Озодӣ...Озодӣ... О-ЗО-ДӢ!!!

Иҷтимоъ 02.12.2009 15:16

Нахустин гурӯҳи маҳбусон, ки дар пайи мавриди иҷро қарор гирифтани "Қонун дар бораи афв" озод шуданд, 159 нафар занони зиндонӣ аз маҳбасхонаи шаҳри Норак буданд. Нишоти онҳоро мо бо ҳам тариқи телевизиони Тоҷикистон дидем, ки бонувони аз банд раҳошуда шодии худро аз расиданашон ба рӯзи озодӣ бо изҳори миннатдорӣ ба раиси ҷумҳур баён медоштанд. Аксарият бартарии қонуни нави афвро аз афвҳои қаблӣ дар он медонанд, ки он маҳдудиятҳое, ки қаблан дар нисбати занони зиндонӣ буд, пурра бардошта шудаанд.

Ҷунайд Ибодов, ҳукуқшиноси маъруф мегӯяд, афв, чанд паҳлӯи мусбат ва паҳлӯи манфӣ низ дорад. Ба гуфтаи ӯ, афв дар тамоми давраҳо дар дунё як амали маъмулӣ ва ҷоуфтода аст. Аммо паҳлӯи манфии афв, ин тавзеи ҳаргуна маризиҳо аст, дигар масъалаи афзудани бекорӣ аст, ки аз ҳисоби маҳбусини озодшуда теъдоди бекорон рӯ ба афзоиш хоҳад овард.

Ба эътиқоди ин коршинос, бояд давлат сад дар сад, ин падидаҳоро дар мадди назар дошта бошад ва тадбир биандешад. Агарчӣ ӯ муътақид нест, ки давлат ин омодагиҳоро сад дар сад гирифтааст. Ӯ меафзояд, бо вуҷуди он ки афви теъдоди азими маҳбусон боиси нигарониҳои ҷомеа ва ташвиши масъулин ва кормандони бахши интизомӣ мешавад, аммо дар маҷмӯъ афви ахир, ба хусус афви вижаи бонувон иқдоми шоиста буд ва метавон онро як амали гумманистӣ унвон кард. Ҷунайд Ибодов таъкид кард, ҳатман дар марҳилаи ба озодӣ баромадани ин теъдоди зиндониён табиист, ки ташвиши мақомоти интизомӣ хеле зиёд мешавад.

Абдулло Ҳабибов, генерал - майори мустаъфӣ низ зимни изҳори хушҳолӣ аз ин иқдом гуфт: - Бисёр кори хуб шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури кишвар ин амалро анҷом дод. Теъдоди азиме аз мардум дар ин рӯзҳои ҷашн бо ба оғӯш гирифтани наздиконашон хушҳол хоҳанд шуд.

