МАСЪАЛАИ РАҚАМИ 1: ЧАРОҒҲОИ КАММАСРАФ ДАР ХОНАҲОИ БЕЧАРОҒ

Иҷтимоъ 25.11.2009 14:11

Барқкушӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа дар ҳоле сурат мегирад, ки Шералӣ Ширинбеков, сардори шабакаҳои барқи ҷанубии Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд: Бо шарофати гузаштан ба чароғҳои каммасраф шурӯъ аз 1май то 1- уми ноябри соли ҷорӣ дар вилоят 57,8млн кВт соат нируи барқ сарфа карда шудааст, ки бо ин миқдор меъёри барқ метавон талаботи 20 рӯзаи минтақаро бо нируи барқ таъмин намуд. Имсол, - мегуфт Шералӣ Ширинбеков, - дар нисбати соли гузашта реҷаи маҳдудияти барқ то аввали моҳи ноябр эълон нашудааст. Чун соли гузашта шурӯъ аз 1-уми сентябри соли 2008 маҳдудияти таъмини аҳолӣ ба нируи барқ эълон шуда буд.

ДАР ТОРИКӢ ҶОЙИ САЛЛА КАЛЛА БУРДАНД

Аммо дар ҳамин шабу рӯз аллакай дар минтақаҳо нирӯи барқро фақат шабона як-ду соат медоданду амалиётҳои шабона барои гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасраф, ё ба истилоҳ "ҷойи салла каллабиёрӣ" қаҳру ғазаби мардумро дучанд мекард.

Ҳамин тавр гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасрафи барқӣ дар музофоти вилояти Хатлон рӯз то рӯз оҳанги дигар мегирад. Акнун, ки дар деҳоти дурдаст бинобар қатъи барқ наметавон тавассути шабакаҳои телевизионӣ мардумро бобати моҳияти чароғҳо мутақоид кард, масъулини барқи минтақа аз усули дигар кор гирифтаанд.

Рӯзҳои аввали моҳи ноябр аз ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон сару садоҳое ба гӯш мерасид, ки гӯиё масъулини соҳаи барқи навоҳӣ бо усули зӯрӣ мардумро маҷбур мекунанд, ки чароғҳои каммасраф дастрас намоянд. Аммо баъдан кормандони сайёр ё ба истилоҳ пулчинакҳои барқ, ки аз ифшои номашон худдорӣ доштанд, қоил шуданд, ки ҳолатҳое буданд, ки барои пешгирӣ аз истифодаи лампаҳои сӯзон онҳо шабона ба манзилҳои истиқоматии мардум "ташриф" овардаанд. Зеро баъзе аз сокинони рустоӣ моҳияти гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасрафро дарк намекунанд. Воқеан ҳам, таҷрибаи моҳҳои гузашта нишон додаанд, ки бо истифода аз чароғҳои каммасраф маблағи хақи истифодаи нируи барқ барои рӯшноӣ ду маротиб, дар баъзе маврид ҳатто се маротиб коҳиш меёбад. Аммо дар мавриди сарфакории нируи барқ коршиносони соҳа андешаҳои гуногун доранд, ки муҳтавои онро дар поёнтар хоҳем овард.

ИШТИБОҲИ КАДРӢ ВА БЕКИГАРИҲОИ

"ХУҶАИ БАРҚ" ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Дар ҳоле ки дар сатҳи вилоятии соҳаи барқ боре нашудааст, ки масъулини соҳаи барқ аз сӯҳбат бо кормандони ВАО роҳи гурез ҷӯянд, аммо дар Қӯрғонтеппа масъулини шабакаҳои барқӣ аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ менамоянд. Тӯли ду рӯзе, ки вақти зиёдро дар қабулгоҳи сардори шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа сипарӣ мекардам, нақлҳои кӯҳансолони деҳа ба ёдам омад, ки мегуфтанд: "Дар бекигарии Ҳисор чунин одат роиҷ будааст, ки ҳар муроҷиаткунандаро қасдан то нисфи рӯз дар паси дарвозааш интизор дошта, баъд қабул мекардааст. То мардум бовар кунанд, ки ҳоким машғули кори муҳим аст".

