"ХОВАР": РОҒУНРО МЕСОЗЕМ АММО ИФТИХОРИ ОН БА КӢ БАРМЕГАРДАД?!

Иҷтимоъ 20.11.2009 17:57

Хабаргузории давлатии "Ховар" аз ирсоли музди кормандони худ барои сохтмони Роғун хабар дода, дар як муроҷиатнома аз ҳамаи хабарнигорони кишвар даъват кардааст, ки аз онҳо пайравӣ ва барои сохтмони ниругоҳи Роғун кӯмаки молӣ кунанд. Ин иқдоми хуб ва қобили пайравист. Ва ҳар фарди ватандӯст бояд аз он ҳимоят ва дар ҳадди тавони худ кӯмак кунад. Он чӣ ки мо кардаем ва боз ҳам хоҳем кард. Аммо заҳмате, ки кунун дар ин ҷода кашидем ва бароямон ба қиммат анҷом шудааст, моро водор мекунад, ки чанд мулоҳизае ба истифода аз фурсат гуфта бошем. Чун дар гузашта тарҳи масъалаи Роғун ва он ҳам ба манфиати миллии Тоҷикистон, "Миллат" - ро дар тангно қарор дода буд.

Аммо ҷойи хушбахтӣ ин аст, ки ба зӯри Худо мо дар тарафи ҳақ қарор гирифтем ва раҳбарияти давлат "Роғун"-ро моли истисноии давлат мансуб кард.

Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ то кунун пушти сар гузоштем, тарҳи ин мавзӯъ ва даъвати "Ховар" "нақоранавозии пас аз тӯй"-ро мемонад. Зеро замоне, ки "РусАл" ҳукумати моро машғул медошт ва фурсати тиллоиро аз мо гирифт ва "Миллат"барои моликияти истисноии давлат шудани ниругоҳи "Роғун" сару садо мекард, расонаҳои давлатӣ мавқеи бетарафиро касб карда буданд ва интизор доштанд, ки кор ба куҷо мерасад. Аммо расонаҳои мустақил ва "Миллат" аз соли 2005 ба ин сӯ борҳо зери унвонҳои "Роғун бояд моли давлати Тоҷикистон боқӣ бимонад" (Т. Абдуҷаббор), "Афсонаи "РусАл" кӯҳна шуд"(Р. Давлат), "Дерипаска барои мо чӣ месозад: ниругоҳ ё ҳукумат" (Н. Давлат), "Роғун обро ғун мекунад?" (Н. Давлат) ва ғайра таваҷҷуҳро ба масъалаи хориҷ шудан аз созишнома бо "РусАл" ва ба нируи худӣ сохтани Роғун даъват карда буд. Хушбахтона, ҳам Роғун моли истисноии миллӣ эълон шуд ва ҳам сармоягузории "Роғун" ба воситаҳои худӣ оғоз шуд. Рӯзномаҳои дигаре мисли "Нигоҳ" ва "Фараж" ҳам баъдан аз ин мавқеъ ҳимоят карданд.

Он гоҳ буд, ки "Роғун" моликияти истисонии давлат эълон шуд боз ҳам аввалин шуда "Миллат" лаббайк гуфт ва Тоҳири Абдуҷаббор ҳам эълом кард, ки омодааст, рафта дар сохтмони ин ниругоҳ бидуни музд ширкат кунад, аммо боз ҳам расонаҳои давлатӣ ҳамоно сукутро ихтиёр карда буданд. Ва навиштани сатреро ҳам дар ин маврид қобил надонистанд. Балки як хабарнигори нашрияи "Ҷумҳурият" ба хотири нашри мақолааш дар пуштибонӣ аз ин мавқеъ ва нашри он дар "Миллат" наздик буд, ҷои кори худро аз даст медод. Аммо имрӯз лозим аст, бидуни мулоҳиза ва таваҷҷуҳе ба собиқа ё таърихчаи "Роғун" худро пешгоми ин иқдом эълом кардан ва онҳоеро, ки аллакай дар бунёди он саҳим ҳастанд, ба он амале ташвиқ кунанд, ки онҳо кайҳо ба субут расонидаанд?

Вақте ҳунарпеша ва донишманди тоҷик Ҷӯрабек Назрӣ 5 ҳазор сомонӣ ба "Роғун" ихтисос дод, як нашрияи расмӣ ҳам орои нашри хабари онро накард, ҷуз "Миллат".

Мо вақте дар чор соли пеш аз масъалаи "Роғун" мегуфтем, ба худ мушкил мехаридем. Зеро аксари мақомот ҳам мавқеъи рӯшан надоштанд ва пуштибони фурӯхтан ё сохтани "Роғун" аз сӯи Русия ба ҳар шарте буданд. Он гоҳ ҳарф задан аз "Роғун" танҳо мушкил ба думбол дошт.

Ҳоло аст, ки даъват барои сохтмони "Роғун"-ро бародарони мо ифтихор медонанд ва барои худ имтиёз мехаранд. Бархе дӯстон гуфтанд, ки қабл аз ин ҳам як нашрияи дигар низ, ки ҳарфе аз "Роғун" гуфтанро ба худ раво намедид, эълон кард, ки маоши ҳамкоронашро ба "Роғун" ихтисос медиҳад. Ин хуб аст, ки ба худ расидаед, ин кори савоб аст, аммо агар қабл аз дастур ин корро мекардед, ифтихор низ медошт. Ҳоло фақат дастурро иҷро кардаед, вале боз ҳам кори хуб кардаед, дӯстон. Амри хайрро ҳар гоҳе анҷом шавад, дер нест. Шукр мекунем, ки раиси ҷумҳур ба ин иқдом ташвиқ кард ва шумо ҳам саҳим шудед, вагарна ҷои тарс ҳам дорад, ки ҳанӯз ҳам Нуралӣ Давлат ва "Миллат" мавриди маломат буд.

Аммо агар муборизаҳои чанд соли охир барои "Роғун" ифтихоре ҳам дорад, он пеш аз дигар расонаҳо ба расонаҳои мустақил, ба мо бар мегардад!!!

Ҳамкасбони гиромӣ, бояд таъкид шавад, ки мо то ҷое метавонем бояд ҷомеаро ба думболи худ бубарем, на ин ки аз пушти воқеиятҳо аз ҳама охир бирасем. Ва дарвоқеъ, то кай мо танҳо амри "боло"-ро интизор мешавем, ҳатто дар мавриди ватандӯстӣ. Воқеан даҳшат аст, не?!

Аммо акнун низ дуруст аст, ки бояд ҳама саҳм бигирад, журналистон низ, мо низ ба ин даъвати Ховариён ҳамроҳем. Биёед, ҳар касе имкон дорад, саҳм бигирад. Агарчанд мо мулоҳизоти дигаре ҳам дорем...

Аммо боз ҳам... Феълан мавқеъи мо ҳарфи дигар аст ва онро ин ҷо эълон мекунем. Матбуот ва расонаҳо бояд ба думболи кори дигаре шаванд. Он ҳам назорат ва инъикоси маблағҳои барои "Роғун" ихтисосёфта аст. Акнун бояд дар фикри фосид нашудани "Роғун" буд. Ба назари мо муҳимтарин рисолати журналистон имрӯз ин аст. Чун кайҳо овоза шудааст, ки "Роғун" ба манбаи бой шудани бархе афрод табдил шудааст? Ин аст масъала, азизон. Ҷои худнамоӣ ин майдон аст!


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97