БА "РОҒУН" ПАС АЗ ТАВАЛЛУДИ ИСОИ МАСЕҲ БИЁЕД!

Иҷтимоъ 11.12.2009 14:48

Хушбахти Назрулло хабарнигори корҷӯйи "Миллат" аз сохтмони муҳимми кишвар НБО-и "Роғун" гузориш медиҳад

СУПОРИШ ШУД, КИ ДАР "РОҒУН" САҲМ БИГИРАМ!

Аз идораи нашрия супориш гирифтам, ки бояд ба сохтмони бузурги стратегии кишвар, НБО-и "Роғун" барои "кор" биравам. Барои мани таҷрибадор, ки дар бозори кори Русия корҷӯ будам, ин супориш чандон мушкил наменамуд. Аммо ин ҷо ман корҷӯйи воқеъӣ набудам, балки дар нақши "корҷӯ" бояд дар кутоҳмуддат дар "Роғун" худро "ҷо" мекардам. Хулас, баъди тахт кардани корҳои омодагӣ рахти сафар сӯйи Роғун барбастам.

20.11.2009. Субҳи имрӯз аз хона бо ҳадафи маълум ба роҳ баромадам. Дар маркази ноҳияи Файзобод нуқтаи хатсайри шаҳри Роғунро пайдо намуда, ба як "Тангем" нишастам,

пас аз пур шудани он аз мусофир, ба ҳаракат даромад. Замоне ба мошин савор шудан мехостам, як марди тақрибан 40-45 сола ба ман суол кард: - Роғун барои кор меравӣ?

Дар ҷавоб, "бале", гуфтам. Ин марди ношинос гуфт, ки "ягон шинос дорӣ дар он ҷо ё ин ки ҳамин хел худат рафта истодаӣ?" - Не, шинос надорам, тавакал бар Худо рафта истодам- гуфтам ман.

Он мард парешонхотир шуда афзуд: - Додарҷон, он ҷо бе шинос кор ёфта наметавонӣ, боз барои дохил шудан ба минтақаи сохтмон иҷозатнома гирифтан лозим, шояд ба ту иҷозатнома ҳам надиҳанд. Охир ин хел бе ҳеҷ гуна суроғаи муайян чӣ хел ба он ҷо меравӣ?

Дар ҷавоб гуфтам: - Тағоҷон, таваккал карда меравам, шояд ягон кор пайдо кунам.

Инро гуфтаму ба худ андешидам, наход гуфтаҳои ин мард рост бошанд(? Ҳеҷ боварам намеомад, ки дар сохтмони НБО- "Роғун" барои ба кор ворид шудан "шинос" лозим бошад, ё ба қавле дар он ҷо ҳам, "тағобозӣ"- бошад. Ҳарчанд, ки ин гуна суханҳоро пештар ҳам шунида будам.

Дар ҳамин андеша будам, ки он мард боз ба сухан оғоз кард:

- Додарҷон, зиқ нашав! Ҳеҷ нашуд, бачаҳои мо он ҷо ҳастанд, ҳамроҳи ман меравӣ, шояд дар он ҷо қабулат мекунанд!

Тақрибан соати 11. 00 буд, ки ба шаҳри Роғун расидем ва он марде, ки дар дохили мошин мегуфт: "Зиқ нашав, ҳеҷ нашуд бо мо кор мекунӣ…", пас аз фаромадан аз мошин гӯё маро аслан намешинохта бошад, аз паси кори худ шуд ва дар назар чунин менамуд, ки ӯ аз ман дурӣ меҷуст.

"ПРЕЗИДЕНТРО ГӮШ КАРДА "РОҒУН" ОМАДАМ"

Пас аз пурсиши чанд нафар ҷойи иҷозатномадиҳӣ (дирексия)-и НБО-и "Роғун" -ро пайдо намудам. Дар он ҷо шиноснома талаб карданд, пас аз 20 дақиқа иҷозатнома (яъне пропуск) барои ворид шудан ба сохтмон омода шуд. Ҳангоми ба шӯъбаи иҷозатномагирӣ ворид шудан, як марде, ки тақрибан 40-45 сола менамуд, дар баробари ман иҷозатнома мепоид. Баъди оне ки аз ин шӯъба берун мешудам, он мард маро ҳамроҳӣ кард. Баъд аз чанде қадам задан, аз ӯ пурсидам: "Амак, шумо ин ҷо коргаред ё акнун ба кор даромаданиед?"