Аммо дар баробари ин ки раҳоии ин теъдоди мардум аз пушти симхорҳо ба бисёре аз хонаводаҳо шодӣ меоварад, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, давлат бояд тадобиреро аз ҷумла дар мавриди назорати ин афрод рӯйи даст дошта бошад, то онҳо дигарбора ба маҳбасхона барнагарданд. Абдулло Ҳабибов ҳамчунин гуфт, мушкили аслӣ, ки собиқ маҳбусон ба он дучор хоҳанд шуд, набудани ҷойи кор аст ва аз ин рӯ давлат бояд барои ба кор ҷалб шудани ин афрод мусоидат намояд. Мусоҳиби мо аз ширкатҳои хусусӣ даъват кард, ки инҳо бояд иқдомоти гумманистиро рӯйи даст бигиранд ва теъдоде аз ин афроди ночорро ба кор машғул бидоранд. Генерал Ҳабибов афзуд, ки давлат пеш аз ҳама идороти назоратии маҳалҳоро дастур бидиҳад, то ин афродро ба қайд бигиранд ва таҳти назорат дошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадалии Ҳаит, таҳлилгари бахши сиёсӣ мегӯяд, ин теъдоди азиме, ки гуфта мешавад, афв шудаанд, аз танҳо се як ҳиссааш аз ҷумлаи он нафароне ҳастанд, ки дар маҳбасҳо зиндонӣ буданд. Дигар моддаҳое ки дар ин қонун мавриди назар аст, ба онҳое марбут мешаванд, ки аллайҳашон барои дуздии моликияти давлату мардум парванда боз шудааст. Аз ин рӯ ҷойи нигаронӣ нест ва набояд аз озод шудани теъдоде аз афроди асир, ки аллакай қисмате аз сазои ҷазояшонро пушти сар кардаанд, ҳарос кард, онҳо дар маҷмӯъ ҳеч хатаре барои ҷомеа надоранд. Ӯ мутмаин аст, ки давлат ҳеч омодагие барои фаъолияти ояндаи ин афрод надорад. Ба гуфтаи ӯ, хеле аз ин афрод дар кӯтоҳмуддат мумкин аст, дубора "меҳмони" маҳбасхонаҳо шаванд ва ҳам онҳое, ки дар озодӣ боқӣ мемонанд, ҳамеша таҳти назорати мақомоти интизомӣ қарор мегиранд ва ин боис мешавад, ки онҳо эътимодро аз даст медиҳанд ва чун як мурғи партшуда боқӣ мемонанд. Дар маҷмӯъ, мусоҳиби мо мӯътақид аст, ки мушкил дар бархӯрди нодурусти ҷомеа ва ба хусус давлат ба ин афрод аст, вагарна озод шудани онҳо наметавонад, таҳдиде ба суботи ҷомеа дошта бошад. Муҳаммадалии Ҳаит мегӯяд, омилҳои бекорӣ ва эътимод накардан ба ин афрод боис мешавад, ки онҳо ба мушкил мувоҷеҳ шаванд ва дар оянда дарди сарҳоеро барои ҷомеа эҷод кунанд.

НАКҲАТИ ОЗОДӢ

Аз рӯзи мавриди иҷро қарор гирифтани қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв" аз муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар вилояти Хатлон беш аз 700 нафар собиқ маҳкумшудагон озод шудаанд, ки аз ин теъдод 170 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳад.

Юсуфхон Исоев, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон мегӯяд, барои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷимоии озодшудагон ба мақомотҳои марбутаи маҳали зисти онҳо мактубҳо ирсол шудааст, аммо мусаллам аст, ки дар ҳамин шабу рӯз нафари аз маҳбас баргаштаро ба ҷуз пайвандонаш дигар касе рӯи хушӣ дидан надорад. Зеро дар зеҳнҳои аксари мо маҳкумшуда гӯиё гунаҳгори якумрист. Мисолҳое кам нестанд, ки агар аз ду нафари муноқиша намуда як нафари онҳо мабодо замоне маҳкумшуда бошад, атрофиён беибо гуноҳро бар сари ҳамон мезананд, зеро ӯ боре муртакиби гунаҳ шуда буд. Дар ҳоле ки мардонро чунин "шингил"-ҳои ногувор дар оянда интизор аст, пас тақдири минбаъдаи бонувони ба озодӣ баргашта, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳоро кӣ ҳимоя мекунад? Ин як масъалаест, ки аз ҷониби мақомоти кор бо занон ва оила назорати ҷиддӣ металабад.

БА КУҶО ЧУНИН ШИТОБАМ?

Дар ҳоле ки бештари занони мо ҳуқуқҳои иҷтимоии худро соҳиб нестанд, чун бо гуноҳе равонаи зиндон гардида, баъди ба озодӣ баромадан чӣ гуна мавқеи хешро дар зиндагӣ соҳиб мешаванд ва минбаъд атрофиён бо онҳо чӣ гуна муносибат мекунанд, барои мо маълум аст.