Оқибат котибаи сардор моро ба назди муовини сардор Баҳриддин Шарипов, муовин бошад, масъулиятро бар дӯши коргузор Маҳмадсаид Умаршоев партофтанд. Ростӣ, дар вохӯрии аввал ба коргузор раҳмам омад. Зеро ӯ баъди шиносоӣ якбора дар изтироб афтода, мегуфт:

-Не, не, ман ягон чиз намегӯям! Ман қимоб шудаам, ака. Ман коргузори ҳамин корхонаам, мефаҳмед ҳамин суханҳоро…, ман як коргузорам, ман ягон мудири шӯъба нестам, "завотдел" нестам. Як бор дар телевизион баромад карда гап задам, гуфтам, ки нақша ҳамин миқдор фоиз иҷро шудааст. Ана, ту гап задӣ гуфта, рафта хона ба хона "проверка" кардаанд, камтар як нофаҳмӣ шуд, акнун ҳар рӯз маро баёнот навис гуфта, ба прокуратура даъват мекунанд. Маро бовар кунед, қимоб шудаам аз ҳамин чароғҳои каммасраф". Ман барои ором шудани Маҳмадсаид Умаршоев осемасар бо ӯ хайрухӯш намудаму раҳораҳ аз як нафар аз собиқ роҳбарони шабакаи барқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар рӯзҳои аввали раисии ҳокими вилоят Афзалов бо камбудии ночизе аз вазифа рафта буд, ёд кардам. Баъдан дар доираҳои ҳукуматӣ гуфтанд, ки аз нахустин ҷаҳли раис соҳаи барқи минтақа аз беҳтарин мутахассиси худ маҳрум шуд.

СОБИҚ АФСАРИ "КГБ-И СССР": ҲУҚУҚҲОИ

ШАҲРВАНДОН ПОЙМОЛ МЕШАВАНД

Баъдан дар кӯчаҳои гуногуни шаҳри Қӯрғонтеппа шабонгоҳӣ як гурӯҳи корие дарҳои мардуми ба ҷойгаҳи хоб даромадаро кӯфтаанд. Он шаб хатҳои барқи сокиноне, ки дари худро бар рӯи меҳмонони нохонда накушодаанд, аз паси дар бурида шудааст. Воқеан ҳуқуқшиносони мустақил рафторҳои масъулини соҳаро нақзи ҳуқуқи инсон меҳисобанд. Гарчанде ки ба суханҳои мусоҳиби навбатӣ шахсан мухолиф ҳастам, аммо аз хотири озодбаёнӣ ва эътибори афкори умум онро пешкаши хонанда мегардонем. Инак, Анвар Халилов афсари мустаъфии Хадамоти амниятии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мегӯяд, ки манъи фурӯш ва истифодаи чароғҳои иличӣ мухолифи талаботи эъломияи ҳуқуқи башар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто манъи фурӯш ва истифодаи чароғҳои сӯзон, ки имрӯзҳо дар тамоми кишварҳои дунё рафта истодааст, поймолкунии ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагон мебошад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро иддае аз сокинони кишвар аз иваз намудани чароғҳои сӯзон ба каммасраф худдорӣ мекунанд? Дар бештари маврид посухи шаҳрвандон як аст: "Барои харид кардани чунин чароғҳо мардум маблағ надоранд ва ҳам сифати ин чароғҳо хеле паст мебошанд".

Ин дар ҳолест, ки дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби ҳукумати ҶТ барои таъмини аҳолии камбизоат 18 400 адад чароғҳои каммасраф оварданд. Ва ба гуфтаи Амиршо Сафаров, масъули шӯъбаи меҳнати ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа то ҳол аз ҷониби мардум ягон шикояте бобати зуд аз истифода баромадани ин чароғҳо нашудааст.

