ТОҶИКИСТОН ТАНҲО АЗ ДУШАНБЕ ИБОРАТ НЕСТ ё давлатро бояд давлат бисозад

Иҷтимоъ 19.11.2009 14:54

БӮҲРОНИ ҶАҲОНӢ БА МО КОРГАР НЕСТ

Бӯҳрони молиявие, ки имрӯз тамоми дунё аз он дар ҳарос афтодаанд ва садову симо ва расонаҳои дунё мунтазам дар мавриди он мегӯянду менависанд, усулан барои аҳолии ба хусус кӯҳистони Тоҷикистон тақрибан ягон мушкиле ба бор намеорад. Зеро ҳамин мардум, аниқтараш худи навоҳии кӯҳистон, на ягон корхонаи саноатӣ дорад, то ҳангоми воридоту содироти маҳсулоти харидорӣ ва ё савдошуда ба монеа дучор гардад ва на ташкилоти сохтмоние, ки барои дарёфту харидории маҳсулоти сохтмонӣ ба нархҳои гарон рӯ ба рӯ ояд ва ё ягон биное бунёд кунаду харидор наёбад.

КОРХОНАҲОИ ОБОД ГАШТАНД ХАРОБ

Бояд гуфт, ки замони Шӯравӣ ноҳияе бе корхонаву ташкилоти саноатӣ набудааст. Буданд РСУ, ПМК, ДСУ, СУ, СМУ, корхонаҳои саноатии консервабарорӣ, коркарди равған, ордбарорӣ, коркарди пахта ва садҳои дигар, ки барои корҳои сохтмонӣ ва баррориши қайлаҳои сабзавотиву нӯшобаҳо фаъолият дошта, садҳо нафар аз мардуми таҳҷоиро ба кор фарогир буданд. Аммо баъди солҳои навадум ва ҷанги дохилӣ, аксарияти ин корхонаҳо ба якбор аз фаъолият бозмонданд. Гузашта аз ин, қисмати зиёдашон аз ҷониби ашхоси гуногун харидорӣ гашта, ахиран талаву тороҷ гаштанд бархе ба манзили зист ва қисмате ба чуғзхона табдил ёфтанд. Зеро дигар касеро парвои сохтмону саноат набуд. Корхонаҳои дар гузашта бузургу азим, ки баъзан ҳатто барои 15-давлати Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсулот истеҳсол мекарданду мутахассисони варзидаи соҳа дар он фаъолият доштанд, ҳамакнун корхонаи хусусии муаллиму агроному деҳқону коргар ва ҳатто маъзур авбошон гаштанд.

Ҳамакнун қисмати зиёди ноҳияҳо ва ҳатто шаҳрҳо, аз фаъолияти ин гуна корхонаҳо бенасиб монданд. Бояд гуфт, ки ба истиснои пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, қариб дар ягон шаҳру навоҳӣ корхонаи саноатӣ куҷо, ки биноҳои баландошёна бунёд намешаванд. Шаҳрҳо ба деҳот ва деҳот ба вайронаҳо табдил гаштан доранд.

ЗАМОНИ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ

ДАВЛАТӢ ФАРО РАСИД

Гумони ин ҷониб, барои пешрафти соҳаи саноат ва ҳам сохтмони ҷумҳурӣ, зарур аст то дар ҳар навоҳӣ созмони корхонаҳои саноативу сохтмониро ба роҳ монд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сарватмардон дар навоҳии дурдаст бо иллати даромади калон наёфтан дар бунёди ин гуна корхонаҳо кӯшиш намекунанд. Пас, давлатро зарур аст, ки бунёди онро ба роҳ монад. Бигзор корхонаҳои давлатӣ рӯйи кор оянд. Бо фаъол гаштани ин корхонаҳо ҳам аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад, ҳам даромади буҷа бо пардохти андозу даромадҳои дигар ғанӣ мегардад ва инчунин, шаҳру ноҳияҳо зебову назаррас мешаванд. Барои ин Ҳукумати марказиро мебояд бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар мувофиқа омада, пайи созмон додани корхонаҳо кумак намояд. Ҳазорон нафар аз мутахассисони варзидаи сохтмониву саноатӣ дар шаҳру навоҳӣ тамоман бе ҷойи кор мондаанд ва эшон омодаанд бо даъвати давлат дар ташкилоту корхонаҳои гуногун фаъолият кунанд. Зеро ин тоифа тамоми умр барои давлат хизмат карда омадаанд ва ҳанӯз ҳам рӯҳияи патриотӣ доранд ва метавонанд барои давлат хизмати назаррасро ба роҳ монанд. Аммо муттаасифона, солҳо мегузаранду вале вазъият бетағьир мемонад. Чаро Ҳукумати кишвар дар ин маврид ҳокимиятҳои маҳаллиро дастгирӣ намекунад? Бо истифода аз мутахассисони бечораву бекормонда, вале бо қаноату ватандӯст, боҷуръатона корхонаҳои нави саноативу сохтмониро бояд эҷод кард. Гумони ғолиб бар он аст, ки корхонаҳои давлатӣ бо ҷалби ана ҳамин муҳандисону саноатчиёни бекормонда, дар рақобат бо ҳама гуна ташкилоту корхона пештоз хоҳад буд.