Гуфт: "Ман бори аввал ин ҷо омадаам, агар дар ҳамин ҷо кор ёбам, хуб мешавад. Дигар ба Русия намеравам!"

Суханонеро, ки аз он марди дохили "Тангем" пештар шунида будам, ба ёд овардам, ки мегуфт, "бешинос ба кор намегиранд" ва аз марди ҳамроҳам суол кардам: "Оё дар ин ҷо ягон шинос доред, ки барои ба кор қабул шуданатон мусоидат кунад?!"

Мард гуфт: "Ман шинос надорам, суханронии Президентро дар телевизион тамошо кардам, ки мардуми соҳибихтисосро ба кор даъват мекард. Ман 25 сол таҷрибаи (стажи) кории тракторчигӣ дорам. Мехоҳам дар Ватан ба кор таъмин шавам, чунки 7-фарзанд дорам ва имкони ба Русия рафтан надорам ва ҳам мехоҳам дар ободсозии Тоҷикистон саҳмгузор бошам".

Воқеан ҳам, посухи ӯ маро такон дод, зеро бубинед, чӣ қадар дар суханони ин мард меҳру муҳаббат ба Ватану ватандорӣ ва саҳмгузорӣ ба сохтмони азими стратегии кишвар НБО-и "Роғун" ҷой дорад. Ва муҳимтар аз ҳама ӯ мехоҳад меъмори Ватани хеш бошад!

Ба дил ҷойи он мард шодӣ доштам, ки ин қаҳрамони гузориши ман бо ин қадар таҷрибаи корӣ ҳатман дар ин иншооти азим кор пайдо мекунад.

ДАР "РОҒУН" "СОКРАЩЕННЫЙ"?!

Саргарми сӯҳбат бо ин мард, ки аз ноҳияи Файзобод будааст, ба сӯйи майдони якум (яъне майдоне, ки дар он ҷо ширкатҳои сохтмонӣ, 4 км дуртар аз шаҳр ҷойгир шудаанд) равона шудем. Дар постгоҳ иҷозатномаҳоямонро аз назар гузаронида, иҷозаи вуруд доданд. Хостем то майдони 1-ум, ки дар он ҷо тақрибан 40 ширкати сохтмонӣ ҷойгир шудааст, пиёда равем, аммо як нафар сохтмончӣ ба мо гуфт, ки то он ҷо рафтан 4 км роҳ аст. Аз постгоҳ дарунтар истода, интизори мошин шудем. Хулас ба як мошин, ки ба он самт ҳаракат мекард, савор шуда ба он майдон расидем. Аввалин муроҷиати ману он мард ба шӯъбаи кадрҳои ҶСШК " Роғунгесстрой" буд. Пас аз кӯфтани дар ва иҷозаи вуруд гирифтан вориди утоқ шуда, ифшои мақсад кардем. Дар ин шӯъба се-чор нафар зан нишаста буданд ва ба мо муроҷиат карда гуфтанд, ки шумо ба ҳайси кӣ кор карданиед?

Он марди ҳамроҳам дар ҷавоб гуфт: " Ихтисоси ман тракторчӣ ва ба тарафи ман ишора карда, ин додарам бошад "рабочик" аст"!

Посухи бонувони "корфармо" ин буд: " Дар ҷамъияти мо чунин коргар лозим нест ва умуман коргар қабул накарда истодаем, баръакс коргаронро "сокрашеный" (ихтисор!) карда истодаанд!" Ман аз рӯйи "вазифае", ки доштам аз яке аз он бонувон пурсидам: "Сабаби ихтисор кардани коргарон дар чист?" Дар посух гуфт: "Инро ман намедонам!".

Аз он ҷо ноумед шуда, ба берун баромадем ва ба сӯйи ДЕУ-и ҳамин ҷамъият, яъне ҶСШК " Роғунгэсстрой" равон шудем. Дар он ҷо низ як зани тақрибан 35-40 сола менишаст. Пас аз салому алейк мақсадамонро гуфтем ва он зан ҳам суханони дар шӯъбаи кадрҳо шунидаамонро такрор намуд. Яъне "коргар қабул намекунем, ҳозир худаш "сокрашеный" рафта истодааст". Посухи ин бону ҳам, айни посухи бонувони аввалӣ буд, ки гӯё дар майнаашон як "программаро" ҷой карда бошанд: "Инро ман намедонам." Ва боз афзуд; "инро "калонҳо"-ямон медонанд! "Тағо" дошта бошӣ, кор меёбӣ, агар не, мушкил аст…"

"ЗИНДА БОД, ТАҒО!"

