РОҒУН - ҶАБҲАИ ЗАҲМАТИ СОЗАНДА Камбағалҳо дар хати пеши Фронт

Иҷтимоъ 07.12.2009 14:00

Акнун ҳар куҷое ду-се нафар одамон ҷамъ шаванд, сӯҳбат аз пешниҳоди Президент дар бораи ба ҷабҳаи заҳмати созанда эълон кардани НБО "Роғун" ва муроҷиати роҳбари давлат бобати расонидани кӯмак ба корҳои сохтмонии ин иншооти муҳимми кишвар оғоз мешавад. Дар як сӯҳбати даруни "Тангем" деҳқони иҷоракоре мегӯяд, ки агар ҳукумат дар иҷрои корҳои сохтмонӣ як барномаи мукаммалро рӯи даст дошта, шаффофиятро таъмин созад, аз 4 моли майдаи дар бисоташ дошта, як бузро фурӯхта маблағашро барои "Роғун" медиҳад.

Омӯзгоре мегуфт, ки агар музди маоши се моҳаашро, ки 750 сомониро ташкил медиҳад, пардохт намоянд, 50 сомониашро ба "Роғун" хайр хоҳад кард. Бонуи рустоие аз хоҷагии Н. Бегови ноҳияи Ҷ. Румӣ, ки аз пойи равон маҳрум буда, бо дастонаш ҷӯроб мебофад, ҳамрайъии худро нишон дода, бо як ҷаҳон умед иброз медорад, ки агар 10 ҷуфт ҷӯроби бофтааш ба фурӯш равад, маблағи яки онро барои бунёди "Роғун" мебахшад.

Ин ҳама сару садои мардум барои дастгирии пешниҳоди раиси ҷумҳур дар рӯзҳои аввали баъди суханронии ӯ ба гӯш мерасанд. Алъон ин дастгирӣ аз ҷониби ҳамон қишри поёнии ҷомеаи мо аст, ки хотири тинҷию амонӣ тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои хешро барои табақаҳои болоии ҷомеа бахшида, бо ранҷу заҳмат ва обилаи даст ҳам зиндагии хоксоронаи худро пеш мебаранду ҳам аз ҳисоби ӯ дигарон зиндагии шоҳона доранд. Ва боз ҳам чунин нафарон қабл аз дигарон содиқона омодаи онанд, ки дар чунин лаҳазоти ҳасос ва сарнавиштсоз дар паҳлӯи Президент бошанд.

Пас, агар мушкиле ҷиҳати дастгирии пешниҳоди сарвари давлат пайдо шавад, монеа ҳамон қишрҳои ҷомеа мешаванд, ки боз ҳам доротар шудан мехоҳанд. Зеро ман шубҳа дорам, ки ҳамин табақаи болоии ҷамъият, дар баробари як маҷрӯҳи бе пойи равон саховат намуда, 10% сарвати худро барои бунёди НБО "Роғун" бубахшанд.

Воқеан, барои ҷалби ҷомеаи Тоҷикистон баҳри кӯмаку дастгирии ин пружаи ниҳоят муҳимми миллат масъулин бояд бархе корҳоро дар аввалин навбат ба сомон расонанд, то мардум ба онҳо бовар кунанд. Зеро то ҳол дар вилояти Хатлон омӯзгороне ҳастанд, ки саҳмияҳои "Сангтӯда"-ро дар сандуқҳо маҳфуз нигоҳ дошта, намедонанд, ки бо он чӣ бикунанд. Ва тарс аз он ҳам доранд, ки имрӯз ё фардо харидории саҳмияҳои "Роғун"-ро ҳам ба онҳо "пешниҳод" мекунанд.

Нахустин коре, ки дар ин ҷода мебояд анҷом шавад, ин таъмини шафофият дар кори ин лоиҳа мебошад. Яъне барои НБО "Роғун" сайти интернетӣ бояд ифтитоҳ шавад ва тариқи нашрияҳои расмӣ аз фаъолияти ин иншоот ҳамарӯза ахбори воқеъӣ ва шаффоф нашр шавад. Мардум бояд донанд, ки барои бунёди дарғоти нирӯгоҳ чӣ миқдор маблағ ва тақрибан чанд мошин сангу шағал сарф мешавад ва ҳоказо. Муталеъ сохтани мардум аз раванди сохтмон дар ин иншоот боис мешавад, ки мардум ба шаффофияти кор дар ин ниругоҳ бовар мекунанд ва бештар рағбат пайдо мекунанд, ки дар кори сохтмон саҳм бигузоранд

Як мисол: Беш аз 7 сол мешавад, ки ҳар баҳорон парастуҳо дар шафати хонаи мо лона месозанд. Гарчанде ки парасту ҳамагӣ 2 сол умр мебинад ва онҳо ин макони мавсимии худро аз насл ба насл боқӣ мемонанд, аммо ҳамасола бунёди ошёни онҳо аз 12 то 14 рӯз давом мекунад. Пружаи НБО "Роғун" ҳам бояд мисли ошёни парасту дар пеши назари мардум сохта шавад. Яъне мардум тариқи расонаҳои гуногунақида аз рафти корҳои ин иншоот воқиф гарданд. Он гоҳ пиру барно мисли гузаштагонамон, ки каналу иншоотҳои азими асри Х1Х- ро дастаҷамъӣ сохтаанд, барои кӣ маку дастгирии "Роғун" камари ҳиммат хоҳанд баст.

Як мӯйсафеди солхӯрдае дар яке аз чунин баҳсҳо хитоб кард: "Эй ҷавонҳо, сари нангу номус омада бошед, пул надоред, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯзаи Муҳаммадӣ бигиред. Ва маблағи сарфа шударо барои "Роғун" бидиҳед. Агар як ҷавонмард ҳафтае ду маротиба "обед" накунад, дар як моҳ 40 сомонӣ сарфа мекунад. Мамлакат агар 1 млн. ҷавонмард дошта бошад, дар як моҳ медонед чӣ қадар маблағ ҷамъ мешавад?!"

Алъон, ин пешниҳодот чуноне гуфтем, аз ҷониби табақаи поёнии ҷомеа аст, ки мехоҳад нонашро бо мардум ду нима кунад ва ман ҷонибдори ҳамаи ин пешниҳодот ҳам ҳастам. То ин ки ин пружа, ки ифтихори ҳар сокини кишвар ҳам буда метавонад, амалӣ гардад. Ва шубҳае нест, ки агар дар шароити то замони бозаргонӣ қарор медоштем, мардум дар кори нирӯгоҳ ба ҳашар ҳам мебаромаданд.

Аммо ман ҳеч садое аз соҳибони қасру кушкҳо, ки сад шукри истиқлоли Ватан онҳо дар ҳоли афзудан ҳастанд, ҳеч садоеро намешунавам. Шояд Шумо шунида бошед-а?!


Ҷ. Сайфиддин
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97