МО ВАКИЛОНРО ДАР ТОРИКӢ ҲАМ МЕШИНОСЕМ!

Иҷтимоъ 30.11.2009 15:27

Шумораи гузаштаи ҳафтаномаи "Миллат"-ро хондам, ки дар он чунин пешниҳод буд, ки бояд интихоботро аз фасли зимистон ба баҳор гузорем. Ман ҳамчун интихобкунанда ба ин мавзӯъ бетараф буда наметавонам. Ман ҷонибдори онам, ки интихобот ана дар ҳамин рӯзҳои барои мардум сахту мушкил баргузор шавад, ки ҳам ҳукуматдорон ва ҳам ҳизбҳои дар ғафлатмонда аз аҳволи халқ бохабар шаванд. Дар деҳаҳо дигар сари чӯби хушк чи, ки ҳатто дарахтони мевадиҳанда ҳам намонд.

Агарчӣ дар урфият мегӯянд, "тарбуру сарбур як хел ҷазо дода мешавад", аммо чи кунем, ки "гурусна ба шер задааст"-ро ҳам дар урфият мегӯянд. Аз ин рӯ ин мавқеъи муносиб аст, ки вакилону мансабдорон чашм ба чашми мардуми ба сад мушкил гирифтор истода ҳарфи онҳоро гӯш бидиҳанд. Як ду соли пеш ҳамсоязанони мо, ки аз мушкили барқ ба ҷон омада буданд, ҷамъ шуда, назди ҳукумати ноҳия рафтанд, ки лоақал ҳамон барқи реҷавиро дуруст интиқол бидиҳанд. Баъди бозгаштан аз ҳукумат хабар шудем, ки холаи Тобон, ки низ онҳоро ҳамроҳӣ мекардааст, дар зинапояи хонааш аз сактаи қалб фавтидааст. Рӯзи марги холаи Тобон барқро барои кӯчаи мо бештар доданд, аммо мутаассифона ин барқ замоне дода шуд, ки дигар холаи Тобон барои абад ба хонаи торик рахти сафар барбаста буд.

Аз ин рӯ мушкили бебарқӣ мушкили як рӯзаву ду рӯзаи мо нест, ва сакта кардани холаи Тобон ҳам далели ягона нест, имрӯзҳо садҳо маризи бечора дар торикиву сардӣ ҷон мебозанд. Ва ман бисёр мехоҳам, ки ҳамон вакилони дар залҳои барҳавову бо қандилҳои зебо ороставу чароғон ба минтақаҳои торикистони ватан сафар кунанду посухи аъмолашонро бидиҳанд. Вақти имтиҳон ҳамин ҳолост.


Сабзинигори Валӣ,
интихобкунанда аз ноҳияи Восеъ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97