НОМАИ ДОДИ 49 КАРАТ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Иҷтимоъ 05.12.2009 14:52

Ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ба Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи 49 карат қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуштии Дзюдо Худойназар Боқиев

Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Муроҷиати мо ба Шумо ба хотир ва ба умеди дастгирӣ ва кӯмак буда, шояд агар дар маҳал мақомоти иҷроияи давлатӣ ба доди мо мерасиданд ва дар ҳалли мушкилоти мо мавқеи беғаразона ишғол менамуданд, мо ба Шумо муроҷиат намекардем.

Мутаассифона, таи 2-3 соли охир муносибати мақомоти Ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нисбати мактаби мо хело ва хело пурғараз гардид.

Гарчанде ман ба Федератсияи Дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудам, аммо натиҷае надод. Ба тариқи расмӣ ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳам муроҷиат намудам, аммо он ҳам натиҷа надод.

Ҷаноби Олӣ!

Шояд ман имрӯз ба унвони Шумо арз пешниҳод наменамудам, агар хидматҳои ман дар ҷомеа қадр ё манзалате пайдо мекард ва медошт. Борҳо ба қабули раиси ноҳия, намояндаи Шумо дар ноҳия рафтам, аммо на ин ки арзи моро напазируфт, ҳатто маро қабул ҳам накард. Ман аз ибтидои солҳои 70-ум то имрӯз бештар аз 35 сол дар соҳаи варзиш меҳнат намуда, аз варзишгари одӣ то дараҷаи Устоди варзиш расидам. 49 маротиба қаҳрамони ҷумҳурӣ дар гуштиҳои миллӣ, самбо ва дзюдо гаштам. Устоди варзиши Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастам. Бо медали Меҳнати шуҷоатнок қадр шуда будам, бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштам. 13 карат ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқӣ шудам. Ҷоизадори Спартакиадаи халқҳои СССР мебошам. Дастпарварони ин мактаб Алишер Боқиев, Рустам Боқиев ва Расул Боқиев номи ҷумҳуриро на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар сар то сари ҷаҳон боло бардоштаанд.

Дар вазъият ва шароити бисёр сахту вазнин кору меҳнат кардем, то ки ба ин дастовардҳо даст биёбем. Расул Боқиев ҷоизадор ва қаҳрамони Осиё гашта, унвони Қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори Кубоки ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ дар Пекин гаштааст. Баъди ғолибият дар шаҳри Пекин Расул Боқиев ва мардуми Тоҷикистонро президенти Кумитаи Олимпии ҷаҳон Самаранч табрику муборакбод намуд, вале роҳбарияти ноҳия ҳатто дар ҷамъомад ва вохӯриҳои ташкилкардаи мо иштирок накарданд. Шогирдону дастпарварони мактабе, ки ман онро роҳбарӣ мекардам, имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ ва берун аз он номбардори ватану миллатанд. Аммо аз чи бошад, ки шахсияти ман имрӯз ба раиси ноҳия Мансур Саломович хуш наомад ё кадом ғарази дигаре буд, ки бо баҳонаи якҷоя кардани мактабҳои варзишӣ мактаби моро бастанд. Қарори раиси ноҳияро оид ба бастани мактаби мо рӯзи 19-ноябри соли 2009 бо дасти корманди ҳукумати ноҳия оварда доданд.

Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз ҳама аламовараш он чиз гашт, ки агар ин корро барои манфиат ва беҳбудии кори соҳа мекарданд ва моро боре ҳам даъват карда, назари коршиносӣ мегирифтанд ва фикри моро мефаҳмиданд, мо ҳам қабул доштем, аммо имрӯз ман як чизро дарку эҳсос намудам, ки ин ҳама амалҳои роҳбарияти ноҳия маҳз ба хотири маро муҷозот кардан мебошад. Барои чӣ ва ба хотири чӣ, ман намефаҳмам.

Аз муроҷиат ба Шумо мақсад ин аст, ки ман аз ибтидои фаъолияти меҳнатиам барои ватан ва халқу миллатам кору меҳнат карда омада, имрӯз дар арафаи ба сини нафақа расиданам чун шахси нодаркору зиёдатӣ дар ҷомеа берун аз ҳама кору фаъолиятам кардаанд, мехостам ба арзу додам расед ва боре ҳам бошад маро шунаванд.

Ҳамаи гапу калочаҳое, ки атрофи номи ман ва фарзанди ман дар воситаҳои ахбори омма паҳн гашт, шояд бо кӯмаки кадоме аз ҳамин гуна "ватандорон" сурат гирифт ва фарзанди ман маҷбур гашт аз ҷумҳурӣ баромада равад. Охир инсоф куҷо шудааст дар замири ин масъулин ва ҳомиёни мо, ки имрӯз чунин рафтор менамоянд?

Ташаккур ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ки меҳнати фарзанд, дастпарвари ман Расул Боқиевро қадр намуда, ӯро ба мукофоти олии ватан Ордени Шарафи дараҷаи 1 қадршиносӣ намудед. Ман ба Шумо муроҷиат карда, натанҳо арз карданиам, балки мехоҳам донам, ки оё Шумо ин ҳама муносибатҳои ғаразноке, ки атрофи ман ва дар ҳақи ман шудаанд, медонед ё не?! Дувум мехостам, ки Шумо ҳамчун сарвари давлат дар ин мушкилоти ман кӯмакам кунед ва ба додам бирасед.