Намедонам чаро, аммо дар рӯзи ба озодӣ баромадани ҳамдиёрони мо як қисме аз бонувон ҷойи хушҳолӣ маъюс буданд. Нафаре аз ин бонувон, ки нахост номашро ифшо кунем, сабаби чунин ҳолати рӯҳии худро чунин шарҳ дод: "Дар беруни ин девор, ки Шумо озодӣ номаш мебаред, ман як канизи рӯзгор будам, ки гӯё маҳз барои осон гардонидани зиндагии мард ба дунё омада бошам. Акнун, ки доғи маҳбусӣ гирифтаам, дар берун чиро интизор бошам? Дар ҳақиқат ба қадри озодӣ расидаам ва мисли дигарон мехоҳам хурсандӣ кунам, аммо барои чӣ… Ҳарчанд меарзад, ки дар қатори ҳамагон аз ҳукуматдорон миннатдор бошам, ки моро афв кардаанд, аммо боз ҳам ҳис мекунам, ки маро дар берун чӣ интизор аст. Боз оворагардию ранҷу азоб..."

ХУДОЁ, МАРО БУБАХШ!

Дар воқеъ аз сӯҳбат бо 4 нафар аз бонувони маҳкумшуда маълум гардид, ки 3 нафари онҳо як умр аз ҳуқуқҳои иҷтимоии хеш бархурдор набудаанд.

Тӯҳфа як нафар бонуи аз маҳбас озодшуда, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки аз беэҳтиётӣ дар ҳодисае шарик буд, ки тибқи моддаи 104 кодекси ҷиноятии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 22 сол аз озодӣ маҳрумаш карданд. Дар давоми афвҳои пешин мӯҳлати адои ҷазояшро кам карда, инак дар охирин афв ба озодӣ баромад. "Ман,- мегӯяд Тӯҳфа, - мағоза дорам ва ба соҳибкорӣ машғулам. Бовар кунед, одаме, ки бо ин модда суд мешавад, дигар ҳеҷ гоҳ ҷиноят содир намекунад. Амали содиршуда, ки дигар намехоҳам онро ба ёд оварам аз беэхтиётии ман сар зада буд. Бовар кунед, ман ба ягон одам хатар надорам, чун пештара пайвандонам маро дӯст медоранд. Хайр аз карда пушаймонам ва ҳаёти дигар дар пеш аст. Боқӣ як умр аз Худо бахшиши гуноҳ металабам".

РОҲИ ДИГАР НАДОРАМ

Ҳамсӯҳбати навбатии мо Баргигул Назриева бошад, дар овони кӯдакӣ аз модар ятим монда, то синни 15 солагӣ дар хонаи падар хидматгор будааст. Аз овони 7-8 солагӣ тамоми корҳои хонаро бар дӯш дошта, боз ҳам дар қатори писарбачаҳо ба талу куталҳо рафта ҳезум оварда дар бозори Кӯлоб мефурӯхтааст. Модархонд бо ҳар баҳона ӯро аз хона меронд. Оқибат Баргигул як рӯз гурехта, ба хонаи як дӯсти падар рафта дар онҷо маскан гирифт. Аз ҳамон ҷо шавҳар карда, соҳиби як писарча шуд. Аммо дере нагузашта, шавҳари ӯ зани дуюм гирифту дигар аз ҳоли ӯ хабардор нашуд ва хоҳарони шавхараш янгаро аз хона ронданд. Ӯ бар суроғи шавҳар роҳ сӯи шаҳрро гирифт, аммо бенатиҷа, дигар ҷойи рафтан, ки надошт, дар Кӯрғонтеппа монд. Ба гуфтаи ӯ ҷиноят содир карданаш аз оворагардӣ буд. Баргигул, ки дардҳои зиёде аз зиндагӣ доштааст, бо рӯзноманигорон озодона сӯҳбат мекард ва мегуфт: "Акнун, ки ба озодӣ баромадаам, зиндагиамро дигар мекунам. Муддати дар зиндон будани ман падарам аз дунё гузашт. Инак ба хонаи падар рафтам, аммо модарандар маро ба хона роҳ надод. Фарзанди ягонаамро, ки аз ду моҳагӣ дар тарбияти аммакалонам аст, бо худ гирифта наметавонам. Зеро ҷойи муайяни зист надорам. Дар ин Қӯрғонтеппа як дугона дорам, ки дар хонааш ба ман ҷой дод. Ҳозир дар ҷустуҷӯйи ҷойи кор ҳастам. Агар дар ягон ошхона ҷойи кор ёбам, зимистонро як илоҷе карда паси сар мекунам. Ростӣ гапро гӯям аз берун дида, дар маҳбаси Норак шароити хубтар доштам. Зеро дар ду маҳбасе, ки будам, барои онки зан ҳастам, маро ҳурмат мекарданд. Акнун намедонам, ки баъди маҳбасӣ шудан маро дар ягон ошхона ба кор қабул мекунанд ё не?

