ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН БОЯД МАРДУМӢ БОШАД

Иҷтимоъ 30.11.2009 15:29

Ҳафтае қабл хешовандону пайвандонамро дар ноҳияи Дарвоз зиёрат кардам. Ҳисси кунҷковӣ боло гирифта хостам, ки омодагии мардуми ҷамоати деҳоти Нулвандро ба интихоботи ояндаи порлумонӣ бисанҷам. Ҳангоми сӯҳбатҳо ангушти ҳайрат газидам. Охир чи шудааст, ба мардуми боору номус ва худогоҳ, ки имрӯз бештарашон намедонанд, ки пас аз чанде намояндагони худро бояд ба порлумони кишвар номзад кунанд?! Бештари зиёиён агар аз интихоботи оянда огаҳӣ доранд, аммо оид ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ тасаввуроте надоранд.

Оид ба огоҳӣ аз барнома ва аҳдофи аҳзоби сиёсӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Суоле ба миён меояд, ки чаро маърифати сиёсии мардум паст аст? Чи шудааст ба мардуме, ки аҳли адабу фарҳангаш ба мисли Борбад, Акашариф, Юсуф Нураливу Худои Шариф, Мӯъмин Қаноату Сарвари Аминҷон, Беҳрӯзи Содиқу Амрияздони Алимардон ва дигарон дар ғановати илму маърифати миллат саҳми чашмгир гузоштаанд, имрӯз ба тақдираш бепарво шудааст. Ё шояд тақаллубкориҳои интихоботи пешин мардумро аз интихоботҳо дилсард кардааст. Албатта, тақаллубкориҳои интихоботи пешин сабаби дилсардӣ ва бетафовутӣ ба интихобот шуда метавонад, аммо сабаби асосӣ аз нигоҳи ман ба барномаҳои якранги телевизиони тоҷик бастагӣ дорад.

Барои бештари мардуми кӯҳистон, ки аз дастрасӣ ба васоити ахбори умум маҳрум мемонад, телевизион ягона воситаи итттилогирӣ ҳаст. Аммо кормандони телевизиони тоҷик бо барномаҳои пай дар пайи ҳунарӣ ва мадҳу ситоиши сарварони давлат машғул буда, барои ташаккулёбии афкори ҷомеа кори муассиреро анҷом дода наметавонанд.

Ҷамъоварии ахбор ва новобаста ба ақидаҳои сиёсӣ пахш намудани он яке аз вазифаҳои васоити ахбори омма буда, масъулини телевизион бояд фаромӯш накунанд, ки мо дар як ҷомеаи демократӣ зиндагӣ дорем. Чандандешӣ яке аз аломатҳои давлати демократӣ буда, риоят нашудани он фарқ байни ҷомеаи демократӣ ва тоталитариро аз байн мебарад. Шояд ба ҳамин хотир президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармони рақами 622-ро дар мавриди вокуниши мансабдорон ба матолиби танқидии матбуот интишор додааст.

Агар мо хоҳем, ки миллати бофарҳангу огоҳ бошем, телевизион бояд мардумӣ бошад, на тобеъи мақомот ва ягон аҳзоби сиёсӣ. Дар ин сурат ҳар як шаҳрванд новобаста аз ақидаи сиёсӣ ба телевизион роҳ меёбад. Аз тарафи дигар аҳзоби сиёсӣ имконият пайдо мекунанд, ки барномаҳои худро озодона тавассути оинаи нилгун муаррифӣ кунанд. Ташкили нишастҳо бо сиёсатмадорон, зиёиёну олимон, ҳуқуқшиносону намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба баланд бардоштани шуури сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқии шаҳрвандон кӯмак мекард ва дастрасӣ ба нашрияҳо сатҳи огоҳии мардумро аз маъракаҳои сиёсӣ баланд мебардошт.

Аммо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки шахси номзад бояд ғановати рӯҳӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дошта бошад, дар акси ҳол ба дарахти бесамаре монанд хоҳад шуд. Аз он суде, ки ҷуз сӯхтан нест.


Рустам Содиқов,
Бадахшон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97