Такрор ҳам шавад, шояд имрӯз ҳоҷат ба арзи мо намебуд, агар ҳукуматдорони ноҳия роҳбарони ҳарду мактабро ҷамъ карда, масъала мегузоштанд ва ин қазияро ҳалу фасл ва аз рӯи инсоф қазоват менамуданд. Ман аз навиштани ин сатрҳо шарм медорам ва дар умри бештар аз 58 солаи худ бори аввал қалам ба даст гирифта, арз менависам, аммо дигар чорае ҳам надоштам.

Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба Шумо муроҷиат карда, умед дорем моро дар ин коре, ки имрӯз на танҳо ба мушкилоти иқтисод, балки ба шикасти маънавӣ овардааст, кӯмак карда, ба хотири он, ки кадом мансабдори ғаразхоҳе агар ба шахсияти Боқиев ғараз дошта бошад, бештар аз 200 дастпарвари мактабро чаро аз мактаб маҳрум менамоянд? Шароити мактаби мо, базаи варзишию таълимии он шояд имрӯз дар ҷумҳурӣ яке аз беҳтаринҳо бошад.

Имрӯз агар аз беэътиноии роҳбарияти бахши варзиши ҷумҳурӣ Расул Боқиев аз ҷумҳурӣ баромада рафта бошад, пас ин 200 варзишгар фардо ба куҷо мераванд?

Имрӯз дар бораи аз ҷумҳурӣ рафтани Расул Боқиев гапҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, аммо ман дар соли 2008 борҳо ба Федеретсияи дзюдо, Кумитаи Олимпии ҷумҳурӣ, раиси пешинаш Баҳрулло Раҷабалиев муроҷиат намудам, ки барои машқ, зиндагию омодагиҳо ва хурду хӯроки ӯ дар шаҳри Маскав дар як моҳ 5500 сомонӣ зарур мебошад. Мутаассифона, на ин, ки дар ин кор ба мо дастгир нашуданд, ҳатто моро хабаре надоданд ва ба болои ин маблағи стипендияи Олимпии ӯро баъди олимпиадаи Пекин надода ва дар ягон мусобиқа даъват накарданд. Ба муроҷиати чандинкаратаи мо ҳукумати ноҳия, ки мактаби мо аз ҳисоби онҳо маблағгузорӣ мешавад, ягон маблағ ҷудо накарданд, бинобар ин Расул Боқиев маҷбур шуд, ки ҷумҳуриро тарк намояд.

Умед дорам, ки ба арзи ман мерасед ва дар ин мушкилотам кӯмак хоҳед кард.

Бо эҳтироми зиёд,

Худойназар Боқиев

САРЗАМИНЕ, КИ ҚАҲРАМОНОНАШ ПЕШ АЗ ВАҚТ МЕМИРАНД

Ҳама чиз ва ҳама кас фаромӯш мешавад

P.S. Ин моро чӣ шудааст? Ба бузургон, устодон ва ҳатто қаҳрамононамон қадрношиносӣ мекунем. Вақте ки номаи бози 49 маротиба қаҳрамони бечораи тоҷик ба номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ба идораи нашрия расид, мо хиҷолат кашидем. Аз як сӯ хиҷолат шудем, ки ин номаро ба нашр расонем ва шояд барои мазҳакасозони Русия мавзӯъ пешниҳод мекунем ва аз сӯйи дигар нотавонмандии 49 маротиб қаҳрамони ин Ватанро дида натавонистем аз нашри он худдорӣ кунем. Дар сарзамине, ки беҳтарин фарзандонашро қурбонӣ мекунад, магар зистан даҳшат нест! Дуруст аст, ки мо монеъи тарки ватан кардани Расул Боқиев нашудем ва ӯро дар баробари ҳазорон муҳоҷири муттаҳами кишвари Русия баршумурдем, аммо 49 маротиб қаҳрамони Тоҷикистонро ҳам мехоҳем аз сарзаминамон берун кунем?!

Дарвоқеъ, чунин ба назар мерасад, ки Расул Боқиев зиндагиномаи падарро варақ зада, нахостааст, иштибоҳи падарашро такрор кунад ва дасту бозӯи ҷавонии худро танҳо барои ном, ки он ҳам дар ин сарзамин чандон арзише надорад, қурбон кунад ва аз ин Ватан рахти сафар барбаст, шояд барои бебозгашт. Аммо рафтани Расул барои мо панд нашуд ва шояд гуфтем; "ҷавон аз рафтанаш тарс медиҳаду пир аз мурданаш"…

Агарчи тарки ватан кардани Расул барои мо низ писандида набуд ва ин иқдомро аз доираи ватанхоҳӣ берун мешумурдем, вале чаро бояд мисли замони Сталин "падар ба ҷойи писар"посух бигӯяд?! 49 дафъа қаҳрамони ин Ватан шинохта шудани ӯ магар ҳеч арзише пеши навмансабон надорад? Чаро мо бузургонамонро зинда ба гӯр мекунем? Тарси мо аз сарнавишти падару писари ҷаҳонпаҳлавону қаҳрамон нест, балки аз он аст, ки чӣ гуна метавонад ин миллат аз ин пас қаҳрамони нав ато кунад.

Ва оё сарнавишти талхи қаҳрамонони миллат боиси он намешавад, ки дигар қаҳрамонони оянда ба ҳеч даъвати давлатмардону пешвоён барои нишон додани нируи бозуи худ дар ҳеч ҷабҳае, ҳатто гузашта аз варзиш, дар сохтмонҳое амсоли Роғун, лаббайк нагӯянд?!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97