КАМБИЗОАТҲОИ МОШИНСАВОР

Аммо дар деҳоти дурдасти вилоят тасаввури оилаҳои камбизоат аз нигоҳи масъулини ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ва мардум гуногун ба назар меояд. Зеро он рӯйхати оилаҳои камбизоате, ки мақомоти маҳаллӣ тартиб додаанд, боиси норозигии баъзе аз сокинон гардидааст.

Рустами Сафар, як рӯзноманигори ҷавон ва ҳамзамон сокини ноҳияи Бохтар мушоҳидаҳои худро аз рафти тақсимоти чароғҳои каммасраф чунин иброз медорад: "Ҷамоатҳои деҳот аз рӯйи рӯйхати тартибдодаи хеш ба нафароне чароғҳои ройгон дода истодаанд, ки онҳо дар дари хонаҳои худ ду- се ва ё ҳеч набошад як автомобил доранд. Мо далелҳои бисёре оварда метавонем, ки дар бисёр ҳолатҳо чароғҳои аз ҷониби ҳукумати марказӣ фиристодаро ба оилаҳои камбизоат надода, ба ҷои онҳо дигар нафарон гирифтаанд.

Барои исботи ин гуфтаҳо фишурдае аз сӯҳбат бо сокини хоҷагии «Файзалӣ Саидов»-и ин ноҳияро пешниҳоди хонандаи гиромӣ мегардонем:

"Дар деҳоти мо барои тақсим кардани чароғҳои каммасраф омӯзгорони мактабҳоро вобаста намуданд. Зеро онҳо аниқ медонистанд, ки кадом оилаҳо камбизоат ҳастанд. Мутаассифона чароғҳо ба оилаҳои дар асл камбизоат нарасид. Мо бошем, чароғро аз бозор дастраст кардем, аммо ин чароғҳо ба талабот ҷавобгӯй нест, чун мо ду ҳафта онро истифода бурдем, корношоям гардиданд. Наход дар ҳамин масъалаи барои ҷомеа муҳим ҳам аз тақаллубкорӣ кор бигиранд? Бубинед, ки дар як муддати кӯтоҳи гузаштани мо ба чароғҳои каммасраф аллакай бозорҳои моро аз чунин намуд маҳсулоти ғайристандартӣ пур кардаанд"…

ҶИГАРСӮХТАИ РУСТОӢ КАМБИЗОАТ НЕСТ?

Ҳамин тавр барои равшанӣ андохтан ба муаммоҳои барқӣ зарур омад, ки бори дигар ба идораи барқи шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намоем. Ин навбат низ моро аз қабулгоҳ ба назди муовин гусел карданд ва муовин ба коргузор супориши қатъӣ дод, ки ба саволҳои мо посух бигӯяд. Коргузор Умаршоеви бечора гуфт: "Чароғро, ки харидӣ, аз ҳамон мағозачӣ сертификати молашро талаб бикун. Бубинед, ки мабодо сертификаташ "ксерокопия" набошад. Дар бозор агар як нафар барои чароғҳои каммасраф сертификати борашро гирифтагӣ бошад, дигароне ҳастанд, ки аз ҳамон "ксерокопия" мекунанд. Ин мардум аз куҷо медонанд, тезтар харид кунем, гуфта, аҳамият намедиҳанд. Умуман мардуми мо дар хариди моли бесифат "талон"-и кафолати онро талаб намекунанд, дуюм сертификати молро талаб намекунанд. Харидорони мо ҳуқуқҳои худро намедонанд…".

Дар навоҳии ҷанубтари Хатлон бошад, таъмини аҳолии камбизоат бо чароғҳои каммасраф афсонае беш нест.

