СУРАТҲИСОБИ "РОҒУН"-РО КӢ МЕДОНАД?! Шавкат Саидов, Нозирҷон Ёдгорӣ, Зевар Давлатова намедонанд

Иҷтимоъ 07.12.2009 19:03

Бо тақозои касбамон аз рӯзе, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғун дубора шурӯъ шуд, то ин дам огаҳ мешудем, ки нафарони зиёде ба ин иншооти бузурги энергетикӣ дасти кӯмак дароз мекунанд ва ё мехоҳанд бикунанд. Имсол шурӯъ аз оғози фасли тирамоҳ -ҳамзамон шурӯъи фасли бебарқӣ, пас аз муроҷиати Ҳукумати кишвар ва ҳам муроҷиати порлумони кишвар ва фаъолони шаҳру вилоёти ҷумҳурӣ қариб ҳар рӯз хабари ҷадиде пахш мешавад, ки фалониву беҳмадониҳо ба ин иншооти бузурги энергетикӣ маоши якрӯзаву моҳонаи худро бахшидаанд.

Ҳамчунин ҳар шом тариқи телевизионҳои ҳукуматӣ мебинем, ки ҳатто нафақахӯрон аз Сарвари давлат хоҳиш мекунанд, ки нафақаи якмоҳаи онҳоро ба сохтмони нирӯгоҳ қабул фармоянд.

Хулоса, пас аз он ки Оҷонсии расмии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" ҳам аз ҳамкасбони худ даъват кард то онҳо низ дар бунёди сохтмони азими энергетикӣ бетараф набошанд ва эълон кард, ки маоши дурӯзаи кормандонашро ба сохтмони "Роғун" мебахшад, аз идораи иттилоотии радиои "Азия Плюс", ки банда ҳам онҷо фаъолият мекунам, тасмим гирифтанд - дурусттараш тасмим гирифтем, ки 8 дарсади маоши моҳи ноябриамонро ба ин сохтмони бузург мебахшем. Ноябр ҳам ба охир мерасид. Аввалҳои ҳафтаи гузашта буд, ки миёни ҳамкорон дар хусуси чи тавр интиқол додани маблағҳои худ ба "Роғун" баҳс сар зад. Хулас касе дақиқ намедонист, ки кумакҳои шаҳрвандон бо кадом роҳ то "Роғун" мерасад. Баъдан маслиҳат шуд то аз Ҳукумати шаҳр бипурсем, шояд онҳо бидонанд? Зеро ба ҳар ҳол як мақоми ҳокимият ҳастанд ва "Роғун" дар зери ҳимояти ҳокимият дорад бунёд мешавад. Бо ин ният ба Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе тамос гирифтем. Шавкат Саидов дар посух ба ин суол изҳори беиттилоӣ кардаву гуфт, ки шояд "Барқи Тоҷик" бидонад, зеро онҳо ба ин масъала сари кор доранд. Ва тавсия доданд, ки бо "Барқи Тоҷик" тамос бигирем. Ташаккур барои тавсияашон. Мо ҳам тамос гирифтем бо Нозирҷон Ёдгорӣ, котиби матбуотии Ширкати холдингии "Барқи Тоҷик". Эшон дар сафари хидматӣ будаанд. Ба ҳар сурат фурсат ёфтаву ба мо посух доданд, ки Ширкати "Барқи Тоҷик" феълан ягон робитае бо "Роғун" надорад. Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, мо имкон дорем ин суолро бе восита аз масъулини сохтмони Нирӯгоҳи барқи обии "Роғун" бипурсем. Чи ҳам мегуфтем? Аз Нозирҷон Ёдгорӣ низ ташаккур кардему гӯширо гузоштем. Бояд бигӯем, ки аз ин ду ҳамкасбамон гилояе надорем. Медонем ки эшон дар ин масъала масъул нестанд. Фақат мехостем аз онҳо бифаҳмем, ки чи тарз мешавад кӯмаки худро ба ин иншооти сарнавиштсоз фиристод. Ба манзури як роҳнамо, на масъул. Ин гуфту гузорамон то нимарӯзӣ буд. Пас аз нисфирӯзӣ ва ҳамин тавр то қарибии фарҷоми рӯзи корӣ дар ҷустуҷӯи масъулини нирӯгоҳи "Роғун" шудем. Мутаассифона ин ҷустуҷӯ натиҷаи мусбат надод. Билохира ба хулосае омадем, ки охир худи Оҷонси иттилотии "Ховар" пас аз даъват эълон карда буд, ки дурӯза маоши кормандонашро ба сохтмони "Роғун" мебахшад. Шояд онҳо бигӯянд, ки чи тарз кумаки худро то "Роғун" расониданд ва ё мерасонанд.