Пас аз шунидани ин суханон дарёфтам, ки ҳарфҳое, ки ҳангоми омадан ба шаҳри Роғун дар дохили нақлиёт шунида будам, дуруст ба исбот мерасанд. Вале боз ҳам ноумед нашуда, аз пайи иҷрои супориш шудам ва ба назди ташкилоти ҶСК "Норакбозсоз" рафта, аз чанд нафар шӯъбаи кадрҳоро пурсон шудем. Соати 11.45 вориди ин бино шуда, дари шӯъбаи кадрҳоро қуфл ёфтам ва боз чанд утоқи дигарро дар кӯбидем, аммо касе набуд.

Танҳо дар утоқи "бухгалтерия" як марди тақрибан 30-35 сола нишаста буд ва дар посух ба муроҷиати мо гуфт: "Ман ба ин масъалаи коргар қабул кардан дахл надорам. Дар ин ҷо ба ҳайси бухгалтер кор мекунам. Шумо метавонед назди шӯъбаи кадрҳо равед!". Аммо мутаассифона, дар он ҷо касеро пайдо карда натавонистем. Ҳангоми берун шудан аз ин коргоҳ дар берун бо чанд нафар аз сохтмончиён ҳамсӯҳбат шуда, роҳи ҳали мушкиламонро пурсон шудем. Вақте онҳо чӣ ихтисос доштани моро пурсиданд, чунин иброз карданд: "Ин ҷо бе ягон шинос ба кор даромадан ғайриимкон аст. Аввал ягон "пирараби" шинос намеёбед, маслиҳат карда, баъд ба ин ҷо биёед?!"

Дар ҳамин гуфтугӯ будем, ки як ҷавони аз шакли рӯяш тақрибан 25-30 сола ба наздамон омада, "аз куҷо" буданамонро пурсид, яъне ба кадом минтақа тааллуқ доштанамонро. Вақте ки ман аз ноҳияи Файзобод ва аз ҷамоати деҳоти Меҳробод буданамро иқрор кардам, ӯ низ, ки аз ҳамон ҷойҳо будааст, хост ба ман кӯмак кунад. Ҷавон ба ман муроҷиат карда, гуфт: "Дар ана ҳамин ҶСК " Тоҷикгидроспетсстрой" як "пирараб" ҳаст, аз ҷойи шумост. Ман ӯро пайдо мекунам, агар бишиносиш ба ту кор меёбад, ба ҳар ҳол ҳамшаҳритай". Ҷавони хайрхоҳ ба назди ҶСК "Тоҷикгидроспетсстрой" моро овард ва аз нафаре он "ҳамшаҳрӣ"-и маро пурсон шуд. "Ҳамшаҳрии ман айни замон дар он ҷо набудааст,аммо ҷавон рақами телефонашро пайдо карда овард. Ман дар назди онҳо ба он рақам занг зада гуфтам; "салом акаҷон, ман аз ҷамоати деҳоти Меҳрободам. "Роғун" барои кор омадам, вале дар ягон ҷо қабул накарданд. Агар ҷойи кор бошад, хайр акаҷон, маро ба кор гиред! Аз он суйи гушӣ посух шунидам: "Эй додар ту кӣ-ӣ? Ма тра намешиносм. Баъдан уҷа коргар қабул намекнан. Ман ҳоли дар Душанбейм, ба рӯзҳои сешанбе-чоршанбера миём".

Пас аз шунидани суханони ӯ гӯширо мондам, аз ваҷоҳати сӯҳбати "ҳамшаҳрии" ман маълум буд, ки аз ман барин "ҳамшаҳрҳои корҷӯяш" чандон хӯшаш намеояд ва шояд ҳам "безор" шудааст. Ҳамин тариқ дар бахши "шиносбозӣ" ҳам корам бебарор анҷом ёфт.