Амригул Саидова, як бонуи пахтачин аз деҳаи "Пахтакор"-и ноҳияи Қубодиён, ки бар ивази 85 кг пахтаи бо ранҷу заҳмат ҷамъовардааш соҳиби як чароғи каммасраф шудааст, дар муҳокимаи ин мавзӯъ бо алам мегуфт: "Пули пахтаи ду рӯза чиндагиамон 17 сомонӣ шуд. Мардаки ҷигаррехтаро бозор ройи кардем, як фурӯзонак овардай халос, мондагиша дар чизе задай ову хок кардай, намедонум. Қасама рӯи қасам кард, ки дар 17 сомонӣ як лампучка омаду халос. Гуфтумуш, ки хок дар сарут қатии ҳамин каммасрафиҳот. Худо решаи ҳами лампучкабурора қоқ кунад, ки ба ин лампучка пеши помона намебинем. Дигар намешинонумуш".

МАЗҲАКАИ "САРФАКОР"

Дар ҳоле ки таҷрибаи 6 моҳи аввал исбот намуд, ки дар натиҷаи истифодаи чароғҳои каммасраф миқдори ҳангуфти барқ сарфа шудааст, аммо коршиносон бобати сарфакории нируи барқ дар вилояти Хатлон андешаҳои дигар ҳам доранд.

Диловаршоҳ Исоев, ҷонишини ректори Донишгоҳи Энергетикии Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа мегӯяд: "Аз ҳаҷми нируи барқи ба вилояти Хатлон ҷудошуда, танҳо миқдори ночизи он барои рӯшноидиҳӣ сарф шуда, бештари нируи барқ дар кори дастгоҳҳои барқии корхонаҳои саноатӣ масраф мешавад. Аз ин рӯ олимони Академияи илмҳоро мебояд, ки дастгоҳҳову моторҳои каммасраферо кашф намоянд то дастовардҳои илмии онҳо низ дастгоҳҳои барқии дар замони шӯравӣ истеҳсолшударо иваз карда тавонад. Вагарна бо ин технологияе, ки соҳаи саноати имрӯзаи кишвар кор мекунад, мо дар сарфакории нируи барқ ба мақсад ноил шуда наметавонем".

Абураҳим Каримов, омӯзгор гуфт: "Дар бозорҳо фурӯши чароғҳои пурмасрафро манъ кардаанд, аммо асбобҳои барқии ғайристандартӣ озодона ба фурӯш бароварда мешаванд. Ҳатто "спирал"-ҳое фурӯхта мешаванд, ки мардум онҳоро дар асбобҳои худсози барқӣ васл намуда, бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ барқро истифода мебаранд. Ҳамагон медонанд, ки чун дар манзиле чунин асбобҳои барқиро ба кор дароранд, рӯшании чароғҳо якбора тира мешаванд. Дар баробари ин дар кори як дӯкони худсоз ба мисли осиёб ё дӯкони равғанистеҳсолкунӣ баробари як деҳа нируи барқ сарф мешавад. Аз ҳамин рӯ ҷорӣ намудани сиёсати сарфакории нируи барқ танҳо нисбати истифодабарандагони рӯш¬ноӣ ба ҷуз як мазҳакае беш наменамояд.

P.S. Агар воқеан масъулони ҳукумат мехоҳанд, барномаи гузариш ба дастгоҳҳои каммасрафи барқиро дар кӯтоҳмуддат пиёда ё ҷорӣ кунанд, истифода аз "зӯр" маслиҳат нест. Зеро агар тарроҳони ин иқдом мутмаинанд, ки ин бар суди мардум ва кишвар аст, бояд роҳҳои сунъӣ ва монеаҳои аслиро аз байн бубаранд. Яке ҳам шадидан манъ кардани воридоти чароғҳои каммасрафи бесифат дар баробари манъи чароғҳои сермасраф, дигар, аз тамоми бозорҳои кишвар барчидани чароғҳои бесифат ва ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли мусолиматомез барои гузариш аз асбобҳои сермасрафи барқӣ (ва на танҳо чароғҳои каммасраф) ба асбобҳои барқии камхарҷ ва дароз кардани мӯҳлати замони гузариш. Таблиғи воқеии суд бардоштани мардум аз ин дастгоҳҳои барқӣ ва дар ин миён худдорӣ кардан аз муболиға ва зиёдаравӣ дар расонаҳои давлатӣ бояд дар мадди аввал дар назар гирифта шавад.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97