Бо муовини аввали директори ин оҷонсӣ, бону Зевар Давлатова тамос гирифтем. Ин бор ҳам умедамон ба бод рафт. Ин бону посух дод, ки ба масъалаҳои молӣ фақат худи директор ҷавоб мегӯянд. Аммо ҳоло директор дар Тоҷикистон нестанд. Аз ин ҳамкасб ҳам маъзарат хостему гӯширо гузоштем. Бо ин ҷустуҷӯ рӯзи корӣ ҳам ба поин расиду мо дар дарёфти роҳи расониданӣ кӯмак ба "Роғун" номуваффақ мондем. Дар баробари ин номуваффақиятӣ суолоти дигаре дар зеҳнамон, бо гузашти як ҳафта азиятамон медиҳад; модоме ки роҳи расонидани кӯмак ба "Роғун" номаълум аст (ба ҳар ҳол барои доираи васеъи мардум) пас ҳамаи он кӯмакҳое, ки ашхоси хайрхоҳ кардаанд, оё итминоне ҳаст, ки то "Роғун" расидаанд? Суолу ҷавоби он пулҳои кӯмакшуда бар дӯши кист? Билохира, аз ин ба баъд чӣ тавр кӯмак бирасонем?

P. S: Хоҳиш! Аз ҳар нафаре, ки ба ин навишта ҷавоб мегӯяд, моро дар ғаразҷӯйи тӯҳмат назанад. Фақат аз рӯи эҳсоси ватандорӣ ин ҳарфҳоро гуфтем. Агар Нирӯгоҳи бузурги энергетикӣ суратҳисоби бонкӣ дорад, пас чаро то имрӯз он тариқи расонаҳо нашр намешавад? Ва лутфан, кӣ кафолат медиҳад, ки кумаки мо то "Роғун" "нарехтаву начакида" мерасад?!

Ёқуби Саид, хабарнигор

P.S. Пас аз нашри ин матлаб дар шумораи ахири «Миллат» хабаргузории давлатии «Ховар» дар мавриди боз шудани суратҳисобҳои махсус барои ирсоли маблағ барои сохтмони НБО «Роғун» хабар додаст.

Аз вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар бонкҳои мамлакат бо мақсади ҷамъ овардани маблағ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» суратҳисобҳои махсус кушода шуданд. Ба суратҳисобҳои мазкур пури миллӣ ва асъори хориҷӣ қабул карда мешаванд.

Аз ҷумла, чунин суратҳисоб дар Сарраёсати Хазинадории марказии вазорати молия таҳти унвони «Барои сохтмони НБО «Роғун» кушода шуд.

Рақами суратҳисоб 20204972364010100023

МФО 350101800

Рақами суратҳисоб барои супоридани пул

22402972000002

ИНН 060002282

Суратҳисоб барои қабули маблағ бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА) :

Bank – correspondent: СITIBАNK N.А., New York, NY USA

SWIFT: CITIUS33

Bank beneficiary: State Savings Bank of Tajikistan AMONATBONK

Corr. Account: 36883765

SWIFT: ASSETJ22

Beneficiary: For construction of Rogun Hydropower Piant

Account: 26204840100054101000

Инчунин барои барҳам додани оқибати фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии амонатгухории «Амонатбонк» бо пули миллӣ суратҳисоб кушода шуд. Ба суратҳисоби мазкур таҳти унвони «Барои барҳам додани оқибати фалокатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағ гузоштан мумкин аст:

Рақами суратҳисоб 26202972800075101000

МФО 350101626

Рақами ҳисоб барои супоридани пул 20402972316264.

Суратҳисоб барои супоридани пул бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА):

Bank – correspondent: СITIПBАNK N.А., New York, NY USA

SWIFT: CITIUS33

Bank beneficiary: State Savings Bank of Tajikistan AMONATBONK

Account: 36883765

SWIFT: ASSETJ22

Beneficiary: For liquidation of the results of the natural disasters in the Republic of Tajikistan

Account: 26294840400013101000

Ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла одамони алоҳида, корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин соҳибкорон ва ҳамдиёрони хориҷӣ метавонанд барои сохтмони НБО «Роғун» ва бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон маблағ гузаронанд.

Душанбе, 7декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97