Хайр дар ин зиндагӣ духтарон ягон ҳуқуқ надоранд. Шояд агар ман писар ба дунё меомадам, ин қадар азоб намекашидам ва дар хонаи волидайни худ зиндагӣ мекардам. Агар мо ҳам мисли дигар одамон ҳуқуқҳои худро медоштем, ман имрӯз метавонистам ба хонаи волидайнам баргашта, зиндагиамро давом диҳам. Ё ин ки барои писари сағира мондаам, шавҳарам манзили зисти моро таъмин менамуд. Бовар мекунед, дар тамоми умрам ягон рӯзи хушро надидаам. Ранҷу азобҳое, ки дар ҳаёт ман дидаам, Худо ба душмани касе надиҳад. Ҳамаашро нависед, бигузор дигарон донанд, ки моро вазнинии рӯзгор ба ҳамин роҳ буррдааст". Бо оҳи пурдарде суханашро ба итмом мерасонад Баргигул.

Аз саргузашти бештари ин бонувон бармеояд, ки онҳо дар зиндагӣ аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ - ҳуқуқ ба манзили зист маҳрум гардида, вазнинии рӯзгор, оворагардию шиками гурусна онҳоро ба гирдоби ҳодисаҳое бурдааст, ки ин роҳ то ба зиндонашон бурдааст.

РАХТИ САФАР БАРБАСТААМ

Чаҳорумин ҳамсӯҳбати озодшудаи мо Бунафша Каримова, сокини ноҳияи Ҷилликул буд, ки дар гузашта волидайнаш бидуни ихтиёраш ӯро ба як хешовандашон ба шавҳар додаанд. Дар солҳои аввали хонадорӣ тамоми хушунатҳои шавҳарро бардошт кард. Дар деҳоте, ки Бунафша зиндагӣ дошт, духтар дар хонаи падару модар меҳмону дар хонаи шавҳар хидматгори шавҳар ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи Бунафша дар чанд соли аввали хонадорӣ мавриди лату кӯби шавҳарро як амали маъмулӣ қабул дошт. Ба гуфтаи ӯ: "Дар байни ҷавонони деҳотӣ лату кӯбкунии зан як амри воқеист ва ҷавонони деҳотӣ ҳатто аз ин амалҳои худ ифтихор ҳам доранд. Гӯиё ҳар мард барои "алови чашми зан"-ро гирифтан, бояд ӯро лату кӯб кунад". Ин қоидаи нонавишта ҳаст - бо боварӣ мегӯяд Бунафша. Ба нақли ӯ, ҳатто модараш ҳам вақти ба аёдати фарзанд омадан захмҳои рӯи ӯро дида, тассалиаш медодааст, ки "зиндагӣ ҳамин аст".

Бунафша низ ба қисмати худ тан дода, ҳамаи азобу уқубатҳоро тоқат мекард, то он даме, ки шавҳараш зани дуюм гирифт.

