қабул шавам.

Аммо ба ҳар сурат дар ин муддати кӯтоҳ баъзе мушкилиҳоеро пайхас кардам, ки ҳали ҳарчӣ зудтари онҳо ба манфиати кор хоҳад буд.

Яке аз мушкилиҳои асосӣ, ин тарзи ба кор қабул намудани кормандону сохтмончиён дар сохтмони НБО-и "Роғун" ба шумор меравад, ки кас бе "шинос"-у " тағо" наметавонистааст ба кор қабул шавад. Дар ҳоле ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияшон мардуми Тоҷикистонро барои саҳмгузорӣ ба сохтмони НБО-и "Роғун" даъват менамоянд. Агар дар ҳар як ширкати сохтмонӣ аз роҳбар сар карда, то корманди одӣ шиносҳову "ҳамшаҳрӣ"-ҳои худро ба кор гиранд, ин ҳам дар ҳоле ки баъзеашон соҳибтаҷриба ҳам нестанд, мо наметавонем НБО-и ормонии "Роғун"-ро бисозем. Як нафаре, ки 25 сол таҷрибаи кории тракторчигӣ дорад ё бигузор ронандагӣ ба умеди саҳмгузорӣ ба пешрафту ободии Ватан ва дарёфти маблағе барои рӯзгузаронӣ ва барои халосӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва дурӣ аз Ватану ёру дӯст ба сохтмони НБО-и "Роғун" муроҷиат карда, ноумед, вале ба умеди пайдо кардани "шиносе" бозпас гардад, ин албатта, нохуб аст. Ба хусус вақте ки мо мушт бар сина мезанем, ки бузургтарин иншооти асрро нангу номус карда бо зарби дастони хеш месозем.

Мардуми меҳнатдӯсти каме надорем ва қариб ҳар нафаре, ки ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафтааст, аз дасташ ҳама гуна меҳнат меояд. Зеро муҳоҷират дарсест пур аз риёзат ва ба чӣ корҳое даст намезананд ҳамватанони саргаштаву мусофири мо. Агар бигӯем, ки Русияро муҳоҷирони меҳнатӣ обод карда истодаанд, шояд хато накунем. Вале чаро онҳо наметавонанд дар Ватан ва боз дар сохтмони НБО-и "Роғун" фаъолият бикунад, ҳатто ба ҳайси сохтмончии одӣ? Албатта, ҳамаи муҳоҷиронро дар НБО-и "Роғун" ба кор таъмин кардан нашояд, аммо қисматеро, ки соҳибихтисос ҳастанд, новобаста аз мансубияти маҳаллиашон мумкин аст-ку, ки ба кор таъмин бикунем, то ки аз Ватан ноумед нашаванд.

Роҳбарияти НБО-и "Роғун"-ро мебояд, барои ҷалби мутахассисони воқеъӣ андеша бикунанд. Мумкин аст, тариқи озмун аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 10 нафарӣ ҷавонони мутахассисро ҷалб ба ин ниругоҳ ҷалб намоед, зеро ин охирин ниругоҳ нахоҳад буд, ки мо мехоҳем бисозем. Ва ин ҷавонони мутахассис ҳам дар ин ниругоҳ кор мекунанд ва ҳам барои сохтани ниругоҳҳои дигар таҷриба касб мекунанд.

Масъалаи фосид нашудани "Роғун" масъалаи аввалиндараҷа аст, ки сарнавишти ояндаву дурахшони кишвари мо аз он сахт вобастагӣ дорад.

Ҷо ҷое ҳам шунида мешавад, ки фалонӣ дар сохтмони "Роғун" кор мекунад ва фалон қадар семент ё сангу шағалро барои фурӯш овардааст, дар ҳоле ки сокинони ҳамин минтақа нақл мекунанд, аз роҳсозони чинӣ ҳатто натавонистаанд як халта сементро харидорӣ кунанд. Аз сӯйи дигар агар дар ин сохтмони муҳим маҳалгароӣ реша давонад ва фасоду ришва воситаи ба кор қабул кардан бошад, умеде бар бунёди як ниругоҳи муқтадир нахоҳад монд. Зеро танҳо он миллате метавонад тараққикарда ва пешрафта бошад, ки муттаҳид аст ва худфиребӣ барояш бегона аст.

Мо миллати тоҷик НБО-и "Роғун"-ро метавонем бисозем, агар "тамоми мардум аз як гиребон сар барорем", якдигар ва давлату миллати худро фиреб надиҳем. "МО МЕТАВОНЕМ", ки шиори Имом Хумайнӣ буд ва мардуми Ирон дар зери ин шиор ва муттаҳиддии миллат Иронро дубора сохтанд. Миллати мо низ "метавонад", агар баъзе падидаҳои номатлубро аз ҷомеа дур бисозем.


Хушбахти НАЗРУЛЛО
Душанбе-Файзобод-Роғун-Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97