МАҲАЛГАРОӢ БА "РОҒУН" РЕША МЕДАВОНАД

Дар ҳамин ҷойи сафар мехоҳам ба як нукта таъкид кунам, ки бадбахтона ҷой доштани фасод ҳанӯз ба мавзеъи сохтмони "Роғун" норасида мушоҳида мешавад. Бубинед, агарчӣ мо далели воқеии ҷой доштани ошнобозӣ ва маҳалгароиро ба исбот нарасонидем, аммо гуфтугузорҳо дар долонҳои ин иншоот ҳамагӣ ба ҳамин нукта таъкид мекунанд. Ҳатто дар масофаи даҳҳо километр дур аз марзи ин иншоот ин ҳарфҳо шунида мешаванд.

Ҳайф аст, ки дар муқаддастарин иншооти давр, НБО-и "Роғун" фасод, ин падидаи номатлуб ҷой мегирад ва вақте мо аз нангу номуси миллӣ мегӯем ва мушт бар сина мезанем, дар хати аслии "майдони ҳарб" фасод дар муҳориба аст.

Бубинед, гуфта мешавад, то мо ошно ва ё "ҳамшаҳр"-и "пирараб" пайдо накунем, наметавонем дар "Роғун" кор пайдо кунем!

Биёед, дур намеравем, танҳо саҳифаи начандон дури таърихи ватанамонро, ки ҳанӯз аз ёдҳоямон зудуда нашудааст, варақгардон кунем, дармеёбем, ки маҳз "маҳалгароӣ" ва "ошнобози"-ву ба худиву бегона ҷудо карданҳо буд, ки даҳҳо ҳазор фарзандони фарзонаи ин миллат қурбон шуданд.

Ва агар ин ҷанг ва ин тафриқаандозиҳо намешуд, имрӯз НБО-и "Роғун" мумкин буд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт ва ҳазорон фарзонаи дигар аз торикиву сардӣ наҷот меёфт.

Аммо суоли мо ба масъулини сохтмони НБО-и "Роғун" аст, ки оё мумкин аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистон дар ин сохтмони бузург, ки имрӯз меҳвари ваҳдати мардуми мо маҳсуб меёбад, баробар саҳим бошанд ва ҳеч ноошное натавонад аз "ошнобози"-ҳои мо чун солҳои ҷанги таҳмилӣ сӯйистифода кунад?!

БА "РОҒУН" ПАС АЗ ТАВАЛЛУДИ ИСОИ МАСЕҲ БИЁЕД!

Ман ва ҳамраҳам ба "Автобаз" муроҷиат кардем, ки ба мо кор лозим аст, аммо ҷавоби рад гирифтем. Ин ҷо ҳам гуфтанд, ки "кор нест ва коргар намегирем. Агар коргар бигирем ҳам, баъд аз соли нав (моҳи январ) мегирем", -ва ин суханонро қариб ҳамаи ширкатҳое, ки мо муроҷиат мекардем, тӯтивор такрор мекарданд. Чун мақсади мо кор ёфтан буд пурсуҷӯро идома додем. Ҳабар ёфтем, ки дар пойинтари он ширкатҳое, ки номашон зикр ёфт, ширкате бо номи ООО " Интерстрой" мавҷуд буд. Мақсади ба он ҷо рафтан доштем, ки як марди тақрибан 30-35 сола аз пеши роҳамон баромад ва он ҳам, корҷӯе аз ноҳияи "Московский" (Ҳамадонӣ)-и Хатлон будааст. Ӯ низ мисли мо овораи коркобӣ буд. Ӯ бо мо ҳамроҳ шуд, аммо ӯ ҳам пайи қадам накард. Дар ООО "Интерстрой" низ мо ҷавоби рад гирифтем.

Дар ҳар кадоме аз ин ширкатҳо коргарони қаторӣ мегуфтанд, ки бе шинос намешавад. Мо ҷустуҷӯро идома дода, ба як Автобази дигар, ки паҳлӯи ООО "Интерстрой" ҷойгир буд омадем ва он ҷо низ ҳамин посухро гирифтем.

Ҳарчанд, ки он ду нафари ҳамроҳам яке ихтисоси ронандагӣ (ронандаи Камаз, Белаз ва умуман мошинҳои боркаш буд!), дигаре таҷрибаи беш аз 25-солаи тракторчигӣ дошт, мутаассифона аз ин "Автобаза"-ҳо, ки барои кор ва ихтисоси онҳо мутобиқ шояд кор пайдо мешуд, ҷавоби рад гирифтанд.

Мо боз ҳам ноумед нашуда, ба ширкати "Норакгесстрой" наздик шудем…

(идома дорад)


Хушбахти НАЗРУЛЛО
Душанбе-Файзобод-Роғун-Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97