"Он шаб ман дигар он Бунафшаи тарсуе набудам, ки вақти ҳуҷумҳои шавҳари масту аласт сарамро миёни зонувонам пинҳон намуда, интизор шавам, ки кай мушту лагаткӯбӣ ба поён мерасад. Мане, ки аз ба хона даромадани шавҳар дасту поямро ларза мегирифту дар набуданаш ҳатто дӯсташ медоштам, иродае пайдо кардам, ки ӯро бо зарби корд ба қатл расонам. Рашки зан, ки дар ниҳодаш нуҳуфтааст, лахчаи зери хокистарро мемонад, ки чун домани худро бар бод дод, ҳамаро месӯхтааст" - аз он рӯзҳои мудҳиш ёдовар мешавад Бунафша. "Ин ки чаро то он лаҳза аз худ мудофиа намекардам, чунин меҳисобидам, ки шавҳар чӣ коре ки нисбати ман кунад ҳақ дорад, - нақлашро давом медиҳад, Бунафша - волидайн моро чунин тарбият карда буданд, ки рӯи шавҳарро гашта нигоҳ накунем. Мо занҳои тоҷик ҳама ранҷу азобро бардошт мекардаем, ҳатто агар тамоми ҳуқуқҳоямонро поймол кунанд ҳам, феъли шикоят карданро надорем, ба ҷуз хиёнати шавҳар, ки нобахшиданист. Акнун фаҳмидед, сарҳади таҳаммулпазирии зан то куҷост…"

Инак тибқи қонуни афв Бунафша ба озодӣ баромад. Аммо дар солҳое, ки ӯ дар зиндон қарор дошт, хонаи истиқоматиашро аз даст ба даст якчанд маротиба хариду фурӯш кардаанд. Айни ҳол фарзандонашро аммааш нигоҳубин мекунанд. Худи Бунафша мегӯяд, ки "Ман, ки дигар ба касе лозим нестаму хонаву дар ва ҷойи рафтан надорам. Меравам ду рӯз дар хонаи аммаам аз дидори тифлакон сер мешаваму баъдан роҳи Русияро пеш мегирам. Нангу номус кардаам, ки соҳиби манзили истиқоматии хеш хоҳам шуд. Аммо дигар ҳеч гоҳе шавҳар намекунам. Бо ин озодиҳое, ки одам дар рӯи замин дорад ва ин дасту панҷае, ки Худованд бар ман ато кардааст, муҳтоҷи касе нестам. Ҳаволаи хонафурӯшонамро ба Худо кардаам, ки довари ҳақ танҳо Худо аст". Бунафша бо мо худоҳофизӣ мекунаду ба пушташ нанигариста меравад…

ФИРОР АЗ ОЗОДӢ

Аслан ҷамъиятеро, ки дар он зан дар оила ва ҷомеа ҳе ҷойгоҳе надорад, наметавон ҷомеаи солим ном бурду аз ояндаи он умедвор шуд. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти тифлону кӯдаконе ҳастанд, ки имрӯз дар домони ҳамин бонувону бе ҳақу ҳуқуқ тарбият мегиранд ва ба воя мерасанд.

Мутаассифона дар ҷамъияти мо нисбати шахсони аз муассисаи ислоҳӣ баромада, муносибати сарде менамоянд. Мабодо агар аз ду нафари муноқиша мекарда, якеаш замоне бо ҳукми суд маҳкум шуда бошад, ҳамагон беибо сабабгори муноқиша маҳз ӯро медонанд. Зеро хулосаи носолим чунин аст, ки фалонӣ боре гунаҳкор шуда буд ва айб айби ӯст.

Ҷомеаи мо бонуи мусулмонро, ки ҳатто аз ночорӣ ва аз даст додани ҳуқуқҳои хеш роҳи оворагардию амалҳои номатлубро пеша намуда, равонаи зиндон шудаанд, қабул надорад. Ё бонуеро, ки аз рашк шавҳарашро ба қатл расонидаву баъди адои ҷазо ба озодӣ баргаштааст, ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад қабул дошта бошад.

Ва ин ҷо танҳо як роҳ вуҷуд дорад, фирор…

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки давлат дар баробари ин бонувон чӣ тадобиреро рӯи даст дорад ва оё онҳо мисли ҳама аз имтиёзҳои иҷтимоии хеш баҳравар шуда метавонанд? Ва мақомоти маҳаллӣ пешниҳоди додситониро ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои собиқ маҳкумшудагон то куҷо ба инобат мегиранд? Ин суолҳое мебошанд, ки посух мехоҳанд. Аз масъулин.

Ин матлаб бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" мунташир шудааст.


Ҷ. САЙФИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97