"SOS" - БОНГИ ИЗТИРОБИ КӮҲИСТОНИҲО

Тавре гуфтем, дар навоҳии Тоҷикистон ягон корхонаи саноатӣ фаолият намекунад. Соле пештар Малика Шукурова, раиси ноҳияи Темурмалик дар як нишасти матбуотӣ изҳор карда буд, ки дар мавриди бунёди корхонаҳои саноатӣ қудрати буҷаи маҳаллӣ намерасад. Гузашта аз ин, давлатмардони ноҳия низ чун барои созмон додани ин гуна корхонаҳо манфиатдор нестанд, бунёд намекунанд. Барои рушди соҳаи саноат ва дар ҳамин маврид, таъмин намудани сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои созмон додани якчанд корхонаҳои хурди саноатӣ чандин маротиба ба Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳо муроҷиат кардааст, вале то имрӯз аз он ҷониб ҷавобе надодаанд. Зане мардона рафтор кардан хоставу аммо мардҳои болонишин ҷонибдорӣ накардаанд.

Гуфта мешавад, яке аз усулҳои баромадан аз вазъи камбизоатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин рушди соҳаи саноат дар ҳар як шаҳру навоҳӣ мебошад. Аммо қисмати зиёди навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба хусус навоҳии кӯҳистон, аз фаъолияти ин гуна корхонаҳо бенасибанд. Ноҳия¬ҳои Шуроободу Ховалинг, Балҷувону Муъминобод ва Темурмалик, ки асосан ба соҳаи боғзорию токпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд, то имрӯз ягон корхонаи коркарди меваву ғалла ва ё консервабарорӣ, ресандагию коркарди пусту пашмро надоранд. Ба гуфтаи масъулин, қисмати зиёди меваҷот ва тақрибан ҳамаи пашму пусти ин навоҳӣ тамоман ба нестӣ меравад. Дар сӯҳбатҳо раисони ин навоҳӣ аз набудани корхонаҳои саноатӣ шикоят мекунанд. Ба андешаи эшон, қудрати буҷавии ҳар панҷ навоҳӣ барои созмон додани корхонаҳои саноатӣ намерасад, вале дар ин маврид Ҳукумати марказӣ ягон кумак намерасонад. Гуфта мешавад, агар қудрати буҷаи маҳал барои бунёди як корхонаи хурди саноатӣ намерасида бошад, пас чӣ зарур аст ин гуна ноҳияро ташкил додан ва нигаҳ доштан? Дар Рашту Помир чӣ? Айнан дар ҳамин гуна вазъият, балки бадтар қарор доранд.

Пурсида мешавад, ки ҳамин навоҳӣ ба ҷуз умед аз хазинаи Ҳукумати марказӣ, дигар ягон кореро ба анҷом расонида метавониста бошанд? Ва дигар ин, ки Ҳукумати марказӣ чун нек медонад, ки ин навоҳӣ аз созмон додани корхонаҳои саноатӣ баромада наметавонанд, чаро барои рушди соҳаи саноат ва ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии навоҳии кӯҳистон чораҳои конкретӣ намебинад? Ба андешаи инҷониб, ба маврид аст ақаллан барои санҷиш се-чор навоҳиро интихоб кардану корхонаҳои саноатӣ бунёд намудан ва баъди чанд муддат аз он натиҷагирӣ кардан. Бешак, ҳамин усул барои пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ кумаки беандоза хоҳад кард. Ва дигар шояд ниёз ба кумакҳои башардӯстона, гранти ширкатҳои хориҷӣ ва қарзҳои боминнати ташкилотҳои байналмилалӣ намонад.

КОШ, БӮҲРОНИ ҶАҲОНӢ

БА МО КОРГАР МЕШУД

Ана акнун фаҳмидед, барои чӣ бӯҳрон ба аҳолии Тоҷикистон коргар буда наметавонад? Аммо хубтар он мебуд, ки мо ҳам корхонаву ташкилотҳои сохтмониву саноатии бигзор хурд ҳам медоштему ҳамин бӯҳрон барои мо низ мушкилзо меомад. Зеро ин мушкил умри кӯтоҳ дошту аммо фаъол шудани ин корхонаҳо барои пешрафти давлату ҷомеа хизмати босазо ба анҷом мерасонид. Шум очи мегӯед, давлатмардони мӯҳтарам?!


Аслиддин ДОСТИЕВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97